
Саёҳат ҲАЛИМОВА,
омӯзгори мактаби №65-и
ноҳияи Рӯдакӣ
Рушди воситаҳои технологияи иттилоотӣ ва саросарӣ шудани шабакаҳои телевизионӣ, дастрас будани имкониятҳои телевизионҳои моҳвораӣ тафаккури кӯдакону наврасонро торафт васеътар сохтааст. Вақтҳои охир барои мо-омӯзгорон кор бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ хеле душвор шуда истодааст. Барои он ки наврасони имрӯза нисбат ба наврасони панҷ ё даҳ сол пеш хеле фарқ мекунанд. Наврасони ҳозира нисбатан доно, закиву кунҷков ва аз ҳама хуб, мушоҳидакор ҳастанд. Дар рафти дарс онҳо баъзе суолҳое медиҳанд, ки мо — омӯзгоронро дар ҳайрат мегузоранд.
Дар ҳақиқат, солҳои охир дар замони рушди илму техника диққати хонандагонро ба дарс ҷалб намудан каме душвор гардидааст, чунки дар бештари хонаи тоҷикистониён телефони мобилӣ, планшет ва компютеру ноутбук дида мешавад ва кӯдакону наврасон ҳангоми истифодаи онҳо, бо ҳар гуна барномаву бозиҳои шавқовару ҷалбкунанда ва хотирмон рӯ ба рӯ мешаванд, ки хондани дарси анъанавӣ барояшон на он қадар шавқовар метобад. Ҳарчанд мо — муаллимони синфҳои ибтидоӣ роҳҳои гуногуни таълимии ба урфу одати мо наздиктарро истифода мекунем, аммо ҳамчун омӯзгор эҳсос мекунам, ки роҳҳои анъанавӣ камтаъсир шудаанд.
Имрӯз замоне фаро расидааст, ки мо -муаллимон барои бештар ҷалб кардани кӯдакону наврасон ба дарс ва таълим бояд роҳҳои таълимии гуногуни давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонро дар мактабҳо мутобиқ ба манфиатҳои миллии худ ҷорӣ намуда, истифода бибарем ва то тавонем, ҷалби талабагонро ба дарс зиёд намоем. Мо-омӯзгорон агар чунин усулҳоро истифода набарем, шояд дар марҳилаҳои баъдӣ таваҷҷуҳи бештари хонандагони синфҳои ибтидоиро то дараҷае аз даст бидиҳем. Барои он ки мо-омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, ҳарчанд дар мактаб онҳоро ба хондани дарсҳои анъанавӣ маҷбур бисозем, аммо вақте хона рафта, тариқи телефон, планшет, ноутбук ва компютер барномаҳои гуногуни шавқовари таълимиро мебинанд, кӯшишҳоямон бенатиҷа мемонад.
Дуруст аст, ки онҳо ҳангоми гузаштани дарсҳои анъанавӣ дар мактаб хондану навиштанро то қадри имкон меомӯзанд, аммо саводи лозимаеро, ки мо — муаллимон интизорем, намегиранд. Вобаста ба ин, хеле хуб мешавад, мо-омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ҳангоми гузаштани дарс, амалу усулҳои шавқоварро истифода барем, то ки ба воситаи он саводи шогирдонамонро боло бардорем ва аз он қаноатманд бишавем.
Доир ба ин, дар ин нигориши худ якчанд усули пешқадами замони муосирро мисол меорам, то ки дигар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз он истифода баранд ва дар самти ҷалби бештари хонандагон ба дарс ва шавқовар шудани дарсҳояшон боз ҳам муваффақтар бошанд.
Аввалан, дар рафти дарс ба хонандагон ягон ҳикояи шавқовар ва қиссаҳои ҷолиб бигӯед, чунки онро дар хотир нигоҳ доштан осонтар аст, барои он ки сохтори муайян дорад. Ҳамзамон, ҳангоми дарс гуфтан аз воситаҳои аёнӣ, ба монанди тасвирҳои гуногун, харитаҳо, диаграммаву моделҳо ва рӯнамову наворҳои хурди фаннӣ бештар истифода кунед, ин барои боқувват кардани зеҳни хонанда хеле муассир мебошад.
Дувум, маҳдудияти вақт ва захираҳо. Яъне, ба хонандагон ягон вазифа, ба монанди мисолу масъала ва ё чизи дигар диҳед ва барои ҳалли он вақти кӯтоҳ ҷудо кунед, то ки онҳо дар вақти муайяншуда вазифаи додаатонро иҷро намоянд, бигузор хато ҳам бошад. Инчунин, ба хонандагон мисолу масъалаеро пешниҳод кунед, ки фикрронии онҳоро ба маротиб зиёд ва зудиҷрошаванда намояд. Ҳамчунин, дар баробари ин, ба хонандагон мисолу масъалаеҳоро пешниҳод кунед, ки ҳалли онҳо каме душвор бошад, то ки онҳо дар ҳалли он ранҷ бикашанд.
Сеюм, додани саволҳои ҷолиб. Мо- муаллимон саволҳоеро бояд интихоб кунем, ки ҳангоми ҷавоб талаб кардан хонанда аз он донише бигирад ва фикрашро татбиқ ё шарҳ дода тавонад. Ҳангоми дарс мисолу масъала ё чизи дигари шавқовари ҳаҷвӣ пешниҳод кардан бамаврид аст. Ин ба шумо кумак мекунад, ки диққати хонандагонро ба худ ҷалб созед ва дар хотираи наврас зуд ҷой мешавад. Барои боз ҷалби таваҷҷуҳи зиёди талабагони худ, дар рафти дарс бозиҳои гуногуни усулҳои амалиро истифода карда, талабагонро ба ин раванд ҷалб намоед.
Агар тавонед, ба хонандагони худ саволҳои эҳсосӣ пешниҳод кунед ва кӯшиш намоед, онҳо онро ба эҳсос ҷавоб гардонанд ва шумо ҳам барои тақвияти ҷавоби онҳо худатон низ ба эҳсос сухан кунед. Ин аз он ҷиҳат хуб аст, ки наврасро барои тобишҳои гуногуни зиндагӣ, ба монанди ғусса ва нишот дар оянда тайёр месозад.
Ин усулҳои пешниҳодшуда то қадри имкон метавонад, таваҷҷуҳи хонандагони синфҳои ибтидоиро ба дарс ва омӯзгор ҷалб созад ва завқи онҳоро ба хондану аз худ кардани дониш зиёд намояд. Бо чунин равиш мо-омӯзгорон дар дарсҳои худ, ҳатто, аз воситаҳои технологияи иттилоотӣ низ истифода бурданамон шоиста ва саривақтӣ мебошад!
Педагогони шинохта ҳамеша таъкид кардаанд, ки дар раванди таълими ибтидоӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсил, тарбия ва инкишофи шахсияти мактабиёни хурдсол бағоят аҳамияти калон дорад, чунки тарбия ва таълим дар хурдӣ нақшест бар санг. Дарс дар ташаккули сифатҳои муфиди кӯдакон неруи таконовари беҳамтост. Ҳангоми ҳар дарс вазифаҳои маълумотдиҳӣ, тарбиявӣ ва инкишофдиҳӣ ба дараҷаи муайян иҷро карда мешаванд. Бинобар ин, ҳар дарс бояд тибқи дархости принсипҳои илмӣ, системанокӣ, дастрасӣ, шуурӣ ва фаъолнокӣ, баҳри устувор азхуд кардани донишҳо бо дарназардошти ба инобатгирии хусусиятҳои инфиродии талабагон тақдим карда шавад. Дарс дар омӯзиши маводи барномаи таълимӣ мавқеи муайян дорад. Дар китоби дарсии «Педагогика» барои донишҷӯёни мактабҳои олии омӯзгорӣ хеле хуб дарҷ шудааст, ки дар раванди дарс ба замми дархостҳои нишондодашуда, эҷодкорӣ ва навовариҳои муаллим илова гардад, ба бурдбориҳои зиёд умед бастан мумкин аст, чунки аз ин хотир «дарсро асари эҷодии муаллим» гуфтаанд.