Давлат ИМОМНАЗАРОВ,
сардори раёсати ташхис ва тақризи адабиёти
таълимии Пажуҳишгоҳи рушди маориф
ба номи А. Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим, аз ҷумла, тавассути таъмини механизми татбиқи дониши назариявӣ дар амал, рӯ овардан ба ташаккули маҳорати омӯхтан дар хонандагон дар раванди таълиму омӯзиш, ҳавасмандсозии хонандагон ба худомӯзию худташаккулдиҳӣ, бедор намудани шавқу завқи донишомӯзӣ, ворид сохтани толибилмон ба фаъолияти пурсамар дар раванди иҷрои супоришҳои амалӣ, истифодаи технологияи муосири таълим, густариши ҳамкории судманди муассисаи таълимӣ, оила ва ҷомеа дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, сатҳи дониш, малака ва маҳорати хонандагон тавассути арзёбии шаффоф ва воқеӣ, ки дар маҷмуъ, ба рушди шахсияти комил нигаронида шудаанд, дар солҳои охир тадбирҳои судманд ва натиҷабахш андешида истодааст. Дар раванди ислоҳоти соҳа баъди таҷдиди назар ва дар мазмуни стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълимӣ, нақшаи таълим, китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ, истифодаи технологияи муосири таълим дар асоси бандҳои марбутаи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 қадами навбатии ислоҳот гузариш ба низоми бисёрхолаи баҳодиҳӣ ва арзёбии меъёрии натиҷаҳои таълимӣ ва тарбиявии хонандагон маҳсуб меёбад. Зеро дар стратегияи мазкур оварда шудааст: “Воситаҳои барои баҳодиҳии комёбиҳои таълимии талабагон дар низоми таҳсилоти умумӣ дар сатҳи мактаб ва ҷумҳурӣ ташаккул наёфтаанд” [5,15]. Воқеан, на танҳо воситаҳо барои баҳодиҳии комёбиҳои таълимӣ ташаккул наёфтаанд, балки истифодаи ҳар як намуди баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон, ки дар комёб гардидани хонандагон ба пешрафти таълимии ташаккулдиҳанда саҳми арзанда доранд ва дорои хусусиятҳои хоси худ мебошанд, дар сатҳи дилхоҳ ба роҳ монда нашудааст. Аз ин рӯ, дониш, малака ва маҳорати хонанда дар раванди таълим ва омӯзиш дар низоми амалкунанда (5-хола) бо воситаҳо (ченакҳо), намудҳои арзёбӣ (арзёбиҳои ташхисӣ, ташаккулдиҳанда ва ҷамъбастӣ) дар муассисаҳои таълимӣ солҳои зиёд ба таври муқаррарӣ арзёбӣ мешуд, аммо дар бораи саҳми он дар баланд бардоштани шавқу завқи донишомӯзӣ, ҳавасмандсозӣ ба омӯзиши муназзам, водорсозӣ ба худомӯзию худташаккулдиҳӣ, дарки воқеии мазмун ва моҳияти маводи таълимӣ, ҳосил намудани қаноатмандӣ дар бартараф сохтани мушкилоти таълимии маводи таълимӣ кам ба мушоҳида мерасид ва аз ҷониби омӯзгорон ҳам кам таваҷҷуҳ зоҳир мешуд. Гузашта аз ин, дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар бораи арзёбӣ омадааст: “Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон методологияи муназзами арзёбии натиҷаи таълим дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ вуҷуд надорад, ки ин омил арзёбии натиҷаи таълими хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишварро мушкил мегардонад” [6, 30].

Воқеан, натиҷаи арзёбии сифати дониш, малака ва маҳорати хонандагон, таҳлили шаффоф, дақиқ ва аз нигоҳи илмӣ асосноки он, пайдо кардани имконият барои муқоисаи нишондиҳандаҳои арзёбиҳои номбурда дар сатҳи кишвар ва байналмилалӣ замина барои ба таври воқеӣ муайян кардани сатҳи дониш, малака ва қобилияти хонандагон бунёд намуда, тавассути он барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва дониш, малака ва маҳорати хонандагон қадамҳои боз ҳам устувор гузошта хоҳанд шуд. Яъне, имконият барои гузариш ба арзёбии меъёрӣ ба маротиб зиёд хоҳад гардид. Натиҷаҳои баҳодиҳӣ дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар, одатан, аз меъёрҳои муайянгардида хеле баланд буда, пешрафти таълими ташаккулдиҳанда ва воқеии хонандагонро таъмин карда наметавонанд.

Санҷидану арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар раванди таълиму омӯзиш яке аз омилҳои муҳимми рушди қобилиятҳои зеҳнӣ, бедор кардани шавқу рағбати хонандагон ба донишомӯзӣ ва аз ҷиҳати маънавӣ ҳавасманд гардонидани онҳо ба ҳисоб рафта, воситаи асосии назорати пешрафти таълимӣ ва рушди камолоти маънавии хонандагон аз ҷониби омӯзгорон, падару модарон ва дигар қишрҳои масъули ҷомеа маҳсуб меёбад.

Бояд зикр кард, ки дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар аксари муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздики пешрафта, тавассути баҳодиҳии бисёрхолаи меъёрӣ сурат гирифта, саҳми он дар азхудкунии дониш, малака ва қобилияти зеҳнии хонандагон хеле назаррас мебошад. Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ кишварҳои пешрафта тавассути низоми бисёрхолаи баҳодиҳии меъёрӣ ба комёбиҳои таълимии хонандагон дар рушди ҳамаҷониба, аз ҷумла, дар зуҳури илм, рушди техникаю технологияи муосир, бунёди зеҳни сунъӣ, омода намудани хонандагон ба ҳаёт саҳм гузошта истодаанд. Дар ин росто, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии мо низ ниёз ба гузаронидани арзёбии шаффоф ва воқеӣ ба натиҷаҳои таълимии хонандагон ба маротиб афзуда, заминаи воқеӣ барои татбиқ намудани арзёбии меъёрӣ, ки ҳадафи асосии он тақвияти сифати таҳсилот, баланд бардоштани шавқу завқи донишомӯзӣ, рушди малака, маҳорати амалӣ, пурра ворид сохтани хонандаю омӯзгор ба фаъолияти инноватсионӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар тавассути дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти таълимӣ фароҳам гардидааст.

Дар ин робита, гузариш ба арзёбии бисёрхолаи баҳодиҳӣ ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагон масъалаи муҳимми ислоҳоти соҳаи маориф ба шумор меравад, зеро:

 — ба риояи меъёрҳои низоми баҳодиҳии амалкунанда дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби омӯзгорон дар солҳои охир кам таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад (натиҷаи таълим аз меъёр баланд арзёбӣ мешавад ва он воқеиятро дар самти омӯзиш ва пешрафти илм, рушди техникаю технология инъикос карда наметавонад);

 — дар сатҳи паст таҳия гардидани тавсифот (муқаррарот)-и меъёрҳои баҳодиҳӣ дар стандартҳои фаннии таҳсилот (меъёрҳо танҳо се зинаи қобилияти маърифатии хонандаро фаро мегиранд: дониш, фаҳмиш ва татбиқ);

 — воқиф набудани аксари омӯзгорон аз низоми арзёбии муосир ва таҷрибаи баҳодиҳии кишварҳои пешрафта ва сатҳи пасти омодагии омӯзгорон дар истифодаи имкониятҳои арзёбии ташаккулдиҳанда;

 — дар сатҳи зарурӣ истифода набурдани тадбирҳои бартарафсозии мушкилоти ошкоргардида дар асоси таҳлили асосноки натиҷаҳои арзёбии фаъолияти хонанда ва омӯзгор дар сатҳи ҳар як мавзуи дарси воқеӣ ва фориғ аз он (арзёбии омӯзиш);

 — ташкили шароит барои ҳавасмандӣ ва далелнокии фаъолияти таълимию маърифатӣ, истифодаи доираи инфиродии таҳсилии хонандагон ва ташаккули шавқмандӣ ба худбаҳодиҳии онҳо;

 — дар сатҳи дилхоҳ барқарор нагардидани робитаи мутақобилаи доимӣ байни омӯзгору хонанда, хонандаю хонанда ва ғайра, барои воридсозии хонандагон ба фаъолияти баланди маърифатӣ;

 — дар сатҳи зарурӣ истифодаи набурдани арзёбиҳо, аз ҷумла, арзёбии ҷамъбастии хурд (марҳилавӣ), калон (чорякӣ, солона) ҳамчун омили муҳимми идоракунии раванди таълим, ба даст овардани маълумоти воқеъбинона дар бораи сифати таҳсилот, дараҷаи дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар асоси талаботи стандартҳои фаннии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ ва ғайра.

Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳангоми гузаронидани арзёбиҳо на танҳо баҳоҳои бадастовардаи хонанда дар давраи омӯзиши фасл, боб, мавзуъҳои калони барномаҳои таълимӣ, дар охири чоряк, нимсола ва солона (ҷамъбастии калон) ҷамъбаст шаванд, балки ҷанбаи муҳимтарини он қобилияти татбиқи донишҳои азхудкардаи хонандагон дар амал муайян карда шавад. Барои ҷамъбасти натиҷаҳои ниҳоии хонандагон танҳо ҷамъ ва тақсим кардани баҳоҳои хонанда аз рӯйи журнали синф кифоя нест, балки тавассути арзёбии ҷамъбастӣ сатҳи воқеии пешрафти таълимӣ, татбиқи дониши назариявӣ дар амал, дарки маводи таълимӣ дар сатҳи талаботи стандартҳои фаннии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ муайян кардан зарур аст. Гузашта аз ин, ҳангоми гузаронидани арзёбиҳои ҷамъбастии хурд ва калон мо бояд таҷрибаи кишварҳои дорои соҳаи маорифи пешрафта, техникаю технология ва саноати рушдёфтаро ба эътибор гирем, то ки мо аз интихоби танҳо роҳи осони арзёбии натиҷаҳои таълимии хонандагон худдорӣ кунем. Ҳамзамон, арзёбии ташаккулдиҳанда тақозо дорад, ки дар раванди таълим ба таври пайваста фаъолияти хонанда ҷиҳати муайян намудани мушкилоти азхудкунии мундариҷаи маводи таълимӣ, мукаммалгардонӣ, раванди таълиму омӯзиш ва бартарафсозии қафомонии таълимии ҳар як хонанда мавриди мушоҳида қарор дода шавад. Дар раванди арзёбии мазкур хонандагон ба омӯзиши фаъол бештар ҷалб карда мешаванд ва аз он боварӣ пайдо мекунанд, ки бояд чиро бештар омӯзанд. Бо ин арзёбӣ раванди омӯзиши ҳар хонанда ба самти дуруст равона мешавад.

Натиҷаи омӯзишу таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки мушкилоти дигари арзёбии амалкунанда, ба монанди ҳавасмандсозӣ, водорсозӣ ва фарогирии хонандагон ба раванди таҳсилоти фаъол кам ба назар мерасад. Ҳатто, риоя нагардидани меъёрҳои он, аксаран, боиси пайдо шудани норозигӣ байни хонандаву хонанда, хонандаву омӯзгор ва омӯзгору падару модар гардидааст.

Бояд зикр кард, ки ба масъалаи гузаштан ба низоми бисёрхолаи баҳодиҳӣ ва меъёрҳои арзёбии дониши хонандагон бо дарназардошти муҳиммият, дарки зарурат ва мушкилоти татбиқи низоми бисёрхолаи баҳодиҳӣ ба натиҷаҳои таълимии хонандагон ҳанӯз дар Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии “Масъалаҳои гузариш ба низом 10, 12, 100-холаи баҳогузорӣ ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (31.10.2013) бо иштироки бевоситаи Вазорати маориф ва илми кишвар, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф, ДҶТИБКСМ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм, намояндагони кафедраҳои илмии коллеҷу донишгоҳҳо ва донишкадаҳои омӯзгорӣ, коршиносон, олимон, муҳаққиқон, кормандони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорони фаъолу эҷодкор ва намояндагони шарикони рушд баргузор гардида, фикру андешаҳои ҳозирин оид ба масъалаи мазкур мавриди баррасӣ, муҳокима ва таҳлил қарор дода шуд. Ва оид ба гузаронидани озмоиш аз рӯйи низом ва меъёрҳои баҳодиҳии 10, 12, 100-хола дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар пешниҳод ирсол гардид.

Ҷиҳати иҷрои пешниҳоди мазкур фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №34 аз 8.01.2014 ва № 2429 аз 01.11.2014 ба тасвиб расид ва гурӯҳи корӣ бо мақсади дарёфти дастовард, мушкилот ва дурнамои татбиқи низом ва меъёрҳои бисёрхолаи баҳогузории (10, 12, 100-хола)» дар 17 муассисаи таҳсилоти умумии кишвар дар соли таҳсили 2014 озмоишро оғоз намуд ва он зиёда аз 2 сол идома ёфт.

Натиҷаи озмоиш дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ бо иштироки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳои он, намояндагони кафедраҳои илмии донишгоҳҳо ва донишкадаҳои омӯзгорӣ, коршиносону олимон ва намояндагони шарикони рушд мавриди баррасӣ, муҳокима ва таҳлил қарор гирифта, бартарӣ, мушкилот ва дурнамои татбиқи меъёри низомҳои бисёрхолаи баҳодиҳӣ муайян карда шуд.

Дар конфронси навбатии ҷумҳуриявии илмӣ-амалии “Таҳлили якҷояи соҳаи маориф-ислоҳоти арзёбии дониши хонандагон аз рӯйи низом ва меъёрҳои баҳодиҳии 10,12,100-хола” дар (соли 2015) зиёда аз 10 баромади олимон, муҳаққиқон, коршиносон, омӯзгорон, шарикони рушд оид ба натиҷаҳои амалии тадқиқот дар муассисаи таҳсилоти умумии озмоишии кишвар ва таҷрибаи кишварҳои пешрафта, дар самти арзёбии натиҷаҳои таълимӣ мавриди муҳокимаву таҳлил қарор гирифта, ба низоми баҳодиҳии 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониши хонандагон бартарӣ дода шуд. Ҳамзамон, ҷадвали баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониши хонандагон нисбат ба дигар низомҳои бисёрхолаи баҳодиҳӣ ҳамчун ченаки нисбатан дастрас ва самарабахши комёбиҳои таълимии хонандагон эътироф шудааст. Ҷадвали баҳодиҳии мазкур ва меъёрҳои арзёбии он хусусиятҳои зеринро доро мебошад:

— яке аз меъёрҳои дастраси муосири арзёбӣ барои тамоми иштирокдорони раванди таълиму тарбия пазируфта мешавад, он аз 1 то 10 хол иборат буда, ҳар як рақам сатҳи муайяни дониш, малака ва маҳорати хонандаро дақиқ ифода мекунад;

— ҳамчун низом ва меъёрҳои боэътимод ва ба далелҳо асосёфта эътироф шуда, дар таъмини арзёбии воқеӣ ва шаффофи комёбиҳои таълимӣ ва тарбиявӣ, баэътиборгирии қобилияти инфиродии таҳсилии хонандагон нақши афзалиятнок дорад;

— аксарияти омӯзгорон ва хонандагони кишварҳои пешрафта аз низоми баҳодиҳии 10-хола истифода бурда, самараи онро дар раванди омӯзиш мушоҳида мекунанд;

— дараҷа, зинаҳои ҷадвали бисёрхолаи баҳодиҳии 10-хола ва меъёрҳои арзёбӣ бо дарназардошти баэътиборгирии қобилияти зеҳнӣ ва тамоюли омӯзишии хонанда мушаххас пешбинӣ гардида, ба рушди ҳамаҷонибаи ӯ нигаронида шудаанд;

— саҳми меъёрҳои арзёбии мазкур барои аз байн бурдани “даъво”-и хонандагон ва волидони онҳо дар мавриди арзёбии сифати омӯзиш ва таълими хонандагон дар асоси методологияи одӣ, фаҳмо ва дастрас бештар назаррас мебошад (масалан: зимни баҳодиҳӣ ба сатҳи дониши хонандагон омӯзгор имконияти гузоштани се намуд холҳои дараҷаи “паст” (1, 2, 3), се намуд холҳои дараҷаи “миёна” (4, 5, 6), ду холҳои дараҷаи “хуб” (7, 8) ва ду холи дараҷаи “аъло” (9, 10)-ро пайдо мекунад ва бо дарназардошти баэътиборгирии қобилияти инфиродии ҳар як хонанда зимни арзёбии сатҳи дониш истифода мекунад);

— барои хонандагони дорои қобилияти “миёна” ва “аз барнома қафомонда” шароити мусоид фароҳам намуда, онҳоро ба худомӯзӣ-худташаккулдиҳӣ водор месозад;

— дар хонандагон кӯшишу ғайрат дар таҳсил ва ҳавасмандиро ба фаъолияти маърифатӣ бештар ташаккул медиҳад, зеро ҷадвали баҳои мусбат аз 4 то 10 холро фаро гирифта, он имконияти ташаккули мақсадноки хонандаро бештар таъмин месозад;

— дар ташаккули рақобатпазирии хонандагон тавассути намоиши имконияти комёб гардидан ба нишондодҳои беҳтарин (метавон ба баҳоҳои “хуб”, “беҳтар”, “олӣ” ва “аъло” таҳсил кард) мавқеи устуворро доро мебошад;

— заминаи устуворро барои ташкили фазои мусоиди равонӣ, роҳ надодан ба ҳолати харобкунандаи асаби кӯдак дар ҷараёни арзёбӣ бунёд месозад;

— дар муайян намудаи тағйирот дар пешрафти таълимӣ ва такмили салоҳиятҳои хонанда ва муқоисаи мувофиқати дастовардҳои ҳар як хонанда бо натиҷаҳои интизоршаванда саҳми муносиб мегузорад;

— истифодаи боэътимод ва дастраси шакл, воситаҳои низом ва меъёрҳои арзёбӣ ва ҳисоботдиҳӣ аз ҷониби омӯзгорон бе ягон мушкилот амалӣ мешавад.

Хулоса, низоми арзёбии дониш ва баҳодиҳии 10-хола бо кӯшишҳои пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузаронидани таҳаввулоту тағйироти ҷиддии соҳаи маориф дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва сатҳи дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар ояндаи наздик натиҷаи дилхоҳ ба бор хоҳад овард. Ҳамчунин, барои ташхиси амиқ боз дар 140 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷиҳати татбиқи арзёбии бисёрхолаи баҳодиҳии меъёрӣ дар заминаи омӯзишу таҳлилҳои солҳои қаблӣ бадастомада ба роҳ монда шуда, дар самти ислоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла, гузаштан ба бисёрхолаи баҳодиҳӣ ба сифати натиҷаҳои таълимии хонандагон амалӣ гашта истодаанд. Озмоиш аз моҳи феврали соли 2024 оғоз гардида, аз ҷониби мутахассисони соҳа мавриди таҳқиқ, таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, раванди татбиқи онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати ҷиддӣ гирифтааст.

Адабиёт:

  1. Балабанова, Л. И. Худбаҳодиҳӣ ва худташаккулдиҳӣ-асоси таҳсилоти рушддиҳанда. Таҳсилоти касбӣ. -2002.- 1. — С. 23 (ба заб.русӣ).
  2. Блум Бенҷамин Сэмюэл. «Таксономияи мақсадҳои таълим» (Ню Йорк, Давид, Маккей, с. 1956.
  3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 ”.
  4. Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ахбороти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон». -Душанбе: 2015, с.123-130.
  5. Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020. Душанбе: Ирфон, -2020.- 74 саҳ.
  6. “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030.-Душанбе: Ирфон, -2020.- 72 саҳ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *