Шаҳодат НАРЗИЕВА,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти
Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд

Барои он ки шогирд босавод шавад, мо — омӯзгорон бояд тарзу усулҳои гуногуни таълимро истифода барем. Усули таълим амалиёти якрангу доимӣ набуда, ҳар як омӯзгор ҳақ дорад, ки дарси худро бо роҳу равиши гуногун ва усули муосири наву беҳтарин гузаронад, ба он ҳусну маънои нобу тоза илова кунад. Интихоби дурусти усули дарс кори муаллимро осон карда, муайянкунандаи шаклу мазмуни таълим мебошад. Дилхоҳ усул ба воситаи алоқаманд намудани фаъолияти муаллим ва донишҷӯён амалӣ мегардад. Ҳар қадар, ки омӯзгор фаъол бошад, донишҷӯ низ ҳамон қадар фаъол мешавад.

Барои   завқи   донишҷӯёнро   баланд     бардоштан, фаъолу чаққон ва ҳозирҷавоб будани онҳо дар дарси забони тоҷикӣ усулҳои гуногуни таълимро истифода бурдан зарур аст. Яке аз чунин роҳҳо, ин бо тариқи бозӣ гузаронидани дарс мебошад. Бозиҳои грамматикиро ба се гурӯҳ: фонетика, морфология ва синтаксис ҷудо кардан мумкин аст. Ҳангоми таълими мавзуъҳои фонетикӣ бозиҳои грамматикиро ташкил кардан имкон дорад. Тавре маълум аст, ҳар як ҳарфу овоз дар нутқ вазифаи худро дорад.

Масалан, дар калимаи якҳиҷогие, ки аз се ҳарфу се овоз иборат аст, як овоз иваз карда мешавад ва маънои калима низ дигар мешавад. Ин тарзи бозиро ба шогирдон чунин пешниҳод мекунем:

«Кӣ бисёртар калима мегӯяд, ки як ҳиҷо ва се ҳарф дошта бошад?»

 Чун намуна калимаҳои «бар, дар, сар, бур, нур, дур»-ро дар тахтаи синф навишта, ҳангоми ҳиҷосозӣ, ки садонок мавқеи асосӣ дорад, калимаҳое оварда мешаванд, ки ҳарфу овозашон якхела асту миқдори ҳиҷоҳояшон фарқ мекунад: шона, лола, хона, рафт, сурх ва амсоли ин. Аз ин гуна калимаҳои баробарҳарф шогирдон садонокҳоро ба эътибор гирифта, калимаҳоро ба ҳиҷоҳо ҷудо мекунанд.

Дар атрофи имлои садоноки «у» ва «ӯ» ақидаҳо хеле гуногунанд ва то имрӯз дар ин         масъала баҳсҳо зиёд аст. Ҳаминро бояд донист, ки ҳангоми ҷойивазкунии ин садонокҳо маънои калима дигар мешавад. Масалан, калимаи «кушиш» ва «кӯшиш» маъноҳои алоҳидаи худро доранд. Агар гӯем, ки «Ман кушиш мекунам бо баҳои хубу аъло хонам» маънӣ ғалат мешавад. Ба ҳамин монанд, метавонем калимаҳои «бур – бӯр, мур – мӯр, сум – сӯм, гул – гӯл, хурд – хӯрд, духт – дӯхт»-ро мисол оварем.

Дар боби морфология низ аз рӯйи ҳиссаҳои нутқ баргузор кардани бозиҳо дарсро шавқовар мекунад. Масалан, ҳангоми таълими ҳиссаҳои нутқ ба ҳар яки он рақам мегузорем: 1 — исм, 2 — сифат, 3 — шумора, 4 — ҷойнишин, 5 — зарф, 6 — феъл, 7 — пешоянду пасоянд, 8 — пайвандак, 9 — ҳиссача, 10 — нидо.

Сипас, ба ҷойи ҳиссаҳои нутқ рақамҳо навишта мешаванд ва донишҷӯён аз рӯйи рақамҳои навишташуда ҳиссаҳои нутқро номбар мекунанд. Ин бозӣ ба он оварда мерасонад, ки ҳиссаҳои нутқ бо тартиби муайян дар хотири донишҷӯён нақш бандад. 

Ин бозиро дар шакли дигар давом додан мумкин аст: донишҷӯён дар варақчаҳо рақамҳоро менависанд ва аз рӯйи рақамҳои навишташуда ҷумлаҳо тартиб медиҳанд: 1, 2, 5, 6, — Себи сурх хеле ширин мебошад.

Ин бозиро дар шакли баръакс низ гузаронидан мумкин аст: ба донишҷӯён варақчаҳо бо ҷумлаҳои навишташуда тақсим карда мешавад ва шогирдон аз рӯйи рақам кадом ҳиссаи нутқ будани калимаро муайян мекунанд. Масалан: Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои миллат мебошанд. 1,4, 1, 1, 2, 1, 6.

Дар таълими боби синтаксис аъзои ҷумла омӯхта мешавад. Дар ин боб, асосан, аломатҳои шартии сараъзо ва аъзоҳои пайрави ҷумларо аз  худ кардани донишҷӯён аҳаммияти калон дорад: як хати рост ________  мубтадо, ду хати рост ======= хабар,  хати мавҷнок ~~~~~~~ муайянкунанда,  тире — тире — — — — — — — пуркунанда ва тире нуқта — · — · — · — · — ҳол.

Дар омӯхтани аъзоҳои ҷумла низ чунин бозиҳои грамматикиро истифода бурдан мумкин аст:

 Аломатҳои шартиро монда, ҷумла месозем:

— — — — — — — — — — =========.  Китоби «Тоҷикон» ба мо таърихи миллатро омӯхт.

Ё ин ки аз рӯйи ҷумлаи тайёр аъзоҳои ҷумларо ёфта:

Саодат ҳикояро нақл кард ————— — — — — — — — — — ===========.

Барои самаранок баргузор кардани дарсҳои забони модарӣ ҳарчи бештар аз бозиҳо истифода барем, ҳамон қадар зудтар ба мақсад мерасем. Зеро шогирдон бозиро дӯст медоранд ва маҳз бо ҳамин роҳ шавқу завқи онҳоро ба дарсхонӣ зиёд кардан мумкин аст.

Муаллими бомаҳорат метавонад, ҳар як дарсашро тавассути ташкил ва баргузор кардани бозиҳо: ҳиҷосозӣ, калимасозӣ, тезгӯяк, байтбарак шавқовар карда, шогирдонро дар омӯхтани фанни забони тоҷикӣ фаъол гардонад.

Бозиҳои грамматикӣ яке аз воситаҳои асосии фаъолгардонии донишҷӯён ва инкишоф додани тафаккур ва зеҳни онҳо мебошад, ки барои аз худ кардани донишҳои нав, ба мустаҳкам намудани тасаввуроти донишҷӯён хидмат мекунанд. Дар ташкил ва баргузор кардани бозиҳои грамматикӣ бояд синну сол ва сатҳи фаҳмиши шогирдон ба инобат гирифта шавад. Маҳз дар чунин бозиҳо тафаккур, диққат, тахайюл, эҳсос ва дигар ҳолатҳои руҳии донишҷӯён инкишоф меёбанд.   

                                                

Адабиёт:

  1. Маданияти сухан // Душанбе : — Маориф, 1989 с. — 348 саҳ.
  2. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷилдҳои 1 а 2. // Маориф . Сов.энциклопедия, 1969 с. — 951, 952 саҳ.
  3. Фозилов М. Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ / М.Фозилов. – Душанбе: 1977 с.
  4. Ҳусейнов Х., Луғати терминҳои забоншиносӣ / Х. Ҳусейнов, К. Шукуров. – Душанбе: «Маориф» 1983 с. — 256 саҳ.
  5. Назарзода С., Забон ва истилоҳот. Андешаҳо дар атрофи забон ва ташаккули истилоҳот / Назарзода С. – Душанбе: «Дониш», 2005 с. — 148 саҳ.
  6. Каримов Ш., Аломатҳои китобат дар забони тоҷикӣ / Ш. Каримов, У. Обидов. — Душанбе: 1986 с.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *