Гулчеҳра АБДУСАМАДОВА,
мураббии кӯдакистони №20,
шаҳри Исфара, вилояти Суғд

Мураббӣ:

Ассалом, эй дӯстон, хуш омадед,

Ассалом, эй волидон, хуш омадед.

Мо, ки гаштем шод аз дидоратон,

Ҳар дақиқа — ҳар замон хуш омадед!

 Азизон, дар ин лаҳзаҳои идона шумоёнро бо фарорасии ҷашни Меҳргон табрик мегӯем.

Бачаҳои азиз! Биёед, имрӯз ҳангоми баргузории машғулияти намунавиамон баҳри меҳмонон ва падару модарон аз донишҳои гирифтаи худ дар кӯдакистон ҳунару маҳоратамонро нишон медиҳем.

Биёед, пеш аз оғози машғулият, як бозии шавқовар мегузаронем. Бозии имрӯзаи мо «Кӣ зудтар?» ном дорад. Шарти бозӣ чунин аст: Дар рӯйи қолин аз шаклҳои геометрии доира ду шакли «Бобои деҳқон» сохта шудааст. Шумо бояд ба 2 гурӯҳ тақсим шуда, дохили доираҳоро бо меваҳо пур карда, шаклҳои «Бобои деҳқон»-ро комил намоед. Вақте ки мусиқӣ ба охир расид, бозӣ ҳам ба анҷом мерасад ва ғолиб муайян карда мешавад.

Мураббӣ: — Гурӯҳи 1-ум, «Бобои деҳқон»-и аз чап бударо пурра намоед. Гурӯҳи 2-юм «Бобои деҳқон»-и аз рост бударо пурра намоед.

Бо ҳисоби 3 бозиро оғоз мекунем, 1, 2, 3!

Мураббӣ: — Аҳсант, бачаҳои азиз! Ҳарду гурӯҳ шарти бозиро хуб иҷро намудаанд. Ба ҳарду гурӯҳ офарин!

Мураббӣ: — Бачаҳо! Акнун биёед, каме суҳбат мегузаронем ва баъдан машғулиятро сар мекунем. Ман мехоҳам, ки суҳбатро навбатдорони гурӯҳ гузаронанд. Марҳамат.

Шарофат ва Найсон:

— Мо имрӯз навбатдор ва ба гурӯҳ ҷавобгар ҳастем. Имрӯз мо иди Меҳргонро ҷашн мегирем.

Бачаҳо мухтасар дар бораи таърихи ҷашни Меҳргон маълумот медиҳанд.

Мураббӣ: — Нишона, мо дар кадом шаҳр ва кишвар зиндагӣ мекунем?

Нишона: — Мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Исфара зиндагӣ мекунем.

Тоҷикистони зи ҷон ширинтарам,

Тоҷикистони ҷавону дилбарам.

Мисли тифле дӯст медорам туро,

Аз ту ояд бӯйи шири модарам.

Мураббӣ: — Фирӯзҷон, давлати моро кӣ сарварӣ мекунанд?

Фирӯзҷон: — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Мураббӣ: — Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом шаҳр аст ва Раиси шаҳр кӣ ҳастанд?

Гурдофарид: — Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мебошад. Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳастанд.

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,

Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.

Мураббӣ: — Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон киҳо ҳастанд? Рӯдоба, онҳоро номбар кунед.

Рӯдоба: — Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Нусратуллоҳ Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур мебошанд.

Мураббӣ: — Муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.

Фаридун: — Муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.

Мураббӣ: — Дуруст, офарин бачаҳо! Мо дар семоҳаи сеюм дар машғулиятҳои саводомӯзӣ, инкишофи нутқ, расмкашӣ, тартибдиҳӣ, ташаккули тасаввуроти одитарини математикӣ, забони русӣ, адабиёти бадеӣ ва мусиқӣ тасаввуроти зиёде пайдо кардем. Акнун хоҳиш менамоям, ки аз ин машғулиятҳо каме маълумот диҳед. Оғоз мекунам аз машғулияти саводомӯзӣ.

Саводомӯзӣ

Парисо: — Дар машғулияти саводомӯзӣ мо бо ҳарфҳо, овозҳо шинос гашта, ба ҳиҷо ҷудо кардани калимаҳо ва тартиб додани ҷумларо омӯхтем.

Зебо: — Дар алифбои забони тоҷикӣ 35 ҳарф мавҷуд аст. Аз онҳо 24-тояш ҳамсадо, 6-тояш садонок ва 4-тояш йотбарсарҳо мебошанд. (Бачаҳои дигар ҳамсадоҳо ва садонокҳоро номбар мекунанд).

Мураббӣ: — Бачаҳо, ҳоло ки фасли тирамоҳ аст, ҳаво торафт сард мешавад. Биёед, калимаҳои анор ва хурморо таҳлил мекунем. Марҳамат!

Фирӯза: -Калимаи хурмо аз 5 ҳарф ва 5 овоз иборат аст. Он ба ду ҳиҷо ҷудо мешавад: хур-мо.

Сомон: — Калимаи анор аз 4 овоз иборат буда, ба 2 ҳиҷо ҷудо мешавад: а-нор.

Бачаҳо аз машғулияти расмкашӣ манзараҳои тирамоҳро тасвир менамоянд, шарҳ медиҳанд.Ташаккули тасаввуроти

одитарини математикӣ

Хуршед: — Дар машғулияти математика мо бо ададҳо, шаклҳои геометрӣ, кам ва зиёд намудани ашё, андозаи ашё ва инчунин, бо мисолу масъалаҳо шинос шудем.

Бачаҳо дар доираи адади 10 маҳорати шумориданро нишон медиҳанд. Аз 1 то 10 ва баръакс, аз 10 то 1 мешуморанд, ададҳои ҷуфт ва тоқ, шаклҳои геометрии доира, секунҷа, чоркунҷа силиндр, куб ва конусро номбар мекунанд.

Мураббӣ: — Бачаҳо, акнун масъала тартиб медиҳем: Дар сабадча 10-то себ оварданд. Фаридун, хоҳиш мекунем, ки боз 1 себ биёред. Ман ин 1 себро ба 10 себ ҳамроҳ кунам, ҳамааш чанд себ мешавад? (11 себ). Агар аз 10 себ 1-тояшро кам кунам чӣ? (9 себ).

Бачаҳо ин масъаларо ҳал намуда, инчунин, дониши худро аз машғулияти забони русӣ намоиш медиҳанд.

Мураббӣ аз адабиёти бадеӣ саҳнаи афсонаи «Харгӯшак ва аҷузакампир»-ро намоиш медиҳад. Дар охир мураббӣ машғулияти намунавиро ҷамъбаст намуда, саҳми бачаҳои фаъолро махсус таъкид мекунад. Инчунин, сармураббӣ ва волидон таассуроташонро дар бораи машғулият мегӯянд ва барои дар оянда беҳтаршавии раванди машғулиятҳо тавсияву пешниҳодҳо мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *