Хуршед ЗИЁӢ,
муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
Нигоҳи мутафаккирони гузашта ва муосир ба шахсият ва шеъри Мавлоно
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро (1207-1273 дар таълифоташон «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» ҳамчун «ориф, шоир ва инсонгарои ростин» баҳогузорӣ намудаанд. Бояд гуфт, ки китоби мазкур бо муқаддима таҳти унвони «Бишнав аз най…» оғоз ёфта, сипас, дар он шаш фасл ва охирсухан «Мо барои васл кардан омадем…» ҷой гирифтаанд ва ҳамчунин, ин таълифоти гаронарзишро мусаввараҳои асримиёнагӣ ва муосир ҳусни дигар бахшидаанд. Ин асари мондагор дар шинохти фарзанди номвару фарзонаи миллати тоҷик мавқеи калидӣ дошта, симо ва шахсияти Ҷалоллуддини Балхиро барои тамоми алоқамандони осораш устодона ба риштаи тасвир кашидааст.
Бешубҳа, Мавлонои бузург аз зумраи он нобиғагони миллати куҳанбунёди мо, чун Ибни Синову Фирдавсӣ, Ҳофизу Умари Хайём аст, ки на танҳо дар Шарқи асримиёнагиву имрӯза, балки дар Ғарби Замони наву даврони муосир низ маълуму машҳур мебошад. Бо сабаби ин шуҳрату беназирии худ шахсият ва шеъри Мавлоно аз замони зиндагияш то имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи мутафаккирону шоирон, донишмандону муҳаққиқони зиёде аз кишварҳои гуногуни олам қарор дорад.
Доир ба шахсият ва осори Мавлоно маълумоти зиёде дар тазкираву маъхазҳои гуногуни асримиёнагӣ ва таҳқиқоти илмиву осори бадеии муосир оварда шудааст. Бо зикри ақидаи чанде аз бузургони гузаштаву донишмандони муосир, ки дар поён оварда шудааст, метавон мақоми ин шахсияти нотакрорро дар илму фалсафа, адабиёту фарҳанги ҷаҳонӣ ба таври возеҳ дарк намуд.
Яке аз мутафаккироне, ки ба Мавлоно таваҷҷуҳ доштааст, ин адиби бузург Шайх Саъдии Шерозӣ (1181 ё 1205-1292) маҳсуб аст. Бояд иттилоъ дод, ки Мавлоно Ҷалолуддин бо шахсиятҳои бузурги замонааш вохӯрдааст, ки аз ҷумлаи онҳо дар маъхазҳо Саъдӣ, Фахруддини Ироқӣ, Қутбуддини Шерозӣ ва ғайраҳо зикр шудаанд. Ин аст, ки дар «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ ёддоштҳое чун «мардест покизабум, шиносову раҳбар дар ақсои Рум» ва «Донои Вахш» дучор меоянд, ки онҳоро муҳаққиқони муосир ишора ба шахсияти Мавлоно ҳисобидаанд.
Шеъру ақидаи Мавлоно ба мутафаккирон ва мактабҳои зиёди ирфониву фалсафӣ таъсир гузоштааст. Ҳатто баъзе адибону мутафаккироне, ки чандон ба ирфон иртиботе надоранд, худро аз пайравони Мавлоно ҳисобидаанд. Суханони шоири машҳури тоҷик Камоли Хуҷандӣ (1321-1400) гувоҳи равшани ин нуктаянд:
Румӣ ба замини Рум зада нақб,
Аз хоки Хуҷанд сар баровард.
Оид ба осори Мавлоно дар як қомусномае бо забони русӣ барҳақ қайд гардидааст, ки «Маснавии маънавӣ» яке аз маҳбубтарин китобҳои хонданбоб барои аҳли олами исломӣ, ба истиснои руҳониёни мутаассиб буд. Чунин ашхоси мутаассиб «Маснавӣ»-и Мавлоноро «каломи сӯфиёни шум» мехонданд. Вобаста ба ин қобили зикр аст, ки ононе, ки «Маснавӣ»-и Румиро фаҳмидаанду дар машраби муаллифаш будаанд, ин китобро «Қуръон дар забони паҳлавӣ» хондаанд, яъне, Мавлоно дини худро либоси ориёӣ ва ирфонӣ пӯшонидааст. Ононе, ки «Маснавӣ»-ро боз ҳам хубтар фаҳмидаанд, вале дар машраби муаллифаш нестанд, ба ин асар «Каломи сӯфиёни шум» ном ниҳодаанд, яъне, ба ақидаи онҳо Мавлоно динро таҳриф намудааст. Бояд таъкид намуд, ки Мавлоно, дарвоқеъ, на танҳо андешаи хосса дошта, маъниҳоро ба таври худ тафсир мекунад, балки шоири қолабшикан низ буда, қолабҳои шеъриву забониро мешиканад. Аз ҷумла, ӯ исмро чун сифат бо дараҷаҳо ифода мекунад (Дар ду чашми ман нишин, ай он, ки аз ман мантарӣ), илми арӯзро қурбони маънӣ мекунад ва ғайра, ки ба маҳбубияту шуҳрати шахсияту осори ӯ миёни мутахассисону мардуми муқаррарӣ таъсири мусбат расонидаанд. Шоири тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (1865-1919) маҳз ҳамин нуктаро ба назар гирифта, гуфтааст:
Мавлавии Рум надонад арӯз,
Лек нақиби ҳарами кибриёст.
Ба шахсияти Мавлоно шоири тоҷикзабони покистонӣ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) беш аз дигарон таваҷҷуҳ намуда, дар «Ҷовиднома»-и худ дар қатори мутафаккирони дигари бузурги Шарқу Ғарб – Мансури Ҳаллоҷ, Носири Хусрав, Ғолиб, Ғании Кашмирӣ, Ҷамолуддини Афғонӣ, Ф. Нитче, Л. Толстой ва ғайра, образи Мавлоноро офаридааст. Мавлоно дар ин маснавӣ ба ҳайси орифе баромад мекунад, ки донандаи ботин, на зоҳир, маънӣ, на шакл аст:
З-он, ки Румӣ мағзро донад зи пӯст,
Пойи ӯ муҳкам фитад дар пойи дӯст.
Дар олами Ғарб низ шахсияти Мавлоноро бузургтарин шоири назми ирфонӣ ва шинохтатарин донишманди мутасаввиф донистаанд. Файласуфи машҳури олмонӣ Георг Гегел (1770-1831) дар китоби шуҳратёри худ — «Қомуси илмҳои фалсафӣ» ба ин мутафаккир мақоми олӣ раво дида, гуфтааст: «… барои Ҷалолуддин Румии олиҷаноб нақши аввалро, махсусан, ягонагии руҳ бо Воҳид иҷро намуда, ин ягонагӣ ҳамчун ишқ тавсиф карда мешавад».
Қобили тазаккур аст, ки шахсияти Мавлоно ва шеъри ӯ дар Ғарб тавассути тарҷумаҳо машҳур гаштааст. Тарҷумаи шеъри ирфонии Мавлоноро дар ин минтақа баъзе руҳониёни масеҳӣ мехостанд, бо мақсадҳои худ — ҳамчун муқовимат ба интишори васеи шеъру ақидаи Умари Хайём (1048-1131) оид ба майгусорӣ дар олами Ғарб истифода кунанд. Аз ҷумла, муҳаққиқи олмонӣ А. Шиммел таъкид доштааст, ки соли 1903 фақеҳи масеҳии шотландӣ Уилям Хасти тарҷумаҳои олмонии шеъри Мавлоноро, ки аз ҷониби Рюккерт ба сомон расида буданд, дар шакли ғазал ба забони англисӣ баргардонид, то ба парастиши шеъри хайёмӣ оид ба майгусорӣ байни масеҳиён анҷом бахшад. Дар ҳар сурат, маҳз ҳамин тарҷумаҳои моҳирона ва интихоби дурусти мутарҷимон, ки беҳтарин ғазал ва тамсилҳои Мавлоноро мавриди тарҷума қарор додаанд, сабабгори интишори осори ӯ дар кишварҳои Ғарб ва минбаъд боиси шуҳрати оламшумули мутафаккир гардиданд.
Дар тарҷумаи шеъри Мавлоно ва шуҳратёр гаштани ӯ дар олам шоир ва адабиётшиноси амрикоӣ Колман Баркс (с. тав. 1937) хидматҳои бузурге ба анҷом расонидааст. Ӯ ҳаёт ва осори Мавлонои бузургро, ки дархӯри эҳтиёҷоти тамоми мардум новобаста аз макону замони зисташон аст, дар китобаш «Ҷавҳари Румӣ» (соли нашраш 1995-2007) чунин баҳогузорӣ намудааст: “Форсҳо ва афғонҳо Румии бузургро Ҷалолиддини Балхӣ мегӯянд. Ӯ 30 сентябри соли 1207 дар шаҳраки хурде дар Вахш (Тоҷикистони имрӯза) воқеъ дар наздикии шаҳри бузурги Балх (Афғонистони имрӯза), ки он замон яке аз марказҳои империяи бузурги Хоразмшоҳиён буд, таваллуд шудааст… Ҳама ашъори Румӣ ин суҳбат дар дохилу беруни ҷамоати орифонаи шогирдонаш аст, суҳбатест, ки аз ҳудуди фазову вақт берун мебошад”.
Бояд тазаккур дод, ки тарҷумаи ашъори Мавлоно ба забони англисӣ аз ҷониби К. Баркс боиси он гардид, ки дар охирҳои асри гузашта ва ибтидои асри навин дар адабиёти англисзабон нашри осори Мавлоно, ҳатто, аз нашри ашъори шоири адиби англис Шекспир (1564-1616) болотар рафт. “Чунин ҳолат дар сесад соли охир мушоҳида нашудааст”, — навиштааст дар ин бора муҳаққиқи русзабони муқими Амрико Сергей Сечив.
Олими дигари амрикоӣ Ф.Д. Люис таҳқиқоте бо номи «Зиндагӣ, таълимот ва назми Румӣ» (соли нашраш 2000) анҷом дода ва дар он маълумоти тарҷумаиҳолиро, ки дар асари падари Мавлоно — Баҳоуддини Валад «Маориф» зикр шудаанд, таҳлил намуда, менависад: «Баҳоуддин шояд дар Балх таваллуд шуда бошад, вале ҳадди ақал байни моҳҳои июни соли 1204 ва соли 1210…, дар давроне, ки Румӣ таваллуд шудааст, Баҳоуддин дар хонааш дар Вахш иқомат дошт. Маҳз Вахш, на Балх қароргоҳи доимии Баҳоуддин ва оилааш то даврони тақрибан панҷсолагии Румӣ буд». Аз нигоҳи Ф.Д. Люис шеъри Мавлоно баъд аз 800 сол аз таваллудаш ҳам, то кунун ҷозибияти худро аз даст надода, осори нашршудаи ин мутафаккири тоҷик то имрӯз серхаридортарин китобҳо дар ИМА боқӣ мондаанд.
Дар таҳқиқоти олими амрикоӣ Брэд Гуч — «Асрори Румӣ: тарҷумаи ҳоли шоири суфии ошиқ» (соли нашраш 2017) низ маълумоти зиёде оид ба шахсияти Мавлоно ва шеъри ӯ оварда шудааст. Ин муҳаққиқ дар таҳқиқоташ менависад, ки «Аз ёддоштҳои Баҳоувалад маълум мегардад, ки ӯ ҳамроҳи хонаводаааш дар канори дарёи Вахш – дар Тоҷикистони имрӯза зиндагӣ дошт. Мавлоно дар он ҷо 30 сентябри соли 1207 ба дунё омад». Ба андешаи Брэд Гуч дар Амрико имрӯз “ошиқон бо мисраъҳо аз ашъори Мавлоно изҳори муҳаббат мекунанд, бечорагон дар онҳо оромиш пайдо менамоянд ва дар ин мисраъҳо ҷавоб ба ноумедиҳои худ меҷӯянд”…
Биё, то қадри якдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.
Каримон ҷон фидои дӯст карданд,
Сагӣ бигзор, мо ҳам мардумонем.
Ғаразҳо тира доранд дӯстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?
Гаҳе хушдил шавӣ аз ман, ки мирам,
Чаро мурдапарпарасту хасми ҷонем?
Кунун пиндор мурдам, оштӣ кун,
Ки дар таслим мо чун мурдагонем.
Чу бар гӯрам бихоҳӣ бӯса додан,
Рухамро бӯса деҳ, акнун ҳамонем.
Дар маҷмуъ, оид ба шахсият ва шеъри Мавлоно мутафаккирон ва олимону донишмандони зиёде сухан гуфта, ӯро яке аз бузургтарин шоирон, адибон ва файласуфони Шарқ ҳисобидаанд. Аммо бо овардани андешаҳои болозикр иктифо намуда, бо зикри суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китобашон «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» ба ин мавзуъ ҳусни мақтаъ мебахшем: “Мо … низоми воқеан инсонгароёнаи ақоидӣ-фикрӣ, фарҳангӣ-маънавӣ, иҷтимоӣ ва рисолати инсонии Мавлавии кабирро шабеҳи нӯшдоруи наҷоти ҳақиқии башарӣ дармеёбем. Ва ба андешаи мо, чунин рисолати ӯ рисолати ҷовидонӣ хоҳад буд”.
