
Ибодулло АБДУЛЛОЕВ,
омӯзгори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили
ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф
Насли ояндасоз бидуни омӯзиши техникаю технология ва эҷодкорию навоварӣ дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ба дастовардҳои назаррас ноил шуданашон ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, дар Паёми навбатияшон Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳаматарафаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад. Бинобар ин, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамоем.
Мақсад аз амалӣ сохтани ин иқдоми созанда, пеш аз ҳама, рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии сокинони мамлакат, беҳтар гардонидани сифати таълиму тарбия ва омода шудани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй мебошад. Ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат бояд мо — омӯзгорон донишу маҳорати худро ба он равона созем, ки насли оянда аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ устувор ва кордоне бошанд, ки масъулияти баланди худро дар назди ҷамъият ва давлат дарк карда тавонанд. Аз ҳамин сабаб, омӯзгорони фанни нақшакаширо лозим аст, ки вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва инкишофи босуръати муносибатҳои истеҳсолӣ донишомӯзонро фаҳмонда тавонанд, ки танҳо ба дониши назариявӣ мусаллаҳ будан кифоя нест, дар амал истифода бурдани донишу малакаҳои муҳимтарин ва воситаҳои нави таълим дастёбӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ба шумор меравад. Яке аз воситаи муҳимми арзёбии дониши графикии хонандагон ташкил ва истифодаи варақаҳои санҷишӣ мансуб меёбад.

Қисми муҳимтарини барномаи синфи 8-ро аз фанни нақшакашӣ тарзу усулҳои проексиясозӣ дар ҳамвориҳои проексионӣ ва проексияҳои аксонометрӣ ташкил медиҳад. Бинобар он, баҳри дурусту босамар гузаронидани раванди таълим ва густариши арзёбии ташаккулдиҳандаи хонандагон аз варақаҳои санҷишӣ истифода бурдан лозим аст. Тарзу усулҳои тартиб додани варақаҳои санҷишӣ доир ба сохтани проексияҳои росткунҷагӣ дар се ҳамвориҳои проексионӣ дар ҷадвали 1 нишон дода шудааст. Нигаред ба ҷадвали 1.

Расми 1
Дар тарафи чапи ҷадвали зикршуда ҳарфҳои А, Б, В, Г, Д ва Е дарҷ шудааст, ки ба 6 тасвири аксонометрии ҷузъҳои техникӣ тааллуқ дорад, ки дар ҷадвали 1 акс ёфтааст. Дар қисми поёнии ҷадвали 1 рақамҳои тартибии аз 1 то 18 ҷойгир карда шудаанд, ки проексияҳои фронталӣ, уфуқӣ (горизонталӣ) ва паҳлуии (профили) ҷузъҳои техникиро ташкил медиҳад. Ба ҳар як хонанда дар як вақт ҳам варақаҳои санҷишӣ (ҷадвали 1) ва ҳам тасвири изометрию проексияҳои детал дар се ҳамвориҳои проексионӣ (расмҳои 1 ва 2) супорида мешавад.

Расми 2
Барои иҷро кардани варақаҳои санҷишӣ (ҷадвали 1) ҳамчун намуна тасвири аёнии Б бо аломати + нишон дода шудааст. Ба ҳамин шакл, бо истифода аз расмҳои 1 ва 2 (ҷадвали 1) ба тариқи ҷустуҷӯ катакҳое, ки бо тасвирҳои изометрии ҷузъҳои А, В, Г, Д ва Е пур карда мешавад, дар натиҷаи санҷиши омӯзгор дониши графикии хонандагон ба таври шаффоф арзёбӣ карда мешавад.
Тавассути истифодаи варақаҳои санҷишӣ чунин хусусиятҳои омӯзишии хонандагон ташаккул дода мешавад:
1. Ташаккули донишҳои графикӣ ва техникии хонандагон;
2. Дарки намуди ҷузъҳо дар ҳамвориҳои проексионӣ;
3. Муқоиса ва дарки тасвирҳои аксонометрӣ дар ҳамвориҳои проексионӣ;
4. Таҳқиқи ақидаҳо ва пурра кардани фаҳмиши графикии хонандагон;
5. Ҷустуҷӯ ва дарки ақидаҳо тавассути интихоби тасвири нақшаҳо.
Хулоса, варақаҳои санҷишие, ки аз тарафи омӯзгор бо вариантҳои гуногун ба шогирдон пешниҳод карда мешавад, барои инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва маърифати техникию фазогии хонандагон аҳаммияти махсус дорад ва тайёрии пешакиро талаб мекунад.