Набӣ Қодиров,
мутахассиси пешбари шуъбаи фанҳои
табиатшиносӣ ва дақиқи АТТ ва
корманди кафедраи методикаи таълими
фанҳои табиӣ-риёзии ДҶТИБКСМ
Сифати таҳсилот омили пешбарандаи соҳаи маориф ва асоси рушди ҷомеа мебошад. Таҳсилоти баландсифат ба насли наврас на танҳо дониш ва маълумот медиҳад, балки арзишҳои ахлоқӣ ва рафтори созандагии наслҳоро низ тарбия мекунад.
Ҳамаи омӯзишҳо, арзёбиҳо ва таҳлилҳо нисбат ба сифати таҳсилот бояд дар маркази стратегии рушди маориф қарор гирад. Барои ин, зарурати такмили методологияи таълим, стандарту барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, дарк кардан ва ба назар гирифтани талаботи бозори меҳнат ва рушди малакаҳои гуногуни иҷтимоӣ пеш меояд.
Масъалаи сифати таҳсилот ҳамеша мавриди назари Ҳукумати кишвар ва махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ҷумла, Президенти кишвар дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш, ки 1-уми сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қайд карданд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои асосӣ дар самти таълиму тарбия маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, ин масъала зери таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот 20-уми марти соли 2024 «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 – 2028» қабул гардид. Ҳамчунин, соли 2022 «Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» тасдиқ карда шуд. Солҳои охир дар самти рақамикунонии соҳа корҳои муайян анҷом дода шудаанд, вале ба талабот ҷавобгӯй нестанд. Яъне, имрӯз соҳаи маориф ва илми кишвар аз сатҳи рушди рақамикунонии ҷаҳонӣ қафо мондааст». Вобаста ба таъкидҳои Сарвари кишвар мо — кормандони соҳаи маориф дар амалӣ намудани ҳадафҳои давлат оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот бояд бетараф набошем ва саҳми арзандаи худро гузорем.
Сифати таҳсилот аз бисёр ҷиҳат ба сифати кори омӯзгорон, сифати маводи таълимӣ (стандарту барномаи таълим, китобҳои дарсӣ ва роҳнамоҳои методӣ барои омӯзорон), пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ ва дастрасӣ ба захираҳо алоқаманд аст, ки ин ҳама дар пешрафт ва тақвияти соҳаи маориф нақши муҳим доранд.
Мазмуни сифати таҳсилот бояд дар асоси арзишҳои ҷомеа таҳия гардида, барои ноил гардидани насли оянда ба ҳадафҳои наздик ва дури рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мутобиқ бошад. Инчунин, механизми арзёбии сифати таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ бояд бо гузаришҳои ҷорӣ дар ҷаҳон ва самтҳои нави рушди илм ва техника мутобиқ карда шаванд.
Донишу малака ва маҳорати омӯзгорон дар бавуҷуд овардани муҳити мусоид барои таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсилот нақши муҳим дорад. Бо гузариш ба стратегияи такмили мутахассисони педагогӣ, банақшагирии доимӣ ва омӯзиши усулҳои навини таълим аз тарафи омӯзгорон, метавонад сифати таълимро боло барад ва ҷараёни ислоҳоти соҳаи маорифро тезонанд. Яъне, пешрафти соҳаи маориф ва рушди тафаккури созандаи ҷомеа аз омӯзгор вобастагӣ дорад. Роҳбари давлат дар ин маврид таъкид намудаанд: «Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад. Дуруст аст, ки ҳанӯз дар ҳаёти омӯзгорон мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишӣ ҷой доранд, вале агар омӯзгор бо азму иродаи қавӣ дар иҷрои рисолати касбии худ кӯшиш намояд, он гоҳ насле ба камол хоҳад расид, ки ба қадри заҳмати устоду омӯзгори худ мерасад ва ба давлату ҷомеа содиқона хизмат мекунад».
Таҳсилот танҳо воситаи интиқол додани дониш набуда, балки майдони мусоиди рушд барои насли оянда мебошад. Барои ноил шудан ба ин мақсад, зарур аст, ки таълим бо дастовардҳои навини технологӣ ва арзишҳои иҷтимоӣ, ҳамгиро карда шавад. Инчунин, раванди таълим бояд ба қабули дурусти истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ омода бошад ва онро ба назар гирад, то ки талаботи замон дар низоми глобалии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дарк карда шавад. Омӯзгор дар ин раванд нақши ивазнашаванда дорад. Ӯ ба хонандагон на танҳо дониши асосиро таълим медиҳад, балки муҳити инноватсионӣ, фазои дастгирӣ ва муҳаббатро барои хонандагон фароҳам меорад.
