ИСТИФОДАИ ХУСУСИЯТҲОИ СИННУСОЛӢ, ПЕДАГОГӢ ВА ПСИХОЛОГИИ ХОНАНДАГОНИ ЗИНАИ МИЁНАИ ТАҲСИЛОТ
Набӣ ҚОДИРОВ,
мутахассиси шуъбаи инноватсия
ва масъалаҳои психологии таҳсилоти
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Таҳсилоти муосир тақозо дорад, ки омӯзгор дар баробари интиқолдиҳандаи дониш будан дар хонандагон салоҳиятҳои калидӣ, аз ҷумла, қобилияти эҷодкорӣ ва таҳлилиро ташаккул диҳад. Дарсҳои биология, бо доштани табиати таҷрибавӣ ва мушоҳидавияшон, заминаи беҳтаринро барои ин мақсад фароҳам меоранд. Барои самаранок будани ин раванд, донистани хусусиятҳои синнусолӣ ва психологии хонандагони зинаи миёнаи таҳсилот (синфҳои 5-9) муҳим аст. Маҳз дар ҳамин давра хонанда аз тафаккури аёнӣ-амалӣ ба тафаккури мантиқӣ ва абстрактӣ мегузарад, ки ин имконияти бузурги эҷодкориро ба вуҷуд меорад.
Эҷодкорӣ ҳамчун мафҳуми педагогӣ маҷмуи қобилиятҳоест, ки ба шахс имкон медиҳад дар шароити нав ва мураккаб фикрҳои ғайримаъмул пешниҳод намояд, масъалаҳоро аз диди нав баррасӣ кунад ва роҳҳои ҳалли инноватсионӣ пайдо намояд. Дар таълими биология ин қобилиятҳо тавассути мушоҳида, таҳлил, таҷриба ва моделсозии равандҳои табиӣ ташаккул меёбанд.
Аз нигоҳи равоншиносии синнусолӣ, хонандагони синфҳои 5-9 дар марҳилаи гузариш аз тафаккури мушаххас (конкретӣ) ба тафаккури абстрактӣ қарор доранд. Онҳо қобилияти дарки робитаҳои сабабӣ, таҳлили равандҳои мураккаб ва сохтани фарзияҳоро пайдо мекунанд. Илова бар ин, наврасон ба истиқлол, худмуайянкунӣ ва фаъолияти гурӯҳӣ майл доранд, ки ин хусусиятҳоро метавон ҳамчун заминаи рушди эҷодкорӣ истифода бурд.
Хусусиятҳои психологӣ ва синнусолии хонандагони зинаи миёнаи таҳсилот
Зинаи миёнаи таҳсилот (синни 11-15-солагӣ) давраи наврасӣ буда, бо «буҳрони синнусолӣ» ва тағйироти назарраси психологӣ ҳамроҳ мешавад. Ин хусусиятҳоро бояд ба нафъи ташаккули эҷодкорӣ дар масъалаҳои зер истифода кард:
- Рушди тафаккури абстрактӣ. Азёд кардани қоидаҳо ба фаҳмидани робитаи сабабу натиҷа ва муносибатҳои мураккаб (масалан, занҷири ғизо, равандҳои физиологӣ) мегузаранд. Дар ин раванд эҷодкорӣ – додани супоришҳое, ки ҳалли ғайристандартӣ ва тахминии илмиро талаб мекунанд, мебошад.
- Эҳтиёҷ ба мустақилият ва худшиносӣ. Наврасон мехоҳанд, ки фикрашон муҳим бошад ва худро ҳамчун шахсияти алоҳида эҳсос кунанд. Истифодаи эҷодкорӣ дар ин давра ташкили корҳои мустақилонаи таҳқиқотӣ ва лоиҳаҳои инфиродӣ, ки дар онҳо хонанда мавзуъ ё роҳи ҳалро худаш интихоб мекунад, ба ҳисоб меравад.
- Ҳавасмандӣ ба муошират ва фаъолияти гурӯҳӣ. Муносибат бо ҳамсолон дар ин давра аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Истифодаи эҷодкорӣ: гузаронидани муҳокимаҳои эҷодӣ, корҳои гурӯҳӣ оид ба таҳияи моделҳо ва муаррифиҳо (презентатсияҳо), ки идеяҳои мухталифро муттаҳид месозанд.
Усулҳои педагогӣ барои рушди салоҳиятҳои эҷодкорӣ дар фанни биология
Барои ташаккули эҷодкорӣ, ба омӯзгор лозим аст, ки аз усулҳои анъанавии «фаҳмондан ва пурсидан» канор гирифта, ба усулҳои фаъол рӯ оварад. Хусусияти истифодаи баъзеи ин усулҳо дар ҷадвал нишон дода шудаанд.
Нақши омӯзгор дар фазои эҷодкорӣ. Омӯзгор дар ин раванд аз мансаби «дорандаи ягонаи дониш» ба мушовир ва роҳнамо табдил меёбад, ки хусусиятҳои он дар зер оварда шудаанд:
- Фароҳам овардани фазои бехатар. Хонанда бояд донад, ки хато кардан кори муқаррарӣ аст ва идеяҳои ғайриодӣ ҳамеша қабул карда мешаванд. Танқиди манфӣ ва муҳокимаи шадиди идеяҳо монеи асосии эҷодкорист.

- Суол (пурсиш)-ҳои ҳавасмандкунанда. Ба ҷойи саволҳое, ки бо калимаҳои: «Чӣ?» ва «Кӣ?», «Дар куҷо?», «Чӣ қадар?» ва ғайра оғоз мешаванд, бештар аз саволҳои «Чӣ мешуд, агар …?», «…-ро чӣ тавр беҳтар кардан мумкин аст?», «Роҳи дигари ҳалли ин масъала чӣ гуна буда метавонад?» истифода бурдан хубтар аст.
- Истифодаи маводди маҳаллӣ. Барои ташаккули тафаккури эҷодӣ, масъалаҳои биологиро бо ҳаёти воқеии хонандагон алоқаманд кардан муҳим аст. Масалан, таҳқиқоти гиёҳҳои шифобахши маҳалли зист ё омӯзиши олами ҳайвоноти минтақаи худ.
Ҳамин тариқ, эҷодкорӣ дар раванди таълими фанни биология на танҳо воситаи мустаҳкамсозии мафҳумҳои назариявӣ мебошад, балки ҳамчун механизми муҳимми пайвасткунандаи донишҳои илмӣ бо воқеияти ҳаётӣ низ хидмат мекунад. Омӯзиши биология, ки ба таҳқиқи равандҳои табиӣ, сохт ва фаъолияти организмҳо, ҳамкории онҳо бо муҳити зист ва масъалаҳои глобалии экологӣ равона шудааст, заминаи мусоиде барои инкишофи тафаккури эҷодӣ ва қобилияти ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ фароҳам меорад.
Дар ин замина, истифодаи самараноки хусусиятҳои синнусолӣ ва психологии хонандагони зинаи миёнаи таҳсилот аҳаммияти хосса дорад. Онҳо қобилияти таҳлили мураккабии равандҳоро пайдо мекунанд ва ба дарки робитаҳои сабабу оқибат қодир мегарданд. Ин хусусиятҳо барои омӯзиши мавзуъҳои биологӣ, аз қабили гардиши моддаҳо, тағйирёбии муҳити зист, ё танзими физиологии организмҳо, заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Илова бар ин, наврасон ба мустақилият ва худмуайянкунӣ майли зиёд доранд. Онҳо мехоҳанд дар қабули қарорҳо иштирок кунанд, фикри шахсии худро баён намоянд ва дар муҳити озод фаъолият баранд. Омӯзгори биология метавонад ин хоҳишу ҳаваси хонандагонро тавассути истифодаи усулҳои фаъоли таълим, аз ҷумла, омӯзиши лоиҳавӣ, корҳои таҳқиқотӣ, гузаронидани таҷрибаҳо ва муҳокимаҳои гурӯҳӣ ба самти рушди салоҳиятҳои эҷодӣ равона созад.
Корҳои гурӯҳӣ, ки ба ҳамкорӣ, мубодилаи афкор ва ҳалли мушкилот асос ёфтаанд, на танҳо малакаҳои иҷтимоии хонандагонро инкишоф медиҳанд, балки муҳити мусоиди эҷодиро низ фароҳам меоранд. Дар чунин муҳит хонандагон метавонанд идеяҳои нав пешниҳод кунанд, фарзияҳо созанд, онҳоро санҷанд ва натиҷаҳоро таҳлил намоянд. Ин раванд на танҳо донишҳои назариявиро мустаҳкам мекунад, балки қобилияти татбиқи онҳоро дар шароити воқеии ҳаётӣ низ ташаккул медиҳад.
Аз ин рӯ, омӯзгори биология, ки хусусиятҳои психологию синнусолии хонандагонро ба назар мегирад, метавонад наслеро тарбия намояд, ки на танҳо дониши илмӣ доранд, балки малакаҳои эҷоди тағйироти мусбат дар муҳити зист, ҷомеа ва тарзи зиндагии худро низ доро мебошанд. Ин гуна тарбия ба ташаккули шахсиятҳои масъулиятшинос, таҳлилгар ва навовар мусоидат мекунад.
