Нӯшервон ЁҒИБЕКЗОДА,
«Маърифати омӯзгор»

Аз соли 2019 инҷониб, яъне, муддати ҳафт сол мешавад, ки дар кишвар бо ташаббус, иқдом ва сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Озмуни мазкур ҳамчун падидаи неки фарҳангӣ дар баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти ҷомеа, рӯ овардани аҳолӣ ба китобу китобхонӣ, ташаккули ҳисси худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва тақвияти тафаккури таҳлилии хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва дигар қишри ҷомеа таъсири бузург гузоштааст.

Суҳбати мо бо чанд иштирокдори фаъоли озмун нишон дод, ки онҳо бо руҳияи баланд, омодагии ҷиддӣ ва азми қавӣ барои сазовор шудан ба мақомҳои ифтихорӣ ба даври ниҳоӣ омадаанд.

Оишамоҳ Ибрагимзода — хонандаи синфи 3-и Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ва иштирокчии даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон. Ӯ соли якум аст, ки дар озмуни мазкур иштирок мекунад. Оишамоҳ бо 8 забони хориҷӣ аз эҷодиёти адибони кишварҳои Олмон, Фаронса, Англия, Белорусия, Украина, Туркия, Узбекистон ва ғайра, шеъру ҳикоя азёд намудааст.

— Барои ман хондани китоб машғулияти дӯстдоштанист. Тибқи низомнома зиёда аз 54 афсона, 9 роман, 25 ҳикоя, 25 повест аз эҷодиёти адибони ҷаҳон ва зиёда аз 3000 байт шеър азёд намудам. Дар даври ноҳиявӣ сазовори мақоми дуюм гаштам, дар даври шаҳрӣ бошад ҷойи сеюмро гирифтам. Барои иштирок дар даври ниҳоӣ омодагии хуб дидам. Бо дастгирии падару модарам ва роҳнамоии омӯзгорам то ин ҷо расидам ва аз онҳо миннатдорам. Ба саволҳои аъзои ҳакамон то ҳадди имкон посух додам ва умедворам, ки дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори мақоми намоён мегардам.

Зуҳро Шарафзода хонандаи синфи 8-и Литсейи давлатии «Ориёно»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ва иштирокчии даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик. Дар даври шаҳрии озмун сазовори мақоми дуюм шуда, дар даври вилоятӣ ҷойи сеюмро соҳиб гардидааст. 

— Китоб ганҷи бебаҳо мебошад. Ганҷро ҳар қадар масраф намоӣ, кам мешавад, вале  китобро ҳар қадар зиёд хонӣ, ҳамон қадар дониши шахс зиёд мегардад. Китоб зеҳнро сайқал медиҳад ва моро дар роҳи худшиносию ростӣ тарбия мекунад. Чӣ тавре ки шоир мегӯяд:

 

Дониш аз илм аст, илм аз китоб,

Баҳри илм омӯхтан бинмо шитоб.

 

Меҳри китобхониро муаллимаам Зулфия Нодирова дар дилам ҷой намуд, ки барои роҳнамоияшон миннатдорам. Бори аввал аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок дорам. Аз рӯйи низомномаи озмун 100 ғазал, 130 рубоӣ ва дубайтӣ, 250 байт достон ва 200 байт дигар навъҳои шеърӣ азёд намудам. Аз осори насрӣ 5 роман, 6 повест, 6 қисса, 4 драма, 4 очерк, 4 новелла, 2 ёддошт ва 25 ҳикоя аз худ кардаам. Барои иштирок дар ин даври озмун омодагии хуб дидам ва умед дорам, ки сазовори мақоми намоён мегардам, — иброз дошт ӯ зимни суҳбат.

Фирӯза Шоҳимова омӯзгори синфҳои ибтидоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Турсунзода ва иштирокчии даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик. Дар даври ноҳиявӣ ҷойи якум ва дар даври минтақавӣ сазовори ҷойи сеюм гардидааст. Аз рӯйи низомномаи озмун 100 ғазал, 120 рубоӣ ва дубайтӣ, 600 байт достон, 1200 байт дигар навъҳои шеърӣ ва 120 асари насрӣ аз худ намудааст.

Ӯ дар суҳбат бо мо чунин иброз дошт:

— Соли аввал аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат меварзам. Дар аввалин соли иштирок расидан ба даври ниҳоӣ бароям ифтихори бузург аст. Миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки дар баробари дигар ғамхориҳо барои мо — омӯзгорон чунин имконияту шароитро фароҳам оварданд. Ин имконияти хеле хуб аст, барои наврасону ҷавонон ва ҳама қишрҳои ҷомеа, то ки донишу малака ва ҷаҳонбинии худро сайқал диҳанд. Ман бештар осори насрии устод Садриддин Айниро мутолиа намудам. Аз миёни асарҳои арзишманде, ки хондам, бештар романи «Занони Сабзбаҳор»-и Гулрухсор Сафиева бароям писанд омад. Дар ин асар қаҳрамонӣ ва муборизаи занони шуҷои тоҷик тасвир шудааст. Ба ин ҷо бо омодагии ҷиддӣ омадаам ва умед дорам, ки сазовори мақоми ифтихорӣ мегардам.

Райҳона Азимова хонандаи синфи 4-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ва иштирокчии даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз номинатсияи адабиёти классики тоҷик. Номбурда соли якум аст, ки дар озмуни мазкур иштирок мекунад. Дар даври вилоятии озмун сазовори ҷойи сеюм шуда буд. Зиёда аз 100 ғазал, 121 рубоӣ ва дубайтӣ, 100 байт қасида, 150 байт достон ва 110 байт навъи дигари шеърӣ ва 20 асари насриро аз бар намудааст.

—  Шавқи китобхониву китобдӯстиро бобоям Азимов Қобилҷон, ки омӯзгори фанни забон ва адабиёт мебошанд, дар дилам бедор карданд. Аз ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорам, ки барои мо чунин имкониятро фароҳам оварданд. Аз баромади худ дар даври ҷумҳуриявӣ розиям ва умед дорам, ки ғолиб меоям, — иброз дошт ӯ.

Марям Манонзода хонандаи синфи 3-юми Гимназияи рақами 1-и ноҳияи Варзоб. Ғолиби ҷойи сеюми даври ноҳиявии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ.

— Тули се сол аст, дар ин озмун иштирок мекунам ва бори аввал ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтам. Китоб беҳтарин ганҷ ва дӯсти одамон аст. Он ба мо дониш медиҳад ва тарбия месозад. Модарам аз кӯдакӣ барои мо-фарзандон ҳикояву қиссаҳои зиёдро мехонд ва ҳамин тавр, меҳри китоб дар қалби ман ҷойгир шуд. Муаллимаамон Соро Турсунова низ дар дарсҳои тарбиявӣ ба мо китобҳои зиёд хонда, маънидод мекунад. Дар оянда мехоҳам мисли он кас муаллима шавам ва меҳри китобхониву донишомӯзиро дар дили шогирдон бедор кунам, — гуфт ӯ.

Меҳрона Ғуломова хонандаи синфи 8-и МТМУ рақами 10-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва иштирокчии даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ. Дар даври ноҳиявӣ ҷойи сеюм ва дар даври вилоятӣ сазовори ҷойи якум гардидааст.

Ӯ дар суҳбат бо мо гуфт:

— Кӯшишу талош дар роҳи китобхонӣ ва илмомӯзӣ ҳамеша самари нек ба бор меорад. Ман тули 6 сол мешавад, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок дорам ва соли аввал аст, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ меёбам. Нокомиҳои солҳои гузашта дар даври вилоятӣ маро руҳафтода накарданд, баръакс, ман бештару зиёдтар ба хондану азёд намудани осори адибон рӯй овардам. Аз муаллимаи фанни забон ва адабиёти муассисаамон Маҳбуба Раҷабова барои роҳнамоияшон миннатдорам. Аз рӯйи низомномаи озмун, дар маҷмуъ, 2500 байт шеър, 80 афсона, 110 чистон, 80 зарбулмасал, 100 тезгӯяк ва 70 латифа аз худ намудам. Аз баромади худ ва рафти баргузории даври ниҳоии озмун розиям ва бовар дорам, ки сазовори мақоми намоён мегардам.

Сулаймон Султонов хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии тоҷикӣ-русии ба номи К.Д. Ушинскийии шаҳри Кӯлоб ва иштирокчии даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон. Дар даври шаҳрӣ ва вилоятиии озмун ҷойи аввалро соҳиб шудааст. Аз рӯйи низомномаи озмун зиёда аз 100 шеър бо 10 забон азёд намуда, 250 асари насриро аз адибони ҷаҳон аз худ кардааст.

— Китоб хондан инсонро бо воқеиятҳои зиндагӣ бештар ошно мекунад ва ҷаҳонбиниро васеъ мегардонад. Хусусан, бо хондану аз худ намудани осори адибони ҷаҳон мо аз фарҳангу тамаддуни кишварҳои дунё огоҳ мешавем ва доираи донишу тафаккури мо вусъат меёбад. Аз ғояи асар ва амалу рафтори ҳар қаҳрамони асар мо барои худ дарс мегирем. Аз кӯдакӣ ба китобхонӣ рӯ овардам ва соли дуюм аст, ки дар ин озмун ширкат меварзам. Дар муваффақиятҳои ман саҳми муаллимаи фанни забон ва адабиёти муассисаамон Дилором Мадбекова бениҳоят бузург аст. Ба ҳама даврҳои озмун бо роҳбарию роҳнамоии муаллима омодагӣ дидам. Аз дастандаркорони баргузории даври ниҳоии озмун миннатдорам, ки барои мо чунин шароиту имкониятро фароҳам оварданд. Чун дигар иштирокчиён ба ин ҷо бо омодагии хуб омадаам ва бовар дорам, ки ғолиб омада, ҷойи намоёнро сазовор мегардам, — гуфт ӯ зимни суҳбат.

Гулнисо Муродова омӯзгори фанни забон ва адабиёти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и ноҳияи Данғара ва иштирокчии даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз номинатсияи адабиёти классики тоҷик. Дар даври ноҳиявӣ ҷойи дуюм ва дар даври вилоятӣ сазовори ҷойи сеюм гардидааст. Аз рӯйи низомномаи озмун 100 ғазал, 128 рубоӣ ва дубайтӣ, 161 байт достон, 110 байт қасида, 104 байт дигар навъҳои шеърӣ ва 17 асари насрӣ аз худ намудааст.

— Соли дуюм аст, ки дар озмуни мазкур ширкат варзида, ба даври ниҳоӣ роҳхат мегирам. Соли гузашта дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори мақоми ифтихорӣ гардида будам. Шавқи хондани осори адибони классик ва азёд намудани шеърҳо аз хурдӣ дар дилам ҷой дошт. Мутаассифона, дар замони донишҷӯии мо чунин озмунҳо набуданд. Ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои роҳандозии чунин иқдоми нек сипосу миннатдории самимонаи хешро баён мекунам. Ин озмунест, ки на танҳо хонандагону донишҷӯён, балки мо — омӯзгорон ва дигар қишрҳои ҷомеа низ метавонем дар он маҳорати хешро мавриди санҷиш қарор диҳем. Ҳоло даври ниҳоии озмун дар сатҳи баланд ҷараён дорад. Имсол нисбат ба соли гузашта фазои баргузории озмун ҷолибу хотирмон аст. Барои мо — иштирокчиён тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Ба даври ниҳоӣ бо тайёрии хуб омадаам ва кӯшиш мекунам, ки мақоми намоёнро сазовор гардам, — гуфт ӯ зимни суҳбат бо мо.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *