Некрӯз АКБАРОВ,
омӯзгори МТМУ №42-и
ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд

Омӯзишҳои илми педагогӣ собит менамоянд, ки инкишофи хонанда дар бештари ҳолат на ба фаъолияти таълимии омӯзгорон, балки аз худинкишофдиҳӣ ва худбунёдкунии шогирдон вобаста аст.

Аз ин рӯ, муҳити таълимӣ бунёд ва имконияти фаъолияти интерактивӣ дар он муҳайё мешавад.

Муҳити таълимӣ — муҳити ташкилшудаи махсусе мебошад, ки ба пайдо намудани маҳорату малака ва салоҳиятнокиҳои зарурӣ равона шудааст.

Омилҳое, ки ба сифати омӯзиш таъсир мерасонанд:

 

 

Тавре аз расм маълум аст, барои аз худ кардани мавод фаҳмиши ахбори таълимӣ таъсири муҳим мерасонад. Дарки ахбори таълимӣ аз таваҷҷуҳи хонанда ба ахбор вобастагӣ дорад. Барои ин чӣ бояд кард?

Якум, хусусиятҳои ахборро, ки онҳо ҷалби диққати хонандагонро таъмин менамоянд, ҷудо кардан лозим аст.

Дуюм, шаклу сохтори пешниҳоди ахборро истифода намудан лозим аст, чунки онҳо шавқоваранд.

Сеюм, фаҳмиш яке аз омилҳоест, ки ба муносибати хонанда ба омӯзиши ахбор таъсир мерасонад.

 Омилҳои фаҳмиши ахбори таълимӣ-технологӣ

Яке аз омилҳое, ки ба созмон додани муҳити таълимӣ таъсир мерасонад, ахборот бо хусусияту сохтораш мебошад. Майдони иттилоотие, ки аз тарафи омӯзгор бунёд мешавад, хусусияти фаъолияти хонандагон ва сифати омӯзишро муайян мекунад. Ба сифати омӯзиш омилҳои нигоҳ доштани қобилияти кории дарозмуддат таъсир мерасонад. Барои нигоҳдории кори дарозмуддату самараноки ақлонӣ чанд қоидаи гигиениро риоя бояд кард:

  • ҳавои биноро тоза кардан лозим аст, чунки дар ҳавои хунук оксиген хуб ҳал мешавад, талаботи оксиген дар кори ақлонӣ аз ҷисмонӣ дида 8-10 маротиба зиёдтар аст;
  • аз як намуди кор ба намуди дигараш гузаштан лозим;
  • реҷаи корӣ, ғизо, истироҳат ва хобро риоя бояд кард;
  • риояи равиши биологӣ лозим аст. Дар як шабонарӯз кори дили инсон ду маротиба паст мешавад (соати 13-00 ва 21-00) дар ин ҳолат сарбории ақлонӣ ва ҷисмонӣ лозим нест.

 Кор дар ҳамон вақт ба омӯзгор ҳаловат мебахшад, ки агар бо техникаи педагогӣ ва принсипҳои бунёди муҳити интерактивии таълимӣ мусаллаҳ бошад. Дар алоқамандӣ бо ин вазифа омӯзгор қарор қабул мекунад; ба хонандагон ёрӣ мерасонад; таҳсили хонандагонро мушоҳида намуда, дастовардҳояшонро баҳогузорӣ менамояд ва дар нақши худ намуна аст.

  Омӯзгор қарорҳоро нисбат ба масъалаҳои зерин қабул мекунад:

Муҳити ҷисмонӣ

Муҳити ҷисмонӣ-синфхона ва озмоишгоҳе аст, ки дар он хонанда таҳсил мекунад, тарзи ҷобаҷогузории мизу курсӣ, овезаҳо ва дигар лавозимот маҷмуаест, ки омӯзгор онҳоро барои ташкили шароити мусоиди таҳсили кӯдакон равона менамояд.

 Мавод

Мавод-ин воситаи муҳимми ҷараёни таълим аст. Омӯзгор қарор медиҳад, ки хонандагон кадом боби китобро мехонанд, аз куҷо маълумоти иловагиро интихоб мекунанд (маълумоти таърихӣ, тарҷумаи ҳоли олимон…), хусусият ва сохтори майдони ахборот чӣ гуна бошад, кадом таҷҳизот лозим мешавад, чӣ гуна асбоби аёнӣ тайёр бояд кард ва ғайра.

Банақшагирии дарс

 Мақсади таълимро чӣ тавр интихоб кардан; дараҷаи натиҷаҳои интизоршавандаро аз таҳсил чӣ тавр муайян кардан лозим; кадом методҳоро истифода ва чӣ қадар вақт барои иҷрои машқҳо ҷудо кардан лозим? Дарсро чӣ тавр гуногунранг намудан дакор? Чӣ бояд кард, ки ҳар як дарс кашфиёти хурде шавад ва ғайра. Ба ин ва боз ба саволҳои бисёри дигар омӯзгор бояд ҳангоми ба нақша гирифтани дарс ҷавоб ҷӯяд.

 Омӯзиши якҷоя

 Ба хонандагон дар якҷоя омӯхтан кумак мекунад, ба ҷойи оне, ки онҳо фардӣ кор кунанд. Ин низом ба онҳо имкони ҳалли якҷояи проблемаҳои таълимиро медиҳад.

 Омӯзгор ба хонандагон кумак мекунад, тавассути:

— ҳавасманднамоӣ;

— навоварии кор;

— сатҳи гуногуни мураккабии супориш;

— пешниҳоди захираҳои гуногун;

— рефлексия-мулоҳизаронӣ доир ба таассурот, дастовард ва мушкилоти дарсе, ки гузашт.

Омӯзгор-ҳамчун нақши намунавӣ

 Нақши намунавии омӯзгор ва ё таълим дар мисоли худи омӯзгор аз мафҳумҳое, ба мисли фаъолияти эҷодӣ, ташкили вазъияти проблемавӣ, моделсозии ҳалли проблемаҳо, ташкили муҳити таълимӣ дар синф, нишон додани муносибати хайрхоҳона бо хонандагон, созмон додани фазои эҳтироми байниҳамдигарӣ иборат аст.  Ин вазифаҳо масъулияти омӯзгорро дар ташкили муҳити таълимӣ  пурра дар бар намегирад.

 Масъалаҳои зеринро низ бояд ба инобат гирифт:

— имконият ва хусусияти хонандаро ба ҳисоб гирифта, онҳоро дар маркази ҷараёни педагогӣ мондан лозим (хонанда дар маркази диққат) аст;

— ба тарзҳои гуногуни идрок такя кардан;

— ба фаъолияти байниҳамдигарии хонандагон (интерактив) равона кардан;

— ҳангоми муаррифӣ намудани мавзуи нав, гузориши проблемаҳои эҷодӣ, ҷустуҷӯӣ, таҳқиқотӣ ба таҷрибаи доштаи хонанда муроҷиат намудан;

— истифодаи масъалаҳои кушода: чистонҳо, мухолифатҳо, тазоддҳо ва ғайра;

— ҷараёни таълимиро ба тарзи эҳсосӣ пуробуранг менамояд;

— омилҳоеро, ки барои қабули мавод таъсири хуб мерасонанд, истифода мебарад;

— ба инобат гирифтани далелҳое, ки ба фаҳмидани бомуваффақияти мавод мусоидат мекунад.

 Ҳавасмандӣ (мотиватсия)

 Ҳавасмандӣ-яке аз ангезандаҳои фаъолияти инсон аст, ки дар ҳолати эҳтиёҷот ва зарурият (натавонистан ва хоҳиши дастрас кардани ягон чиз) пайдо мешавад. Масъалаи ҳавасмандӣ вақте пайдо мешавад, ки сабаби фаъолияти инсонро шарҳ додан лозим бошад. Муҳаққиқон ду намуди ҳавасмандиро қайд мекунанд: дохилӣ ва берунӣ.

 Ҳавасмандии беруна ба таъсири муҳити беруна алоқаманд аст. Аз ҷумла, гармӣ ташнагиро ба вуҷуд меорад ва инсон ба ҷустуҷӯи об мебарояд. Мисоли дигар, омӯзгор ба хонанда мегӯяд: «Агар боз як камбудӣ шавад, пагоҳ волидонатро ба мактаб даъват мекунам». Дар ин ҳолат хонанда фавран тасмим мегирад.

 Ҳавасмандии дохилӣ аз равшан фаҳмидани талаботу эҳтиёҷоти инсон асос мегирад: хонандаи синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мефаҳмад, ки барои геолог шудану боигариҳои табиии Тоҷикистонро омӯхтан, бисёртар ба омӯзиши фанни география диққат додан лозим аст, дар натиҷа вай ин фанро амиқтар меомӯзад. Дар ҷараёни таълим ба пайдо шудани ҳавасмандии дохилӣ чӣ тавр ёрӣ расонидан мумкин аст?

 Ҳавасмандии дохилӣ яке аз шартҳои муҳимми омӯзиши бомуваффақият мебошад. Аксари омӯзгорон ба он боваранд, ки агар дар хонанда ҳавасмандии «зарурӣ» ташаккул дода шавад, ба ин васила, мо-омӯзгорон метавонем, ба натиҷаҳои баланд дар раванди таълим ноил шавем. Бале, нақши омӯзгор ва таъсири он дар мактаб ҷойи баҳс нест, вале ақидаи аз берун ташаккул додани ҳавасмандӣ ғалати маҳз аст. Омӯзгор фақат метавонад ба ин ҷараён мусоидат кунад.

 Чанд роҳи илман асоснокшудаи баланд бардоштани ҷараёни таълим аз тариқи ҳавасмандгардонӣ вуҷуд доранд, ки истифодаи онҳо метавонад бисёр мушкилиҳоро бартараф намояд. Барои ин бояд омӯзгорон ва волидон талаботи зеринро риоя кунанд:

  1. Аз рӯйи имкон мукофотдиҳӣ ва туҳфа доданро барои нағз иҷро кардани супоришҳо маҳдуд карда, бо истифодаи баҳогузорӣ ва таъриф қаноат кардан лозим аст.
  2. Хонандаро ба таҳлилу қиёс ва дастовардҳои худаш одат кунондан лозим. Намудҳои фаъолияти бозӣ низ гузаронидан лозим аст.
  3. Кӯшиш кардан лозим аст, ки мақсадҳои таълимӣ болои хонанда бор карда нашаванд. Ҳамкории якҷоя бо хонандагон дар муайян кардани мақсаду вазифаҳо самаранок мебарояд.
  4. Бояд дар хотир дошт, ки ҷазо додан барои нодуруст иҷро кардани вазифаи таълимӣ бесамар буда, ҳиссиёти манфиро ба вуҷуд оварда, ба муносибати хонанда ва фаъолияти таълимӣ таъсири манфӣ мерасонад.
  5. Дар ҷое, ки имкон ҳаст, аз маҳдуд намудани вақт даст кашидан лозим, чунки на танҳо ҷараёни эҷодкориро мебандад, балки барои ташаккули ҳавасмандӣ низ монеа мегузорад.
  6. Назорат баред, ки вазифаҳои таълимӣ на танҳо ба синну соли хонандагон мувофиқат намоянд, балки мураккаб бошанд ва ба онҳо имкони ҳис кардани муваффақиятро аз ҷониби хонандагон дода тавонанд. Мураккабии супоришҳоро танзим кардан маънои онро дорад, ки мо барои зуҳуроти маҳорати салоҳиятнокии ҳар як хонанда мусоидат менамоем.
  7. Ба кӯдак имкони интихоби супориши таълимӣ бе маҳдуд кардани озодии ӯ фароҳам оварда шавад.
  8. Хуб мешавад, агар супоришҳое интихоб шаванд, ки онҳо навигарӣ ва ғайричашмдошт бошанд, дар ин ҳолат, фаъолнокии зеҳнии онҳо суръат ёфта, шавқи дохилиро ҷиҳати иҷро намудани супоришҳо ба вуҷуд меорад.
  9. Хонандагоне, ки ҳавасмандии суст доранд, метавонанд аз усули такрор истифода намоянд. Ин ба онҳо имкони ба қувваи худашон боварӣ ҳосил карданро медиҳад.

 Дар хотима, таъкид кардан бамаврид аст, ки баланд шудани фаъолияти донишандӯзӣ, бомуваффақият аз худ намудани барномаи таълимӣ, истифодаи самаранок аз муҳити таълим, дараҷаи баланди аз худ кардани маводи таълимӣ ҳамон лаҳзае мушкил мешавад, ки ҳавасмандгардонӣ ба таълим алоқаманд набуда, ба таври ҳадафмандона равона нашуда бошад. Пас, ҳар як омӯзгорро лозим аст, ки барои натиҷабахш будани кори таълим, дар баробари муҳайё намудани муҳити таълимӣ, ҳамзамон, аз усули ҳавасмандгардонӣ низ истифода намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *