ЛАЁҚАТҲОИ ЭҶОДКОРӢ, НАВОВАРИВУ ИХТИРОЪКОРИИ ШОГИРДОНРО ЧӢ ГУНА ТАШАККУЛ ДИҲЕМ?
Резагул БУРҲОНОВА,
омӯзгори фанни математикаи Гимназияи №1
барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе,
унвонҷӯйи ПРМ ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ
Дар ҷаҳони муосир илму маориф ҳамчун сарчашмаи пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа арзёбӣ карда мешаванд. Бинобар ин, мо — аҳли маорифро лозим аст, ки шогирдони худро дар руҳияи ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ тарбия намоему насли наврасро, ки созандаи ҷомеаи навинанд, ҳамқадами замон парвариш диҳем, то ки мақому мартабаи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоранд.
Рушд ва пешравии ҷаҳони муосир ба ду ҷанбаи асосӣ, ки яке ба илму техника ва технология, дигаре маънавиёт, ахлоқ ва пос доштани анъанаҳои ниёгон мебошанд, сахт марбут аст. Рушди техника ва технология бе маънавиёт амалӣ нахоҳад шуд. Бинобар ин, мо бояд дар баробари ташаккули тафаккури техникӣ маънавиёти насли наврасро баланд бардошта, аз анъанаҳои неки миллии ниёгони худ онҳоро бархӯрдор намуда, ба арзишҳои волои инсонӣ арҷ гузорем. Ин падида моро водор менамояд, ки вобаста ба талаботи замон аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, роҳҳои самарабахши истифода аз дастовардҳои илму техникаро ҷустуҷӯ намоем.
Ташаккули тафаккури фарҳанги техникии насли наврас ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ аз айёми кӯдакӣ ва наврасӣ, яъне, аз кӯдакистон ва мактаби миёна оғоз гардида, дар таълимгоҳҳои олӣ рушд меёбад. Ин амал тақозо менамояд, ки шогирдон бояд дар мактаб аз фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дониши хуб гиранд, ки он барои ихтироъкорӣ ҳамчун таҳкурсӣ хидмат мекунад. Шароити мусоиди кор ва мавҷуд будани кабинетҳои фаннӣ, устохонаҳои таълимӣ дар мактабҳои миёна ба раванди касбомӯзӣ тақвият мебахшад. Зеро онҳо омили муҳимми интихоби бошууронаи касбу ҳунар ва равияҳои касбӣ ба шумор мераванд. Аз ин лиҳоз, ба мо — омӯзгорон лозим аст, ки шогирдонамонро бо донишҳои нав ба нав мусаллаҳ намуда, онҳоро ба интихоби бошууронаи касб ҷалб намоем.
Яке аз корҳои самарабахши таълимию методӣ ин бо технологияи ҳозиразамон, яъне, компютерҳо, воситаҳои сабти овоз, аудио – видео, телевизион ва дастгоҳҳои аккосию барномасозӣ муҷаҳҳаз гардонидани раванди таълим мебошад. Ин роҳ имкон медиҳад, ки хонандагон аз тамоми нозукиҳои технологияҳои навин огоҳ гашта, ҳамчун сарчашмаи таълим аз он ғизои маънавӣ гиранд ва фарҳанги истифодаи технологияи муосирро дуруст дарк намоянд.
Дарс ва равиши дарсҳоро ҳама вақт бо роҳу усулҳои замонавӣ, технологӣ, шавқовар, мантиқӣ ва рангин гузаронидан мувофиқ ба мақсад буда, аз ҳама намудҳои тест мунтазам истифода бурдан лозим аст. Тахтаи синфро мақсаднок истифода бурда, ҳама дарсҳоро бо ҷадвалҳои лозимаи фаннӣ, асбобҳои аёнӣ гузаронидан бартарӣ дорад, зеро дар ин сурат хонанда рангорангии дарсҳоро эҳсос менамояд. Ҳалли мисолу масъалаҳоро бештар бо хонандагон гузаронида, вақтро барои навишти хосиятҳо, теоремаҳо, аксиомаҳо, қонунҳо, қоида ва таърифҳо ҷудо кардан лозим нест, зеро хонандагон метавонанд мустақилона онҳоро дар хонаашон аз китоби дарсӣ, ки ҳамаи хонандагон доранд, хонанду нависанд. Аз варақаҳои индивидуалӣ барои корҳои мустақилона бамаврид истифода бояд бурд, зеро танҳо тавассути ин усулҳо метавон қариб 50%-и хонандагонро дар дарс баҳогузорӣ намуд.
Яке аз мақсадҳои асосии омӯзгорон бояд дар раванди дарсҳо истифода бурдан аз технологияҳои муосир ба шумор равад. Ҳамаи мисолу масъалаҳоро тариқи тахтаи электронӣ бо усулҳои дарс-бозӣ, дарс-мубоҳиса, дарсҳо — ҷиҳати дарки мантиқии мавзуи ҷорӣ, дарс-таҳлил ва ғайра, гузаронидан низ яке аз усулҳои дигари фаъоли таълим ба шумор меравад.
Фанни геометрия дорои хосияти абстрактӣ ва фазоӣ буда, махсусан, ниёз ба шаклҳои визуалӣ ва интерактивии таълим дорад. Истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ — ТИК дар омӯзиши геометрия имкониятҳои васеъ барои таҳкими фаҳм ва тасаввуроти хонандагон, инкишофи қобилиятҳои мантиқию таҳлилӣ ва ташаккули малакаҳои амалӣ фароҳам меорад.
Мақсади таҳқиқ: таҳияи асосҳои методикии таълими фанни геометрия бо истифода аз ТИК дар доираи пайвастагиҳои педагогӣ бо таълиму тарбия ва муҳити воқеии зисти хонанда.
Дар замони муосир ТИК воситаи муҳимми рушди таълим ба ҳисоб меравад. Асоси назариявии истифодаи ТИК бар меъёрҳои равоншиносӣ, дидактикӣ ва педагогӣ такя мекунад. Мақсад аз ворид намудани технологияҳои рақамӣ ба дарс – ин баланд бардоштани самаранокии таълим, фаҳмонидани беҳтари мавод, ташаккули малакаҳои мустақилона ва таҳлилии хонандагон мебошад.
Фанни геометрия хусусияти визуалӣ дорад ва ТИК барои фаҳмонидани мафҳумҳои фазоӣ, масоҳат, периметр, шаклҳо, табдили онҳо ва дигар амалҳо имконияти васеъ фароҳам меорад.
Мавзуъҳои “периметр” ва “масоҳат” дар таълими геометрия дорои хусусияти баланди амалӣ мебошанд. Онҳо имкон медиҳанд, ки хонандагон донишҳои гирифтаашонро дар ҳаёти воқеӣ татбиқ намоянд.
Истифодаи ТИК дар заминаи платформаҳои GeoGebra, PowerPoint ва видеоҳо бо истифода аз компютерҳои нав, телефонҳои мобилию планшетҳо дар омӯзиши ин мавзуъҳо имкон медиҳад, ки тамошои интерактивии сохт ва тағйирёбии шаклҳо, чен кардани тарафҳо ва амсиласозии фазоҳои воқеӣ амалӣ карда шаванд.
