Дастрас будани иттилооти бемаҳдуду ташхисношуда дар ҷаҳони маҷозӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳои мухталиф равандҳои иҷтимоии кишварҳоро мураккаб менамояд. Дар ин замина зарурат пеш меояд, ки насли ҷавон дар бораи таърихи гузаштаву муосир, арзишҳои ахлоқӣ, расму оин ва суннатҳои ниёгону муосири миллии худ иттилооти дуруст ва донишҳои амиқ дошта бошанд. Ҳамзамон, ба воситаи ташаккули андешаи солим ва ҳувияти миллӣ ҷойгоҳи фарҳанги миллии худро муайян карда тавонанд, зеро фазои иттилоотии боз ахлоқи ҳамидаи миллӣ, расму оин ва тафаккури миллии наврасонро хатчадор намуда, то андозае бар равони насли наврасу ҷавон таъсири ногувори худро расонида метавонад. Ин раванди ҳассос зарурати тарбияи фарҳангии насли наврасро ба миён меорад. Ҷомеаҳоро лозим аст, ки стратегияи оқилонаи рушди фарҳанги миллӣ ва умумибашариро роҳандозӣ намуда, онро дар самти таълиму тарбияи насли наврас татбиқ намоянд, то ки он ангезаҳои фарҳангие, ки ба ҷомеаҳо мушкилӣ, аз ҷумла, мушкилоти равонӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ эҷод менамояд, бартараф карда шуда, фарҳанги миллӣ таҳким бахшида шавад.
Олимон ва муҳаққиқон як қатор ҷанбаҳои ташаккули таълиму тарбияи фарҳангии насли наврасро ҳангоми истифодаи методҳои таълимӣ дар машғулятҳо мавриди таҳқиқоти илмӣ қарор додаанд. Чунончи, роҳу усулҳои тарбияи ахлоқӣ дар китоби “Педагогикаи томактабӣ”-и Х. Раҳимов ва А. Нуров ба таври амиқу илмӣ инъикос гардида, тарбияи ахлоқӣ ва рафтори мадании кӯдакони синни томактабӣ ба таври таҳқиқоти педагогӣ шарҳу тафсир ёфтааст.
Восита ва методҳои тарбияи ахлоқӣ ва рафтори мадании кӯдакони синни томактабӣ, хусусияти банақшагирии раванди педагогӣ дар гурӯҳҳои кӯдакони синни омехта бошад, дар таҳқиқотҳои Б. Маҷидова, Н. Мирхонова ва дигарон таҳлилу ташхис шудаанд.
Тарбияи фарҳангии насли наврас яке аз масъалаҳои мубрам ва мушкили замон буда, ин муаммо дар ҳама ҳолат пеши ҷомеа мақоми калидӣ дорад. Аз чӣ гуна омода намудани насли навраси аз лиҳози фарҳанги миллӣ ташаккулёфта рушди ояндаи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа вобаста аст. Аз ин рӯ, дар илмҳои педагогӣ, психологӣ ва иқтисодии ҷомеа имрӯзҳо ба тарбияи фарҳангии насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Ҷои шубҳа нест, ки дар ҷомеаи имрӯза мувофиқати ахлоқӣ ва фарҳангӣ дар шуури наврасону ҷавонон тезу тунд гаштааст. Насли наврас, ки системаи арзишҳои маънавии онҳо маҳз дар ҳамин синну сол зери раванди ташаккулёбӣ қарор дорад, аз ҳар тариқ ва усул ба тарбияи ахлоқӣ ва фарҳангӣ ниёзманд мегардад.
Тарбияи рафтори маданӣ ва таъмин намудани инкишофи маҳорату қобилияти фикрронӣ дар насли наврас яке аз масъалаҳои муҳимми оила, ва ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад.
Дар шароити пешрафти илму техника ба вуҷуд омадани технологияи муосири иртиботӣ, ҷаҳонишавии таҳсилот, сатҳи баланди тарбия ва инкишофи ақлию зеҳнӣ чун арзиши миллӣ ва умумибашарӣ ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои муҳимми оила, муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ин ташаккулдиҳии қобилияти рафтори маданӣ ва таъмин намудани инкишофи ақлию зеҳнии кӯдакон мебошад.
Таҷрибаи таърихии инсоният ва тадқиқоти илмӣ исбот намудаанд, ки давраи томактабӣ дар тарбияи рафтори маданӣ ва инкишофи ақлию зеҳнии инсон имконият ва заминаҳои ба худ хос дорад. Асоси инкишофи фикрии кӯдакро имкониятҳои рафтори маърифатӣ — донистагирии ӯ ташкил мекунад. Ин имкониятро ба кӯдак табиати инсонӣ додааст ва онро системаи асаби ӯ идора менамояд. Аз ҷиҳати илмӣ исбот гардидааст, ки давраи томактабӣ, давраи мувофиқ (сензитивӣ) барои аз худ кардани ҳаҷми муайяни дониш, маҳорату малака оид ба ашёҳо, ҳодисаю воқеаҳои табиӣ ва иҷтимоӣ буда, барқарор намудани тавонмандии зеҳнӣ ва бо ҳам васл намудани ҳодисаҳои ба ҳам алоқаманд мебошад.
Бояд қайд кард, ки дараҷаи инкишофи фикрии мадании кӯдакон ба синну сол, таъсири методҳои тарбиявӣ, муҳити иҳотакарда вобаста буда, он тамоми умр давом мекунад. Тарбия ва ташаккулёбии сифатҳои рафтори мадании шахсият инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ростгӯӣ, поквиҷдонӣ, хоксорӣ, ҳаётдӯстӣ, интизомнокӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ, таҳаммулгароӣ, ҳамдигарпазирӣ ва ғайраҳо аз давраи томактабӣ оғоз гардида, минбаъд онҳо такмил дода мешаванд.
Мақсад ва вазифаҳои тарбияи рафтори мадании кӯдакони синни томактабӣ дар оила ва муассисаҳои томактабӣ дар асоси талаботи «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2006) ва баҳисобгирии хусусиятҳои синнусолии кӯдакон муайян карда мешаванд.
Ин сифатҳо дар хонандагон на танҳо фаҳмиши зебоӣ, балки фаъолияти нексириштӣ, ростқавлӣ, ҳалолкориву ҳалолхӯрӣ, адлу инсоф, саховатмандӣ ва амсоли инро ба вуҷуд меоранд.
Бояд зикр намуд, ки ахлоқу маънавиёт унсурҳоеанд, ки қисматҳои дигари тарбияро, ба вижа, тарбияи фарҳангиро бо ҳам мепайванданд ва асоси фаъолияти шаҳрвандро ташкил медиҳанд.
Забон, адабиёт, таърих, манбаъҳои хаттӣ ва шифоҳӣ, осори арзишманди динӣ, ёдгориҳои таърих, асарҳои санъат, барномаҳои радиову телезизион, маводи компютер, васоити ахбори умум ба олами маънавии инсон таъсири амиқ расонида, барои дар руҳияи худогоҳиву хештан шиносӣ тарбия ёфтани наврасон муҳимтарин васоил ба ҳисоб мераванд. Тарбияи маънавии инсон ба тарбияи ахлоқии шаҳрванд наздик аст.
Ҳар ду аз ҳамдигар ғизо гирифта, дар тарбияи фарҳангии шаҳрванд вазифаҳои муштаракро анҷом медиҳанд.
Пас, тарбияи ахлоқӣ ҷузъи таркибии тарбияи фарҳангӣ буда, муносибати одамонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ ба танзим медарорад.
Бояд ёдовар шуд, ки ахлоқ ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ҳамаи муносибатҳои хулқу одобии одамонро дар бар мегирад. Он бештар ба шароити моддии ҷамъият вобаста буда, ҳастии ҷамъиятии одамонро инъикос мекунад. Фарҳанг ва ахлоқ ба якдигар зич алоқаманд буда, бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Инсон дар ҷомеа аз рӯи қонуну қоидаҳои ахлоқиву фарҳангӣ вуҷуддошта зиндагӣ ва фаъолият мекунад.
Ин аст, ки дар баробари тағйир ёфтани сохтори ҷамъият паҳлуҳои ахлоқиву фарҳангии одамон низ тағйир меёбанд. Маҳз ахлоқ одобу рафторро, ки он хосияти фарҳангии муносибати одамонро нисбат ба аҳли ҷомеа, давлат ва истеҳсолот нишон медиҳад, муайян мекунад. Фарқи ахлоқ аз одоб дар он аст, ки ахлоқ ба донишу ҷаҳонбинии шахс вобаста аст, одоб бошад, рафторест, ки ҳаракату муносибатҳои шахсро дар ҷомеа фаро мегирад ва ҳар ду маҳз дар натиҷаи таълиму тарбияи фарҳангӣ ташаккул меёбанд.
Тарбияи фарҳангӣ раванди пайдарпайест, ки он аз хонавода оғоз гардида, дар муассисаҳои томактабӣ, пасон дар мактаб идома меёбад. Хонавода ин муҳитест, ки барои инкишофи шахсият нақши муҳим мебозад, нақши он дар ҳаёти ҷомеа ва давлат назаррас буда, барои тарбияи насли наврас, барои таъмини оромии ҷамъиятӣ ва рушди ҷомеа низ мусоидат менамояд. Тарбияи фарҳангӣ муносибатҳои махсусро дар байни хонавода инъикос мекунад, ки онҳо дар асоси анъана, урфу одатҳои маданӣ, миллӣ ва динӣ бунёд гаштаанд. Ин ҷо қобил ба қайд аст, ки ҳамаи ин муносибатҳои мураккаб ба тарбияи фарзанд таъсири амиқ мегузорад.
Барои муваффақ гардидан дар тарбияи дурусти фарзанд, пеш аз ҳама, оилаи солим ва дорои фарҳангу дониши ахлоқию миллӣ муҳим аст. Бидуни он хонавода ҳеҷ гоҳ ба тарбияи фарзанди инкишофёфта муваффақ шуда наметавонад.