Яке аз дигар омилҳои асосии болоравии сифати таҳсилот ин пешбурди ҳамкории байни муассисаҳои таълимӣ, волидон, соҳибкорон ва дигар узви фаъоли ҷомеа мебошад. Ин ҳамкории амиқ, на танҳо барои дастгирии бевоситаи омӯзгорон, балки барои бунёди муҳити боэътимод дар муассисаҳои таълимӣ ва рушди соҳа мусоидат мекунад. Ҳамзамон, ҷараёни таълим бояд ба ниёзҳои равшан ва такмили касбии насли наврас ҷавобгӯ бошад. Иштирокдорони раванди таълим бояд танҳо дар доираи худи таълим маҳдуд нашуда, балки якҷоя бо дигар узви ҷомеа муҳите таъсис диҳанд, ки дар он имкони қолабҳо ва инноватсияҳои воқеиро бо тамоми ҷанбаҳои иҷтимоӣ алоқаманд кардан мумкин бошад.
Қайд кардан зарур аст, ки фаъолияти марказҳои таълимии инноватсионӣ бояд ҷоннок карда шаванд ва барои амалӣ намудани барномаҳои гибридии таълимӣ омода бошанд.
Омӯзиши гибридӣ шакли таълимест, ки унсурҳои омӯзиши анъанавии ғайрибархатии (офлайн) синфиро бо иштироки бевоситаи омӯзгор ва омӯзиши бархатро (онлайн) бо истифода аз абзорҳо ва платформаҳои рақамӣ муттаҳид мекунад. Бо усули гибридӣ, як қисми барномаи таълимӣ шахсан аз ҷониби хонанда ва қисми дигари он тариқи фосилавӣ таълим дода мешавад. Ин шаклҳои нави таълим ба хонандагон на танҳо дониш медиҳанд, балки малакаҳои таҷрибаи амалӣ ва маҳорати рақамиро низ ташаккул медиҳанд. Барои ин, муҳити таълим бояд на танҳо анъанавӣ, балки интерактивӣ, ҳавасмандкунанда ва таъсирбахш бошад, ки омӯзгорон ва хонандагонро ба самтҳои нав равона созад.
Мушкилоти сифати таҳсилот имрӯз дар тамоми дунё ба масъалаи муҳимми иҷтимоӣ ва иқтисодӣ марбут аст. Сифати таҳсилот на танҳо барои фарзандон, балки барои аҳли ҷомеа ва давлат низ аҳаммияти калон дорад. Яке аз мушкилоти аслӣ дар ин соҳа, нарасидани инфрасохтор ва таъминоти моддӣ мебошад. Аксари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишгоҳҳо дар шароити камбуди таъминоти моддӣ-техникӣ қарор доранд, ки ин ба сифати таҳсилот таъсири манфӣ мерасонад.
Мусаллам аст, ки омӯзгорон нақши асосиро дар беҳтар кардани сифати таҳсилот доранд, аммо дар бисёр ҳолатҳо, баъзе аз омӯзгорон аз салоҳиятҳои лозимии касбӣ ва лаёқатҳои ташкили самараноки ҷараёни таълим бархурдор нестанд. Ҳамчунин, методологияи таълим, роҳҳои фаъолгардонии донишомӯзӣ ва истифодаи технологияҳои муосир низ нақши муҳим дорад. Ба таври васеъ истифода бурдани методҳои анъанавӣ на танҳо ба ҷорӣ кардани методҳои инноватсионӣ монеъ мешаванд, балки боиси норозигии донишомӯзон мегардад.
Яке аз роҳҳои асосӣ барои беҳтар намудани сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳо байни мактабҳо ва донишгоҳҳо мебошад. Бо таъсиси барномаҳои ҳамкории муваффақ, омӯзгорон ва хонандагон метавонанд, таҷриба ва донишҳои худро мубодила кунанд. Ин гуна ҳамкорӣ на танҳо барои рушди бевоситаи сифати таълим, балки дар пешниҳод кардани имкониятҳои бештар барои хонандагон дар самтҳои гуногуни илм ва касбу ҳунарҳои гуногун низ манфиатовар аст. Илова бар ин, бояд дар самти арзёбии сифати таҳсилот корҳои назаррас анҷом дода шавад. Муассисаҳои масъул бояд механизмҳои муосири самараноки арзёбии маводи таълимӣ (стандарту барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ) ва сифати таълимро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия созанд. Кори мунтазам ва барномавӣ дар ин самт метавонад раванди таҳсилотро беҳтар гардонад ва барои қадр кардани шахсоне, ки дар ин самт ба дастовардҳои арзанда ноил шудаанд, имкон фароҳам орад.
Хулоса, ҷорӣ кардани инноватсия ва технологияҳои муосир дар раванди таълим бояд маъруфияти бештаре пайдо кунад. Омӯзгоронро мебояд қобилияти беҳтар кардани методологияи таълим ва истифодаи воситаҳои нави технологӣ, ба монанди платформаҳои онлайнӣ ва барномаҳои интерактивиро дошта бошанд. Ин роҳи нави таълим метавонад шавқу ҳавас ва хоҳиши хонандагонро афзоиш диҳад, муҳити таълимиро бо истифодаи дастовардҳои илмии замони муосир тибқи талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ созад ва дар умум, сифати таҳсилотро баланд бардорад.