Қамаруддин АКБАРОВ,
омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №17,
ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, вилояти Суғд

Таълиму тарбия яке аз соҳаҳои қадимтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Масъалаи омӯзонидани насли наврас ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим ба миён омада, дар баробари инкишофи шуури инсонӣ ривоҷ ёфтааст. Дар даврони ибтидоӣ кӯдакон аз калонсолон тақлидкорона сухангӯӣ, рафтор, шикор, моҳидорӣ ва сохтани олоти меҳнатро ёд мегирифтанд ва оҳиста-оҳиста ба воя расида, манзил сохта, чун калонсолон узви баробарҳуқуқи гурӯҳҳо ва қабилаҳо мегаштанд. Фарзандон намехонданд, вале фармоишҳои волидонро иҷро мекарданд.

Насли баъдии инсонҳо соҳаҳои ҳаёти худро ба фарзандон омӯзонида, насли хешро ба ҳаёти ҷамъиятӣ, ба меҳнату зиндагӣ омода месохтанд, донишомӯзиву донишмандиро талқин мекарданд. «Ба дониш бувад мардро обрӯй, Ба бедонишӣ, то тавонӣ, мапӯй» — насиҳат медоданд ба фарзанд.

Таълим равандест, ки ниҳоят мураккаб буда, дарс ва хонишро дар бар мегирад. Дар рафти таълим хонандагон ин ё он ҷабҳаи таҷрибаи ҷамъиятиро аз худ мекунанд, ки ифодагари мафкура, сиёсат, илм, ахлоқ, адабиёт, тарбияи ҷисмонӣ ва монанди инҳо мебошанд.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибихтиёр мақсади асосии таълим ба таҳким бахшидани низоми давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ нигаронида шуда, ҳамзамон, баҳри рушди тафаккури насли наврас ва баробар ба замони муосир пеш рафтани ҷомеа хидмат мекунад.

Таълим фаъолияти якҷояи муаллим, хонандагон ва ҷомеа буда, фаъолияти муаллимро дар бобати додани донишҳои нав — дарсдиҳӣ, фаъолияти хонандаро баҳри азхудкунии донишҳо — хониш ва фаъолияти ҷомеаро дар назорат ба раванди таълим фаро мегирад. Муаллим ба манфиати ҷамъияту давлат кор мекунад ва худ аз ҷиҳати одобу рафтор, донишу гуфтор намунаи ибрат аст. Ғайр аз ин, дарсдиҳӣ талаб мекунад, ки ӯ фанни худро хуб донад, маҳорати ташкили раванди таълиму тарбияро дошта бошад, бо усулҳои нави таълим шинос бошад, хусусиятҳои инкишофи фикрии кӯдаконро фаҳмад, имконияти донишгирии шогирдон ва роҳҳои пайдо кунонидани сифатҳои ҳамидаи инсонро дар онҳо ташаккул диҳад.

Хониш раванди фаъолонаи маърифатии хонанда мебошад, ки дар рафти он қувваи фикрӣ, хусусиятҳои ахлоқӣ ва иродавии шахсияти ӯ зоҳир мешавад ва ташаккул меёбад. Дарсдиҳию хониш ба якдигар алоқаманд буда, ҳар ду раванди ягонаи таълиму тарбияро дар мактаб ташкил медиҳанд. Дарсдиҳӣ ҳамон вақт муассир мегардад, ки инкишоф ва имконияти рушди маҳорату дониши хонандагонро дар мадди аввал гузорад. Ин назарияи эътирофгашта аҳаммияти бузургеро дорост. Шуури хонанда дар раванди таълим инкишоф меёбад ва ӯ олами атрофро дуруст дарк мекунад. Барои омӯзгор ҳам чунин аст. Ӯ донишҳояшро дар вақти дарсдиҳӣ ва тайёрӣ ба он васеъ мекунад, мазмуну услубҳои навро ҷустуҷӯ менамояд, мудом дар ин бобат андеша меронад, савияи маънавиёт, майлу ҳавас, талабот ва имконияти шогирдонро бештар аз худ мекунад.

Таълим чун намуди маърифат, назариёти материализми диалектикиро дар бораи маърифати олам ба асос гирифтааст. Диалектика таълим медиҳад, ки олам аз материяҳо иборат аст, онҳо доимо дар ҳаракатанд, бо ҳамдигар алоқаманд мебошанд ва дар инкишофанд. Фаҳмиши одам низ ҳангоми мушоҳидаи олами атроф инкишоф меёбад. Таълим суръати инкишофи равонӣ-фардии хонандагонро метезонад. Кӯдак аз рӯзи таваллуд ба инкишоф сар мекунад. То мактаб омадан кори асосии вай бозӣ ва меҳнати рӯзгор буда, баъдтар дар зиндагияш унсурҳои фаъолияти хониш ворид мегардад.

Таълим аз маърифати илмӣ боз бо ҳамин хусусият фарқ мекунад, ки дар раванди таълим мақсади маърифат аз худ кардани маводди хониш асту бе омӯзиш муяссар намешавад.

Педагогҳо 3 вазифаи асосии раванди таълимро муайян кардаанд:

— маълумотдиҳӣ;

— инкишофдиҳӣ;

— тарбиядиҳӣ.

Маълумотдиҳӣ ҳаминро талаб мекунад, ки хонандагон донишҳоро аз худ кунанд ва дар онҳо маҳорату малакаҳои фаъолияти хониш ташаккул ёбад.

Инкишофдиҳӣ, пеш аз ҳама, бояд пешрафт, инкишофи фикрии хонандагонро таъмин намояд. Фаъолияти хониш бояд ҳамеша барои баланд бардоштани дараҷаи инкишофи фикрии хонандагон хидмат намояд.

Вазифаи сеюми таълим, яъне, тарбиядиҳӣ тақозо мекунад, ки фаъолияти хониш талабаро тарбия диҳад, дар ӯ ҳисси ватандӯстӣ, сифатҳои ахлоқӣ, ҳисси зебоиписандӣ, интизомнокӣ ва меҳнатдӯстиро парвариш кунад.

Фаҳмиши вазифаҳои раванди таълим мадад мерасонад, ки муаллими ҷавон ҳангоми кор вазифаҳоро аз эътибор дур накарда, мувофиқи мақсади равшан мунтазам ба ақл, ҳиссиёт, иродаи бачаҳо таъсир расонда, сифатҳои одаму одамгариро дар онҳо пайдо кунонад.

Таълим раванди дутарафа мебошад. Хусусияти раванди таълим дар ягонагии мураккаби фаъолияти муаллим ва талабагон буда, ба мақсади таълимгирандагонро ба донишҳо, маҳорату малакаҳо мусаллаҳ намудан ва инкишофу тарбия додани онҳо равона карда шудааст. Одатан, фаъолияти муаллимро «таълимдиҳӣ» ва фаъолияти талабагонро «омӯзиш» меноманд.

Омӯзиш ё ки таълимгирӣ на танҳо раванди азхудкунии дарс, балки раванди мураккаби фаъолияти маърифатӣ, аз бар намудани маҷмуи таҷрибаҳои башариятро дар бар мегирад. Дар маркази раванди таълим маърифати талаба, омӯзиши вай, кӯшиши доимии хонанда барои дар доираи ҳарчи васеътар фаҳмидани ҳодисаҳо ва раванди боз ҳам бисёртар ва амиқтар фаҳмида гирифтани алоқа ва робитаҳои асосӣ байни раванди омӯхташаванда ва соҳаҳои дониши илмӣ меистанд. Муаллим ин равандро мувофиқи имконият ва хусусияти синну соли талабагон истифода мекунад, ӯ мазмуни таълимро ба система медарорад, мушаххас мекунад, ба донишҳое, ки талабагон аз худ мекунанд, асоси мантиқӣ медиҳад, роҳҳои бо маърифати мустақилона мусаллаҳ намудани хонандагонро ҷустуҷӯ мекунад, то ки дар онҳо малакаҳо ҳосил шавад.

Дар маҷмуъ, омӯзгорӣ касби пурифтихору бошарофатест, ки на аз замона вобастагӣ дораду на аз муд ва на аз мавқеи ҷуғрофӣ, балки яке аз касбҳои қадимтарин буда, шуҳрати худро ҳеҷ вақт гум намекунад. Омӯзгор — устод, таълимдиҳанда, тарбиятгар, мураббӣ буда, ояндаи насли наврас аз ӯ вобастагии зиёд дорад. Муаллим шабеҳи нурест, ки ба дили шогирдон равшанӣ меандозад. Муаллим умри азизи худро баҳри насли инсон сарф мекунад. Муаллим гулбоғи умеди ҳар як ҷавони донишомӯзро бо нури дидаву меҳри дил об медиҳад, то он рушд намуда, самаре орад.

 

Хулоса, раванди таълим яке аз равандҳои мураккаб буда, дар муносибати доимии талабагон бо муаллим ба амал меояд, ки ин ба хусусият ва ҷараёни кори онҳо таъсири калон мерасонад. Фаъолияти маърифатии хонандагон, инчунин, дар муносибат бо ҳамсолон ҷараён пайдо мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *