

Хуршед ШАРИФОВ,
омӯзгори физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии
назди Донишгоҳи славянии Тоҷикистон — Россия
Дар шароити имрӯзаи иҷтимоию иқтисодӣ, ки имкони мустақилона интихоб кардан, гузоштан ва амалӣ намудани мақсад ва худбаҳодии муносиб вуҷуд дорад, масъалаи ташаккули шахсият яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Иштироки фаъолонаи хонандагон дар фаъолияти таълимӣ ва маърифатӣ на танҳо гарави самаранокии таълим, балки дараҷаи баланди инкишофи қобилиятҳои маърифатӣ ва шахсии онҳост.
Ташаккули шахсият дар системаи маориф тавассути ташаккули фаъолияти универсалии таълимӣ ба даст меояд. Дар ин бобат, барои ба мақсад расидан ба мо ташкили дарсҳои дорои мушкилот, дарсҳои тадқиқотӣ, гузарондани таҷрибаҳои намоишӣ ёрӣ мерасонад.
Мушкилоти асосии имрӯза, ки муаллим ҳангоми тайёр кардани дарс дучор мешавад, набудани тавсияҳои методӣ аз физика ва набудани таҷҳизот барои гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ дар баъзе аз мактабҳо мебошанд.
Барои ҳалли ин мушкилот дар мақолаи зерин чанд номгӯи таҷрибаҳои намоишии одиро бо тавсифашон овардаем, ки ба муаллимони физика ҳангоми таълими ин фан ёрӣ мерасонад. Аслан, чунин таҷрибаҳоро метавон аз ҳамаи қисмҳои физика ба хонандагон нишон дод. Таҷрибаҳои овардашудаи ин мақоларо ҳангоми таълими қисмҳои зерини физика метавон истифода бурд: механика, энергияи гармӣ, гидростатика, ҷараёни электрикӣ, мавҷҳои механикӣ ва оптика.
Ҳамин тариқ, чунин таҷрибаҳои намоишии одӣ шавқу ҳаваси хонандагонро ба омӯхтани физика зиёд мекунанд, малакаҳои кор бо дастгоҳҳои гуногунро ташаккул медиҳанд ва фаъолияти универсалии таълимро инкишоф медиҳад. Бо нишон додани чунин корҳои амалӣ мо метавонем, қисмҳои назариявӣ ва амалии физикаро мустаҳкам кунем. Ин таҷрибаҳо ҳарчанд сода ба назар расанд, вале барои наврасону омӯзандагони навроҳ фазои мусоиди ташаккулро ба вуҷуд меоранд.