Одинаҳмад ОДИНАЕВ,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик,
шаҳри Бохтар
Мақому манзалати омӯзгор барои миллати фарҳангдӯсти тоҷик дар ҳама давру замон волову муқаддас будааст. Дар ҷомеаи имрӯз низ, ки илм, адаб ва маърифат нақши меҳварӣ доранд, шахсияти омӯзгор беш аз пеш арзишманд гаштааст. Ба шинохти банда омӯзгор танҳо як муаллим нест – ӯ тарбиятгар, раҳнамо ва рӯшангарест, ки бо донишу таҷриба, рафтору гуфтор ва ахлоқи намунавӣ ба шогирдон дарси илму зиндагӣ меомӯзонад.
Маҳз ҳамин рисолати муқаддас аст, ки омӯзгорро ба чеҳраи дурахшони олами маърифат табдил медиҳад. Ӯ бо меҳрубонӣ ва сабру таҳаммул дар дили насли наврас ҳисси омӯзишро афзун намуда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ахлоқи ҳамида парвариш менамояд, дар рушду камоли шахсияти наврасону ҷавонон саҳми бузург мегузорад.
Дар ҷомеа омӯзгорони зиёд ҳастанд, ки умри худро сарфи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон намуда, дар зинаҳои гуногуни омӯзиш фарзандони миллатро ба роҳи маънавият раҳнамун кардаанд, ки яке аз чунин шахсиятҳои содиқ ба пешаи омӯзгорӣ Ҷамила Барфакова мебошад. Заҳмати ӯ намунаи олии муҳаббат ба пешаи омӯзгорӣ ва хидмат ба наслҳои ояндаи ин кишвари адабпарвар мебошад.
Таҳсил ва оғози фаъолияти омӯзгорӣ
Муаллима Ҷамила Барфакова шахсияте мебошад, ки роҳи илму маърифатро бо эҳсоси баланди масъулият ва муҳаббати беандоза ба пешаи омӯзгорӣ паймудааст. Таҳсилоти олиро дар яке аз муассисаҳои маъруфи кишвар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2001–2005) ба анҷом расонида, бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ба арсаи таълиму тарбия ворид гардидааст. Номбурда ба зодгоҳаш – ноҳияи Кӯшониёни имрӯза, бозгашта, бо дили пурмеҳру нияти наку хидмати содиқонаашро ба мактабу маориф оғоз мекунад. Ӯ на танҳо омӯзгор, балки равшангарест, ки бо меҳру муҳаббат ва масъулияти том шогирдонро тарбия мекунад. Ҳар дарсе, ки бо садояш оғоз меёбад, на танҳо дарс, балки як лаҳзаи рӯшангарӣ ва омӯзиши зиндагист. Ӯ бо заҳмати пайваста, дониши амиқ ва рафтори намунавӣ байни ҳамкорон эҳтиром ва миёни шогирдон ҷойгоҳи вежае пайдо кардааст. Омӯзгорест, ки ҳамеша бо эҳтиром, самимият ва табассуми гарму руҳбахш ба шогирдон рӯ меорад, таваҷҷуҳи онҳоро ба хеш ҷалб мекунад ва дар ниҳоди онҳо муҳаббат ба илму донишро бедор месозад. Яъне, аз дарсҳои муаллима эҳсос мегардад, ки мавсуф барои пешаи омӯзгорӣ офарида шудааст.
Услуб ва муносибати касбӣ
Таҳлили касбӣ доир ба кори муаллима нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои аслии муваффақ шуданашон дар ҷодаи илму маърифат, дар баробари дониш, таҷрибаи зиёд ва маҳорати баланди педагогӣ ва истифодаи усулҳои фаъоли таълим мебошад. Маҳз истифода аз равишҳои фаъоли низоми таълим барояш имкон додааст, ки садҳо шогирдро ба роҳи неки зиндагӣ роҳнамоӣ намояд. Вай дорои услуби хоси таълим аст, ки бо муҳаббат, фаҳмиш ва сабр омехтааст. Ҳар як дарсаш барои хонандагон ҷолиб, равшан ва ҳадафманд мебошад. Қаҳрамони қиссаи мо бо истифода аз технологияи муосири таълимӣ ва усулҳои фаъол хонандагонро ба омӯзиш ҷалб мекунад. Ҳамчунин, ҷиҳати тарбияи ахлоқии хонандагон ва ташаккули хислатҳои неки инсонӣ, аз қабили ростгӯӣ, инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ пайваста меҳнат мекунад.
Нақши ҷамъиятӣ ва тарбиявӣ
Ҷамила Барфакова на танҳо омӯзгор, балки шахсияти фаъол ва ташаббускор дар ҳаёти ҷамъиятӣ низ ба шумор меравад. Ӯ бо ҳисси масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба касб дар ҳама гуна чорабиниҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ саҳми намоёни худро мегузорад. Дар доираи маҳфилҳои фаннӣ, озмунҳо ва рӯзҳои фарҳангии мактаб ҳамеша нақши созанда дорад ва омӯзандагони зиёдро барои иштирок дар чорабиниҳои равшаннамоӣ раҳнамоӣ мекунад.
Ҳамчун мураббии синф дар тули фаъолияташ худро шахси меҳрубон ва пуштибони ҳамешагии шогирдон нишон додааст. Мекӯшад муҳити солим, дӯстона ва эҳтиромомез миёни хонандагон ҳукмфармо бошад. Омӯзгор ба масоили ахлоқии шогирдон аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад ва бо ҳассосияти касбӣ ба таҳкими рафтори нек ва тарбияи ватандӯстона машғул мешавад.
Муносибати самимӣ ва ҳамкории зич бо волидон низ яке аз бахшҳои муҳимми кораш мебошад. Омӯзгори ботаҷриба бо падару модари шогирдон пайваста дар тамос буда, барои беҳтар шудани сатҳи таҳсил, ахлоқ ва интизоми фарзандонашон маслиҳатҳои судманд медиҳад. Ҳамзамон, ӯ бо диди некбинона ва масъулият дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии хонандагон иштирок мекунад, ки ҷойгоҳашро дар миёни ҳамкорон ва ҷомеа арзишманд мегардонад.
Эътироф ва қадрдонӣ
Заҳматҳои пурсамар ва кори содиқонаи Ҷамила Барфакова дар самти таълиму тарбия аз ҷониби ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ ба таври шоиста қадрдонӣ шудаанд. Ӯ тарбиятгари ҳақиқӣ ва роҳнамои роҳи насли наврас маҳсуб меёбад ва ҳар лаҳзаи заҳматаш бо масъулият омехта буда, самараи онро дар муваффақияти шогирдонаш дидан мумкин аст.
Дар ин ҳама соли фаъолияти омӯзгорӣ борҳо бо ифтихорномаҳо ва сипосномаҳои ниҳодҳои гуногун — маориф, мақомоти маҳаллӣ ва роҳбарияти ноҳия сарфароз гардида, дар миёни аҳли маориф ҳамчун мутахассиси кордону муваффақ шинохта шудааст. Шогирдонаш низ, ки имрӯз дар самтҳои гуногуни илму адабу фарҳангу тиб фаъолият мекунанд, пайваста бо меҳру эҳтиром аз омӯзгори худ ёд мекунанд ва ӯро бо ифтихор “устоди зиндагӣ” меноманд.
Таҳти раҳнамоии бевоситаи мавсуф шогирдони зиёд дар озмуну чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ ширкат варзида, соҳиби ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва дипломҳои фахрӣ гардидаанд. Ин ҳама нишонаи равшани он аст, ки ӯ на танҳо дониш, балки ахлоқу адаб ва эҳсоси ватандӯстию меҳнатпазириро дар қалби шогирдон ҷой мекунад.
Қуллаи баландтарини заҳматҳои ӯро метавон дар оғози соли таҳсили 2025-2026 қайд кард, ки маҳз дар ин айём бо унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардид. Ин унвон танҳо ба ашхоси арзанда ва дорои собиқаи пурмаҳсул дода мешавад. Ҷамила Барфакова намунаи омӯзгори идеалӣ ва муосир аст – шахсе, ки бо садоқат ба касб, меҳру муҳаббат ба насли ҷавон ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар дили мардум мақоми хосса дорад.
Хулоса
Дар ҳақиқат, омӯзгорӣ на танҳо шуғл, балки як рисолати муқаддас ва меҳвари таҳаввули маънавии ҷомеа аст. Омӯзгори ҳақиқӣ метавонад бо илму хирад, меҳру муҳаббат ва ахлоқи ҳамида наслҳоро парварида, ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро нишон диҳад.
Ҷамила Барфакова омӯзгорест, ки бо камоли масъулият, садоқат ба пеша ва эҳсоси гарми инсонӣ дар зинаи баланди касбӣ қарор дорад. Ӯ намунаи омӯзгори пешқадаму муваффақ буда, бо табассуму меҳрубонӣ дили шогирдонро тасхир мекунад, бо донишу ҷаҳонбинии васеъ роҳи фардои онҳоро равшан месозад ва бо таҷрибаи ғанӣ дарси ҳаёт меомӯзонад. Ӯ шахсияти арзандаест, ки ҳамкорон эҳтиромаш мекунанд, шогирдон дӯсташ медоранд ва падару модарон ба ӯ бовар доранд.
Дар маҷмуъ, қаҳрамони навиштаи мо мақоми омӯзгорро пос медорад ва дар қалби шогирдон ҳамеша нақши равшани меҳр, ҳидоят ва илҳом мегузорад. Барфакова Ҷамила омӯзгорест, ки бо меҳнати 20-солаи хеш дар рушди маънавии ҷомеа саҳми беандоза мегузорад.
