Гулафшон НИЁЗОВА,
омӯзгори Литсейи Умари Хайёми
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас марҳилаи наву созандаро оғоз бахшид. Созмони хонандагон яке аз ниҳодҳои муҳимми ҷамъиятӣ мебошад, ки тули 26 сол фаъолияти пурсамар дошта, дар рушди шахсияти хонандагон саҳми арзанда гузоштааст. Ин ниҳод, ки мактаби ҳаёт барои ташаккули шаҳрвандони фаъол, соҳибмаърифат ва ватандӯсти кишвар ҳисоб меёбад, дар натиҷаи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ва тарбияи насли нав рушду такомул ёфт. Ҳоло дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони хонандагон дар се зина — “Ахтарон”, “Ворисони Сомониён” ва “Сомониён” фаъолият дорад ва дорои нишон, парчам, суруд ва шиор мебошад.
Созмони хонандагон дар оғоз бо мақсади муттаҳид сохтани хонандагон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҷалби онҳо ба ҳаёти фаъоли иҷтимоӣ таъсис дода шуд. Дар он солҳо ҷомеа ба неруи ҷавон ниёз дошт ва мактаб ҳамчун макони илму адаб дар тарбияи шаҳрвандони оянда нақши калидӣ мебозид.
Ҳадафи асосии ин ниҳод аз тарбия намудани хонандагони босавод, боахлоқ, ватандӯст ва фаъолу меҳанпараст иборат буд. Дар ин марҳала диққати асосӣ ба корҳои тарбиявӣ, баргузории суҳбатҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ равона мешуд. Хонандагон дар муҳити ин ташкилот маънии ҳамкорӣ, дӯстӣ ва масъулиятшиносиро меомӯхтанд. Рушд ва густариши фаъолияти он дар ин замина ташкил карда шуда, бо гузашти солҳо доираи фаъолияташ васеъ гардида, ба як неруи воқеии тарбиявӣ табдил ёфт. Баргузории озмунҳои илмӣ, маҳфилҳои адабӣ, чорабиниҳои варзишӣ ва мулоқот бо шахсиятҳои маъруф ба анъана табдил ёфтанд.
Созмони хонандагон барои ошкор ва рушди истеъдоди донишомӯзон шароити мусоид фароҳам овард. Хонандагон имкон пайдо карданд, ки қобилиятҳои суханварӣ, эҷодӣ, роҳбарӣ ва ташаббускории худро инкишоф диҳанд. Маҳз дар доираи ин ташкилоти иҷтимоӣ бисёре аз ҷавонон роҳи дурусти ҳаёти худро пайдо намуданд. Илова бар ин, ба таълимгирандагон имкон фароҳам омад, ки вақти холии худро самаранок истифода баранд. Онҳо ба ҷойи бекорӣ ё машғулиятҳои бефоида, ба чорабиниҳои гуногун ‒ маҳфилҳои адабӣ, озмунҳо, корҳои ҷамъиятӣ ва дигар маъракаҳои мактабӣ ҷалб гардиданд. Инчунин, робитаи мустаҳками байни хонандагон ва омӯзгорон таъмин гардид. Ҳангоми баргузории чорабиниҳо хонандагон бо омӯзгорон ҳамфикр шуда, ба ин восита, аз ҳамдигар фарҳанги муошират кардану ба якдигар эҳтиром гузоштанро меомӯзанд. Ин робита фазои солими тарбиявиро дар мактаб ба вуҷуд овард.
Нақши дигари ин ташкилот дар анҷоми вазифаи омода намудани хонандагон ба ҳаёти ҷамъиятӣ зоҳир мегардад. Хонандагон мефаҳманд, ки ҳар як шахс дар ҷомеа масъулият дорад ва барои анҷоми он бояд кӯшиш намояд. Ин фаҳмиш дар онҳо ҳисси шаҳрвандӣ ва масъулияти иҷтимоиро ташаккул медиҳад. Хонандагоне, ки дар фаъолияти чунин ниҳоди муҳим иштирок мекунанд, дар оянда ҳамчун шахсони бофарҳанг, масъулиятшинос ва ватандӯст ба ҷомеа ворид мегарданд.
Ҷалб намудани таваҷҷуҳи хонандагон ба ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз дастовардҳои асосии созмони хонандагон дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҳисоб меёбад. Дар муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳо, озмунҳо, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва мулоқот бо шахсиятҳои маъруф баргузор мегарданд. Ин фаъолиятҳо истеъдоди хонандагонро ошкор намуда, дар онҳо ҳисси масъулият, ҳамкорӣ ва маҳорати роҳбариро ташаккул медиҳанд. Тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳии миллии хонандагон дастоварди дигар аст, ки дар заминаи ташкили чорабиниҳо ба муносибати ҷашнҳои миллӣ, рӯзҳои таърихӣ ва ёдбуди шахсиятҳои барҷастаи миллат тарҳрезӣ шуда, дар боло бурдани эҳсоси эҳтиром ба арзишҳои миллӣ саҳм мегузорад. Ин раванд дар шароити ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи ҳувияти миллӣ аҳаммияти хос дорад.
Ҳамчунин, созмон дар таҳкими ахлоқи ҳамида ва интизоми хонандагон нақши муассир мебозад. Тавассути корҳои таблиғотӣ, аксияҳои хайриявӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ хонандагон ба инсондӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва ёрии ҳамдигар одат мекунанд ва чунин таҷрибаҳо онҳоро барои ҳаёти мустақилона омода месозанд.
Бешак, Созмони хонандагон дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба мактаби касби таҷриба ва маҳорати роҳбарӣ табдил ёфтааст. Хонандагоне, ки дар фаъолияти он иштирок мекунанд, малакаи суханварӣ, идоракунӣ ва кор дар гурӯҳро аз худ менамоянд. Ин хусусиятҳо дар оянда ба онҳо имкон фароҳам меоранд, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ фаъол бошанд. Ҳамчунин, тавассути он ҳисси меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба касбу ҳунар дар қалби хонандагон парвариш меёбад. Чорабиниҳои ободонӣ, корҳои ҷамъиятӣ ва аксияҳои хайриявӣ хонандагонро ба кори дастаҷамъона ҷалб намуда, онҳоро ба инсонҳои ғамхору масъулиятшинос табдил медиҳад.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ муносибати омӯзгор ва хонанда бар пояи ҳамкорӣ ва эҳтироми мутақобил устувор гардидааст. Ин рисолат аз тарбияи насли бедордил, созанда ва ватандӯст иборат мебошад. Агар созмони мазкур дар ҳамин руҳия фаъолиятро идома диҳад, ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам дурахшонтар хоҳад шуд.
Ҳамчунин, ин созмон дар самти баланд бардоштани маърифати ахлоқӣ ва ҳуқуқии хонандагон фаъолияти назаррас дорад. Тавассути суҳбатҳо, машғулиятҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои маърифатӣ хонандагон бо меъёрҳои ахлоқ, қонун ва қоидаҳои ҷамъиятӣ шинос мешаванд. Ин омӯзишҳо онҳоро ба риояи интизом ва эҳтироми ҳуқуқи дигарон водор месозад. Он дар пешгирии падидаҳои номатлуб низ саҳм мегузорад. Бо ташкили чорабиниҳои фоидаовар ва ҷалби хонандагон ба корҳои эҷодӣ ва варзишӣ, вақти холии онҳо ба таври самаранок истифода мешавад. Ин омил боис мегардад, ки хонандагон аз роҳҳои нодуруст дур бошанд ва ба зиндагии солим рӯ оранд.
Ҳамзамон, фаъолияти ин ниҳоди ҷамъиятӣ ба таҳкими ҳамкории мактаб бо волидон ва ҷомеа мусоидат мекунад. Дар чорабиниҳои гуногун иштироки падару модар ва намояндагони ҷомеа ба роҳ монда шуда, ба ин восита, робитаи мактаб ва муҳити иҷтимоӣ мустаҳкам мегардад. Ин ҳамкорӣ барои тарбияи дурусти хонандагон заминаи боэътимод фароҳам меорад.
Дар муассисаи мо, ки се зинаи созмони хонандагон мустақилона амал менамоянд, барои тарбияи ахлоқию меҳнатдӯстии таълимгирандагон заминаи хуб фароҳам оварда шудааст. Дар синфхонаҳо гӯшаҳои махсус бо шиору овезаҳои ватандӯстонаю меҳанпарастона овезон карда шудаанд ва намояндагони онҳо дар синфхонаҳо мақсади ташкилотро таблиғ мекунанд. Дар чорабиниҳои пагоҳирӯзӣ низ моҳият ва мақсади ташкилот пурра баррасӣ гардида, барои ҳар зина вазифаҳо дода мешавад.
Бояд таъкид намуд, ки дар муассисаи мо Созмони хонандагон ба тарбияи эҳсоси худогоҳӣ ва масъулияти иҷтимоии хонандагон аҳаммияти махсус медиҳад. Хонандагон мефаҳманд, ки ҳар амали нек ё бади онҳо ба ҷомеа таъсир мерасонад ва онҳо барои рафторашон дар назди худ, мактаб ва ҷомеа ҷавобгар мебошанд. Ин андеша дар шуури онҳо аз айёми мактабӣ ҷой гирифта, дар зиндагии минбаъда роҳнамои онҳо мегардад.
Дар фарҷом метавон гуфт, ки Созмони хонандагон танҳо як сохтори расмӣ набуда, балки мактаби ҳақиқии ҳаёт барои ба камол расидан ва ба инсони мустақил, фаъол ва соҳибандеша табдил ёфтани хонандагон мебошад.
