Барои мардуми куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик боиси ифтихор ва сарфарозии бузург аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии меҳани маҳбубамон бо талошҳои пайваста ва хидматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои миллии бостонӣ умри дубора пайдо карда, он ганҷҳои пурбаҳои миллӣ эҳё ва бо шаклу мазмуни нав ба ҳаёти мардуми кишвар рангорангӣ бахшиданд. Маҳз дар солҳои Истиқлоли давлатӣ Наврӯз ҷашни байналмилалӣ гардида, дар баробари он, ҷашнҳои дигари миллӣ, чун Сада, Тиргон, Меҳргон ва амсоли онҳо эҳё гардиданд. Ин ҷашнҳо куҳантарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор маҳсуб ёфта, заминаҳои дақиқи табиатшиносию кайҳоншиносӣ доранд. Ин ҷашнҳои миллии мавсимӣ – Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада падидаи иҷтимоӣфарҳангиеанд, ки аз ҳаводиси табиату ҳаракоти ҷирмҳои кайҳонӣ маншаъ гирифта, онҳоро ниёгони мо – ориёиҳо бунёд гузоштаанд.
Агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврӯз иди баҳор ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас Тиргон ҷашни тобистонаи мардуми ориёитабор мебошад. Дар солшумории шамсӣ (солшумории мардуми эронитабор) ҳар моҳ аз 30 рӯз иборат буда, барои ҳар рӯз дар фарҳанги ниёгонамон номи хосе вуҷуд дорад. Рӯзҳои муқарраргардида хосияти бисёр аҷибе дошта, хусравону маликони ориёитабор барои ҳар рӯз як навъ раёҳин, шукуфа ва як навъ шароб тайёр менамуданд, ки онро ба расми муназзам дар ҷойи худ мегузоштанд. Рӯзҳое, ки дар моҳҳои солшумории шамсӣ муқаррар карда шуда буданд, дар тақвим ба чунин тартиб меоянд: Ҳурмуз, Баҳман, Урдубиҳиштгон, Шаҳривар, Исфандормӯз, Хурдод, Мурдод, Дайбозор, Озар, Обон, Ҳур, Моҳ, Тир, Гӯш, Дайбамеҳр, Меҳр, Сурӯш, Рашн, Фарвардин, Баҳром, Ром, Боз, Дайбодин, Дин, Ард, Аштоз, Осмон, Зомиёз, Морасфанд ва Анирон. Дар солшумории ниёкони мо ҳар рӯз номи махсусе дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан тавъам меомаданд ва ҳар вақте ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ меомад, мардум онро ҷашн мегирифтанд.
Агар аз сӯйи дигар назар андозем, ҷашни Сада ба оташ, Наврӯз ба замин (хок), Тиргон ба об ва Меҳргон ба рӯшноии осмон (ҳаво) иртибот доранд, зеро мазҳару пайдоиш ва ҷавҳари ин ҷашнҳо ба чор унсури муқаддас мепайванданд. Нишонаи дигари ҷашнҳои Тиргону Меҳргон ва Наврӯзу Сада рамзи гардиши офтоб буда, чор тарафи он чор фасли сол, чор нахустасос ва чор ид дар чор фасли сол мебошад.
Яке аз ҷашнҳои миллии ниёгони мо Наврӯз буда, таърихи ҳазорсолаҳо дорад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардуми эронитабор буда, тавре аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ баргузор мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз ба ҳисоб меравад. Наврӯз ҷашнест, ки тамоми олами табиатро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Тибқи иттилои манобеи таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардин, ки бо солшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд.
Бояд қайд кард, ки 18 феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон пазируфта шуд ва ҳамасола 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.
Дигар ҷашни муҳим ва бостонии миллии тоҷикон Тиргон мебошад, ки онро мардуми эронинажод бо мақсади талаби борон аз Эзид, шодоб шудани киштзорҳо ва ба ҳамин васила серҳосил омадани сол ҷашн мегирифтанд. Олими номвари тоҷик Дилшод Раҳимӣ вобаста ба таърихи ин ҷашн гуфтааст: «Тиргон дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми эронитабор ба шумор меравад.
Ин ҷашн дар рӯзи 13-уми моҳи тир, ки он рӯзро низ тир меномиданд, баргузор мегашт».
Дар яшти 8-уми китоби муқаддаси ниёконамон – Авесто бошад, Тиштар ситораи сапеду дурахшон ва тавоно мебошад, ки сиришти об дораду нажодаш аз Апам Напат (эзади обҳо) аст. Тиштар ба колбадҳои марди ҷавони неруманд, аспи сафеди заррингӯш ва гови зарриншох медарояд ва бо деви хушксолию беборонӣ Апаоша, ки мехост ҷаҳонро аз беобӣ табоҳ созад, мубориза мебарад. Дар набарди аввал Апаоша ғолиб меояд ва пеши дарёи Фарохкартро мебандад, абрҳои бороноварро пора-пора мекунад, аммо дар набарди дуюм Тиштар неру гирифта, деви хушксолиро шикаст медиҳад. Аз он пас абрҳо пурбор шуда, боронҳои фаровон ба кӯҳу дашту даман меборанд ва табиат сарсабз гашта, ҳаёти осудаву хуррам оғоз мешавад.
Дар ин маврид Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» (21-23.10.2019) иброз доштаанд: «Мо, мардуми тоҷик бо мероси бузурги Сомониён ифтихор дорем ва анъанаву суннатҳои бостонии худро гиромӣ медонем. Як қисми ин мероси камназир падидаи нодири фарҳангӣ дар тамаддуни башарӣ ба ҳисоб рафта, таърихи боз ҳам қадимтар дорад, ки ҷашну маросим ва оинҳои Наврӯз, Тиргон (ҷашни қадимаи фасли тобистон), Меҳргон ва Сада аз ҳамин қабиланд.
Ин оинҳои бостонии ориёитаборон, бидуни вобастагӣ аз ҳама гуна унсурҳои диниву мазҳабӣ, дар миёни мардум маҳбубият пайдо карда, тадриҷан мақоми умумихалқӣ касб намудаанд».
Дар гузашта дар рӯзи Тиргон дар байни қавмҳои ориёӣ маросими дигаре бо номи Обрезгон баргузор мешудааст. Дар замони шоҳигарии Пирӯзи сосонӣ, ниёи Хусрави Анӯшервон дар ориёнзамин ҳафт сол хушксолӣ рӯй дода, борон намеборид. Мардумону ҷонварон ва гиёҳон аз ин хушксолӣ маҳв мешуданд. Ин вазъро дида шоҳ Пирӯз фармон дод, ки дар оташкада барои даъвати борон ба ибодат пардозанд. Ниҳоят баъди ҳафт сол дар рӯзи Тир борон борид. Ба хотири ин борони таърихӣ Пирӯзшоҳ амр намуд, ки ин рӯзро Обрезгон ном гузоранд ва онро ҳар сол ҷашн бигиранд. Дар ин ҷашн эрониёни қадим даруну беруни хонаро об пошида мерӯфтанд, либоси тоза мепӯшиданд.
Дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнҳои аҷдодии мардуми форсизабон ҷашни Меҳргон қарор дошта аз таърихи куҳан дорад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили деҳқон мебошад. Ба ҷашни Меҳргон истиқлол умри дубора бахшид. Меҳргон дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳ таҷлил мегардад. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлат саҳми арзанда мегузоранд. Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст.
Ҳаким Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома»-и безаволи хеш пайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Писари шоҳ Шопури Сосонӣ – Ҳурмуз дар ин самт қадамҳои аввалинро гузошт ва бо гузашти замони муайян Меҳргон шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо намуд, ки дар замони салтанати Сомониён ба авҷи баланд расид. Мутобиқи солшумории яздигурдӣ, ки бо ибтикори шоҳ Яздигурди Шаҳриёр давоми асрҳои IV-VI тақвими маъмурии шоҳони сосонӣ буд, моҳи панҷуми сол Меҳр ном дошт. Ин моҳ дар байни мардуми мо бо номи Мизон ҳам маъмул буда, давомнокиаш 30 рӯз аст ва аз 23 сентябр то 22 октябр давом мекунад.
Сада низ яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти оини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд. Ҷашни Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон расонандаи муждаи баҳор буд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.
Сада ном гирифтани ин ҷашн беҳуда нест, зеро он аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони баруманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд ва он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро дар бар мегирифт.
Сарфи назар аз далоили таърихӣ ва сарчашмаи илмӣ, маҳз бо шарофати истиқлоли комили сиёсӣ ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанг, суннат ва анъанаҳои бостонии миллии тоҷикон эҳё гардида, на танҳо таърихи куҳан, фарҳанги бой ва тамаддуни пурғановат доштани миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ собит намуданд, балки баҳри рушди худогоҳию худшиносӣ ва рушди фарҳанги миллӣ мусоидат намуданд. Зеро тамоми ин расму оинҳо ва ҷашну маросимҳои миллии тоҷикон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони шодию сурур, зиндагии хушу гуворо ва ҳаёти орому осудаи мардумро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамоянд.