Саъдоншоҳи УЛФАТӢ,
сармуҳаррири рӯзномаи «Зиндагӣ»,
ноҳияи Ишкошими ВМКБ,
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон

Фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, ситораи намоёни адабиёти миллии мо, ки номи пурраи ӯ дар таърих бо исми Абумуиниддин Носир ибни Хусрав ибни Ҳориси Қубодиёнии Марвазӣ мебошад, яке аз чеҳраҳои машҳури илмии асри ХI мебошад. Ин ҳакими донишманд ва тавоно тақрибан 18-19-уми сентябри соли 1004 дар ноҳияи Қубодиён, дар хонаводаи деҳқони соҳибэҳтироме ба дунё омадааст. Осори адабиву илмӣ-фалсафии Носири Хусрав гуногуншаклу пурмазмун ва дорои афкору андешаҳои ахлоқӣ буда, дар таърихи давлатдорӣ ва ҳавзаи забони ноби тоҷикӣ-форсӣ мақоми баландеро соҳиб гардидааст.

Роҷеъ ба тарҷумаи ҳоли шоир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам         Эмомалӣ Раҳмон дар китоби хеш “Чеҳраҳои мондагор” чунин навиштаанд: “Овони кӯдакӣ ва балоғати ӯ дар Шаҳри Тӯс, Тахти Қубод, Тахти Сангин, Қалъаи Мир, Кайқубодшоҳ ном шаҳристонҳои қадимаи Каёниён ва Бохтари бостон, ки дар қаламрави Тоҷикистони имрӯзаанд, гузаштааст. Меҳри ин сарзамини аҷдодӣ дар ташаккули ғояҳои ватандӯстӣ ва истиқлолхоҳии ӯ нақши якумрӣ бозидааст. Ӯ истеъдоди фитрии шоириашро дар мактаби адабии Рӯдакӣ ва дигар сухансароёни аҳди Сомониён сайқал дода, аз асолати забони модарӣ ва фарҳанги волои миллати хеш ба ҳадди аъло бархӯрдор гаштааст.

Зиндагӣ ва рӯзгори ин ҳакими бузург ба интиҳои давлатдории Сомониён рост омада, фоҷиаи истилои сулолаҳои аҷнабии Ғазнавиёну Салҷуқиёнро бо чашми сар дидааст. Носири Хусрав, ки таҷрибаи дабирию коргузории дарборро аз падар омӯхта буд, муддате дар Балх ба хидмати ҳокимони ғазнавӣ даромад, лекин бо вуҷуди нуфузу эътиборе, ки дар доираҳои ҳоким пайдо карда буд, бо сабаби беадолатӣ ва носозгории муҳит аз хидмати дарбор канор рафт”.

Донишманди сатҳи байналмилалӣ Алис Ҳансбергер низ дар китоби худ бамаврид зикр намудааст: “Беш аз нуҳсад сол аст, ки Носири Хусрав таваҷҷуҳи шадид ва пуршӯри ситоишгарону мунтақидонро яксон ба худ ҷалб кардааст. Лаззат ва суруре, ки аз истод (пойдорӣ)-и вай дар қолаб ва баёни шеър барои инсон ҳосил мешавад, қарнҳост, ки сухангӯёни забони тоҷикӣ-форсиро бар он дошта, ки вайро дар радифи беҳтарин шоирон қарор диҳанд. Гузашта аз ин, шарҳи мушоҳидоти шахсии ӯ аз сафари ҳафтсолае, ки ӯро аз Осиёи Марказӣ то каронаи  баҳри Миёназамин, Миср ва Арабистон бурд ва бозгашти муҷаддадаш ба меҳани худ ба хотири тавсифи дақиқу ҷузъ ба ҷузъи ӯ аз шаҳрҳо, иҷтимоиёт ва одоби мардуми он рӯзгор калима ба калима мавриди баррасӣ қарор гирифтааст”.

Фарзанди босаодати халқи тоҷик ҳаким Носири Хусрави Қубодиёниро волидон аз замони кӯдакӣ ва наврасӣ ба омӯзиши илмҳои гуногун фаро гирифта буданд. Манбаъҳо чунин овардаанд, ки ӯ илмҳои замони худашро хеле хуб омӯхта буд, яъне, таҳсили ӯ, асосан, аз омӯхтани сарфу наҳв, забони арабӣ, арӯз ва фалсафа, ҳисоб, илми тиб ва табиат, ҷуғрофия, илми нуҷум, фиқҳ, таърих ва аз худ кардани дигар китобҳо иборат буд.

Мураттиби китоби “Носири Хусрав: Гулчине аз девони ашъор” навиштааст: “Ҳар илме, ки ӯро Носири Хусрав ҳавас кардааст, бо камоли диққат ва монда нашуда, ба он машғулӣ намудааст”.

Гуфта мешавад, ки баъди таҳсили илм ӯ муддате дар дарбори шоҳони салҷуқӣ ба ҳайси котиби вазоратхонаи молия фаъолият доштааст. А. Қавим дар сарсухани китоби “Хон-ул-ихвон”-и Носири Хусрав нигоштааст, ки Носири Хусрав аз хонадони муҳташамест, ки дар корҳои давлатӣ даст доштанд ва дар ашъораш ишорате ба буданаш аз насли озодагон дорад:

Ман аз пок фарзанди озодагонам,

Нагуфтам, ки Шопур ибни Ардашерам.

А. Қавим менигорад, ки бародари ӯ – Абулфатҳ аз дӯстони наздики Абдуллайс Мансури Кандарӣ — нахуствазири дарбори салҷуқиён буда, худи ӯ боргоҳи султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писари ӯ Абусаидро дидааст ва ҳамчунин, ӯ дар ҳукуматдории Абусулаймон Чағрибеги Довуд ба унвони дабири молу амвол расидааст.

Чунин ба назар мерасад, ки ҳаким Носири Хусрав як донишманди ориёитабори тоҷик дар дарбори шоҳону амалдорони ғазнавию салҷуқӣ руҳан озод набуда, армону орзуи асосии ӯ ҳамоно давлати бузурги ягонаи Сомониён буд, ки ӯ ҳар замон бо шеър ва навиштаҳои худ он давлати ягонаи тоҷиконро давлати миллии худ мешуморидааст.

Ғурури тоҷикӣ, нанг ва номус, ифтихори ниёгон ӯро намегузошт, ки ба мисли баъзе ҳамасронаш хушомадгӯй ва чоплӯси ҳокимони аҷнабитабори ғуломзода бошад. Ин бузургмарди озодманиш ба онҳое, ки ба ӯ тавсия медоданд, ки ба хидмати ғазнавиён баргардад, бо ҳиссиёти ҷавонмардона чунин ҷавоб медиҳад:

Кай резам обрӯй чун ту бехирад,

Бар тамаи он ки тӯбра пурнон кунам.

Туркон раҳиву бандаи ман буданд,

Ман тан чӣ гуна бандаи туркон кунам?!

Эй бад насиҳате, ки ту кардаӣ маро,

То чун фалон хасису чун беҳмон кунам.

Мураттибони китоби “Сафарнома”-и ҳаким Носири Хусрав дар мундариҷаи китоби мазкур навиштаанд, ки “Сафарнома” аз беҳтарин ва пурарзиштарин асарҳои адиби мутафаккири халқи тоҷик Абумуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ (1003-1068, дар маъхазҳои дигар 1004-1088) мебошад. Носири Хусрав ҳафт сол ба сафари Мисру Мадина ва Макка рафта, дидаву шунидаҳояшро дар ин асар тасвир кардааст. Ин сафари Носири Хусрав аз 16 октябри соли 1045 то 23 октябри соли 1052 давом карда буд. Нависанда бештар дар бораи ободонии шаҳрҳо, роҳҳо, хулқу хӯи мардум шаҳрҳои гуногун ва урфу одати онҳо маълумот медиҳад, мулоқоти худро бо мардони илму адаб тасвир мекунад. Махсусан, маълумоти мулоқот бо шоири бузурги араб Абулъалон ал-Мааррӣ ва шоири тоҷик Қатрон муфид аст.

Дар охири китоб ҳакими вологуҳари тоҷик Носири Хусрав чунин овардааст, ки масофаи ду ҳазору дувисту бист фарсанг (тақрибан ҳабдаҳ ҳазору ҳафтсаду шасту ду километр) буд ва ин саргузашт он чӣ дида будам, ба ростӣ шарҳ додам. Ва баъзе, ки ривоятҳо шунидам, агар дар он ҷо хилофе бошад, хонандагон аз ин заиф надонанд.

Ин донишманди барҷаста чун шахсияти меҳанпараст вазъияти мардуми тоҷикро пас аз байн рафтани давлати бузурги Сомониён чунин баён намудааст:

Хуросон з-оли Сомон чун тиҳӣ шуд,

Ҳама дигар шудаст аҳволу сомон.

Зи бас дунё забардастон бимонданд,

Ба зери дасти қавме зердастон…

Носири Хусрав ҳолати тоқатфарсоро сахт мазаммат намуда, руҳониёну фақеҳони бегонапарастро, ки ба номи аҷнабитаборон таҳсину офарини риёкорона менамуданд ва ба номи онҳо хутба мехонданд, маломат менамуд:

Ба макру ғадр мирад, ҳар кӣ дилро,

Ба макру ғадр дорад, карда маъҷун.

Ҳамехонанд бар минбар зи мастӣ,

Хатибон офарин бар деви малъун.

Аз рӯйи далели мантиқии донишмандон ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ чун як тоҷики матинирода, баландҳиммату хирадгаро, ҳақҷӯву ҳақиқатпараст ва ватандӯсту меҳанпарасте будааст, ки сарфи назар аз ҳамаи таъқибу озорҳои ҳокимони давр ба пеши касе сари таъзим фуруд наоварда, шарафу мартабаи ориёитабориашро ҳамеша ҳифз намуда, дар мадҳу санои касе аз турктаборони аҷнабӣ мисраеро ҳам нагуфтааст. Ин шоҳбайти Носири Хусрав бо хатти зарҳалин дар ёду хотираҳои ҳамзабононаш боқӣ мондааст:

Ман онам, ки дар пои хугон нарезам,

Мар-ин қиматӣ дурри лафзи дариро!

Ҳамин тариқ, талошу пайкори истиқлолхоҳии ниёгони мо бар зидди аҷнабиёни истилогар дар тули садсолаҳо идома ёфта, гоҳе ба сурати исёну шӯришҳои ошкорои сиёсӣ ва ҳақталошона, гоҳе ба шакли ҳаракатҳои мазҳабӣ ва гоҳе ба тарзи баҳсҳои фалсафию мунозироти адабӣ падид омадаанд.

Пешвои миллат дар мақолаи “Суханвари бузург ва марди андеша” чунин нигоштаанд: “Ҳадафи аслии онҳо бедор кардани эҳсоси худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар ниҳояти кор, барафкандани девори сиёсати аҷнабиён ва ба ҷойи он зинда кардану пойдор доштани суннатҳои давлатдории Сомониёни адолатпеша буд. Алалхусус, дар доираҳои фарҳангӣ ҳаракатҳои озодихоҳӣ ва истиқлолпарастӣ дар либоси адабию ҷунбишҳои мазҳабӣ зоҳир гашта, чун тадбири сиёсии пуштибонӣ аз Ватану забон, ғояҳои истиқлолхоҳию асолати давлатдорӣ, ифтихороти миллию аҷдодӣ ба кор мерафтанд. Ва ҷойи баҳс нест, ки Носири Хусрав низ ақидаҳои истиқлолхоҳӣ, озодандешӣ ва ватанпарастии худро аз пойгоҳи шеъру сухан, фаъолияти густурдаи адабӣ, маърифатпарварӣ, таблиғотӣ ва мунозироти фалсафӣ пеш бурдааст”.

Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ ҳолати руҳӣ ва озодандешии худро дар китоби “Саодатнома”-и худ чунин ба қалам дода аст:

Зи Ҳуҷҷат ин суханҳо ёд медор,

Ки дар Юмгон нишаста подшаҳвор.

Ин марди хирад осори гаронбаҳои илмӣ-фалсафӣ, адабӣ аз худ боқӣ гузоштааст, ки метавон чанде аз онҳоро номбар намоем: “Девони ашъор”, “Сафарнома”, “Рӯшноинома”, “Саодатнома”, “Гушоиш ва раҳоиш”, “Ваҷҳи дин”, “Ҷомеъ-ул-ҳикматайн”, “Бустон-ул-уқул”, “Хон-ул-ихвон”, “Далел-ул-мутаҳййирин”, “Мифтоҳ ва мисбоҳ”, “Ихтиёр-ул-имон”, “Лисон-ул-олам” ва чанде дигар, ки мутаассифона, қисмате аз асарҳои ӯ бар асари ҳаводиси рӯзгор аз байн рафтаанд.

Маҳз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон имкон фароҳам овард, ки аз фарзандони фарзонаи худ, ба мисли ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ ба некӣ ёдоварӣ намоянд ва хидмату заҳмати он фарзонафарзандони миллатамонро ба некӣ гиромӣ доранд.

Бо саъю эҳтимоми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири абадӣ гардондани номи нек ва талошу муборизаҳои Носири Хусрав дар ҳифзи ҳувият ва худогоҳиву худшиносии наслҳои ояндаи миллати сарафрози тоҷик яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ба номи Носири Хусрав гузошта шудааст. Ҳамчунин, бо супориши бевоситаи Сарвари давлат тамоми асарҳои ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ чандин бор аз нав нашр гардида, Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав номгузорӣ шудааст.

Ҳаёт ва зиндагонии пуршарафонаи ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ моро таълим медиҳад, ки ба мисли он ҳакими номдор як тоҷики боғурур, ростгӯй, ҳақиқатпараст, боилм ва ҷасуру бебок бошем. Корномаҳои ҷовидонаи ин марди шариф дар роҳи сар нафаровардан ба таҳоҷумҳои марзӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва ҳақиқатпарастӣ моро водор менамояд, ки ба гунаи он бузургвор ва дигар фарзонафарзандони ҷонфидои миллату Ватанамон бошем, зеро онҳо чун чароғи илму фурӯғи маърифат имрӯзи моро равшан намудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *