
Мураттиб Саъдӣ ҚОСИМӢ,
профессори кафедраи методикаи таълими забон ва
адабиёти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Нигоҳе ба вожаи “Тиргон”
Тиргон калимаи тоҷикӣ-форсӣ буда, аз ҷузъҳои “тир” ва “гон” иборат аст. Тир ба маънои номи моҳест, ки ба фасли тобистон рост меояд. Пасванди “гон” бо решаи “тир” тобиши маъноии мансубиятро ифода мекунад. Ба таъбири дигар, Тир номи эзади борон дар боварҳои Эрони бостон буда, дар Авесто дар шакли Тиштарйа, дар паҳлавӣ Тиштар ва дар форсии навин бо номҳои Тиштар ва Тир зикр шудааст. Тиштар, инчунин, номи ситораи рахшонтарин буда, бо номи ситораи Сириуси юнонӣ ҳамреша аст.
Тиргон яке аз ҷашнҳои аҷдодӣ дар тиррӯз аз тирмоҳ, баробар бо 13-уми Тир, дар ҳоли ҳозир аз 21 июн то 21 июл баргузор мешавад. Ин ҷашн дар гиромидошти Тиштар (ситораи бороновар) аст. Чӣ тавре ки шоир Шамсии Фахрӣ навиштааст:
Ба рӯзи тиру маҳи тир азми шодӣ кун,
Ки аз сипеҳр туро фатҳу нусрат омад тир.
Агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврӯз – иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони эронитабор буд, ки мутобиқ ба 1-уми июли тақвими григорианӣ таҷлил мешуд.
Тиргон ҳамчун ҷашни тобистонӣ, дар маҷмуъ, ҷашни сулҳу ваҳдат, ҷашни моҳу рӯз, ҷашни борону об бар зидди хушксолӣ, ҷашни оини обпошон, ҷашни пӯхтани меваю гандум, ҷашни ситораи нависандагон буда, аз ҳикмати нурофари ориёитаборон шаҳодат медиҳад.
Сайри таърихии Тиргон
Вазифаи Тиштар об гирифтан аз дарёи Фарохкарт ва онро дар шакли борон резонидан ба заминҳои аҳуроӣ омадааст. Дар яшти ҳаштуми Авесто («Тир-яшт») Тиштар ситораи сапеду дурахшон ва тавоност, ки сиришти об дораду нажодаш аз Апам Напат (Эзади обҳо) аст. Тиштар ба колбадҳои марди ҷавони неруманд, аспи сафеди заррингӯш ва гови зарриншох медарояд ва бо деви хушксолию беборонӣ Апаоша, ки мехост, ҷаҳонро аз беобӣ табоҳ созад, мубориза мебарад. Дар набарди аввал Апаоша ғолиб меояд ва пеши дарёи Фарохкартро мебандад, абрҳои бороноварро пора мекунад, аммо дар набарди дуюм Тиштар деви хушксолиро шикаст медиҳад. Аз он пас абрҳо пурбор шуда, боронҳои фаровон ба кӯҳу дашту даман меборанд ва табиат сарсабз гашта, ҳаёти осудаву хуррам оғоз мешавад.
Дар замони шоҳигарии Пирӯзи Сосонӣ дар Эрон ҳафт сол хушксолӣ рӯй дода, борон намеборид. Мардумону ҷонварон ва гиёҳон аз ин хушксолӣ маҳв мешуданд. Ин вазъро дида, шоҳ Пирӯз фармон дод, ки дар оташкада барои даъвати борон ба ибодат пардозанд. Ниҳоят, баъди ҳафт сол дар рӯзи Тир борон борид. Ба хотири ин борони таърихӣ Пирӯзшоҳ амр намуд, ки ин рӯзро Обрезгон ном гузоранд ва онро ҳар сол ҷашн бигиранд.
Дар ин ҷашн эрониёни қадим даруну беруни хонаро об пошида, мерӯфтанд, либоси тоза пӯшида, суфраи идона мекушоянд. Дар он меваю шириниҳо ва хӯришҳои гуногун мегузоранд.
Дар байни тоҷикон дар иртибот бо об, боронталабию қатъи боду борон ва жола бовару эътиқод ва расму оинҳои қадимӣ кам нестанд. Маросимҳои ашаглон, сусхотун, чиллахотун дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон то ба солҳои наздик барои даъвати борон иҷро мешуданд.
Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон дар бораи Тиргон дар сарчашмаҳо маълумоти камтар зикр шудаанд. Тақрибан пас аз асрҳои 14-15 роҷеъ ба баргузории Тиргон дар китобҳои таърихию адабӣ хабаре нест. Расму оинҳое, ки дар байни мардум ривоҷ ёфтаанд, ба куллӣ аз байн намераванд ва маъмулан, бо тақозои макону замон, идеология ва сиёсати давлатӣ таҳаввул меёбанд ва унсурҳояшон каму зиёд мегарданд.
Бояд ёдовар шуд, ки нишонаҳои ҷашни Тиргонро дар пайвастагии оинҳои фасли тобистон дар байни тоҷикон ва ориёитаборонии Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳое, ки дар домани фарҳанги мардуми эронитабор парвариш ёфтаанд, метавон ҷуст. Аз ҷумла, тавре ки дар байни тоҷикон калонсолон ёд мекунанд, баромади ситораи Суҳайл (Тиштар) ба рӯзи чиллаи тобистон мувофиқ аст. Аз намоён шудани он мардум шодмонӣ мекунанд ва хушҳол мешаванд, ки зиндагиашон бобаракат мешавад. Яъне, баромади Суҳайл (Тиштар) ин ҳамон нишонаи ҷашни Тиргон аст, ки аз ёдҳо рафтааст. Нишонаҳое аз ин ҷашн дар байни мардуми мо бозмондааст. То солҳои наздик тоҷикон дарави ғалларо бо шодиву сурур анҷом медоданд. Дар минтақаҳои Хатлон, Раштонзамин, водии Ҳисор суруди «Ман доғ», дар маҳалҳои дигари Осиёи Миёна суруди «Майдаё»-ро сароида, рафти кори дарави ғалла, кӯфтан, ҷамъ кардан ва ба анбор ҷо намудани ҳосилро бо шодиву сурур мегузарониданд. Ҳатто ҳангоми «шабдарав» ва бахусус, пас аз анҷоми кор базм барпо карда, хастагии худро мебароварданд.
Як нуктаро низ бояд ба ёд овард, ки 13-уми ҳамаи моҳҳои ниёгон рӯзи тир аст. Ба ин васила, ҷашни Тиргон дар 13-уми моҳи тир аст. Аммо ҷолиб аст, ки ҷашни Тиргонро дар рӯзи 13-уми моҳҳои Фарвардин (баробари 1-2 апрел, ки рӯзи 13 аст, орзуи омадани борон) ва 13-уми Меҳрмоҳ (4-5 октябр, ҷашни тиррӯзӣ) низ таҷлил менамоянд. Бо гузашти замон рӯз ва моҳи ҷашнҳо дар тули таърих тағйир ёфтаанд. Дар ин бора пажуҳандагони тақвимшинос низ ишора намудаанд, ки баробари тағйир ёфтани гоҳшумории мардумӣ ва ё ишғоли як кишвар аз ҷониби кишвари дигар мушоҳида шудааст, ки дар давоми чанд ҳазор сол гоҳшуморӣ низ ба дигаргуниҳо дучор гардад. Аз ҷумла, дар тақвими арманиёни Эрон рӯзи 13-уми январ як навъ оинҳои шодмонӣ доранд, ки ин комилан шабеҳи ҷашни Тиргон аст.
Ривояту устураҳо роҷеъ ба Тиргон
Ба мисли ҷашнҳои дигар роҷеъ ба Тиргон низ устура ва ривоятҳое дар он рӯзгорони дур зиёд буда, баъзеи онҳо дар сарчашмаҳои навишторӣ ва сангнигораҳо то мо расидаанд. Чанде аз он устура ва ривоятҳоро ёдовар мешавем:
Дар таърих санади Тиргон «Рӯзи камон кашидани Ораши камонвар» эътироф шудааст. Дар қиссаҳои гузаштагон чунин оварда мешавад, ки дар ин рӯз, дар мавзеи Табаристон Манучеҳри пешдодӣ аз Афросиёб шикаст хурд ва барои тақсим кардани қаламрав шарте пеш гузоштанд. Яке аз паҳлавонон бо номи Ораши камонвар ба болои кӯҳи Дамованд баромад ва бо тамоми неру камонро кашида, худ пора-пора шуд, аммо тире бо тамоми суръат ба сӯи дарёи Ҷайҳун партоб кард. Тир бо шасти баланд аз субҳ то нимрӯзӣ парвоз карда, ниҳоят ба тани як дарахти бузургу ғафс дар соҳили Ҷайҳун фуруд омад. Аз ҳамон ҷойи тир марзҳои Эрону Турон муқаррар шуд.
Абурайҳони Берунӣ устураи Ораши Камонгирро дар асоси сарчашма ва гуфторҳои мардум хеле хуб баён намудааст. Ба гуфти баъзе пажуҳандагон Ораши Камонгир пас аз раҳо намудани тири камон беҳуш шуда, ба замин меафтад ва баъд Манучеҳр кишварро обод намуда, лашкари худро неруманд месозад ва Орашро сарвари сипоҳиёни тирандоз таъйин мекунанд. Қаҳрамони мардум — Ораши Камонгир ҳамчун тирандози беназир баъдан дар устураҳое пайдо мегардад, ки ӯ ҳамроҳи эзадон бо девон мубориза мебарад. Ин аст, ки тири рахшандаи ӯро ба ситораи Тиштар монанд намудаанд. Тиштар яке аз ситораҳоест, ки дар қисми ҷанубии осмон намоён мегардад. Дар сарчашмаҳо ва дар байни мардум чун ситораи Сайҳун машҳур аст. Олимон ва шоирон онро ситораи Яман ё ситораи Ямонӣ гуфтанд. Тавре ки устурашиносон Пури Довуд, М. Баҳор, Мирчолояди, Ҷ. Дӯстхоҳ, И. В. Рак, А. Раҳмонзода ва дигарон дар асарҳои худ ишора намудаанд, маъмулан, ҳангоми аз даҳон ба даҳон, аз насле ба насле гуфтан як устура ба устураи дигар табдил меёбад.
Аз Тиргон ва аз корномаи паҳлавони беназири миллии мардуми ориётаборон Ораши Камонгир шоирон Фирдавсӣ, Низомӣ, Ҷомӣ, Сиёвуши Кас-роӣ ва дигарон бо меҳр ёд кардаанд:
Ман аз тухмаи номур Орашам,
Чу ҷанг оварам, оташи саркашам.
А. Фирдавсӣ
Ситамдидаро додбахше кунам,
Шаби Тиргонро дурахше кунам.
Н. Ганҷавӣ
Дар гаронмоя равшангуҳар,
Садафвор бар Тиргон баста дар.
А. Ҷомӣ
Вижагиҳои Тиргон
Дар адабиёти мардумшиносӣ оид ба оинҳои Тиргон гуфта мешавад, ки ин ҷашн ба хотири одоб ва русуми махсусаш зебост. Дар он бозиҳо ва обпошӣ мекунанд. Яъне, об дар ин ҷашн мақоми муҳим дорад. Дар даврони бостон Тиргонро дар канори чашма ё рӯдхонае баргузор мекардаанд ва ба рӯи ҳамдигар об мепошидаанд, то гармии Тирмоҳро барҳам зананд.
Баъзе пажуҳандагон бар он ақидаанд, ки ҷашни Тиргон ва ҷашни обпошон ё обрезгон тафовут дорад. Баъдан, онҳо ба ҳамдигар омезиш ёфтаанд. Дар ҳамин ҷо бояд ишора кард, ки оини обрезгон дар баҳорон дар рӯзҳои Наврӯз низ вуҷуд дорад. Ҷашни «обпошон»-ро бо номҳои «обрезагон» ва «саршурон» низ ёд намудаанд.
Ниёгони мо ба навиштан, дар канори сарвати гуфторӣ ба осори навишторӣ низ эҳтиром доштанд. Аз сарчашмаҳо мебинем, ки дар фарҳанги гузаштаи мо қадри адабиёт ва нависанда баланд аст. Ин аст, ки дар замонҳои пеш Тиргон рӯзи бузургдошти нависандагон низ будааст. Воқеа ва ҳодисаҳои дунёро нависандагон дар китобҳо сабт менамоянд. Ба гуфти А. Берунӣ пайравии ҳифзи дунё, яъне, «даҳуфазия», бо деҳқонию зироат, китобат намудан ба ин ду наздик мебошад. Дар асоси сарчашмаҳо ва шунидаҳояш аллома А. Берунӣ дар ин бора низ чунин ишора намудааст: «Ва сабаби дуюм он аст «даҳуфазия», ки маънои он ҳифзи дунё ва нигаҳбонии он аст ва фармонравоӣ дар он ва деҳқанат, ки маънои он иморати дунё ва зироату қисмати он аст, бо ҳам тавъаманд, ки имрони дунёву қивоми олам бад-онҳост ва фасоди олам бад-онҳо ислоҳ мепазирад. Ва китобат дар пайравии он ва наздик ба ин ду мебошад. Аммо «даҳуфазия» аз Ҳушанг содир шуда ва деҳқанатро бародари ӯ Вигард расм намудааст. Ва номи ин рӯз Тир аст, ки Уторид бошад, ки ситораи нависандагон аст… Ва ин рӯзро аз роҳи ҷалолияту иъзом ид гардониданд. Ва дар ин рӯз Ҳушанг мардуми дунёро амр кард, ки либоси котибӣ бипӯшанд. Ва деҳқононро низ бар ҳамин кор амр кард. Ва аз ин рӯз мулуку деҳқонону мубадон ва ғайри эшон ин либосро пӯшиданд. Ва то рӯзгори Гуштосп аз роҳи ҷалолияти китобат ва афзалияти деҳқонон ин расм боқӣ бувад». Ба ин ҷиҳат, ҷашни Тиргон дар гузашта рӯзи бузургдошти нависандагон низ будааст.
Тиргон дар замони Истиқлоли давлатӣ
Инак, бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар ҷашнҳои аҷдодӣ ҷашни Тиргон низ дубора эҳё шуд. Таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба гиромидошту эҳтироми унсурҳои табиат дар арсаи ҷаҳонӣ, маҳз аз ҳикматҳои созандаи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла, Тиргон, ки бо фалсафаи об тавъам аст, гувоҳӣ медиҳад. Тазаккур бояд дод, ки дар қатори ҷашну маросимҳои миллӣ, аз қабили Наврӯзу Меҳргон ва Сада ҷашни Тиргон низ дар таърихи адабу фарҳанги миллати ориёитабори тоҷик нақшу мақоми барозанда дорад. Маҳз дар заминаи посдории ҳикматҳои бо об алоқаманд – ҷашни Тиргон 3 марти соли 2021 Пешвои муаззами миллат дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, суханронӣ намуда, пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пир-яхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Ҳамчунин, Сарвари давлат зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» таваҷҷуҳи аҳли башарро ба мушкилоти пиряхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза мебошанд, ҷалб намуда, таъкид карданд, ки дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, ки ба зиёдшавии аҳолӣ ва рушди иқтисод вобаста мебошад, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Дар такя бо моҳияти баргузории Тиргон ҷашнвораҳое чун “Иди зардолу”, “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” ва намоиши меваҳои тобистонаи Тоҷикистон доир карда мешавад. Ҳамзамон, баргузории чорабиниҳо, аз қабили маҳфилҳои адабӣ бо ҷалби шоирону нависандагон инъикосгари ҳикмату оинҳои Тиргон ба шумор меравад.