Асадулло НУРИЛЛОЕВ,
омӯзгори химияи мактаби №57-и шаҳри Истаравшан,
Бобоҷон ҲАЙДАРОВ,
омӯзгори химияи мактаби №45-и ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд

Чистон мафҳуме мебошад, ки дар он фикру матлабе пинҳон аст. Дар чистон хусусияту аломатҳои гуногуну рангоранги ашёҳо, ҳодисаҳо, унсурҳои химиявӣ, ҳодисаҳоро дар шакли маҷозӣ тасвир кардан мумкин аст. Истифодаи чистон дар дарси химия шавқу ҳавас ва фаҳмиши хонандагонро афзун гардонида, ҷаҳонбинии онҳоро фарох мегардонад. Омӯзгорон дар раванди таълими химия вобаста ба мавзуъҳои гуногун аз чистонҳо бомақсад ва самарабахш истифода карда метавонанд.
Мо вобаста ба мавзуъҳои гуногуни илми химия чистонҳои химиявиро манзур менамоем, ки дар рафти дарсҳо, шабнишиниҳо, мусобиқаҳо истифода бурдани онҳо чорабиниҳо рангорангу шавқовар мегардонанд.

Элементи заҳрнок аст,

Ҳам беҳад хавфнок аст.

Аз дасти оксиди он,

Ҳама мушҳо ҳалок аст.

    Ҷавоб: Оксиди арсен — As2O3

Маънои он “ишқор” аст,

Унсури нотакрор аст.

Он филизи ишқорӣ,

Ба дил хеле даркор аст.

Ҷавоб: Калий — К

Он унсури ҳаёт аст,

Фоидааш зиёд аст.

Агар ки вай набошад,

Дунё ҳам нообод аст.

Ҷавоб: Гелий — Не 

Маънои унсур “нур” аст,

Вай сафеду булур аст.

Баҳри бемории пӯст,

Бовар кунед, зарур аст.

Ҷавоб: Радий Ra

Маънои унсур “моҳ” аст,

Рангаш каме сиёҳ аст.

Ҳар асбоби оптикӣ,

Бе ӯ ҳолаш табоҳ аст.

Ҷавоб: Селен Sе

Ӯ “зарди сабзмонанд” аст,

Бар ҳама кас писанд аст.

Обро кунад безарар,

Мардум аз он хурсанд аст.

Ҷавоб: Хлор — СI

Ӯ “оксиди ҳаёт” аст,

Дунё зи ӯ обод аст.

Бар ҳамаи махлуқот,

Фоидааш зиёд аст.

Ҷавоб: Об — Н2О

Дар мағозаҳо бисёр,

Таркибаш дорад хлор.

Ҳамаи кадбонувон,

Бо ӯ доранд сару кор.

Ҷавоб: Намак — NaCI

Маънояш “нофаъол” аст,

Оксидшавиаш нол аст.

Барои филизсозӣ,

Унсури безавол аст.

Ҷавоб: Аргон — Аr

Унсур маънояш “санг” аст,

Сабуки сафедранг аст.

Касе онро надонад,

Бовар кунед, гаранг аст.

Ҷавоб: Литий — Li

Маънояш унсур “ранг” аст,

Сохташ хокистарранг аст.

Металли нофаъол аст,

Касе наёфт, гаранг аст.

Ҷавоб: Хром — Сr

“Бӯйи ширинтоб” дорад,

Ҳалшавӣ дар об дорад.

Касе онро бӯй кашад,

Хандида пас хоб дорад.

Ҷавоб: Оксиди нитроген — N2

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *