
Дар таърихи ҳар як халқу миллат фарзандони бонангу ор ва фарзонаву хирадманде ба олам меоянд, ки дар ҳаёти миллат нақши калидию мондагор бозида, бо корнамоиҳои бемисл, иқдомҳои созанда, далериву шуҷоат ва тадбирҳои беназир дар сафҳаҳои рӯзгори мардуми хеш бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.
Фарзанди содиқу ҷонфидо, вафодору ботадбири миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти нодиру таърихие мебошанд, ки воқеан, тамоми ҳастии худашонро бедареғ барои осудагию оромӣ, пойдории сулҳу амният, ободию сарсабзии Ватан, таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони Тоҷикистон бахшидаанд, ҳарчанд ин кори осоне набуд. Чун рӯз равшан аст, ки як кишвари ҷангзадаву дар ҳукми нобудӣ қарордоштаро бо хираду ҳикмати волои сарварии хеш ба гулистону бӯстони ҳамешабаҳору хуррам табдил доданд. Имрӯз тоҷик соҳибихтиёру соҳибватан аст, соҳиби ватани гулрезу гулбасар, нозанину биҳиштосо.
Пешвои сулҳдӯсту сулҳпарвару сулҳовару сулҳофари мо пайваста талошҳо намудаанд, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дунё сулҳу амният барқарор бошад, мардум шоду масрур, модарону бонувон, наврасону ҷавонон осудаву хушбахт бошанд. Далели ин гуфтаҳо яке аз ташаббусҳои наҷибу мондагор ва сулҳпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мебошад, ки баҳри пойдории ҳаёти осоишта дар тамоми ҷаҳон нақши муҳим мебозад.
Роҳбари давлатамон 24-уми сентябри соли 2024 дар шаҳри Ню-Йорк дар Мубоҳисаи 79-уми умумии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла, қайд намуданд: Мо — роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ба мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми курраи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шавем. Вақти он расидааст, ки мо аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем. Дар робита ба ин, пешниҳод менамоям, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милал “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.
Муддате пеш, аниқтараш 31-уми марти соли равон ҳамаи мо шоҳиди боз як рӯйдоди бузурги таърихӣ: имзои Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ гаштем, ки дар пойдории муносибатҳои нек бо ҳамсоякишварҳоямон: ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон нақши калидӣ мебозад. Ҳамчунин, Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар, ки дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид, дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвари ба ҳам дӯст низ ба хурсандии мо фараҳи дигар зам кард.
Илова бар ин, таҷлили бошукӯҳу бошаҳомати Наврӯзи оламафрӯз дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо иштирок ва суханронии сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва баргузории барномаи театрикунонидаи фарҳангӣ бо иштироки устодону ҳунармандони се кишвари бо ҳам дӯсту бародар то дергоҳ дар ёди ҳамаи мо хоҳад монд. Бо тамошои барномаи ҷолибу дидании наврӯзӣ ба ин хулоса расидем, ки фарҳанг як рукни ҳастии милат ва пайвандгари халқҳост. Дар суханронии хеш Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки ин ҷашн ҳамчун ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги мо аз қаъри қарнҳо моро ба таҳкими сулҳу субот, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ водор месозад.
Дар ҷашнгоҳи музайяну пуршаҳомати наврӯзӣ меҳмонон аз кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва ғайра, ширкат варзида, бо худ хотироти ширину фаромӯшношудание гирифтанд, ки то дергоҳ дар зеҳнашон хоҳад монд.
Амалӣ шудани ин рухдодҳои муҳимму таърихӣ дар таҳкими муносибатҳои давлатӣ аҳаммияти махсус дошта, бешак, ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан, Президенти кишвар қарор дорад, зеро Пешвои муаззаму сулҳдӯсти мо аз нахустин рӯзҳои роҳбарии сиёсии хеш ба масъалаи пойдории сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, дар минтақа ва посдории робитаҳои хуби ҳамсоядорӣ бо давлатҳои ҳамҷавор диққати хосса зоҳир менамоянд. Дар ин замина, иқдомҳои Сарвари кишварамон бесобиқаву беназиранд, зеро бо истифода аз хираду камолоти баланди маънавӣ ва таҷрибаи волои давлатдорию роҳбарӣ ҳамеша кӯшидаанд, ки сулҳ биёваранд, фазои осоиштаро дар кишвар ҳукмрон созанд. Чунки замоне, ки Тоҷикистон бо дасисаҳои аҷнабиён дар гирдоби ҷангу хунрезӣ буд, дар нахустин суханронияшон аз минбари иҷлосияи сарнавиштсозу тақдирсоз ба миллати тоҷик, ба мардуми ҷафокашида ин гуна пайғоми хуш дода буданд: Ман ба шумо сулҳ меоварам.
Ва ин сухани хешро бо талошу ҷонбозиҳои зиёд амалӣ карданд.
Имрӯзҳо дар фазои Тоҷикистони азиз сулҳу амният барқарор асту мардуми он бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба бунёдкорию созандагӣ камари ҳиммат баста, таҳти дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат чандин ҳадафҳои стратегии мамлакатро пиёда намуданд ва ин сарзамини ҳамешасабзро ба биҳишти рӯи замин табдил додаанд.
Боиси сарбаландии мо-тоҷикон аст, ки мактаби сулҳофарии Пешвои азизамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷаҳониён мавриди таваҷҷуҳи зиёд ва омӯзишу таҳлил қарор гирифтааст. Ҳамчунин, аз имзои Эъломияи Хуҷанд бисёре аз сиёсатмадорону сарварони давлатҳои дунё истиқбол намуда, онро намунаи беҳтарин барои татбиқи ҳадафҳои сулҳҷӯёна дар замони муосир донистанд, ки барои мо-тоҷикон эътирофи чеҳраҳои барҷастаи олами сиёсат мояи сарфарозию шодмонии бузург аст: аз сулҳи мо истиқбол мекунанд, равишҳои сулҳофарии Сарвари давлати моро намунаи беҳтарин медонанд ва барои пайравӣ ва омӯзиш аз ин мактаб барои дигарон намуна меоранд. Аз ин рӯ, бо дилу ҷон бо Пешвои сулҳофару сулҳовару сулҳпарварамон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефахрем.
“Маърифати омӯзгор”