Салтанат МИРЗОЕВА,
омӯзгори МТМУ №65, ноҳияи Рӯдакӣ

Викторинаҳоро омӯзгорон барои ҷолибу шавқовар шудани дарсҳо мегузаронанд. Як намунаи онро манзури ҳаводорони маҷалла мегардонем, ки ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Маҷлисгоҳи мактаб бо Парчами давлатӣ, лавҳаи «Муқаддасоти Тоҷикистон» ва гулдастаҳои идона оро ёфтааст.  Суруди миллӣ садо медиҳад ва ҳозирин аз ҷой хеста, ҳамовоз мешаванд.

Омӯзгор ба сухан оғоз намуда, чунин мегӯяд:

Хонандагон ва омӯзорони азиз! Мо мавзуи викторинаи имрӯзаамонро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебахшем. Тавре медонем, маснади президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шуруъ намудани Президент муқаррар гардидааст. Рӯзи Президент дар кишвари мо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр муайян карда шудааст. Бачаҳои азиз, акнун, ба викторина шуруъ мекунем.

Саволи 1: Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) кай пош хӯрд? Дар ҳайати он чанд ҷумҳурӣ шомил буд?

Хонандаи 1: Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) 26 декабри соли 1991 пош хӯрд. Шурои Олии ИҶШС дар ин бобат декларатсия қабул кард. Ҳамин тавр, соли 1991 соли аз байн рафтани Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) ба шумор меравад.

Хонандаи 2: Он замон дар ҳайати Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ 15 ҷумҳурӣ шомил буд.

 Саволи 2. Ҷумҳурии Тоҷикистон кай Истиқоли давлатӣ ба даст овард?

Хонандаи 1: 34 сол пеш-9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзи вуҷуд намуд.

Саволи 3. Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом сана ҷашн гирифта мешавад?

Хонандаи 1: Рӯзи Президент дар кишвари мо 16-уми ноябри ҳар сол тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҷашн гирифта мешавад.

Хонандаи 2: Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16-уми ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин сана тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шуруъ намудааст.

Саволи 4. Чор ҳадафи миллии стратегӣ кадомҳоянд?

Хонандаи 1: Таъмини истиқлоли энергетикӣ.

Хонандаи 2: Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ.

Хонандаи 3. Таъмини амнияти озуқаворӣ.

Хонандаи 4: Саноатикунонии босуръати кишвар.

Саволи 5: Қаҳрамонони Тоҷикистонро номбар кунед.

Хонандаи 1: Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров.

Хонандаи 2: Эмомалӣ Раҳмон, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур.

Саволи 6: Муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?

Хонанда: Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Саволи 7: Мухтасар аз хидматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шавед.

Хонандаи 1: Бузургтарин дастоварди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Хидмати таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки хатари нобудшавии миллатро бартараф карданд, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуданд. Роҳбари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи таъмин намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, барои гузаштан ба марҳалаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагиву бунёдкорӣ замина гузоштанд.

Хонандаи 2: Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, бо аксари кишварҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ монд.

Хонандаи 3: Роҳбари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва дигар масъалаҳои глобалӣ ҷалб кардаанд.

Хонандаи 4: Бо пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кард. Ҳамчунин, тибқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз соли 2025 ба баъд ҳар сол 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо таҷлил карда мешавад.

Фарҷоми викторина:

Дар ҷамъбасти викторина хонандагон шеъри шоири зиндаёд Бозор Собир — “Пешвои миллат”-ро азёд мегӯянд:

Хонандаи 1:

Минбарат аз партаи мактаб,

Минбарат аз дарзаи деҳқон.

Раҳбарӣ аз ҷӯши мардум,

Аз кафи дасти хиёбон.

Пешвои миллати Зардушт,

Пешвои миллати Асад.

Пешвои миллати Беҳзод,

Пешвои миллати тоҷик.

Пешвои миллати Сино,

Пешвои миллати Айнӣ.

Пешвои миллати Восеъ,

Пешвои миллати тоҷик.

 

Хонандаи 2:

Аз дари оташ гузаштӣ чун Сиёвуш,

Кардӣ оташро ту хомӯш.

Аз сари сарҳад гирифтӣ

Ҳар муҳоҷирро дар оғӯш,

Ҷангро кардӣ фаромӯш.

 

Пешвои миллати Зардушт,

Пешвои миллати Асад.

Пешвои миллати Беҳзод,

Пешвои миллати тоҷик.

Пешвои миллати Сино,

Пешвои миллати Айнӣ.

Пешвои миллати Восеъ,

Пешвои миллати тоҷик.

 

Хонандаи 3 :

Давлататро карда кафшер

Бастакори нақби Шаршар.

Бастакори нақби Анзоб,

Бастакори Чормағзак,

Бастакори ГЭС-и Роғун

Ҳамчу оҳан,

Ҳамчу чӯян,

Ҳамчу пӯлод.

 

Давлататро карда кафшер

Бастакори нақби Шаршар,

Бастакори Шаҳристон,

Бастакори Чормағзак,

Бастакори ГЭС-и Роғун.

 

Пешвои миллати Зардушт,

Пешвои миллати Асад.

Пешвои миллати Беҳзод,

Пешвои миллати тоҷик.

Пешвои миллати Сино,

Пешвои миллати Айнӣ.

Пешвои миллати Восеъ,

Пешвои миллати тоҷик.

 


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *