
Ҳикмати ТИЛЛО,
сардори бахши идоракунии сифати таҳсилоти
Литсейи касбии агросаноатии ноҳияи Мастчоҳ
Барои расидан ба ҳадафи беҳтар намудани сифати таҳсилот, дар навбати аввал, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, инчунин, таъминот бо имкониятҳои таълимиву методӣ ва мунтазам гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ зарур аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Масъалаи сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи маориф дониста шудааст ва пайваста мавриди баррасӣ ва таҳлилҳои гуногун қарор гирифтааст. Пайваста дар ҳар як суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот ва сатҳи касбияти омӯзгорон садо медиҳад. Билохира, моҳи апрели соли 2024 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввал “Консепсияи миллии баҳодиҳии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2044” ва 28-уми феврали соли 2025 “Стратегияи миллии баҳодиҳии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2044” қабул ва тасдиқ гардиданд. Акнун барои амалисозии санадҳои меъёрии болозикр дар назди мақомоти соҳаи маориф зина ба зина барои расидан ба сифати хуби таҳсилот дар сатҳи ҷаҳонӣ тадбирҳо роҳандозӣ карда мешавад.
Сифати таҳсилот ба тариқи сода аз фаъолияти муассисаи таълимӣ вобаста аст, ки то чӣ андоза ба нишондиҳандаҳо (индикаторҳо)-и муайянкардашудаи сатҳу сифати таҳсилот ҷавобгӯ мебошад. Дар қисмати муқаррароти стратегия оварда шудааст: «Мақсади таҳияи стратегия баланд бардоштани сифати таҳсилот, ба низом даровардани системаи миллии баҳодиҳӣ ва мутобиқ гардонидани системаи маорифи кишвар ба стандартҳои байналмилалӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот мебошад. Стратегия ба рушди зеҳнии омӯзгорон ва омӯзгорон бо мақсади такмили фаъолияти таълимию методии онҳо (таъминоти методӣ, такмили ихтисос, омода намудани омӯзгорони оянда дар сатҳи таҳсилоти касбӣ) мусоидат мекунад».
Мусаллам аст, ки болоравии сифати таҳсилот дар мадди аввал ба базаи пурқуввати омӯзгорӣ вобастагии қавӣ дорад. Бе омӯзгорони ботаҷрибаву навовар ва донишманду дорои касбияти баланд наметавон ба болоравии сатҳу сифати тахсилот ноил гашт.
Натиҷаи фаъолияти умумии омӯзгорӣ, сифати раванди таълиму тарбия дар мактаб, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки ҳар як муаллим уҳдадории меҳнатии худро то чи андоза ба ҷо меорад, кори омӯзгории худро то чи андоза бомуваффақият дарк карда метавонад. Аз тарафи дигар, аксар вақт саволе ба миён меояд, ки ба муаллим натиҷаи кори ӯ ва саҳми ӯ дар раванди таълим чӣ гуна баҳо додан лозим аст, то ин баҳодиҳӣ ба ҳамаи ҳайати омӯзгорон фаҳмо бошад ва омӯзгор аз баҳои ба ӯ дода қаноатманд шавад. Арзёбии кори ӯ бояд доираи меъёри муайян дошта, ба дигар омӯзгорон таъсиргузор бошад. Кори муаллим чунон серҷабҳа, мураккаб ва пурмасъулият аст, ки ҳатто, дар назари аввал баҳодиҳии фаъолияти он одӣ ва якхела ба назар намерасад. Баъзан, заъфи кори як муаллим ба фаъолияти муаллими дигар таъсир мерасонад. Таъсири он ба тарбияи руҳии шогирдон мегузарад.
Дар ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли ин масъала зарурати ҷорӣ намудани тартиби баҳодиҳии сифати таълим дар мактабҳо, меъёру нишондиҳандаҳои нав ба миён меояд. Бо ин мақсад, барои баҳо додани самараи кори ҳамаи омӯзгорон ва муаллимони алоҳида меъёрҳои ягона (индикатор)-ҳо бояд ташкил карда шавад, ки инкишофи он яке аз вазифаҳои асосии бахши назорат дар соҳаи маориф мебошад. Масалан, ин меъёрҳо метавонанд чунин бошанд:
— меъёрҳои сифати баланди ҳуҷҷатнигорӣ ва таҳияи барномаҳои таълимӣ;
— сатҳи самараи кори омӯзгор дар иттиҳодияҳои методии фанҳои муассиса ва берун аз он;
— меъёрҳои интихоби озмуни омӯзгорон барои кор дар синфҳои сатҳи пешрафта;
— меъёрҳои самаранокии фаъолияти касбии ҳар як омӯзгор;
— меъёрҳои баҳодиҳии фаъолияти инноватсионии омӯзгор;
— меъёрҳои баҳодиҳии кори муаллим дар ташаккули малака ва қобилияти таълимии умумӣ;
— меъёрҳои баҳодиҳии ҳолати синфхона;
— баҳодиҳии иштирок дар озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
— меъёрҳои баҳодиҳии тафтиши лабораторияҳо ва устохонаҳои таълимӣ;
— меъёрҳои баҳодиҳии мусобиқаҳои касбӣ;
— меъёрҳои таҳияи дастурҳои методӣ, лоиҳаҳои эҷодӣ ва мақолаҳо.
Таҳияи меъёр як марҳала аст, аммо дар муассисаи таълимӣ муҳокима, қабул ва ҷорӣ кардани онҳо хеле мушкил аст, зеро байни зарурати риоя ва иҷрои ин меъёрҳо ва нигоҳ доштани фардият ва асолати ҳар як омӯзгор мувозинат кардан лозим аст.
Омӯзгоре, ки ба баҳогузории шогирдон одат кардааст, дар аксари мавридҳо, бо баҳодиҳии худ душворӣ мекашад. Бинобар ин, бояд усулҳои гуногуни баҳодиҳии ҳайати омӯзгорон таҳия шуда, дар аввал ҳангоми аттестатсияи муаллимон аз онҳо истифода бурдан зарур аст. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки рушди савияи касбии инсон бе худомӯзӣ, худбаҳодиҳӣ ба хусусияти инкишофи қобилият ва дигар сифатҳои шахсӣ имконнопазир аст. Бинобар ин, истифода аз равиши педагоги машҳур В.И. Андреева имкон медиҳад, ки ба дараҷаи неруи эҷодии шахсияти муаллим баҳо диҳем, сифатҳои пурзӯр ва сусттарини шахсияти ӯро муқаррар кунем. Дар мо ҳам чунин нақшаҳо барои ҳар як муаллим бояд тартиб дода шавад.
Натиҷаи ин баҳодиҳӣ метавонад, ҳангоми муроҷиат ба кор, ҳангоми ба вазифа таъйин шудан истифода шавад, вале аз ҳама муҳимтар он аст, ки онҳо ангезае барои рушди ҳадафи худи муаллим мебошанд. Таҷрибаи кори мактабҳо исбот мекунад, ки сифати таълим ҳамон вақт баландтар мебошад, ки агар майлу хоҳиши муаллимон ба худомӯзӣ ва аз бар кардани таҷрибаҳои пешқадам ҳамон қадар баландтар шавад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои муайян кардани дараҷаи қобилияти худтаълимии ҳар як муаллим ташхис гузаронем.
Яке аз мушкилии афзалиятноки педагогӣ бунёди муносибату муоширати равонӣ ва инсонпарварона байни иштирокдорони таҳсилот мебошад, ки аз рӯйи таърифи академик А.В. Петровский фақат дар сурате самарабахш мешавад, ки агар иштирокдорони он ба ҳамдигар аҳаммияти калон дошта бошанд. Барои санҷидани он ки то чӣ андоза омӯзгорон ва шогирдони онҳо барои ҳамдигар аҳаммият доранд, мо ташхис мегузаронем, то муносибатро дар системаи «муаллим-шогирд ва шогирд-муаллим» муайян кунем. Натиҷаҳои таҳқиқот ба мо имкон медиҳанд, ки манзараи объективии муносибатҳоро дар синф, муҳит, ҷомеа ба даст оварда, дарк кунем, ки сифати дониши хонандагон комилан ба муносибатҳои беғаразона ва дӯстонаи байни муаллим ва хонанда вобаста аст.
Қадами навбатӣ дар раванди арзёбии дараҷаи инкишофи фаъолияти педагогӣ ин ташхис бояд бошад. Система ва меъёрҳои баҳодиҳӣ аз ҷониби муаллифи маҷмуаи «Ташхиси муваффақияти омӯзгор» доктори улуми педагогӣ Т.В. Морозова таҳия шудааст. Ин гунаи ташхис имкон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои муҳимтарини омӯзгорро бо ҳадди аксар объективӣ ва эътимоднокӣ, ки мувофиқи талаботи тахассусии кори омӯзгор тартиб дода шудаанд, муайян кунем, ки шумори он ҳашт нишондиҳандаро дар бар мегирад:
- Арзёбии кори омӯзгор барои ҳавасмандии мустақилияти маърифатии хонандагон.
- Донистани шаклҳои ташкилии кори ташхисӣ бо хонандагон.
- Баҳодиҳии кори ташкилию тарбиявии беруназсинфии омӯзгор.
- Татбиқи барномаҳои таълимии инфиродӣ аз ҷониби омӯзгор.
- Баҳодиҳии қобилияти омӯзгор дар банақшагирии кори худ ва пешгӯйии натиҷаи кор.
- Донистан ва истифодаи салоҳияти касбии омӯзгор.
- Муносибати эҷодӣ ба таълим.
- Баҳодиҳии фаъолияти омӯзгор оид ба баланд бардоштани савияи касбии худ.
Дар асоси маълумоти пурсишномаи ташхисӣ мо тамоюли инкишофи на танҳо як омӯзгор, балки ҳамаи онҳоро дида метавонем. Масъалаҳои асосии кори педагогии муаллимон, инчунин, имкони умумӣ гардондани таҷрибаи пешқадамро низ муайян менамоем. Баҳодиҳии кори омӯзгор, масалан, барои соли хониш, чунин сурат мегирад:
— аз рӯйи сифати фаъолияти омӯзгорӣ;
— оид ба кори таълимию методӣ;
— оид ба риояи қоидаҳои дохилии кор;
— барои иштирок дар кори таълиму тарбия;
— барои иштирок дар корҳои маъмурӣ.
Муҳите, ки муаллим дар он кор мекунад, дар ташаккули шахсияти ӯ нақши калон дорад. Таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки танҳо муҳити омӯзгории дӯсту муттаҳид ба камолоти касбии омӯзгор мусоидат мекунад, ба ӯ имкон медиҳад, ки худро дарк намояд, паҳлуҳои гуногунро ошкор намояд. Бинобар ин, мо баҳодиҳӣ гузаронида, микроиқлими руҳии омӯзгориро дар коллектив, дар иттиҳодияҳои методии омӯзгорон муайян мекунем. Ҳангоми ҷустуҷӯйи усулҳои нави баҳогузорӣ ба фаъолияти ҳайати омӯзгорон мо ба хулосае омадем, ки баҳодиҳии сифати кори омӯзгор ба масъалаҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон, пешбарӣ намудани онҳо, ҳавасмандии моддӣ зич алоқаманд аст.