Дороб МАҲМАДОВ,
омӯзгори фанҳои география ва биологияи
МТМУ №3, ноҳияи Дарвози ВМКБ

Бо мақсади баланд бардоштани қобилияти дарки хонандагон, дар хотири онҳо нигоҳ доштани раванд ва ҳодисаҳои биологӣ дар ҷараёни таълим омӯзгорони фанни биология аз воситаҳои гуногуни аёнии ёрирасон истифода мебаранд. Воситаҳои аёниро метавонем шартан ба ду гурӯҳ тақсим кунем: воситаҳои аёнии табиӣ ва воситаҳои аёнии сунъӣ. Ҳамаи воситаҳои аёнӣ аҳаммияти худро доранд, аммо воситаҳои аёнии табиӣ дар мадди аввал меистанд. Ба воситаҳои аёнии табиӣ ҳама гуна ашё ва мавҷудоти зинда, ки ламс карда мешаванд, дохил мешаванд. Ба воситаҳои аёнии сунъӣ бошад, ҷадвалу расмҳо, нақшаҳо, наворҳои видеоӣ, сабтҳои садоӣ дохил мешаванд.

Дар таълими фанни биология истифодаи ҳама намудҳои воситаҳои аёнӣ мувофиқ мебошанд, ба шарте онҳоро ба маврид истифода барем. Зеро, хонандагон бо дидани ашёи табиӣ дар қиёс бо расмҳо доир ба шакл, ҷойгиршавии узвҳо, андозаи узвҳо ва мавқеи онҳо нисбат ба якдигар тасаввуроти хубтар пайдо мекунанд.

Мушоҳидаҳоям дар раванди тадриси фанни ботаника, ҳангоми гузаштани мавзуи «Тағйири шакли навда, решапоя, лӯнда ва пиёзак» нишон доданд, ки овардани лӯндаҳои картошка ва гузоштани ҳар як лӯнда дар мизи хонандагон завқмандии онҳоро ба омӯзиши мавзуъ зиёд ва муҳити омӯзишию таҳқиқотиро ба вуҷуд овард.

Барои аз бар намудани мавзуъ хонандагонро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, ба онҳо супориш додам, ки чашмакҳо, пӯст, лиф, чӯб ва дилаи картошкаро ёбанд. Баъд аз ин онҳо исбот намоянд, ки дар таркиби лундаи картошка оҳар мавҷуд аст. Барои иҷрои ин кор ба онҳо йод ва пурбини дастӣ тақсим намудам. Хонандагон корро сар карданд ва ман онҳоро мушоҳида намудам. Мушоҳидаҳоям нишон доданд, ки бо саршавии кор дар байни хонандагон мубодилаи афкор ба амал омад. Онҳо фикрҳои якдигарро тақвият медоданд, ё баъзан ба андешаи якдигар розӣ намешуданд. Яке аз хонандагон намоиш медоду дигаре қайд мекард. Дар натиҷа, тавонистам, ки муҳити солими илмӣ – таҳқиқотиро ба вуҷуд орам. Бо гузашти вақт хонандагон ба шарҳи мавзуъ шуруъ намуданд. Амалан, хонандагон бо истифода аз асбоби аёнии табиӣ – картошка қисматҳои онро нишон дода, мавҷудияти оҳарро дар таркиби лунда исбот намуданд. Ҳамин тавр, тавонистам аз лундаи картошка ҳамчун асбоби аёнии табиӣ истифода бурда, раванди таълимро рангин намуда, маҳорату малакаҳои хонандагонро тақвият диҳам.

Ҳангоми гузаштани мавзуи «Тағйири шакли барг» метавонем, ки аз шохчаю барги растаниҳои кактус, сабр, зелол ё мушунг истифода барем. Истифодаи барги чанор, тут, пиёз ва зулф ҳамчун аёният барои муайн намудани сохти барг ва рагбандии он хеле мувофиқ мебошанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аксари мавзуъҳои биология дар синфҳои 5-6 барои истифодабарии асбобҳои аёнии табиӣ мувофиқ мебошанд.

Ҳангоми таълими мавзуъҳои «Сохти берунаи моҳиҳо, обхокиҳо, парандаҳо ё ширхӯрҳо» аз моҳӣ, қурбоққа, мурғҳои хонагӣ ва гурба – ҳамчун асбоби аёнии табиӣ истифода бурда, ба натиҷаҳои дилхоҳ даст ёфтам. Барои муайян намудани диморфизми ҷинсӣ, ҳангоми таълими мавзуи «Шаклҳои интихоби табиӣ» дар синфи 11, мокиён ва хурӯсро ба ҳайси аёнияти табиӣ истифода бурдам, ки барои дарки мавзуъ ёрӣ расонид.

Дар раванди таълими фанни биология, ҳангоми гузаштани бобҳо ва мавзуъҳои ба сохти дохилии ҳайвонот, микроорганизмҳо, ситология, генетика, таърихи инкишофи олами зинда ва физиология бахшидашуда, истифодаи асбобҳои сунъӣ, ба монанди расм, намоишҳо, ҷадвалҳо, нақшаҳо, проэктор, фиттаҳо, савтҳо ва суроби ин ё он мавҷудоти зинда бамаврид мебошад. Масалан, намоиши, ҳатто, як расм ба воситаи проэктор дар бораи раванду ҳодисаҳои табиӣ дар марҳилаҳои гуногуни геологӣ, ҳангоми таълими боби «Таърихи инкишофи замин ва олами органикӣ» дар синфи 11, хонандагонро хеле шавқманд намуда, ҷалби онҳоро ба ҷараёни таълим дучанд мегардонад. Як расм чандин саволгузориро аз тарафи хонандагон ба вуҷуд меоварад. Баъди намоиши расм нақшаҳо истифода шуда, намоиши онро пурра намуданд. Ҳамин тавр, дар ин маврид истифодаи овезаҳо, нақшаҳо ё суроби ин ё он мавҷуди зинда ё ғайризинда  барои дарки мавзуъ ёрӣ мерасонад.

Барои тасвири равандҳои биологӣ, пайдарпайӣ ва алоқамандии ҳодисаҳо истифодаи нақша (схема) мувофиқ мебошад. Масалан, ҳангоми шарҳи раванди афзоиш дар растаниҳои спораовар, тақсимшавии митоз ва мейоз, онтогенез ё зинаҳои ташаккули ҳуҷайра истифодаи нақша ҳамчун воситаи аёнии таълимӣ бамаврид мебошад. Барои баланд бардоштани қобилияти таҳлилӣ ва маҳорати эҷодии хонандагон метавонем, шарҳи мавзуъро дар шакли ҷамъбастӣ ба воситаи кашидани нақша (схема), ҳангоми иҷрои корҳои мустақилона талаб намоем. Натиҷаи чунин кор самаровар аст. Ҳамин тавр, расмҳо ва нақшаҳо барои омӯхтан, шарҳ додан, мустаҳкам ва муайян намудани дараҷаи азхудкунии хонандагон ёрӣ мерасонанд. Дар солҳои охир истифодаи наворҳои кӯтоҳмуддат бисёр авҷ гирифтааст, ки воситаи беҳтарини ёрирасон мебошанд.

Дар раванди таълими фанни биология истифодаи асбобҳои аёнии табиӣ маънии онро надорад, ки аз асбоби сунъӣ истифода набарем, ё баръакс. Дар бисёр ҳолат асбобҳои аёнии табиӣ ва сунъӣ метавонанд якдигарро пур кунанд. Масалан, ҳангоми таълими мавзуи «Сохти тухми рустаниҳои дупалладор ва якпалладор» дар синфи 5, ман аз ҳарду намуди асбоби аёнӣ истифода мебарам, зеро истифодаи ҳарду намуди онҳо мувофиқ мебошанд. Раванди таълимро бо истифодаи воситаҳои аёнӣ чунин ба роҳ гузоштам: лӯбиёи 4–5 рӯз пеш таркардаро ба хонандагон тақсим намудам. Сипас, ба онҳо супориш додам, ки пӯсти лӯбиёро эҳтиёткорона ҷудо намоянд. Баъди ҷудо намудани пӯст дар байни паллаҳо ҷанин намудор шуд. Ба онҳо вазифа додам, ки ҷанинро аз паллаҳо бо эҳтиёт ҷудо намуда, решача, пояча ва баргчаро муоина намоянд. Хонандагон аз уҳдаи ин кор баромаданд. Ҳангоми муоинаи тухми растаниҳои якпалладор дар мисоли гандум, хонандагон каме ба мушкилӣ дучор мешаванд. Сабабаш хурд будани андозаи тухми гандум мебошад. Аз ин рӯ, баъди муоинаи тухми табиии растании гандум аз хонандагон дархост намудам, ки барои тақвияти донишашон расми дар тахтаи синф овехташударо истифода бурда, онҳоро муқоиса намоянд. Расм барои фаҳмиши сохти тухми якпалладор дар мисоли гандум ба хонандагон ёрӣ расонда, дониши онҳоро пурра намуд. Ҳамин тавр, мо метавонем, ки воситаҳои аёнии табиӣ ва сунъиро дар якҷоягӣ истифода бурда, дониши хонандагонро ғанӣ гардонем.

Дар бораи истифодаи воситаҳои аёнии табиӣ ва сунъӣ ба хулосае омадан мумкин аст, ки агар объекти мавриди омӯзиш хурду ноаён бошад, барои тақвияти дониши хонандагон аз воситаҳои сунъии таълим дар баробари воситаҳои табиӣ ҳатман бояд истифода барем.

Хулоса, барои баланд бардоштани дониш ва ҷаҳонбинии илмии хонандагон зарур аст, ки аз воситаҳои гуногуни иловагии таълимӣ истифода барем. Воситаҳои аёнӣ барои шиносоӣ, муқоиса, муайян намудани аломатҳо ва равандҳои биологӣ, асоснок кардану хулосабарорӣ ва фаъолгардонии хонандагон осон мебошанд. Руҳшиносон исбот намудаанд, ки баландии дарки мавзуи омӯхташаванда аз дараҷаи фаъолнокии дарккунанда вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, истифодаи асбобҳои аёнӣ ҳамчун воситаи рушди фаъолнокии дарки илмии хонандагон, ҳангоми таълими фанни биология муҳим мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *