Шамсиддин САЪДУЛЛОЗОДА,
сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Робитаи қавӣ доштан бо халқ ва ифодакунандаи ормонҳои бисёрсолаи он
будан ҷавҳари асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро
ташкил дода, садоқат ба он ва дар ин роҳ соҳибиродаву бомасъулият будан
асоси муваффақиятҳо ва эътимоди мардум ба он мебошад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Мусаллам аст, ки бо расидан ба Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро интихоб намуд, ки яке аз принсипҳои меҳварии бунёди чунин ҷомеа гуногунандешии сиёсӣ аст. Дар асоси талаботи ҷомеаи демократӣ, ташкилоту ҳаракатҳои сиёсӣ одамони ҳамфикру ҳамақидаро бо ҳам муттаҳид менамоянд ва онҳо дар чаҳорчӯби қонунгузории кишвар ҳуқуқ доранд, ҳизби сиёсӣ таъсис диҳанд.
Шоистаи таъкид аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ғояи таъсиси ҳизби нави сиёсиро, ки фарогири манфиатҳои давлат ва миллат ба ҳисоб меравад, маҳз дар ибтидои соли 1993 Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд. 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард. 15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таҳти №199 расман ба қайд гирифт. Маълум аст, ки таъсис ёфтани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба марҳалае рост омад, ки миллати ҷафокашидаи тоҷик дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт. Ҳизби мазкур дар чунин марҳалаи буҳрони амиқи идеологӣ барои ислоҳи ин ҳолат нақши бориз гузошт. Ба ин маънӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои созанда таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи солими сиёсӣ табдил ёфта, ҷомеаро муттаҳид кард ва ба ояндаи дурахшон умед бахшид.
ҲХДТ бо роҳандозии барномаҳои мукаммал тавонист мардумро муттаҳид ва ба самти ободониву созандагии Ватан роҳнамоӣ намояд. Рисолати ҳизб аз оғоз таъмини сулҳу субот дар кишвар ва устувор гардонидани пояҳои Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб мерафт. Бо ин мақсад, Барномаи фаъолияти ҳизб дар солҳои 2015-2020 бо шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” эълон гардида буд. Барномаи нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 бо шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» қабул гардидааст ва ин масир тақвияти садоқати ҳизбро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад.
Хидматҳои ҲХДТ дар шароити ҷаҳонишавӣ дорои аҳаммияти бузург, мондагор ва таъсиргузор мебошанд. ҲХДТ бо такя ба ирода ва қувваи созандаи мардум дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи сиёсӣ дар кишвар нақши калидӣ бозидааст. ҲХДТ тавонист дар муддати фаъолияташ ҷомеаро барои муқовимат ба амалҳои номатлубу хатарзо муттаҳид намуда, дар ҳифзи амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлатдорӣ саҳми арзанда гузорад.
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти ҳизб тарғиби таърихи ғании тоҷикон, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги миллӣ ва эҳёи суннатҳои арзишманди аҷдодӣ мебошад. Ин раванд барои бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва боло бурдани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷомеа муҳим аст. Бо ин васила, ҳизб ба ташаккули афкори солими ҷамъиятӣ ва шинохти дақиқи моҳияти давлатдории миллӣ мусоидат менамояд.
ҲХДТ дар муттаҳид намудани мардум ба корҳои созандагиву ободонӣ вазифаи муҳим ва пурмасъулиятро иҷро менамояд. Садҳо ташаббус ва иқдомоти иҷтимоӣ, маърифатию фарҳангӣ ва ватанпарастонаи ҳизб ба таҳкими худогоҳиву худшиносии ҷомеа мусоидат карда, заминаи устувори равандҳои созандагиро фароҳам овардаанд.
Барномаҳои байналмилалии ҳизб, ки ормонҳои миллӣ ва манфиатҳои стратегии давлатро таҷассум мекунанд, имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд. Ин ҳамкориҳо ҳам барои ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳам барои тавсеаи равобити фарҳангӣ ва сайёҳӣ ва ҳам барои густариши нуфузи Тоҷикистон дар минбарҳои байналмилалӣ аҳаммияти ҷиддӣ доранд. Бо такя ба ҳамин дастовардҳо метавон гуфт, ки ҲХДТ дар таҳкими давлатдории миллӣ ва муаррифии кишвар ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим мебозад. Дар ҳамин замина суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳадафҳои стратегии ҳизб ва масъулияти ҳар як узви он иртиботи бевосита доранд, ҳамчун роҳнамои арзишманд хидмат мекунанд: «Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа мавқеи устувор дорад ва мо бояд ин дастовардро ҳифз намуда, фаъолияти худро боз ҳам густурдатар ба роҳ монем. Зеро ҳар ҳизбе, ки дар ҷомеа нуфуз дорад, имконияти бештари иштирок дар такмили фазои қонунгузории кишварро пайдо намуда, ба ин восита, ба равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа таъсири амиқ мерасонад. Дар робита ба ин, бояд ҳар як ташкилоти ҳизбӣ ва аъзои он бо эҳсоси масъулияти баланд дар раванди демократикунонии ҷомеа, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва рушду тараққиёти кишвар саҳми арзанда гузорад».
Ин андешаҳои Пешвои миллат моҳияти рисолати ҳизбро равшантар баён карда, вазифаи ҳар узви онро дар таҳкими демократия, пешрафти иҷтимоӣ ва рушди давлатдорӣ муайян месозанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тули 31 соли фаъолият ба неруи воқеии муттаҳидсозандаи ҷомеа ва такягоҳи устувори давлатдорӣ табдил ёфтааст. ҲХДТ тавонист дар шароити душвори солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ сулҳ, ваҳдат ва суботи ҷомеаро таъмин намуда, имрӯз нақши пешбарандаи худро дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар идома диҳад. Ормонҳои миллӣ, ки дар асоси ҳастии давлатдории миллӣ шакл гирифтаанд, тавассути барномаҳои ҳизб амалӣ мегарданд ва ба рушди устувори мамлакат такони нав мебахшанд.
Имрӯз ҲХДТ ҳамчун неруи сиёсие, ки ҷомеаро ба ҳадафҳои давлатсозӣ муттаҳид мекунад, дар таҳкими фазои демократӣ ва рушди иқтисодиву фарҳангии кишвар саҳми назаррас дорад. ҲХДТ дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ нақши неруи устувор, ормонсози миллӣ ва такягоҳи давлатдории муосири тоҷиконро бозида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сӯйи фардои обод, устувор ва пешрафта раҳнамоӣ мекунад.
