Гулноза НАБОТОВА,
омӯзгори фанни химияи Литсейи №2 барои
хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе
Химия дар зиндагии имрӯзаи мо бо ҳама бахшҳои ҳаёт: саноати хӯрокворӣ, доруворӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва муҳити зист алоқаманд мебошад. Он яке аз илмҳои муҳимми табиатшиносӣ мебошад, ки ба ҳаёти инсонҳои рӯйи олам таъсири калон мерасонад. Мо дар ҳаёти худ бо маводди доруворӣ, иловаҳои ғизоӣ ва молҳои химиявии маишӣ сари кор дорем. Он ба мо ёрӣ мерасонад, ки ғизо истеҳсол кунем, онро бехатар нигоҳ дорем ва сифати зиндагиамонро беҳтар созем.
Бо вуҷуди ин, химия ҷанбаҳои манфии худро низ дорад. Истеҳсоли маҳсулоти химиявӣ метавонад, ба муҳити зист таъсири ҷиддӣ, ба монанди ифлосшавии об, ҳаво ва хок расонад. Ҳатто, моддаи химиявии муфид дар натиҷаи истифодаи нодуруст метавонад, ба саломатии инсон зарар оварад.
Ман ҳамчун омӯзгори фанни химия нақши химияро дар ҳаёти инсон ва таъсири онро ба пешрафти соҳаҳои саноат муҳим мешуморам. Ба хонандагони синфи 11 ин масъаларо ҳангоми гузаштани дарс дар мавзуи “Химия дар ҳаёти мо” ба риштаи таҳлилу баррасӣ кашида, шарҳ медиҳам ва
мефаҳмонам.

Салоҳиятҳои асосӣ :
— Хонандагон бояд мустақилона супоришҳоро иҷро кунанд;
— Хонандагон дар гурӯҳҳо ва алоҳидагӣ кор кунанд ва мустақилона ба саволҳо ҷавоб ёбанд;
— Дар охири дарс хонандагон дар бораи натиҷаҳои корашон ибрози андеша кунанд;
— Бартараф намудани камбудиҳои хонандагон аз ҷониби омӯзгор.
Мақсади дарс:
— Хонандагон бояд дар бораи маводди доруворӣ маълумот дошта бошанд;
— Оид ба иловаҳои ғизоии зарарнок маълумот дошта бошанд ва шарҳ дода тавонанд;
— Дар бораи моддаҳои шӯяндаи синтезӣ (МШС) маълумот дода тавонанд.
Воситаҳои аёнӣ: китоби дарсӣ, рӯнамо (презентатсия), наворҳо оид ба маводди доруворӣ ва шӯянда, системаи даврии элементҳои химиявии Д. И. Менделеев, нақшаю овезаҳо оид ба химия дар ҳаёти мо.
Равиши дарс
Қисми ташкили дарс:
а) одоби салом ба ҷо оварда мешавад;
б) шиори дарсӣ аз ҷониби хонандагон садо медиҳад;
в) шунидани гузориши навбатдор;
г) тафтиши давомоти хонандагон ва қайди онҳо;
д) мушоҳидаи лавозимоти дарсии хонандагон;
Санҷиши дониш (пурсиши вазифаи хонагӣ):
Омӯзгор чун анъана шаш хонандаро назди тахтаи синф даъват карда, супориш медиҳад, ки аз мавзуъҳои гузашта формулаҳо нависанд. Вақте ки хонандагон формулаҳоро менависанд, дар тахтаи электронӣ тестҳо намоиш дода мешавад ва омӯзгор аз дигар шогирдон дархост мекунад, ки ҷавоби тестҳоро ёбанд.
Мо мехоҳем, бо усули “Блитс-пурсиш”, яъне, саволҳое, ки ҷавоби хеле кӯтоҳ мехоҳанд, пурсиш гузаронем ва ҷавобҳоро баррасӣ намоем. Ба онҳо то 10 сония вақт дода мешавад. Ин усул барои такрори маводҳои омӯхташуда хело муфид мебошад.
Омӯзгор дар байни хонандагон қадам зада, аз онҳо бо роҳи фронталӣ саволу ҷавоб мекунад ва нафароне, ки ҷавоб медиҳанд, дар овезаи махсус ҳарфҳои аввали ном ва насабашонро навишта, холгузорӣ менамояд. Баъдан, ба онҳо муроҷиат намуда, мегӯяд: “Биёед, бачаҳо, якҷоя формулаҳои навиштаи ҳамсинфонатонро месанҷем”. Ба назди тахтаи синф омада, формулаҳои навиштаи бачаҳоро месанҷад ва ба овезаи махсуси холгузорӣ хол мегузорад.
Омӯзгор: — Бачаҳо, ба саволи якуми мо кӣ ҷавоб мегӯяд?
Ҳамин тавр, бо навбат бо роҳи блитс-пурсиш тестҳоро низ мепурсад.
Акнун навбат ба тестҳо:
1. Барои пайвастаҳое, ки атоми карбони асимметрӣ доранд, кадом намуди изомерия хос аст?
А) фазоӣ Б) оптикӣ С) мавқеи гурӯҳи функсионалӣ Д) сохт
2. Нахи синтезиро нишон диҳед?
А) мӯина Б) пахта С) лавсан Д) вискоза
3. Агар барои реаксия ду навъ мономер гирифта шавад, он чӣ ном дорад?
А) ҳидрогенизатсия Б) полимеризатсия
С) ҳамполимеризатсия Д) изомеризатсия
4. Кадом реаксияҳои додашуда реаксияи оксиду барқароршавӣ нест?
А) ҳидрогенизатсияи чарбҳо Б) оксидшавии чарбҳо
С) сӯзиши сиклоалканҳо Д) барқароршавии алдегидҳо
Қисми асосии дарс:
Баёни мавзуи нав — қисми асосии дарс ба ҳисоб рафта, омӯзгор диққати хонандагонро бояд ба дарс ҷалб намояд.
Саноати химия яке аз соҳаҳои муҳимтарин мебошад. Маҳсулоти он дар бисёр соҳаҳо, аз саноати хӯрокворӣ ва дорусозӣ то электроника ва технологияи мошинсозӣ истифода мешавад. Як мисоли истифодаи саноати химия истеҳсоли нуриҳои маъданӣ мебошад. Ба воситаи нуриҳои химиявӣ растаниҳо ғизои зарурӣ мегиранд, ки ин ҳосилро зиёд ва сифати маҳсулотро беҳтар мекунад.
Маводди доруворӣ барои табобату ташхис нақши калон мебозад. Мо дар ҳаёт аз маводди доруворӣ барои паст кардани ҳарорат (аспирин, паратсетамол), хосияти зиддимикробӣ (антибиотикҳо) хеле зиёд истифода мебарем. Бисёре аз доруҳо бо истифода аз реаксияҳои химиявӣ ва технологияҳои он ба даст оварда мешаванд.

Аспирин – дар аксари ҳолатҳо чун доруи пасткунандаи ҳарорат ва рафъкунандаи дард истифода бурда мешавад. Дар соли 1993 олимони олмонӣ ва ҷопонӣ кашф намуданд, ки аспирин ба вируси грипп таъсири марговар мерасонад.
Парасетамол – ба сифати доруи пасткунандаи ҳарорат ва дард васеъ истифода бурда мешавад. Вале бояд дар хотир дошт, ки онро ба кӯдакони то 6-сола ва ба гирифторони бемориҳои гурда тавсия додан мумкин нест.
Антибиотикҳо – фаъолияти микроорганизмҳо ва ҳуҷайраҳои саратониро боз медоранд. Антибиотики аввалинро олимони англис Г.Флори ва Э.Чейн соли 1940 аз маҳсули фаъолияти як намуди занбӯруғи сабзи Penicillum (занбӯруғи Флеминг) ҳосил карда буданд. Дар айни замон антибиотикҳои насли чорум ва панҷум (сипрофлоксатсин), ки таъсири хеле баланд доранд, мавҷуданд.
Иловаҳои ғизоӣ – як қисми моддаҳои химиявӣ ба сифати иловаҳои ғизоӣ истифода бурда мешаванд, ки онҳо лаззат, бӯй ва ранги ғизоро беҳтар ва муҳлати истифодаи онро дарозтар мекунанд. Қайд намудан лозим аст, ки шакар ва намак ба иловаҳои ғизоии табиӣ дохил мешаванд.

Химия дар муҳити атроф низ нақши муҳим дорад. Масалан, партовҳо тавассути равандҳои химиявӣ нобуд карда шуда, аз ифлосшавии муҳити зист пешгирӣ карда мешаванд. Равандҳои химиявӣ, инчунин, барои тоза кардани об ва ҳаво истифода мешаванд, ки ин барои тоза нигоҳ доштани сайёраи мо кумак мекунад
Маводди шӯянда. Дар
ҳаёти ҳаррӯзаи мо низ химия нақши муҳим дорад. Масалан, мо маҳсулоти зиёди химиявиро, аз қабили маводди шустушӯӣ, маҳсулоти нигоҳубини бадан, хушбӯйкунандаҳо ва ғайра, истифода мебарем.
Маводди муборизаи
зидди ҳашарот. Пайвастаҳои фосфорорганикӣ ва хлорорганикӣ, масалан, дихлофос ва хлорофос мавриди истифодаанд. Механизми таъсири ин моддаҳо ба ҳашарот ва ҳайвонот ба ғайрифаъол намудани ферментҳои ҳаётан муҳим, дар навбати аввал, атсетилхолинэстераза асос ёфтааст. Бо ин гуна мавод бисёр боэҳтиёт будан лозим аст ва онҳоро дар назди маводди ғизоӣ ва дар ҷойҳое, ки барои кӯдакон дастрас бошад, нигоҳ доштан мумкин нест.
Мустаҳкамкунии донишу малака:
Дар ин қисмати дарс омӯзгор барои қобилияти зеҳнии хонандагон аз бахши даркнамоӣ тавассути на кам аз 10 савол аз хонандагон пурсон шуда, бо имкони мавҷуда дониши ҳар хонандаро мушаххас менамояд. Саволҳои пешниҳодшуда бояд кӯтоҳ ва ҷавоби мушаххасро дар бар гирад.
Намунаи саволҳо:
— Моҳияти таъсири антибиотикҳоро ба организми зинда баён кунед.
— Маводди шӯяндаи синтезӣ чӣ гуна моддаҳоянд ва қобилияти шӯяндагиашон ба чӣ асос ёфтааст?
— Иловаҳои ғизоиро ба кадом мақсад истифода мебаранд?
— Чаро мо бояд ба иловаҳои ғизоии маҳсулоти ғизоӣ эътибор диҳем?
Супориши вазифаи хонагӣ: Ба хонандагон супориш медиҳем, ки оид ба мавзуи имрӯза дар хона аз китоби “Масъала ва машқҳои химия”, саҳифаи 18, масъалаи №25 то 35-ро ҳал кунанд. Хондан: саҳифаҳои 304-307.
Арзёбӣ (баҳодиҳӣ). Дар рафти дарс фаъолияти азхудкунии дониш ва таваҷҷуҳи хонандагонро ба раванди таълим ба инобат ва ба мушоҳида мегирем, дараҷаи ниҳоии донишҳои онҳоро, ба талабот ва салоҳиятҳо ноил гаштани онҳоро муайян мекунем. Баҳоҳои аз тарафи омӯзгор муайянкардашуда бо садои баланд хонда, дар рӯзномаи электронии синф гузошта мешавад.
