Зулайхо ИЗЗАТЗОДА,
муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва иҷтимоии
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати
Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Оила муҳимтарин ниҳоди инсонсоз буда, дар шаклгирии шахсият, рафторҳои иҷтимоӣ, ахлоқ, боварҳо ва арзишҳои фард нақши бунёдӣ дорад. Ба ин мазмун, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: Беҳтарин арзишҳои инсонӣ дар оила ташаккул меёбанд.

Таҳлилҳо муайян кардааст, ки нақши калидии оила дар ҷомеа аз инҳо иборатанд:

  1. Тарбиятӣ. Оила нахустин муҳитест, ки кӯдак дар он арзишҳо, қоидаҳо ва маҳоратҳои иҷтимоиву ахлоқӣ, яъне, тарзи дурусти рафтору гуфтору кирдор ва муносибату муоширатро меомӯзад.
  2. Ҳимоятӣ. Хонавода паноҳгоҳе отифӣ барои узви оила аст. Ҷоест, ки он ҷо муҳаббат, ҳамдилӣ, амнияти равонӣ ва ҳимояти ҳаяҷонӣ фароҳам оварда мешавад.
  3. Фарҳангӣ, яъне, интиқоли фарҳангу арзишҳо. Хонаводаҳо забон, суннат, дин ва боварҳои ҷомеаро ба наслҳои оянда интиқол медиҳанд.
  4. Иҷтимоисозӣ. Оила фарзандро барои вуруд ба ҷомеа ва ифои нақшҳои иҷтимоӣ омода месозад.
  5. Иқтисодӣ. Дар хонавода ниёзҳои моддиву маишии узви хонавода чун ғизо, манзил, либос ва монанди инҳо таъмин мегардад.

Аҳаммияти оила дар рушди кӯдак бузург аст. Сарвари адабпарвару фарҳангдӯстамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки оила ҳамчун ячейкаи аввалияи ҷомеа ва муҳити асосии тарбияи инсон, мактаби муҳаббат, вафо, садоқат, эҳтирому меҳрубонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу маънавӣ мебошад.

Абуалӣ ибни Сино бесабаб нафармудааст: Оила тарбиятгоҳест, ки дар он фарзанд ахлоқ, одоб ва ҳунар меомӯзад.

Ин гуфтаҳо барҳақ ҳастанд, зеро рушди шахсият, эътимод ба нафс, тавоноии ҳалли масъала, навъи нигариш ба зиндагӣ ва иртиботи иҷтимоии афрод то ҳадди зиёде дар оила шакл мегирад. Кӯдакон беш аз он ки аз гуфтори волидайн омӯзанд, аз рафтору кирдори онон меомӯзанд. Ин аст, ки мегӯянд: Фарзандро не, худатро тарбия намо.

Хонаводаи солим метавонад, макони муносиб барои парвариши афроди масъулиятпазир ва муассир дар ҷомеа бошад. Зеро оила пояи асосии устувории ҷомеа мебошад. Ҷомеае, ки дар он оилаҳо солим ва муттаҳиданд, имкони бештаре барои рушди устуворро доранд. Таҳқиқоти соҳаи иҷтимоиёт нишон медиҳанд, ки бисёре аз мушкилоти иҷтимоӣ реша дар ноустувории муҳити оилавӣ доранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими оила ва ҳифзи арзишҳои он як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул кардааст. Аз ҷумла, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 1998), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” (с. 2013), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” (с. 2011), қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (с. 2015), “Дар бораи Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” (с. 1999), «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2027» ва амсоли инҳо. Ин санадҳо ба таҳкими оила, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои узви оила, пешгирии зӯроварӣ ва таъмини баробарии гендерӣ равона гаштаанд.

Аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани соли 2015 ҳамчун Соли оила аз беҳтарин иқдомҳо дар масъалаи пойдории оилаҳо ва тарбияи дурусти фарзандон ба шумор меравад. Зеро дар ин марҳила фаъолияти ҳамоҳанги мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ василаи боло бурдани маърифати оиладорӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳо, ташаккули муносибатҳои созанда ва орӣ аз хушунат дар оила буда, имкони воқеии пойдории оилаҳоро таъмин намуд.

Пӯшида нест, ки имрӯзҳо оилаҳои муосир бо мушкилот ва таҳдидҳои гуногуне, аз қабили  ҷаҳонишавӣ, фишорҳои иқтисодӣ, таъсири технологияву шабакаҳои иҷтимоӣ, тағйир дар арзишҳову коҳиши робитаҳои шахсӣ дучор гаштаанд. Омилҳои мазкур устувории хонаводаҳо ва нақши иҷтимоии онҳоро зери хатар гузошта, ин ҳолат метавонад, ба тафриқа ва ҳатто, пошхӯрии оилаҳо оварда расонад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи талоқ дар солҳои охир 25% афзоиш ёфта, дар бештари маврид сабаби аслии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва аз ҷиҳати равонӣ омода набудани навхонадорон ба зиндагии оилавӣ мебошад. Маърифати нокифояи оилавӣ, набудани таҷрибаи муоширати солим ва нофаҳмии тарафҳо сабаби зуд ба ихтилоф печидани муносибатҳо мегардад. Таҳкими муносибатҳо дар оила на танҳо вазифаи падару модар, балки масъулияти ҷамъият, расонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ низ мебошад. Тарғиби арзишҳои инсонӣ, фарҳанги муошират, эҳтироми байниҳамдигарӣ ва таълиму тарбияи муосир метавонанд, ба таҳкими робитаҳои оилавӣ мусоидат намоянд.

Вобаста ба ин, моҳи апрели соли ҷорӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ташаббусу роҳнамоии ректори донишкада Маҳмуд Назарзода маҳфили доимоамалкунандаи “Мактаби оиладорӣ” таъсис дода шуд. Ҳадаф аз таъсиси маҳфили мазкур баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавонон ба зиндагии мустақили оилавӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва муноқишаҳои хонаводагӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби баробарҳуқуқии зану мард ва масъулиятшиносӣ мебошад. Роҳбарияти донишкада дар роҳандозӣ намудани ин иқдоми наҷиб дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, тасмим гирифтаанд, ки ҳар моҳе ду маротиба маҳфили “Мактаби оиладорӣ”-ро баргузор намояд. Маврид ба зикри хос аст, ки ташкили чунин маҳфил дар макотиби таҳсилоти олии кишвар бесобиқа буда, фаъолияти он баҳри пиёда намудани андешаҳои созандаи Роҳбари давлат дар роҳи таҳкими оиладорӣ равона мегардад.

Баргузории маҳфили нахустини “Мактаби оиладорӣ” бо ҷалби коршиносон нишон дод, ки он метавонад, дар дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна, донишгоҳҳо ва марказҳои саломатӣ ё ҷамъиятӣ таъсис ёфта, яке аз василаҳои муҳим барои беҳтар кардани фарҳанги зиндагии оилавӣ ва пешгирии вайроншавии хонаводаҳо гардад. Зеро ба таъкиди Пешвои миллат танҳо дар муҳити солими оилавӣ мо метавонем фарзандони солим, бонангу номус, меҳнатдӯст ва ватандӯстро тарбия намоем.

Дар маҷмуъ, оила ҳамчун пояи устувори ҷомеа на танҳо муҳити муҳаббат ва дастгирист, балки неруи таҳрикдиҳандаи рушди иҷтимоӣ ва маданист. Ҷомеаи солим аз оилаҳои солим ва муттаҳид оғоз меёбад. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба таҳкими оила, тарбияи фарзанд, пуштибонии падару модарон, беҳсозии муҳити оилавӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ яке аз роҳҳои асосии таъмини пешрафт ва суботи ҷомеаи муосир мебошад. Ба ҳамин хотир, масъулияти ҳар як шахс, оила ва сохторҳои давлатӣ дар ин самт бузург ва тақдирсоз мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *