Ноз ОДИНАЕВА,
мудири муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии
«Боғи мурод»-и ноҳияи Фирдавсӣ, шаҳри Душанбе
Дар муассисаҳои томактабӣ роҳу усулҳои гуногун ва технологияҳои махсуси омӯзиш барои инкишофи зеҳнии кӯдакони синни томактабӣ мавриди истифода қарор мегирад. Тавассути бозиҳои шавқовар ба роҳ мондани инкишофи зеҳнии кӯдакон яке аз усулҳои фаъол мебошад. Тавассути фаъолияти бозӣ кӯдак ҷаҳонро меомӯзад: хусусияти ашёи атрофро аз худ менамояд, нақши иҷтимоиро азхуд мекунад ва бо дигар кӯдакон ва калонсолон муомила карданро меомӯзад, малакаҳо пайдо мекунад ва арзиши худро тасдиқ мекунад.
Намуди бозиҳо (омӯзишӣ, сохтмонӣ, серҳаракат, мазмундорӣ, нақшофарӣ, саҳнавикардашуда) ба иҷрои амалҳои фикрӣ равона шудаанд. Махсусан, бозиҳои дидактикии математикӣ дар инкишофи зеҳнии кӯдакон нақши хосса дорад, зеро натиҷаи таълими математика на танҳо дониш, балки услуби муайяни тафаккур низ мебошад. Бозиҳои дидактикии математикӣ барои инкишофи тафаккури кӯдакон дар раванди омӯзиш аз синни хурдсолӣ имкони бузург фароҳам меорад.
Бозӣ ба ҳадафҳои зер мусоидат мекунад:
— Фаъолнокии ҳолати равонии кӯдак;
— Рушди амалҳои равонӣ (таҳлил, синтез, муқоиса, хулосабарорӣ);
— Ташаккули асосҳои тафаккури эҷодӣ;
— Рушди ҳиссиёти эмотсионалӣ-ихтиёрӣ;
— Рушди малакаҳои муошират;
— Баланд бардоштани шавқи кӯдакон ба фанни математика;
— Таҳия ва ба низом даровардани дониш, малака ва ғояҳо;
— Ташаккули сифатҳои ахлоқии кӯдак.
Вобаста ба машғулият мураббиёнро зарур аст, ки аз бозиҳои шавқовар мунтазам истифода баранд. Мо дар ин мақола намунаи машғулиятро бо истифода аз бозиҳои шавқовари математикӣ барои тарбиятгирандагони гурӯҳи синни калони томактабӣ, дар мавзуи “Инкишофи зеҳнии кӯдакон тавассути бозиҳои шавқовар” пешниҳод менамоем.
Мақсад:
Шинос намудани кӯдакон бо таҷрибаи истифодаи бозиҳои мантиқӣ ва математикӣ. Ба роҳ мондани метод ва усулҳои истифодаи бозиҳои мантиқӣ. Ташаккули рушди таҷрибаи пешқадами педагогӣ бо истифода аз технологияҳои муосири таълим.
Маводди таълимӣ:
Картон, ширеш, шаклҳои геометрӣ, чӯбчаҳои ҳисобкунӣ, варақҳои ранга.
Машғулият:
Дар раванди кори ҳаррӯза ҳар мураббӣ кӯшиш мекунад, ки машғулиятро тавре ба роҳ монад, ки бачаҳо онро бо завқу ҳавас ва чеҳраи боз қабул намоянд ва хастагиро эҳсос накунанд. Бозиҳои мантиқӣ ва математикӣ барои рушди қобилияти эҷодӣ ва зеҳнии кӯдакон самарабахш аст. Ҳадафи асосии машғулияҳо, пеш аз ҳама, ба фаъолияти ҳаёти ҳаррӯза бояд алоқаманд ва хусусиятҳои инфиродӣ ва физиологии кӯдакон ба эътибор гирифта шавад. Набояд фаромӯш кард, ки кӯдакон дар ҳама ҳолат бозиро нисбат ба дигар шуғл афзалият медиҳанд.
Интихоби маводди таълимӣ:
Таълим барои такмили тафаккури мантиқӣ нигаронида шуда, мураббӣ бо истифода аз мафҳумҳои одии математикӣ метавонад, дар тасаввури бачаҳо нахустин донишҳои математикиро рушд диҳад. Албатта, ҳангоми машғулият шарти асосии “аз сода ба мураккаб” риоя карда мешавад. Барои он ки машғулият босамар бошад, месазад, ки ҳар як машғулиятро вобаста ба табиат ва муҳити зист алоқаманд намоем. Мо дар табиат ивазшавии фаслҳои сол, кӯҳҳо, дарёҳо, гулу буттаҳо, харсанг, намуди гуногуни ҳайвонот, парандаҳо, намуди нақлиёти заминӣ ва ҳавоиро мушоҳида мекунем ва бояд зикр намуд, ки мо дар интихоби мавзуъ озод буда, ҳамаи он чизи мушоҳидашавандаро, ки бо хусусиятҳои хосси худ фарқ мекунанд, метавонем барои мавзуи машғулият интихоб намоем.
Агар машғулиятҳо бештар ба табиат рабт дошта бошанд, барои кӯдак хеле шавқовар аст, зеро кӯдакон табиатро дӯст медоранд. Масалан, мо мавзуи “Дарахт ва паранда”-ро интихоб мекунем. Аввал барои тақвияти тасаввури математикии кӯдакон дар расмҳо теъдоди дарахтонро ҳисоб мекунем. Бигзор, 10 дарахт бошад. Дар ҳар дарахт чӣ қадар паранда нишастааст, ҳанӯз барои бачаҳо номаълум аст. Барои муайян кардани теъдоди парандаҳо аз картонҳои ранга истифода кардан мумкин аст. Дарахтон ва парандаҳоро дар лавҳа тавассути хатҳои амудӣ нишон дода метавонем. Дар хатти амудӣ, дар боло расми дарахт ва зери он расми парандагонро тасвир мекунем. Мураббӣ ҳангоми машғулият лаҳзаҳои фараҳбахшро ба инобат мегирад.
Мақсади бозӣ:
Муайян сохтани теъдоди дарахтон ва парандагоне, ки болои дарахт нишастаанд. Дар лавҳа бошад, дарахтон ва парандагон алоҳида-алоҳида нишон дода шудаанд, Яъне, истифодаи амалҳои математикии тарҳу ҷамъ, мушаххас кардани фигураҳои геометрӣ дар ашёи нишондодашуда. Бачаҳо тавассути кортҳои ранга, ки дар даст доранд, ба ду гурӯҳи баробар ҷудо шуда, гурӯҳи якум дарахтон ва гурӯҳи дуюм парандаҳоро мешуморанд. Кадом гурӯҳ дуруст ва зудтар мешуморад, ба он мураббӣ баҳо медиҳад. Масалан, ҳадаф агар шумурдан то рақами 15 бошад, дар лавҳа теъдоди ашё каме бештар нишон дода мешавад. Мураббӣ метавонад, тавассути бозии “Мо кам кардем, онҳо зиёд карданд”, хастагии бачаҳоро рафъ созад. Дар ин бозӣ бачаҳо давра ороста, қисме аз номи дарахтон ва қисми дигар аз номи парандаҳо ҳарф мезананд. Масалан, дар гурӯҳи якум бачаҳо дар давра истода, мегӯянд: “Ман дарахти сабзам”, дигараш: “Ман дарахти сербаргам”, сеюмин: “Ман дарахти сершохам.”. Ҳамин тавр, даҳ нафар аз чигунагии дарахтон маълумот медиҳанд. Гурӯҳи дуюм низ айнан чунин бозиро такрор карда, теъдоди парандаҳоро мушаххас месозад. Ҷаззобият ва рангорангии бозӣ аз худи мураббӣ ва омӯзгор вобаста аст.
Бозӣ бо фигураҳои геометрӣ:
Дар интихоби бозиҳои геометрӣ мураббӣ ва омӯзгор душворӣ намекашанд, зеро онҳо метавонанд, фигураҳои геометриро аз дохили толор ё синфхонаи таълимӣ пайдо кунанд. Бачаҳо ҳангоми тановули хӯрок аз зарфҳои гуногуншакл истифода мекунанд. Тиреза низ дар худ фигураи геометриро таҷассум кардааст. Агар косаро ба ду қисм ҷудо кунем, нимдоира ҳосил мешавад ва агар давраро бо ду хатти амудӣ (перпендикуляр) бурем, чор секунҷа пайдо мешавад. Дар бозии мазкур варақҳои ранга васеъ истифода бурда мешаванд. Инчунин, мо метавонем, дар табиат бачаҳоро бо фигураҳои геометрӣ шинос намоем. Дар хонаҳои баландошёна фигураҳои чоркунҷа, секунҷа ба назар мерасанд, агар ба аломатҳои роҳ таваҷҷуҳ намоем, секунҷа, чоркунҷа, давра ва дигар фигураҳои геометрӣ мушоҳида карда мешаванд. Мақсад аз бозӣ бо фигураҳои геометрӣ, пеш аз ҳама, дар ниҳоди бачаҳо тақвият бахшидани тасаввурот дар бораи фигураҳои геометрӣ бо хусусиятҳое, ки доранд, мебошад.
Бозии мантиқӣ: “Биёед, ҳисоб мекунем!”
- Ҳангоми бо кӯдакон сари дастурхони наҳорӣ нишастан, аз онҳо пурсед, ки дар рӯйи миз чанд пиёла ва чанд коса аст? Биёед, ҳисоб мекунем…
- Аз таги дарвоза 8 пойи гурбаро дидан мумкин аст. Дар ҳавлӣ чанд гурба ҳаст? Биёед, ҳисоб мекунем…
Дар охир бояд гуфт, ки тарбия ва инкишофи кӯдак бояд оромона бошад ва бозӣ тавассути фаъолияти махсуси ҳамон синну сол ба роҳ монда шавад. Донише, ки дар шакли фароғатӣ, дар шакли бозӣ дода мешавад, аз ҷониби кӯдакон зуд ва осонтар аз бар карда мешавад. Бозӣ ба мо, мураббиён, дар он ҳангом ёрӣ мекунад, ки ҳавасмандии фаъолияти кӯдаконро барои ғанӣ гардонидан, мустаҳкам кардани донишҳои математикӣ ва рушди тафаккури мантиқӣ эҷод кунем.
