Парвина ҶАЛОЛОВА,
омӯзгори Донишкадаи давлатии
санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
Вазифаҳои маърифатбахшӣ ва зебоиофарӣ ду рисолати муҳимтарини санъати тасвирӣ ва адабиёти бадеӣ мебошад, ки аз ҳам ҷудонашавандаанд. Аҳаммияти адабиёти бадеӣ дар рушди шахсияти инсон назаррас буда, маҳз санъати тасвирӣ барои анҷоми ин вазифа ба адибон ёрӣ мерасонад.
Аз анвои гуногуни санъати рассомӣ маҳз «иллюстратсия» ё «ороиши китоб» ба хонанда имкон медиҳад, то ки матни асарро амиқтар дарк карда, дар мавриди ҳодисаҳои ҷудогонаи асари бадеӣ бо тасвирҳо худро дар ҳамон муҳит тасаввур кунад. Мутобиқати муҳтавои матн ва расм боиси инкишофи маърифати хонанда, азхудкунии моҳияти асар на танҳо мазмунан, балки аз рӯйи идея ва тасвири ашё, предмет, манзара, воқеа ва сюжет мегардад.
Ороиши китоб имрӯз дар фазои илму адаб аҳаммияти бузург дошта, ба муаллиф ва рассом имкон фароҳам меорад, ки воситаҳои таъсиррасониро ба хонанда тағйир диҳанд, онро ҷолиб ва эстетикӣ ифода кунанд, ба пайдоишу ташаккули идеяҳо ва ҷаҳонбинии нави хонандагон мусоидат намоянд.
Дар санъати ороиши китоб тасвирҳои муқова нақши муҳим ва асосиро мебозад, чунки онҳо тамоми моҳияти матни асарро дар худ инъикос мекунад ва хонандаро бо мазмуни ибтидоии асар ошно месозад. Муқова воситаест, ки китобро дар дасти хонанда нигоҳ медорад ва шавқашро ба хондан меафзояд. Моҳият ва самти асари хондашаванда аз тарафи хонанда маҳз аз расми дар муқоваи он буда муайян мешавад, яъне, агар дар болои асар акси ягон дарранда ё паранда бошад, пас, ин китоб дар бораи олами ҳайвонот маълумот медиҳад ва дигар намунаҳои ба ҳамин монанд, ки ифодагари мазмуни мухтасари асар аст.
Ҳамин тавр, дар мақолаи худ мо кӯшиш намудем, ки дар бораи нақши тасвири китобӣ ё ороиши муқова дар тарбияи маърифатии хонанда ба ҳаводорони маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” маълумот диҳем. Ҳангоми таҳқиқи нақши расмҳо дар раванди инкишофи хонанда набояд таъсири равонии санъатро ба хотираву ҳолати равонии кӯдак фаромӯш кард. Масалан, вақте хонандаи хурдсол дар паҳлуи калонсол нишаста, ба тасвири муқова, ки дар он аксҳои ваҳшатангез тасвир шудаанд, нигараду роҷеъ ба мазмуни асар, ки дорои ҳолати тарсзо аст, бо хонандаи калонсол суҳбат кунад, дар ботини ӯ тарс пайдо шуда, завқаш нисбат ба хондани ҳамин асар аз байн меравад, зеро маҳз ороиши муқова муайян менамояд, ки хонанда ба китоб рағбат пайдо мекунад ё не. Ё агар дар рӯйи муқова аксҳои ҳайвонот дар шакли филмҳои тасвирӣ дарҷ шуда бошад, ҳатман ба кӯдак илҳом мебахшад, зеро ӯ дарк мекунад, ки ин китоб бачагона аст. Ҳамин тавр, ороиши муқова ва китоб барои тарбия ва ҷалби хонанда нақши муҳим дорад.
Аслан, истифодаи тасвир дар китобҳо таърихи қадимӣ дорад. Дар ҳазораи III то милод дар Миср папирус ихтироъ шуд, ки дар он аввалин китобҳо навишта мешуд ва ҳатман қисмати болову поёнаш аз аксу ишораҳои гуногун иборат буд. Муҳаққиқон ин намуди китобҳоро таҳқиқ намуда, муайян кардаанд, ки китобҳои папирусии замони Миср бо хатти тасвирӣ навишта шуда, аз тасвири ҳайвонҳои ваҳшӣ, кӯҳу манзараҳо, харитаҳо, ҷанговарон ва монанди ин, иборат будаанд. Дар китобҳои папирусӣ дастури доруҳо, эълонҳо, матнҳои шодиву мотам ва монанди ин, бо фарогирии тасвирҳо чоп шудаанд, ки аз аср то аср бодиққат нусхабардорӣ ва нигоҳ дошта мешаванд.
Дар давраи эллинизм (соли 332 пеш аз милод) китоб дар миёни ҷомеа мақоми нав пайдо кард. Минбаъд дастнависҳо бо теъдоди зиёд нусхабардорӣ, ҳадя, ҷамъоварӣ ва фурӯхта мешуданд. Маҳз дар ин давра Миср содироти папирусро ба берун манъ кард, зеро теъдоди китобҳо афзуда, талабот ба истеҳсолот зиёд шуд.
Пас аз ин, воситаи нав барои таҳияи китоб бо номи пергамент ихтироъ шуд, ки аз пӯсти ҳайвонҳо таркиб ёфта буд. Пергамент дар замони ҳукмронии подшоҳи Пергамон Евмени II (197-159 пеш аз милод) ихтироъ шуда, махсусияташ дар он аст, ки вақти дуқату чорқат кардан намешиканад ва дар рӯйи он аз ҳар ду тараф навиштану расм кашидан мумкин буд. Барои ҳамин пергамент зуд ба ҷойи папирус гузашт, ҳарчанд арзиши он арзон набуд.
Бо ихтирои пергамент намунаи аввалин модели муосири китоб пайдо шуд. Ин китобҳо дар шакли бозичаҳои хурд сохта шуда, чун туҳфаҳои ранга буданд, ки мазмунашон воқеаву афсонаҳои мифологӣ ва аксҳои марбут ба онро дарбар мегирифт. Ин китобчаҳо оғози марҳилаи санъати ороиши китоб гардида, бозори ороишгариро ба вуҷуд овард, зеро то пайдоиши онҳо танҳо китобҳои илмӣ ва баъзан романҳо нашр карда мешуданд, ки на расм, балки рамз доштанд.
Бо рушди илму адаб ва технологияи нав китобҳои дарсӣ, рисолаҳо ва тадқиқоти замонавӣ ба вуҷуд омаданд. Талабот ба китоб чандин баробар афзуд ва маҳз ҳамин омил боиси пайдоиши аввалин дастгоҳҳои чопи китоб дар соли 1045 гардид, ки истифодаи расмро дар муқова ва дохили саҳифа бамаротиб бештар карда, санъати нав – иллюстратсияро асос гузошт.
Иллюстратсия аз калимаи лотинии “illustrare” — «равшан кардан» гирифта шуда, тасвиру нақшҳоеро дарбар мегирад, ки матни бадеиро ба таври образнок шарҳ медиҳанд ва дар айни замон, китобро оро дода, сохтори ороишии онро бой мегардонад. Хусусияти иллюстратсия ҳамчун жанри санъати тасвирӣ дар он аст, ки сохтори он ба як матои орододашуда асос ёфта, ба вазифаи мушаххас — равшанӣ андохтан ва фаҳмонидани матн тобеъ гардидааст. Иллюстратсия ҳамчун воситаи визуалӣ ба сохти идеявию образии асари матнӣ сахт вобаста аст, чунки тасвирҳои китоб бо тамоми унсурҳои асар ва муҳимтар аз ҳама, бо матни асар, хатти сюжет ва услуби он марбут мешавад. Иллюстратсияи бадеӣ ҳамеша бо матни китоб тавъам буда, ба он ягонагии ҷудонашаванда мебахшад.
Ҳангоми таҳияи китоб интихоби тасвирҳо барои муқова ва дохили саҳифа яке аз лаҳзаҳои муҳим ва асосӣ дар роҳи омодагӣ ба эҷод мебошад. Ҳам адиб ва ҳам рассом аз ҳам ҷудо нашудани матн ва тасвирро дар китоб якдилона мехоҳанд. Муҳаққиқи соҳа К. И. Чуковский дар китоби худ «Аз ду то панҷ» ба адибон тавсия намудааст, ки ҳангоми навиштани китоб чунин талаботро риоя кунанд: «…эҷоди мо бояд графикӣ бошад, яъне, дар ҳар як мисраъ ва ё ҷумла барои рассом мавод бошад, зеро ба тафаккури бачаҳои хурдсол образи мутлақ хос аст. Аз ин рӯ, китобҳое, ки бе расм чоп мешаванд, нисфи таъсирнокии худро гум мекунанд». Ба таъкиди ин муҳаққиқ, ҳангоми интихоби расмҳо набояд фаромӯш кард, ки онҳо на танҳо матнро шарҳ медиҳанд, балки ғоя, фантазия ва ҷаҳонбинию тасаввуротро фаъол мегардонанд ва завқи эстетикиро мепарваранд. Вобаста ба синну сол хонанда усулҳои нигоҳ ба китобро дар худ ташаккул медиҳад, ки ин равандро метавон ҳамчун як бозии зеҳнӣ бо тасвирҳо бо истифода аз воситаҳои мушаххаси графикаи китоб ифода кард.
Ҳамин тавр, дар санъати ороиши китоб чанд намуди расм истифода мешаванд: нақлӣ (тасвири ҷанги тан ба тан, ҷанги гурӯҳӣ, шикор ё монанди инро, ки чизеро дар худ нақл мекунад); тасвирӣ (портретҳо, тасвирҳои ашё ва ё персонажҳо тавассути имову ишора ва ифодаи чеҳраи онҳо); метафора (умумӣ гардонидани афкори муаллиф дар шакли рамз); истиоравӣ (тасвир дар шакли афсонаҳо ва ё эпосҳо, ки афкори муаллифро ба таври образнок баён мекунанд); синтетикӣ (маҷмуи лаҳзаҳои як асарро аз замонҳои гуногун ва фазоҳои гуногун ифода мекунанд) ва ғайра. Инчунин, намуди омехта низ ҳаст, ки ҳамаи намудҳои тасвирҳо дар дохили як намуд метавонанд ба ҳам омезиш дода, пайваст кунад.
Бояд гуфт, ки дар фарҳанги миллати тоҷик китоб мақоми шоиста дошта, китобхонаҳо вазифаи коргоҳи китобатро низ доштанд, ки хаттотону рассомон ва котибон дар он адои хидмат менамуданд. Дар он ҷо мусаввирон дастнависҳоро ороиш медоданд.
Дар асри XVI ороиши бадеии китобҳои дастнавис ба ҳукми анъана даромада, ба дараҷаи баланд расид. Сарчашмаҳои таърихӣ номи беш аз чил хаттоти маъруфи тоҷикро дар ин давра зикр кардаанд, ки дар миёни онҳо Султон Мираки Муншӣ, Миралии Ҳиравӣ, Султон Алии Убаҳӣ, Алии Машҳадӣ ва Юсуфбеки Тушмал машҳуртарини давр буданд.
Дар ин замон китобхонае, ки дар назди дарбори Абдулазизхони Шайбонӣ фаъолият мекард, машҳур шуда буд. Дар ин китобхона хаттотон ва мусаввирони маъруф кор карда, ба хушнависӣ ва нусхабардории осори таърихиву адабӣ ва девонҳои шоирон машғул буданд. Мусаввирон китобҳои хаттотишударо бо расму миниатюраҳои гуногун ороиш дода, дар эҷодиёти худ анъанаҳои Камолиддин Беҳзодро идома бахшиданд. Мавзуи минниатюраҳои ин мактаби ҳунарӣ тавсифи табиат, маҷлиси зиёфат, шикор, мусобиқаҳо, инчунин, ба мавзуи тарбиявӣ бахшида шуда буд.
Дар нимаи аввали асри XVI мактаби мусаввирони Бухоро ташкил ёфт, ки рассомон бо асарҳои худ китобҳои дастнависро ороиш медоданд. Мактаби мусаввирони Бухоро, баъд аз он ки мактаби Ҳирот дар асари ҷангҳо миёни Шайбониён ва Сафавиён пароканда шуд, шуҳрати бештар ёфт. Дар ташаккули мактаби рассомии Бухоро гурӯҳе аз мусаввирони Ҳирот, ки иддае ба ихтиёри худ ва иддаи дигар маҷбурӣ ба Бухоро оварда шуда буданд, нақши муҳим бозиданд. Мусаввирон кӯшиш карданд, ки муҳит ва атрофиёнро дар осори хеш воқеъбинона таҷассум кунанд ва намунаҳои онро мо имрӯз дар асарҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно ва дигар китобҳои адибони ин давра мебинем.
Ҳамин тариқ, тасвири китоб ҳамчун як навъи махсуси санъати тасвирӣ дар ташаккули дарки ҷаҳон, ҳассосияти эстетикии хонанда ва тарбияи маърифатии ӯ таъсири калон мерасонад. Маводди тасвирӣ ҳамчун иттилооти визуалӣ истифода мешаванд. Дар китобҳои муосир тасвирҳо вазифаи асосии зеринро иҷро мекунанд: маърифатӣ, тарбиявӣ, эстетикӣ.
Хулоса, имрӯз дар бозори коргарии ҷаҳон талабот ба касби мазкур бениҳоят зиёд аст, зеро тибқи иттилои оморӣ соле дар ҷаҳон то 20 миллион намунаи китобу маҷалла нашр мешаванд, ки дар муқова ва дохили саҳифаҳои ҳамаи онҳо тасвирҳо ҷой доранд. Бинобар ин, талабот ба рассом-ороишгари китоб дар ҷаҳон, аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоно боқӣ мемонад. Бо дарназардошти ҳамин талабот имрӯз дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ихтисоси ороиш ва расмҳои китоб амал мекунад, ки мутахассисони сатҳи миёна ва олии касбиро аз рӯйи ин пеша омода менамояд. Вазифаи ин мутахассисон омода намудани муқоваи асари илмӣ, адабӣ ва бадеӣ, тасвири наққошиву расмҳои дахлдор ба муҳтаво дар дохили саҳифаҳо, тарроҳии саҳифаҳои китоб, маҷалла ва дигар навъи асарҳо ва монанди ин мебошад. Мутахассисони ин пеша дар коргоҳҳои ноширӣ ва идораи редаксияи маҷаллаву рӯзнома, ҳамзамон, марказҳои табъу нашр кор мекунанд.
