Таҳмина НЕГМАТОВА,
мураббии кӯдакистони № 59-и
ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Машғулияти маҷмуӣ барои гурӯҳи миёнаи томактабӣ

Таҳсилоти томактабӣ яке аз муҳимтарин зинаҳои таҳсил барои рушду ташаккули афкори кӯдакон маҳсуб шуда, гуногунии рангҳо, шаклҳо, ҳаҷмҳо ва дигар хусусиятҳои ашёро барои хурдтаракон мефаҳмонад. Дар машғулиятҳои гуногунмавзуи кӯдакистон бачаҳо зеҳнияти худро такмил дода, дар зиндагии рӯзмараашон қобилияти фарқкунандагиро ташаккул медиҳанд. Дар ин нигошта як намунаи машғулияти маҷмуиро барои гурӯҳи миёнаи томактабӣ манзур мекунем, то барои мураббиҳои ҷавон ҳамчун маводи методӣ хидмат намояд.
Мақсад: Мустаҳкам кардани тасаввурот ва ташаккули афкори кӯдакон оид ба шаклҳои геометрӣ ва рангҳо.
Вазифаҳо: Таҳкими тасаввуроти бачаҳо оид ба шакли давра, қобилияти фарқкунии рангҳо (сурх, кабуд, зард, сабз…), тасаввурот дар бораи ҳаҷми ашёҳо (калон, хурд), инчунин, ададҳо — шумораи якто ва бисёр, дуруст иҷро кардани супоришҳо ва бедор кардани шавқ ба фаъолияти бозӣ.
Мавод ва таҷҳизот: Нимниқобҳо дар шакли доғҳои рангҳо, дарахтон, баргҳои бузургу хурд.
Кори пешакӣ: Суҳбат бо кӯдакон дар бораи доғҳои рангҳо, расмкашӣ бо доғҳо.
Вазифаи хонагӣ: Тайёр кардани нимниқобҳои доғҳои рангҳо.

                                              РАФТИ МАШҒУЛИЯТ
Дар байни гурӯҳ миз ва дар болояш нимниқобҳои доғҳои рангҳо истодааст.
Мураббӣ нимниқоби доғеро ба рӯяш мекашад ва мегӯяд:
— Салом, бачаҳо! Номи ман Доғ мебошад. Ман ба назди шумо аз кишвари пурмуъҷизаи Рангистон омадам. Шумо боре дар кишвари мо будед?
Ҷавоби бачаҳо:
— Не, мо ба кишвари Рангистон боре ҳам нарафтаем.
Доғ:
— Ман дар сафар будам, ки дар Рангистон нохушие рӯй дод, бинобар ин, ба он ҷо дигар рафта натавониста истодаам. Аз ин рӯ, бо мақсади дубора рафтан ба Рангистон ман аз шумо ёрдам мехоҳам. Барои ба ин кишвар ворид шудан бояд ба рӯятон ниқобҳои сеҳрноки доғҳоро кашед, то ба доғҳои рангоранг табдил ёбед. Шумо медонед, ки доғ чист? Доғ аз рангҳои дар варақи дафтар ё албом рехта пайдо мешавад.
Бачаҳо ниқобҳоро ба рӯяшон мекашанд.
Доғ аз онҳо мепурсад:
— Дар хона кӣ ба шумо дар сохтани ниқобҳо ёрӣ расонд? Рангҳои ниқобҳои шумо чӣ хел ҳастанд?
Ҷавоби бачаҳо:
— Дар сохтани ниқобҳо ба мо падару модар ва бобову бибиҳоямон ёрдам карданд. Рангҳои ниқобҳои мо гуногун аст.
Доғ: — Бачаҳои азиз, вориди кишвари Рангистон шудан осон нест. Барои ин суханони сеҳрноки зеринро донистан шарт аст:

Рангорангу рангоранг,
Дунёст рангибаранг.

Хоҳем босавод бошем,
Ҳам бачаякони бонанг!

— Ана, мо ба кишвари Рангистон расидем. Урааа!!! Ман боз дар хонаамон ҳастам! Биёед, ман шуморо ба тамошо мебарам. Бодиққат ба зери пойҳоятон нигаред. Ин пайраҳа мебошад. Бигӯед, ки он дароз аст ё кӯтоҳ?
Ҷавоби бачаҳо:
-Дароз аст.
Доғ:
-Пайраҳа аз чӣ сохта шудааст?
Ҷавоби бачаҳо:
-Бо хиштчаҳо кошикорӣ карда шудааст.
Доғ:
-Ранги хиштчаҳо чӣ хел аст?
Ҷавоби бачаҳо:
-Зард ва сурх аст.
Доғ:
-Ҳаҷми хиштчаҳо якхелаанд?
Ҷавоби бачаҳо:
-Не, якеаш калону дигараш хурд аст.
Доғ:
-Пайраҳаи хиштӣ моро ба куҷо овард?
Ҷавоби бачаҳо:
-Ба назди дарахтон.
Доғ:
-Дарахтон дар кишвари мо сеҳрноканд. Баргҳои онҳо ҳеҷ гоҳ намерезанд ва шаклҳои гуногуни геометрӣ доранд. Аммо нохушие рӯй доду бетартибиро ба миён овардааст ва мо намедонем, ки чӣ кор кунем. Ин дарахтон суҳбат карда метавонанд. Мисол, ин дарахтро гӯш кунем, ки чӣ мегӯяд. Дарахт мегӯяд, ки шамоли золим вазида, тамоми баргҳоро канда партофт ва марғзорро бетартиб кард. Инчунин, дарахт мегӯяд, ки дар марғзор ҳам гулҳо бо шаклҳои геометрӣ мерӯянд.
Доғ як-як шаклҳои геометриро гирифта, ба бачаҳо савол медиҳад:
— Бачаҳо, ин кадом шакли геометрӣ ҳасту чӣ ранге дорад?
Ҷавоби бачаҳо:
-Ягон кунҷ надорад ва ба табақчаю сарпӯши дег, ҳалқаю чархак монанд мебошад. Рангаш сурх аст.
Доғ:
-Он чӣ шакл аст?
Ҷавоби бачаҳо:
— Даврашакл аст.
Доғ:
-Кадом шакли геометрӣ се қуллаю се кунҷ ва се тараф дорад?
Ҷавоби бачаҳо:
-Секунҷа се қуллаю се кунҷ ва се тараф дорад.
Доғ:
-Рангаш чӣ хел аст?
Ҷавоби бачаҳо:
-Рангаш сабз мебошад.
Боз ҳам саволдиҳиро ба бачаҳо идома медиҳем, зеро ин гуна пурсишҳо барои мустаҳкамкунии тасаввуроти кӯдакон ва донишҳои гирифтаашон бисёр муфид мебошанд.
Доғ яке аз шаклҳои геометриро аз рӯи миз гирифта, ба бачаҳо чунин савол медиҳад:
-Он шиноси дерин аст, ҳар кунҷи он рост асту ҳамаи тарафҳояш як хел дарозӣ доранд. Кадом шакл аст?
Ҷавоби бачаҳо:
-Он шакли квадрат буда, рангаш кабуд аст.
Доғ:
-Ду тарафаш баробари кӯтоҳ ва ду тарафи дигараш баробари дароз чист?
Ҷавоби бачаҳо:
-Он шакли чоркунҷа буда, рангаш зард аст.
Доғ:
-Бачаҳо, дар марғзор гулҳои ғайриодии шаклҳои геометридошта мерӯянд. Биёед, онҳоро ҷамъ меорем.
Бачаҳо гулҳои гуногуни шакли геометридоштаро ҷамъ оварда, хусусиятҳои онҳоро шарҳ медиҳанд.
Доғ:
-Офарин, бачаҳо! Акнун биёед муайян менамоем, ки баргҳо аз кадом дарахтон бошанд. Бинед, дарахтон гуногунанд, онҳо аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд? Ба фикри шумо, дарахти калон баргҳои калон дорад ё хурд?
Ҷавоби бачаҳо:
-Баргҳои калон дорад.
Доғ:
-Дарахти хурд чӣ?
Ҷавоби бачаҳо:
-Баргҳои хурд дорад.
Доғ:
-Дарахт чӣ қадар барг дорад?
Ҷавоби бачаҳо:
-Дар дарахт баргҳои бисёр мавҷуд аст.
Доғ:
-Баргҳо бисёранд ё дарахтон?
Ҷавоби бачаҳо:
-Баргҳо бисёранд.
Доғ:
-Офарин! Бачаҳо, хаста шудед? Биёед, каме истироҳат мекунем.
Лаҳзаи дамгирӣ
Доғ диққати кӯдаконро ба тасвирҳои қаблан омодашудаи дарёву табиат, инсон ва ҳайвонот ҷалб мекунад.
— Ба ин тасвирҳо нигаред. Дар дарёи кабуд киштии сурх шино мекунад, дар тасвири дигар писарбача дар даст тӯби кабуд дорад, асп дар алафзори сабз мечарад. Гурбаи зард дар рӯйи кат хоб аст…
Дар интиҳои сафари маҷозӣ ба кишвари Рангистон Доғ ба бачаҳо барои иштироки фаъолашон ташаккур мегӯяд:
-Ташаккур, бачаҳои азиз, шумо ба кишвари Рангистон ва барои ба ин ҷо омадани ман хеле кумак расондед. Пешниҳод менамоям, ки акнун ба асли пешинаатон-ба кӯдакистонатон баргардед. Барои анҷоми ин кор суханони сеҳрнокро мехонем:
Рангорангу рангоранг,
Дунёст рангибаранг.
Шудем мо бачаякон
Ҳам босаводу бонанг!

Сипас, бачаҳо ниқобҳоро аз рӯйҳояшон мегиранд. Дар ҷамъбасти машғулият мураббӣ дар муроҷиат ба кӯдакон чунин мегӯяд:
— Бачаҳо, дар саёҳат ба Рангистон мо бо шаклҳои геометрӣ ва рангҳо шинос шудем, дар бораи ҳаҷми ашёҳо тасаввурот пайдо намудем. Муҳимаш, сокинони Рангистон аз ёрии шумо – бачаҳо хушҳол шуда, ба ҳамаатон миннатдорӣ изҳор менамоянд. Дар саёҳат — машғулияти имрӯза ҳамаатон фаъол будед. Офарин!