Баҳори гулфишон астӣ, муаллим,

Ба тан гӯё чу ҷон астӣ, муаллим.

Ба мисли рӯди Cайҳун, рӯди Ҷайҳун

Пайи дониш равон астӣ, муаллим.

  

Натанҳо рӯди Сайҳун, рӯди Ҷайҳун,

Ба шуҳрат рӯди Вахшӣ, рӯди Панҷӣ.

Ҳалолат бод нону обу сарват,

Ҳамеша нуктафаҳмӣ, нуктасанҷӣ.

 

Будам ман ҳам муаллим як замоне,

Ба тифлони дабистон дарс додам.

Ба тифлон дарс доданҳоям асло

Бурун қадре намегардад зи ёдам.

   

Набошад гар муаллим, рӯзи равшан

Ба чашми ҷумла инсон шоми тор аст.

Бародарҳо, рафиқон, ошноҳо,

Муаллим офтоби рӯзгор аст.

 

 

Нуруллоҳи ОРИФ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *