
Кибриё ОДИНАЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №15,
шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон
Таҳсил дар синфи якум дар ҳаёти ҳар як кӯдак
марҳалаи муҳим ба ҳисоб рафта, замонест, ки ӯ бори аввал бо ҳаёти мактабӣ рӯ ба
рӯ мешавад. Барои он ки оғози “ҳаёти нав”-и кӯдак бобарор ва бароҳат бошад,
бояд ӯ ҳамаҷониба омода бошад ва ин ҷо сухан дар бораи қобилияти хондан ё
навиштан намеравад, балки дар бораи омодагии равонии кӯдак дар мадди назар аст.
Оё мо – омӯзгорон ба кӯдак ёрии равонӣ расонида метавонем, ки ӯ ба муҳити нав
ҳар чӣ зудтар одат кунад?
Таҷрибаҳои бисёрсола исбот сохтанд, ки кӯдакони
дар кӯдакистон ва марказҳои инкишофи кӯдак тарбияёфта аз кӯдакони дар хона
тарбиягирифта аз ҷиҳати зеҳнӣ ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар онҳо маҳорату малакаи
сухандонӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон, фаъолияти хоси фикрӣ, ахлоқӣ,
зебоипарастӣ баръало ҳис мегардад. Ин ҳама беҳбудиҳо меҳнати омӯзгорони зинаи
аввали таълимро осон намуда, сифати таълиму тарбияро дар синфи якум баланд
мебардорад. Дар ҷараёни таълиму тарбия ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ лозим
меояд, ки на танҳо ба 1-2 хонанда, балки бо аҳли синф муносибат намоянд.
Омӯзгор бояд донад, ки ҳар як хонанда аз ҳамдигар бо хусусиятҳои равонӣ,
инфиродӣ фарқ мекунад. Ҳамчунин, қобилияти маърифатӣ, шавқу ҳавас, майлу хоҳиши
кӯдак рангоранг буда, ба кӯдак хислатҳои шахсӣ, қобилият, истеъдод, ҳиссиёту
ирода ва шавқу завқ маърифатнокии ӯ хос аст.
Педагоги шинохта устод М. Лутфуллоев талаботи
асосии дидактикаи муосирро зимни донишомӯзии хонандагон муайян намуда,
бошуурона аз ҷиҳати равонӣ дуруст омӯхтани онро таъкид кардааст: «…Ин гуна
дониш вақте андӯхта мешавад, ки зинаҳои мантиқии зеҳн риоя гарданд: дарк,
фаҳмиш, ҷамъбаст ва мустаҳкамкунӣ, дар амал татбиқ кардан ва ташаккули маҳорату
малака ва ғайраҳо…».
Дар мактаб кӯдакон бояд доир ба қоидаҳои асосии
рафтор дониш ҳосил намуда, онро дар рафтору гуфтори худ истифода намоянд.
Қоидаҳои одобу рафтор бисёранд, аммо дар як муддати кӯтоҳ бо ҳамаи онҳо шинос
кардани кӯдак мушкил аст. Бинобар ин, зарур аст, ки ба кӯдак на танҳо қоидаҳои
рафтор омӯзонида шаванд, балки дар баробари он вобаста ба рафтори равонии ӯ, ки
ба ин тартиботи нав чӣ гуна муносибат мекунад, аҳаммият бояд дод, яъне, дар
асоси қоидаҳои пешакӣ маълум аст, ӯ чӣ кор бояд кунад, вале дар баробари ин, дар
вазъияти нав (муҳити мактаб) тарзи дурусти рафторро ҳам омӯзонидан зарур аст.
Ин масъала хеле мураккаб аст ва барои бомуваффақият ҳал намудани он иҷрои
корҳои зер зарур аст:
Масалан, ҳангоми кор бо кӯдак аз ӯ иҷро намудани
қоидаҳои рафторро дар вазъияти гуногун омӯзондан зарур аст, аз ҷумла, дар
мактаб, дар кӯча, дар бозору мағоза, дар муносибат бо калонсолон ва ғайра.
Яъне, бо ин амал қоидаҳои хуби рафтор
ҳатман такрор меёбанд, ки дар натиҷа, дар зеҳни ӯ ҷой мегиранд. Чунин
амал барои он зарур аст, ки кӯдак дар шароити гуногун ба ҷо овардани қоидаи
муайянро ёд мегирад. Дар хотир бояд дошт, ки барои кӯдаки хурдсол аз як вазъият
ба вазъияти дигар гузаронидани фаҳму дониш аз лиҳози эмотсионалӣ кори саҳл
нест. Масалан, кӯдак медонад, ки дар мактаб на фақат бо омӯзгор (роҳбари синф),
балки бо ҳамаи калонсолон “Салом” гуфтан ҳатмист. Ӯ мунтазам дар мактаб ба
ҳамаи омӯзгорон, падару модарон, умуман, калонсолон “Салом” мегӯяд. Аммо берун
аз мактаб, дар кӯча, бозору мағоза шояд ин қоидаро иҷро накунад ва ин қасдан
не, балки бидуни хоҳишаш аст. Зеро ӯ ҳоло намедонад, ки ҳангоми дар кӯча, дар
роҳ, бозор, дар назди рафиқони волидонаш ба онҳо ҳам “Салом” гуфтан лозим аст.
Ё ин ки дар мисоли дигар мебинем, ки кӯдак дар нақлиёти мусофиркаш ба
калонсолон ҷой доданро ёд гирифтааст. Масалан, кӯдак дид, ки калонсоле вориди
нақлиёти мусофиркаш шуд, ӯ бо хоҳиши худ, бе огоҳӣ ба калонсол ҷойро холӣ
мекунад. Вале агар бобо ё бибии кӯдак ба мактаб ояд, ӯ паси парта нишастаасту
бибиаш ё бобояш рост истода, бо омӯзгор ё хонанда гап мезанад. Яъне, кӯдак ҳоло
дарк намекунанд, ки калонсолро ба нишастан таклиф кунад. Зеро дар шуури кӯдак
ба он одат шудааст, ки танҳо дар нақлиёт ба калонсолон ҷой додан лозим аст.
Маданияти
рафтор аз бисёр ҷиҳат бо қоидаҳои ахлоқ алоқаи зич дорад. Масалан, асоси бисёр
қоидаҳои аниқи хушмуомилагӣ, бодиққатӣ, боадабӣ, боинтизомиро ҷараёни ахлоқии
ҷомеаи мо — инсондӯстии иҷтимоӣ, коллективият, дӯстӣ, рафоқат, дарки масъулият дар рафтору кирдор ташкил медиҳад.
Кӯдак ба фаҳмишҳои нав ва зарурати иҷрои қоидаҳои нав аз нуқтаи назари маънавӣ
тадриҷан шуруъ мекунад. Ягонагии дониш, малака ва одат барои аз худ намудани
ахлоқи ҳамида ташаккулёбии сифатҳои муайяни шахс буда, сабаб мешаванд, ки барои
ҳамеша хушмуомилагӣ ва боинтизомиро аз худ карда бошад.
Тавсияҳо аз
таҷрибаи бисёрсолаи худам ба ҳамаи волидон ин аст, ки ба хонандаи синфи якум
дар бораи аҳаммияти таҳсил ва чаро мактаб марҳалаи муҳимми ҳаёти ӯ мебошад,
пешакӣ нақл кунед ва мунтазам ёдрас кунед, ки мактаб имкони хубест, барои
омӯхтани савод, пайдо кардани дӯстони нав, як фазои муҳим дар ҳаёти ӯ. Ба
саволҳои фарзандатон дар бораи мактаб ва дарсҳо содаю фаҳмо ҷавоб гӯед. Ба ӯ
дар бораи ҳаёти мактаб, чӣ тавр ташкил карда шудани дарс, кадом фанҳоро
меомӯзанд, реҷаи рӯзро чӣ тавр сипарӣ мекунанд, нақл кунед. Ҳатто, дар амал
татбиқ кунед, масалан, бегоҳ дар вақти муайян ба хоб равад ва саҳарии барвақт
аз хоб хестанро бо ӯ машқ кунед. Зеро ҳар қадаре, ки сари вақт мушкилиҳо паси
сар шаванд, ҳамон қадар дар хондан ӯ муваффақ мешавад. Бо омӯзгорони ояндаи
фарзандатон мунтазам дар тамос бошед, то ки дар бораи муваффақият ва мушкилии
эҳтимолии фарзандатон сари вақт маълумот дошта бошед. Фарзанди худро ташвиқ
кунед, ки таассурот аз дарсро бо шумо
мубодила кунад ва дар мушкили пешомадааш омодаи бартараф кардани он бошед. Ба
фарзандатон ёрӣ расонед, то дар иҷрои вазифаҳои хонагӣ мустақилиятро эҳсос
намояд, ки дар натиҷа, боварӣ ба худро пайдо мекунад.
Яъне, ман
ҳамчун мутахассиси соҳа гуфтаниам, ки мо – омӯзгорон, ки дар як вақт волидони
кӯдакон ҳам ҳастем, дар рушду пешрафт ва муваффақиятҳои фарзандонамон набояд
бетараф бошем. Малакаҳои худидоракунии эҳсосию равонӣ ва тасаввури кӯдакро амиқ
дарк карда, бо кӯдак кӯдаквор рафтор кардан зарур аст. Бигзор, кӯдак бо
кӯдакони ҳамсоли худ вақти бештар сарф кунад, то ки ӯ муошират кардан,
мубодилаи афкор бо муҳити атроф, ҳалли вазъиятҳои муноқишавиро ёд гирифта,
эҳтироми ҳамагонро ба ҷо орад.
Ёдовар
мешавем, ки дар ҷумҳурии мо ҳамасола нимаи дуюми моҳи август давраи тайёрӣ ба
мактаб дар назди ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, дар муассисаи
таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Кӯлоб низ ба роҳ монда мешавад. Бинобар ин,
кӯдак давраи мутобиқшавиро аз сар гузаронида, барои ба мактаб рафтан омода
мешавад. Ин иқдом барои кӯдак, барои оғоз кардани омӯзиши ӯ ва ба таҳсил дуруст
фаро гирифтанаш нигаронида шуда, ба ҳамаи волидон тавсия дода мешавад, ки
кӯдакони худро ба муассисаҳои таълимӣ ҷалб намуда, бо онҳо ҳамраъй бошанд.
Чунки кӯдак дар ин айём ба реҷаи ҳаррӯзаи дар мактаб муқарраршуда пешакӣ одат
кунад, дарс, бозӣ, истироҳат ва муошират бо муҳити атрофро аз худ кунад.