Бибиҷон ҶАББОРОВА,

омӯзгори калони Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд

«Шахсе, ки ақаллан як забони хориҷиро намедонад, ӯ дар бораи забони модарии худ ҳеҷ чизро намедонад».

И. Гёте

 

Имрӯзҳо забонҳои англисӣ ва русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи муҳимми муоширату ҳамкорӣ ва иртибот бо кишварҳои хориҷа мебошанд. Донистани забони англисӣ имкон медиҳад, ки бо пешрафтҳои фарҳангӣ, иқтисодию сиёсии кишварҳои англисзабон ва тамаддуни ҷаҳонӣ шинос шавем. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, бедор кардани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзию дақиқ махсус қайд карданд, ки боиси ифтихору сарфарозист. Илова бар ин, Сарвари давлат ба зарурати донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забони русӣ ва англисӣ барои ҷавонон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ногуфта намонад, ки чанд сол аст, Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030 қабул гардидаву мавриди татбиқ қарор гирифтааст. Аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат “Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ”-ро таҳия намуда, пешкаши тамоми омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ, кормандони соҳаҳои маориф ва илм гардонд.

Таълимии фанни забони англисӣ, аз ҷумла, дар коллеҷҳо, пеш аз ҳама, барои донишҷӯён дар фаъолияти ояндаи онҳо аҳаммияти муҳим дорад. Мақсади асосии дарси забонҳои хориҷӣ боло бурдани шавқу рағбати забономӯзии донишҷӯён мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як мутахассис уҳдадор аст, ки барои аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, бахусус, забонҳои русӣ ва англисӣ кӯшиш намояд. Чунки таълиму омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷаҳонбинии инсонро вусъат мебахшад.

Муаммои ҷустуҷӯи роҳҳо ва методҳои самараноки баланд бардоштани шавқи донишҷӯён ба омӯзиши забони англисӣ яке аз масъалаҳои актуалӣ мебошад. Ҳавасманд намудани донишҷӯён ба омӯзиши забони англисӣ қадамҳои аввалини ҷараёни таълим мебошад. Донишҷӯён бояд дарк намоянд, ки омӯзиши забони англисӣ ба онҳо хеле зарур мебошад. Идомаи таҳсил дар хориҷи мамлакат ва ё кор кардан дар хориҷа, инчунин, дар ягон ташкилоти бонуфузи кишвар фаъолият намудан аз ҳар як донишҷӯ, дар баробари донистани тахассуси худ, инчунин, донистани забонҳои хориҷиро талаб мекунад. Муоширати касбӣ бо забони модарӣ ва хориҷӣ дар сатҳи баланд аз ҷаҳонбинии васеъ, дарки баланди масъалаи ба миён омада ва дигар маҳорату малакаҳои касбие, ки мафҳумҳои асосии ҳар як тахассус мебошанд ва барои ҳар як мутахассиси оянда калиди муваффақият дар фаъолияти касбиашон хоҳад шуд. Мутахассисе, ки бо нутқи равон ва забони фасеҳу гӯё сухан мекунад, ҳамзамон, фикри ҳамсуҳбати худро фаҳмида ба он ҷавоби оқилона мегардонад, дар кори худ муваффақу комёб хоҳад шуд. Чӣ хеле, ки дар урфият мегӯянд: «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ». Барои ҳамин, донишҷӯ бояд кӯшиш кунад, ки ба мафҳумҳо, вожаҳо ва принсипҳои ин забон сарфаҳм равад, онҳоро дар ҳаёти хеш тавонад мустақилона истифода намояд.

Омӯзиш ва ба даст овардани донишҳо аз фанни забони англисӣ дар он вақт имконпазир мешавад, ки агар аз тарафи омӯзгор омилҳои муҳимми таълимӣ ба назар гирифта шаванд. Бо муваффақият оғоз шудани таълими забони хориҷӣ ва бо ҳам баргузор намудани машғулиятҳои факултативӣ ба баланд шудани сатҳи шавқмандии донишҷӯён ба забономӯзӣ мусоидат мекунад.

Муваффақият ва муносибати донишҷӯён ба фан пурра аз омӯзгор вобастагӣ дорад, яъне, то чӣ андоза таълим шавқовар ва хотирмон гузарад, то ҳамон андоза дар хонандагон ҳавасмандӣ нисбат ба фан пайдо мешавад.

Дар умум, ду шакли ҳавасмандкунӣ мавҷуд аст: дохилӣ ва берунӣ. Дар навбати худ, ҳавасмандкунии васеъ ва маҳдуди иҷтимоиро ҷудо мекунанд. Дар омӯзиши забони хориҷӣ, одатан, ҳавасмандкунии васеи иҷтимоӣ истифода бурда мешавад, ки дар он хонанда ё таълимгиранда кӯшиши худро дар омӯзиши забон нишон медиҳад, ҳаракат мекунад, ки фарҳанги онро аз худ намуда, худро дар байни донандагони забон муваффақ нишон диҳад. Дар байни шаклҳои ҳавасмандкунии дохилӣ ду намуд: коммуникативӣ ва забоншиносиро ҷудо мекунанд.

Ҳавасмандкунии коммуникативӣ яке аз қисмҳои асосии ҳавасмандкунии дохилӣ ба ҳисоб меравад, яъне, аз худ кардани салоҳиятнокии коммуникативӣ – ин талаботи аввалиндараҷаи донишҷӯ мебошад. Ҳавасмандкунии забоншиносӣ ё забономӯзӣ ин муносибати мусбат доштан нисбат ба забони омӯхташаванда, сохтор ва хусусиятҳои он мебошад.

Барои бедор намудани шавқу ҳавас ба омӯзиши забони англисӣ омӯзгор метавонад усулҳои зеринро истифода барад:

  1. Таълими ҳамгиро.
  2. Дарсҳои ғайрианъанавӣ.
  3. Шаклҳои ғайристандартӣ ба дарс.
  4. Истифодаи тахтаи интерактивӣ ба дарс, барномаи мултимедиявӣ.
  5. Ташкили бозиҳои дидактикӣ дар дарс.
  6. Ташкили кори эҷодӣ ба дарси забони англисӣ.

 Ҳамин тавр, яке аз роҳҳои баланд бардоштани ҳавасмандкунии наврасону ҷавонон ба забономӯзӣ таркиби мундариҷавии маводди омӯзишӣ буда, шавқи донишҷӯёнро ба дарс бедор мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *