
Абреза НИЯТБЕКОВА,
мудири кафедраи методикаи таълими
забон ва адабиёти руси ДДОТ ба номи С. Айнӣ
Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипи демократии идораи кишварро инъикос намуда, таҳрикбахши тамоми соҳаҳои кишвар, махсусан, соҳаи маориф ва илми кишвар мебошад. Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини давлатдории миллӣ ба масъалаи илму маориф таваҷҷуҳ намуда, ҳанӯз 28-уми августи соли 1995 дар Анҷумани ҷумҳуриявии омӯзгорон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъкид карда буданд: «Бо ба даст овардани истиқлолияти халқи тоҷик зарурати муайян намудани роҳи мустақилона ба сӯйи ояндаи мутамаддин, замони бунёди низоми маориф дар асоси арзишҳои бебаҳои маънавию ахлоқӣ ва фарҳангӣ фаро расидааст. Мо бояд тафаккури мардуми худ ва педагогикаи миллиро бо дарназардошти талаботи замон ва арзишҳои умумибашарӣ инкишоф диҳем. Албатта, барои ба сатҳи ҷаҳонӣ расидан, мо бояд заминаи моддию техникӣ, аз ҷумла, таҷҳизоти ҳисоббарор, воситаҳои ҳозиразамони оптикӣ, асбобҳои техникӣ ва таҷрибавӣ ба вуҷуд орем».
Омӯзгорони муосир эътироф мекунанд, ки технологияи иттилоотӣ дар рушди қобилиятҳои эҷодӣ ва фаъолияти зеҳнӣ имконияти зиёдеро фароҳам меорад. Технологияҳои иттилоотӣ раванди таълимро дар бисёр соҳаҳои илм, дар шароити гуногуни таълим ва дар ҳама сатҳу зинаҳо фаъол мегардонад. Ин ба таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забони русӣ низ дахл дорад.
Омӯзиши инноватсионии ҳатмӣ хонандаро ба фаъолият, шаклҳои коллективии кор ва мубодилаи афкор раҳнамоӣ менамояд, хонандаро водор месозад, ки аз пайи ҷустуҷӯ шавад. Технологияҳои инноватсионӣ имкон медиҳанд, ки яке аз ҳадафҳои асосии таълими забон ва адабиёти рус — фароҳам овардани имконият аз омӯзиши фан ҳамчун таълими системавӣ-структурӣ ба омӯзиши он ҳамчун воситаи муоширату тафаккур ва интиқол додани фаъолияти таълимию маърифатӣ, амалӣ карда шавад.
Дар дарси забони русӣ барои рушди қобилиятҳои эҷодии хонандагон бояд усулҳои гуногун истифода шаванд: кластерҳо, инсерт (ҳангоми мустақилона омӯхтани маводи назариявӣ), пур кардани ҷадвалҳо, мутолиаи ботаваққуф, ҷустуҷӯи муштарак, баҳси байниҳамдигарӣ, мизи мудаввар, татбиқи унсурҳо (технологияҳо барои ҳалли масъалаҳои ихтироъкорӣ) ва ғайра.
Ҳангоми хондани матн тарҷумаи ҳоли нависанда, омӯзиши лексияи классикӣ, омӯзиш бо истифода аз воситаҳои аудиовизуалии техникӣ, тестҳо, методи лоиҳавӣ хонандаро бамаротиб фаъол месозад. Истифодаи технологияи лоиҳа таваҷҷуҳи кӯдаконро зиёд ва амиқтар мекунад; рушди қобилиятҳои эҷодии хонандагон тавассути ташаккули салоҳият дар фаъолияти мустақили маърифатӣ, инкишоф додани кунҷковӣ, ба васеъ намудани доираи тафаккури интиқодӣ замина мегузорад. Он ба мактаббачагон барои пайдо кардани малакаҳои кор бо миқдори зиёди иттилоот, малакаҳои тадқиқотӣ (дидани мушкилот ва муайян кардани роҳҳои ҳалли он) ва малакаҳои муошират (кор дар гурӯҳҳо) ёрдам мекунад. Муносибати мутақобила бо гурӯҳ дар дохил ва берун аз дарс, таъмини ҳамкории хонандагон дар раванди дарс хеле муҳим аст. Омӯзгор вазифадор аст, ки дар байни худ ва хонандагон фазои эътимод, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигарро ба вуҷуд оварад, хонандагонро ба кори мустақилонаи фаъол ҷалб намояд.
Дар вақти дарсҳо корҳои гурӯҳӣ гузарондан мумкин аст, ки он ба рушди коллективизм ёрдам расонда, барои ошкор шудани хислатҳои фардии хонандагон шароит фароҳам меоварад ва нутқи онҳоро дар талаффузи калимаҳои русӣ равон мегардонад. Илова бар ин, чунин дарс фазои ҳамкории “хонанда-хонанда”-ро ба вуҷуд оварда, иштироки мушовирон ва ассистентҳоро дар марҳилаи санҷиш, ҳамкории омӯзгору хонандаро таъмин мекунад.
Истифодаи интернет дар таълим дигар падидаи нав набуда, он аз ибтидои солҳои 90-ум дар доираи равишҳои гуногуни таълимӣ истифода мешаванд. Бо истифода аз он, ҳам донишомӯз ва ҳам омӯзгор имкон пайдо мекард, ки новобаста аз вақт ва макон мубодилаи иттилоот кунад. Технологияҳои нави рақамӣ тафаккури инсонро барои иҷрои вазифаҳои эҷодӣ омода менамояд, ки ба рушди шахсият мусоидат мекунад. Он ба хонанда имкон медиҳад, ки бо ҳамсинфон ва бо устоди худ ба таври эҷодӣ муошират кунад.
Интернет ба шумо имкон медиҳад, ки муҳити воқеии иттилоотии мобилиро ташкил кунед, ки дар он шумо на танҳо иттилоотро ба даст меоваред, балки бисёр мушкилоти дигари коммуникатсиониро ҳал карда метавонед. Истифодаи он барои баланд бардоштани ҳавасмандии донишомӯзон мусоидат мекунад. Интернет ба шумо имкон медиҳад, ки усулҳои гуногунро дар раванди дарс амалӣ созед, коркардҳои методиро пешниҳод кунед, раванди таълимро диверсификатсия (калимаи лотинӣ буда, diversus – гуногун ва facere – кардан) кунед, онро ҷолибтар гардонед, талабот ва манфиатҳои фанни таълим, сатҳи омодагии хонандаро ба назар гиред, кори шогирдонро сари вақт ва мақсаднок назорат кунед.
Истифода аз интернетро дар раванди дарс муҳаққиқон муҳим мешуморанд, зеро маводи таълимӣ, китобҳои гӯё, сабти суҳбату муколамаҳо бо забони русӣ мустақилона ва бе мушкилӣ ба даст оварда мешавад. Бояд қайд кард, ки барои дастрасии дурусту ҳадафмандона ба шабакаҳои интернетӣ бисёр вақт мушкилот мушоҳида мешавад. Ин нуқсонро метавон тавассути роҳнамоии хонанда ба бахшҳои мушаххаси интернет вобаста ба мавзуъҳои омӯхташаванда бартараф кард.
Бо чунин равиш аз технологияи рушди тафаккури интиқодӣ дар кори худ истифода бурда, усулҳои мубоҳисаро (тадқиқот, таҳлил, муҳокимаи масъала) бароям қобили қабул медонам, чунки ин тарзи кор қобилияти зеҳнии хонандаро такмил медиҳад. Ҳамзамон, барои омӯзгорони ҷавон низ истифодаи ин усулро тавсия мекунам.
Аҳаммияти тарбиявию омӯзишии семинару конференсияҳо, маҳфилҳо, нишастҳо, викторинаҳо муҳимму зарурист, зеро хонандаҳо бо адабиёти илмӣ мустақилона кор карданро меомӯзанд, презентатсияҳои худро мувофиқи нақшаи пешниҳодшуда ташкил мекунанд ва муаррифӣ менамоянд, ки ин шогирдонро барои таҳсил дар донишгоҳ тайёр мекунад. Дар баробари ин, чунин ҳамоишҳо нутқи шифоҳии хонандагонро такмил медиҳанд, фикрронии онҳоро ривоҷ медиҳанд, хонанда бе ягон мамоният дар назди одамони зиёд озодона баромад карда метавонад. Аз ин рӯ, чунин иқдомҳоро аз давраи кӯдакистон оғоз кардан зарур ва дуруст аст.
Яке аз талаботи муосир барои дарси забони русӣ кор бо матн мебошад. Дар ин бобат, ман дар тадриси амалии худ аз шакли “дарс-тадқиқот” истифода мебарам. Мақсад ва вазифаи «дарс-тадқиқот» омӯхтани маводи забони русӣ дар асоси матнҳо ба ҳисоб меравад. Дар вақти тайёрӣ ба чунин намуди дарс ба интихоби матн диққати махсус додан лозим аст. Матн бояд дараҷаи баланди бадеӣ дошта бошад, ҳамчунин, хусусиятҳои синнусолии талабагон ва ҳам ҳаҷми маводи омӯхташавандаро ба назар гирифтан лозим аст. Барои таҳлил аз матнҳои муаллифони гуногун, ки бо як мавзуи умумӣ муттаҳид шудаанд, матнҳои услубшиносиро барои баррасӣ истифода бурдан мувофиқи мақсад аст, то ки минбаъд барои таҳлили муқоисавӣ заминаи хуб пайдо шавад.
Хулоса, имрӯзҳо консепсияи таҳсилоти муосир ҳадафи фаъолияти касбии омӯзгорро муайян кардааст, ки он ташаккул додани қобилиятҳои иҷтимоии муваффақонаи хонандагон дар ҷомеа ва мутобиқшавии фаъолонаи онҳо дар бозори меҳнат мебошад. Биноан, асоси расидан ба ин мақсаду ҳадафҳои нек истифодаи ҳадафманду фаъоли технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим мебошад.