Саида ФАЗЛ,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яке аз омилҳое, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар
таъсири созгор мерасонад, таваҷҷуҳ ба бачаҳои лаёқатманд аст. Дар ин робита
метавон аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус,
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки бо ин мақсад замина
ва шароити мувофиқеро барои рушди истеъдодҳо муҳайё мекунанд. Аз ҷумла, дар
назди Вазорати маориф ва илми кишвар ниҳоди алоҳида бо номи Маркази ҷумҳуриявии
дарёфт ва рушди истеъдодҳо амал мекунад, ки дар навбати худ он дар тамоми шаҳру
навоҳӣ зерсохтори худро дорад. Беҳтарин дастовард дар ин самт қабули Барномаи
давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 аст, ки бо қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 апрели соли 2021, №113 тасдиқ шуда, дар ҳоли
анҷомёбӣ қарор дорад.
Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 бо
мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани
шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ барои ташаккули таҳсили муттасили ҷавобгӯ ба
талаботи таълимӣ ва амалӣ намудани қобилияти эҷодии истеъдодҳо таҳия
гардидааст. Бояд зикр кард, ки шаҳри Душанбе дар шаклгирии низоми дарёфт ва
рушди истеъдодҳо нақши хоса дорад, зеро аввалин Маркази дарёфт ва рушди
истеъдодҳо миёни шаҳру навоҳӣ маҳз дар пойтахт ҳанӯз соли 2008 таъсис ёфта буд.
Самараи хуби фаъолияти ин муассисаи навтаъсис буд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъсиси ин марказҳоро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба салоҳи кор донист
ва шуруъ аз соли 2015 ин марказҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бомаром таъсис
дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо соли
2007 таъсис ёфта, бо қабул гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3
июни соли 2014, №353 «Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо
барои солҳои 2015-2020» дар вилоятҳо ва 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои
таълимиву илмии махсусгардонидашуда ва марказҳои эҷодиёти техникӣ барои
хонандагони лаёқатманд ба фаъолият пардохтанд.
Ба таъкиди директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо
Муҳаммадҷон Ғаффорзода, бо таъсис ёфтани марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо
дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ ташкил
гардида, марказҳои мазкур барои дарёфти хонандагони лаёқатманд ва омода
намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар муассисаҳои
таҳсилоти умумӣ, алалхусус, дар мактабҳои Президентӣ, гимназия ва литсейҳо
барои хонандагони болаёқат, ки дарёфт ва рушди хонандагони болаёқатро таъмин
менамоянд, корҳои назаррас ба сомон расонда шуданд.
– Аз ҷумла, марҳила ба марҳила ҷалби омӯзгорони варзида ва таҷрибадошта
барои баргузории даврҳои интихобии олимпиадаҳо аз фанҳои математика, физика,
химия, биология, технологияи иттилоотӣ, география ва ташкил намудани дарсҳои
иловагию корҳои лабораторӣ ҷиҳати боло рафтани сатҳи дониши хонандагон, вусъати
ҳаракати олимпӣ, дарёфт ва шинохти истеъдодҳо ва ба ин васила, дар оянда муайян
намудани захираҳои зеҳнӣ сурат гирифт, — иброз намуд ӯ. — Солҳои аввали таъсис
дар ҷумҳурӣ 72 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо 650 маҳфили фаннӣ ва ҷалби
9610 нафар хонанда фаъолият мекард. Айни замон, дар ҷумҳурӣ 73 марказ фаъолият
дорад, ки 53-тои он бо мустақилияти молиявӣ, 8 марказ бо бинои алоҳида ва 17
марказ бо воҳидҳои кории омӯзгорӣ аз ҳамаи фанҳо таъмин мебошад. Азбаски ҳамагӣ
8 марказ бинои алоҳида дорад, 65 маркази дигар машғулиятҳои таълимиро дар
заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба роҳ мондааст.
Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар масъалаи дарёфти
чеҳраҳои нави соҳибистеъдоду болаёқат ба василаи озмуну олимпиадаҳо нақши
созгоре мегузорад. Марказ бо мақсади иҷрои бандҳои барнома тартиб ва
низомномаҳои 20 олимпиадаи фанниро такмил додаву таҷдиди назар кард, ки айни
ҳол бо дастгирии Вазорати маориф ва илм ва дар асоси санадҳои меъёрии мазкур
олимпиадаҳо комилан бо равиши нав баргузор гардида, хонандагон дастовардҳои
бештарро соҳиб мешаванд. Дар робита ба ин масъала ва иҷрои бандҳои 63, 64, 65,
66, 67, 68, 69 ва 70-и барнома алҳол ҷалби хонандагон ба олимпиада афзуда,
шумораи ғолибон 63,5% зиёд гардидааст. Бо мақсади иҷрои банди 64 солҳои
2021-2023 дар даври ҷумҳуриявии Олимпиада оид ба шоҳмот 213 хонанда ширкат
варзида, 54 нафар ғолиб омад. Дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи «Spelling Bee»
бошад, 221 хонанда ширкат намуд, ки аз ин миён 38 нафар ҷойҳои намоёнро соҳиб
шуданд. Шоистаи таҳсин аст, ки дар давоми татбиқи барнома ҳаракати олимпии
байналмилалӣ низ вусъат ёфт. Дуруст аст, ки дар соли 2021 бинобар сабаби
номусоид будани вазъи сайёра, хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат
карда натавонистанд, аммо соли 2022 хонандагони кишвар дар 23 олимпиада ва соли
2023 дар 34 олимпиадаи лоиҳавӣ, фосилавӣ, байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ иштирок намуда,
нишондиҳанда мутаносибан аз 84% бештар шудааст.
Ба гуфти муовини директори марказ Нурулло Ғафуриён, дар баробари
афзоиши теъдоди ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ, сатҳ ва сифати иштирок дар
олимпиадаҳо низ беҳтар гардида, ба олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ва байналмилалии сатҳи
баланд бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
– Аз ҷумла, соли 2023 хонандагони ҷумҳурӣ дар олимпиадаҳои бонуфуз, аз
қабили IMEC, Архимед, TeenEgle, Stem, Isi Junior, WRO, Жаутиков, BIMC,
HIPPO, EGMO, Ал-Берунӣ, JBMO, IMO, Математекаи зеҳнӣ, EuPhO, Менделеев, APhO,
APMO, IBO, IPhO, ICHO, Copernicus ширкат варзиданд, – гуфт ӯ.
Яке аз паҳлуҳои муҳимме, ки дар барнома таъкид ёфтааст, ба
ҳавасмандгардонии ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ рабт дорад.
Дар робита ба иҷрои бандҳои 19, 20, 21 ва 51-и барнома аз ҷониби Вазорати
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида шуд. Чунончи,
тибқи низомномаи олимпиадаҳо, ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ
(хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ) зимни дохилшавӣ ба
ихтисосҳои равияи омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тариқи имтиҳонҳои марказонидаи
дохилшавӣ сазовори имтиёзҳо мегарданд. Масалан, барои ғолибони ҷойи якум – 100
хол, барои ғолибони ҷойи дуюм – 75 хол ва барои ғолибони ҷойи сеюм – 50 хол
муқаррар шудааст. Ҳамзамон, ҳавасмандгардонӣ барои омӯзгорони ин ғолибон сол ба
сол беҳтар мегардад. Аз ҷумла, соли 2024 зимни ҷамъбасти олимпиадаҳои
ҷумҳуриявию байналмилалӣ 16 омӯзгоре, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳо шумораи
бештари ҷойҳоро сазовор шудаанд, бо маблағи 3000 сомонӣ, 28 нафар бо нишони
«Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», 103 нафар бо «Ифтихорнома»-и Вазорати
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонда шуданд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо
барои солҳои 2021–2025 дар самти ташкили низоми муосири дарёфт, дастгирӣ ва
рушди хонандагони боистеъдод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади муҳим эътироф
мешавад. Тавре таъкид шуд, дар давоми панҷ соли татбиқи ин барнома дар соҳаи
маориф чанд тағйироти мусбат ба амал омад. Аз шарҳи масъулини марказ бармеояд,
ки вобаста ба маблағгузории маҳаллӣ, нокифоягии инфрасохтор, аз ҷумла, набудани
бинои алоҳида дар аксари марказҳо мушкилотеро ба вуҷуд меоранд, ки ба раванди
татбиқи баъзе бандҳои он халал ворид мекунанд. Ин ҳолат далелеро пеш меорад, ки
барои расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати миллӣ дар самти рушди неруи инсонӣ ва
истеъдодҳои ҷавон, таҳияи санади нави стратегӣ, дар ҳақиқат, зарурат дорад.
Масъулини марказ қабули барномаи давлатии навро барои солҳои 2026–2030 ҳамчун
марҳилаи нав ва мантиқии такмили сиёсати давлатӣ дар самти дарёфт ва рушди
истеъдодҳо амри зарурӣ ва саривақтӣ меҳисобанд, ки комилан мантиқист. Таҳия ва
амалисозии чунин Барнома на танҳо ба рушди шахсиятҳои болаёқату соҳибистеъдод
мусоидат менамояд, балки ба таҳкими неруи зеҳнии миллӣ, болоравии
рақобатпазирии низоми маорифи кишвар ва татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ саҳми
назаррас мегузорад.
