Шаҳноз КАРИМӢ,
мудири кафедраи методикаи таълим дар
муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии
ФДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд

Маориф соҳаи афзалиятноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ҳама давру замон неруи пешбарандаи ҷомеаи тамаддунсоз ва маҳаки фарҳангсолорию маърифатнокии аҳли ҷомеа мебошад. Муҳаққиқон, мутахассисон, навоварон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба пайваста дар андешаи он мегарданд, ки чӣ тавр хонандагонро ба мустақилона кор кардан, ба эҷодкорӣ раҳнамун сохтан, маводи омӯхташударо дар амал татбиқ кардан ҳидоят созанд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёдеро барои пурсамар гардонидани раванди таълим роҳандозӣ намуда, гузариш ба ислоҳоти навини таълим-муносибати босалоҳият ба таълимро татбиқ намудааст, ки аз соли 2016 кулли омӯзгорони синфҳои ибтидоии мамлакат аз он баҳрабардорӣ намуда, дар фаъолияти хеш бо шавқи беандоза истифода мебаранд. Қобили қайд аст, ки муносибати босалоҳият ба таълим, аслан, сарчашмаро ҳанӯз аз назарияҳои илмии педагогии пешин гирифта, аз ҷониби бархе омӯзгорону педагогҳои муосир истифода шуда истодааст. Дар таълими муносибати босалоҳият навиштани нақшаҳо шакли дигар дорад.

Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи фанҳои таълимӣ ва ҳаҷми вақти таълимро дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ давоми соли хониш муқаррар менамояд. Нақшаи таълимӣ барои синфҳои 1-4 ба хотири аз худ кардани барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии умумӣ, аз рӯи меъёри 4 соли таҳсил бо ҳафтаи 5-рӯзаи таълим пешбинӣ шудааст. Давомнокии соли таҳсил барои синфи як 34 ҳафтаи хониш ва барои синфҳои ду-чаҳор на кам аз 35 ҳафтаи хониш муқаррар гардидааст. Давомнокии дарсҳо дар синфи якум 35 дақиқа то нимсола ва дар синфҳои 2-4-ум 45 дақиқа муқаррар шудааст. Дар таркиби нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба бахши фанҳои ҳатмӣ чунин фанҳо дохил мешаванд: филология (забони модарӣ, забони русӣ, забони англисӣ), математика, табиатшиносӣ, технология (санъат ва меҳнат), суруд ва мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ. Дар нақша бахши фанҳои давлатӣ, ки онҳоро Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, пешниҳод гардидаанд. Мувофиқи он директори мактаб сарбории ҳар як омӯзгорро муайян мекунад ва муовини директор оид ба таълим ҷадвали дарсӣ месозад. Дар ҷадвал номи фан бояд пурра навишта шавад. Аз рӯйи соатҳои дарсии дар нақшаи таълим додашуда, омӯзгорон дар асоси “Роҳнамо” оид ба ташаккули малакаҳо нақшаи дарсӣ месозанд.

Дар таълими муносибати босалоҳият диққати асосӣ ба ташаккули салоҳиятҳо равона шуда, мавзуъ ва мундариҷа ҳамчун воситаи ёрирасон истифода мешаванд. Чуноне ки зикр шуд, салоҳиятҳо таҷрибаро инъикос мекунанд ва онҳо барои марҳалаи дарозтари таълим (на дарс, на боби таълим, балки соли таҳсил ё зинаи таҳсил) муқаррар карда мешаванд. Барномаи таълим дар муносибати таълими салоҳиятнокӣ ба таври спиралӣ тарҳрезӣ мешавад. Ташаккули салоҳият аз нуқтаи оғоз (сифр) ба нақша гирифта шуда, давра ба давра ташаккул дода мешавад. Дар раванди ташаккули салоҳиятҳо мазмун, мундариҷа ва стратегияҳои таълим мураккабтар гардонда мешаванд. Моҳияти асосии ин усули тарҳрезии барномаи таълимӣ дар он аст, ки ба хонанда имкони зиёди машқ кардан фароҳам мешавад.

Аз нақша маълум мешавад, ки салоҳиятҳоро дар як ё ду дарс ташаккул додан ғайриимкон аст. Салоҳиятҳо тадриҷан ташаккул меёбанд ва мундариҷаи таълим (мавзуъҳо) ҳамчун воситаҳои ғанӣ ва гуногун гардондани раванди таълим, машқи салоҳиятҳо дар шароиту вазъиятҳои нав ёрӣ мерасонанд.

Марҳалаҳои ташаккули салоҳиятҳо

Тарзи банақшагирии спиралӣ ва технологияи таълими фаъол бо мақсади ба низом даровардан ва ба қолаби ягона ҷо додани талаботи муносибати салоҳиятнок, ки рукнҳои асосии татбиқи муносибати салоҳиятнок мебошанд, дарсҳо мувофиқи марҳалаҳои ташаккули салоҳиятҳо ба нақша гирифта мешаванд. Мусаллам аст, ки ташаккули салоҳият машқи зиёд ва пайдарпайиро талаб мекунад. Ҳангоми банақшагирии дарсҳо ба эътибор гирифтани ҳар як марҳалаи ташаккули салоҳиятҳо зарур аст. Дар нақшаи зерин марҳалаҳои ташаккули салоҳиятҳо ба таври аёнӣ нишон дода шудааст:

 

Чигунагии баррасии ҳар як марҳила ба омӯзгорон дар курси такмили ихтисос фаҳмонида мешавад, ки онҳо раванди фаъолиятро бояд дуруст ба роҳ монанд.

Дар маҷмуъ, баъд аз ворид гардидан ба муносибати босалоҳият ба таълим аз ҷониби омӯзгорони навомӯз ва ҷавон суолҳои бисёре ба миён меояд, ки дар раванди курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои махсус посухҳои мушаххас ба саволҳояшон бо намунаҳои аёнӣ дода мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *