
Озода ИБРОҲИМОВА,
мураббии кӯдакистони №80-и
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Ба масъалаи тарбияи ҷисмонии кӯдакони синни томактабӣ дар барномаҳои соҳаи маорифи кишварамон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Дар онҳо таъкид шудааст, ки тарбияи ҷисмонии кӯдак аз оила шуруъ шуда, дар муассисаҳои таълимии томактабӣ давом дода мешавад. Барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабӣ — “Рангинкамон”, ки он бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 тасдиқ шудааст, тарбияи ҷисмонии кӯдаконро ҳамчун заминаи муҳимми беҳдошти саломатӣ, муҳофизати ҳаёт ва мустаҳкамкунии саломатии кӯдак, нигоҳдории табъи хушу болида ва инкишофи системаи таҳрикию ҳаракатӣ таъкид кардааст.
Тавре ишора карда шуд, ба тарбияи ҷисмонӣ фаро гирифтани кӯдак вазифаи оила-падару модар ҳам мебошад. Онҳо бояд аниқ дарк кунанд, ки тарбияи ҷисмонӣ ба инкишофи нутқ, равандҳои маърифатӣ, иҷтимоӣ ва эмотсионалии кӯдак алоқамандии зич дорад. Бешубҳа, волидон дар тарбия ва таълими кӯдакон ва таъминоти ҳамаҷонибаи онҳо масъулияти асосӣ доранд. Кӯдакон муҳимтарин воситаи бақои оила мебошанд. Аз ин рӯ, барои тарбияи дурусти онҳо дар оила муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст.
Мақсади асосӣ — дар кӯдакон тарбия намудани муносибати бошуурона ба саломатии худ, фаҳмиши он, ки саломатӣ ҷабҳаи муҳимми ҳаёти инсон, инкишофи ҳаракат ва ташаккули сифатҳои ҷисмонӣ мебошад, ба шумор меравад. Тарбияи ҷисмонӣ ҷузъи таркибии тарбияи зеҳнӣ, ахлоқию эстетикии кӯдак маҳсуб меёбад. Кӯдакро аз хурдиаш ба варзиш одат кунондан лозим аст. Падару модарон барои онҳо намунаи фаъолнокӣ дар ҳаёт буда, ӯро ба ҳаёти серҳаракат ҷалб намояд. Тарбияи ҷисмонӣ барои хонавода аҳаммияти бузург дошта, аҳли оиларо ба корҳои умумӣ, якҷоя ва истироҳат муттаҳид месозад.
Тарбияи ҷисмониро дар оила аз чӣ бояд оғоз кард? Пеш аз ҳама, аз машқҳои якҷояи тарбияи ҷисмонии калонсолон-волидон, бобою бибӣ ё бародарону хоҳарон бо кӯдак дар хона ва ҳангоми истироҳат берун аз хона. Барои ин реҷаи умумии машқҳои тарбиявии ҷисмониро дар оила тартиб дода, онро ҳатман риоя мебояд кард. Обутоби бадани кӯдакро бо ёрии ҳавои тоза ва оббозӣ ба роҳ мондан зарур аст ва барои кӯдак дар хона таҷҳизоти дастраси варзишӣ-тӯб, ҳалқа, чӯбча, қолинча ва гантелҳои хурдро муҳайё кардан лозим аст.
Машқу тамринҳои якҷоя на танҳо кӯдак, ҳатто, калонсолро руҳбаланду шавқманд месозад, ки ба саломатии худ бештар аҳаммият бидиҳанд. Шуғл варзидан ба тарбияи ҷисмонии оилавӣ усулҳои бисёре дорад. Масалан, сайру саёҳати якҷоя ба табиат, дар он ҷо ба роҳ мондани мусобиқаҳои сабуки варзишӣ-дав ба масофаҳои кӯтоҳ, роҳпаймоӣ…
Гиппократ гуфтааст: “Касе, ки мехоҳад қобилияти меҳнатӣ, тандурустӣ ва зиндагии хуш дошта бошад, дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ бояд ба варзиши гимнастика, машқҳои ҷисмонӣ ва роҳпаймоӣ машғул шавад”.
Якчанд тавсия барои падару модарон:
— ба тарбияи ҷисмонӣ бо кӯдак ва обутоби ӯ барвақттар шуруъ намоед;
— машқҳои тарбияи ҷисмонӣ бо кӯдак бояд кӯтоҳ, вале доимӣ ба роҳ монда шаванд. Ин усул барои кӯдак муносиб ва муфидтар аст:
— кӯдакон бояд ҳарчи бештар дар ҳавои тоза бошанд;
— машғулияти тарбияи ҷисмонӣ бо кӯдакон бояд дар шакли бозӣ баргузор шаванд.
Дар шароити оила, инчунин, аз унсурҳои дигари тарбияи ҷисмонӣ ва тандурустӣ истифода кардан тавсия дода мешавад:
— бозиҳо бо сурудҳои ҳамовозӣ;
— бозиҳои серҳаракат;
— мусобиқаҳои ҷолиби гуногуни варзишӣ;
— гимнастика барои чашмҳо;
— унсурҳои худмаҳскунӣ ва ғайра.
Ҳамаи падару модарон мехоҳанд, кӯдакони худро хушбахту хушҳол бинанд. Яке аз шартҳои асосии хушҳолӣ ин саломат будан аст. Аз синни кӯдакии барвақтӣ сар карда, ҳар рӯз кӯдакро обутоб додан лозим аст. Танҳо тавассути тарбияи ҷисмонии дуруст кӯдак боқуввату тандуруст ба воя мерасад. Солҳои охир, мутаассифона, бештар ба назар мерасад, ки кӯдакон вақти зиёди худро ба тамошои телевизион ё телефон, планшету компютер мегузаронанд. Ҳатто, баъзе аз волидон, махсусан, модарон барои он ки фарзандашон ба корашон ё тамошои сериалҳои «дӯстдоштаашон» халал ворид насозанд, телефони мобилии худро ба ҷигарбандонашон барои бозӣ ё тамошои филмҳои тасвирии шавқовар медиҳанд. Кӯдакони онҳо бошад, аз фурсати муносиб истифода бурда, соатҳо аз телефони мобилӣ чашм намекананд. Аз завқи он, ҳатто, хӯрок хӯрданро фаромӯш мекунанд. Ин волидон андеша намекунанд, ки бо ин амалашон ба ҷону саломатии фарзанди худ ҷабр карда истодаанд. Ҳар яки мо- волидони азиз, бояд вақти фароғати фарзандонамонро назорат кунем, аз ҷумла, тамошои оинаи нилгун, бозӣ дар телефон, планшету компютер, бозӣ дар кӯча, мулоқот бо дӯстон, сайру гашт дар ҳавои тоза ва тарбияи ҷисмонӣ.
Ҳар як падару модар, ки сутуни хонавода ва оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба ин масъала диққати доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд. Онҳо бояд як нуктаро ба инобат гиранд, ки кӯдаки солиму солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар ва самари умри одамизод мебошад. Беҳуда бузургон нагуфтаанд, ки варзиш гарави саломатӣ буда, шахси ба он машғулшаванда ҳамавақт солиму бардам мемонад.