Саида ЧАРИЕВА,
Мукаррама ФАЙЗУЛЛОЕВА,
дотсентони кафедраи методикаи таълими химияи
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи Садриддин Айнӣ
Асоси пешрафти соҳаи илмро дар ҷомеа принсипҳои сиёсати давлат дар соҳаи маориф муайян мекунад. Вазифаи таълим ва тарбия ҳамчун ҷузъи таркибии соҳаи маориф аз он иборат аст, ки сатҳи маърифати шаҳрвандонро баланд бардорад, тафаккури эҷодиро дар онҳо рушд диҳад ва мутахассисони дорои маҳорату малакаи касбӣ тайёр намояд. Барои амалӣ гардидани чунин вазифаҳо кормандони соҳаи маорифи ҷумҳуриро зарур аст, ки дар раванди таълим воситаҳои техникӣ ва усулҳои нави таълимро бештар истифода намуда, насли наврасро барои аз худ намудани техникаю технологияи муосир ва кор дар шароити иқтисоди бозоргонӣ омода созанд.
Мактаб рукни таркибии фарҳангу маданият мебошад ва ҳамчун ниҳоди таълимию тарбиявии ҷомеа дар афрӯхтани нури маърифат ва аҳлоқи ҳамида нақши муҳим мебозад. Методологияи илмӣ бо боварии комил тасдиқ менамояд, ки ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дорои хусусиятҳои хос ва низоми мустақили методӣ буда, унсурҳои таркибии ба ҳам алоқаманди шаклҳои ташкили кори омӯзишу парвариш, усулҳо ва тарзу воситаҳои таълимии худро дорад. Нақши муҳимро дар ин раванд омӯзгор мебозад. Раванди омӯзиш, ки дар ҳамкории муаллим бо хонанда ҷараён мегирад, бояд ба хонанда имконияти эҷодӣ диҳад. Хонанда бояд нуқтаи назари мустақил дошта бошад ва мавқеи худро ҳимоя намояд.
Баланд бардоштани сифати таълим ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф ва илми кишвар аст. Махсусан, дар фанҳои табиӣ баланд бардоштани саводнокии хонанда яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Муносибати босалоҳият ба таълим тамоюли муҳим дар фазои ягонаи таҳсилот ба шумор рафта, ихтилофи талаботи барнома ва эҳтиёҷоти ҷомеаро аз байн мебарад ва талаботи шахсро дар натиҷаи омӯзиш қонеъ мегардонад. Дар таълими босалоҳият муносибатҳо ва раванди таълим хусусиятҳои ба худ хос доранд.
Омӯзгори фанни химия мутахассисест, ки асосҳои илми химияро ба хонандагон таълим дода, ба таълими политехникӣ ва тамоюли касбинтихобкунии хонандагон асос мегузорад. Ғайр аз ин, ӯ ба инкишофи тафаккур (тафаккури химиявӣ), фаъолияти эҷодӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд шудани саводнокии химиявии хонандагон замина мегузорад. Барои баланд бардоштани саводнокии хонандагон як қатор шароити педагогию психологӣ мавҷуд мебошанд:
- Ташаккул ва инкишофи донишҳо оид ба маводди химиявӣ, коркарди ҳаракатҳои зеҳнӣ. Яъне, ҳангоми ташаккули мафҳумҳои химиявӣ бояд фаҳмонид, ки аз кадом усул ва амалиётҳои фикрӣ бояд истифода бурд, ки донишҳо дуруст аз худ карда шаванд, то ки ин усулҳо баъд ҳамчун муодил ва ё дар ҳолатҳои нав истифода гарданд. Инкишофи дониш асоси инкишофи мустақилият ва қобилиятҳои эҷодӣ мебошад.
- Ташаккул ва инкишофи маҳоратҳои зеҳнӣ. Бисёр муҳим аст, ки ба хонандагон фикрронии мантиқӣ, истифодаи усулҳои муқоиса, таҳлил, синтез, ҷудо кардани асос, аҳаммиятнокӣ, хулоса баровардан, ҷамъбаст намудан, далелнок баҳс кардан, фикрро пай дар пай асоснок ва беихтилоф пешниҳод намуданро омӯзонем.
- Ташаккул ва инкишофи маҳорати самаранок истифода намудани усулҳои кори таълимӣ. Барои баланд бардоштани саводнокии хонандагон таълим бояд хусусияти инкишофдиҳанда дошта бошад.
Дар таълими фанҳои табиӣ, аз ҷумла, химия вазифаи асосӣ, пеш аз ҳама, аз шавқманд кардани хонандагон ба ҷараёни дарккунӣ иборат мебошад. Дар ҷараёни таълим як қатор имкониятҳоро, ки барои баланд бардоштани саводнокии химиявии хонандагон заруранд, истифода бурдан мумкин аст. Яке аз онҳо методи таҷрибаи химиявӣ мебошад, ки он барои баланд бардоштани саводнокии хонандагон мусоидат менамояд.
Таҷриба ва ташкили он дар таълими фанни химия мавқеи муҳим дорад. Дар вақти иҷро намудани корҳои лабораторӣ хонандагон ва донишҷӯён дониш ва қонунҳои назариявиро хубтар аз худ намуда, ҳал намудани масъалаҳоро меомӯзанд, муодилаҳои реаксияҳои химиявиро дар асоси таҷриба тартиб дода, хулосаҳои даркориро бароварда метавонанд. Дар вақти омӯхтани аксарияти мавзуъҳои фанни химия таҷрибаро ба роҳ мондан имконпазир аст.
Яке аз шаклҳои муҳим ва муфиди таълими химия ҳангоми баёни мавзуи нав намоиш додани таҷриба мебошад. Таҷрибаи химиявиро ҳангоми гузаштани аксари мавзуъҳо, аз ҷумла, оксидҳо, кислотаҳо, асосҳо, намакҳо, металлҳои ишқорӣ, карбогидрогенҳо ва ғайраҳо истифода бурдан мумкин аст. Аз ин рӯ, муайян кардани мавқеъ ва мақсади намоиши таҷрибаҳо аҳаммияти зиёд дорад. Методи таҷриба ба раванди таълими химия хусусияти хос ва фарқкунанда медиҳад, ки тибқи талаботи педагогию дидактикӣ он се вазифаро иҷро мекунад:
— таълимӣ;
— тарбиявӣ;
— инкишофдиҳӣ.
Дар мавриди гузаронидани таҷрибаи химиявӣ чунин самтҳои тарбиявии он, яъне, тарбияи меҳнатӣ, эстетикӣ, экологӣ ва дар раванди вазифаи инкишофёбанда дар ниҳоди хонандагон чунин ҷараёнҳои маърифатӣ, яъне, эҳсос, ҷаҳонбинӣ, хостаҳо, диққат, хотирот ва тафаккур ташаккул меёбанд.
Ҷобир ибни Ҳайён, ки яке аз талқинкунандагони тадқиқоти таҷрибавӣ буда, ба илми таҷрибавӣ, яъне, химия замина гузоштааст, чунин менависад: «Агар хоҳӣ, ки кимиёгариро аз худ намоӣ, бояд корҳои таҷрибавиро бештар гузаронӣ».
Дониши ҳақиқӣ ва дақиқ, ба ақидаи Ҷобир ибни Ҳайён, дар асоси таҷриба ҳосил мешавад. Аз ин рӯ, ӯ чунин ёдрас мекунад: «Бузургии ҳар як кимиёгар на дар он аст, ки асарҳои навиштаи вай хоно бошанд, балки дар он аст, ки ӯ донишро бо роҳи таҷриба ба даст оварда бошад».
Дар рафти таҷрибаҳои худ Ҷобир ибни Ҳайён аввалин бор кислотаҳои ғайриорганикиро ҳосил кардааст ва назарияи падид овардани металлҳои навро ба миён гузошта, рангҳои гуногунро барои матоъ ва пӯст ихтироъ кард.
Олими дигари тоҷик Закариёи Розӣ оид ба тайёр кардани асбобҳои химиявӣ, истифодаи онҳо ва инчунин, муҳиммияти озмоишгоҳҳои химиявӣ дар асарҳои худ маълумоти зиёде додааст. Дар соли 1948 олими англис Ҷ. Зингер оид ба асбобҳои таҷрибавии Закариёи Розӣ чунин гуфтааст: «Лабораторияи англисии дар тули ҳазор сол мавҷудбуда аз лабораторияи Закариёи Розӣ на он қадар ҳам фарқ мекард».
Ҳамин тариқ, ташкил ва гузаронидани таҷрибаҳои химиявӣ боиси ташаккули тафаккури мантиқию эҷодии хонандагон мегардад. Аз ин лиҳоз, таҷрибаҳо бояд мазмуну мундариҷаи ҷустуҷӯӣ, эҷодӣ ва таҳқиқотӣ дошта бошанд.
