Муҳаммадиқбол АТОЗОДА,
номзади илми филология
Худшиносии миллӣ аз масъалаҳоест, ки миллатро ба саодат ва кишварро ба тараққиёти бузург мерасонад. Ин масъала дар замони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ ҷараён дорад, василае барои ҳифзи таърих ва суботи кишвар мебошад.
Ҷиҳати тарбияи худогоҳии насли наврас омӯзиши илми таърих аҳаммияти хос дорад. Дарки ин масъулият дар даврони истиқлоли Ватан афродеро ба майдони илм овард, ки садоқати худро нисбат ба таърихи миллат нишон дода, ба зинаҳои баланди илмӣ расидаву эътирофи байналмилалиро соҳиб гардидаанд. Яке аз чунин шахсиятҳо профессор Саидалӣ Муҳиддинов мебошад.
Ӯ муаллифи 30 китобу рисола, китоби дарсию дастурҳои таълимӣ-услубӣ ва беш аз 300 мақолаи илмӣ-назариявӣ ва публитсистӣ мебошанд. Осори устод дар кишварҳои хориҷи дуру наздик чоп шуда, тавассути онҳо илми тоҷик муаррифӣ шудааст.
Мавсуф чун мураббии соҳибистеъдод, пайваста ҷавононро ба шоҳроҳи илм ҳидоят мекунад. Таҳти роҳбарии профессор 13 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд ва шогирдонаш дар вазифаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ кор мекунанд. Метавон гуфт, ки дар соҳаи таърих мактаби илмии ӯ ташаккул ёфтааст.
Яқин аст, ки ба муваффақият расидани инсон дар як соҳа кори саҳл нест. Барои устод низ роҳи илм пурпечутоб буд.
Саидалӣ Муҳиддинов 3 марти соли 1956 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, дар хурдӣ силлии тақдир ӯро аз модар маҳрум мекунад ва дар тарбияи тағову модаркалон мемонад. Ӯ мактаби ҳаштсолаи №157-и деҳаи Харангони Боло ва мактаби миёнаи №156-и деҳаи Шайхаки ноҳияи Варзобро хатм кардааст. Орзуи муаррих шудан барои ӯ аз дарсҳои муаллими таърих С. Баҳромов бедор шуд. Муаллим бо санъати воло аз воқеаҳои таърихӣ, корнамоиҳои тоҷикон дар таърих суҳбат карда, дар қалби ӯ муҳаббат ба ин касбро мекорад.
Соли 1973 ба шуъбаи китобдории факултаи санъати Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) дохил мешавад.
Дар давраи таҳсил дар баробари хониши аъло, дар корҳои ҷамъиятӣ: супоришҳои ҳизбӣ, маҳфилҳои эҷодӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, сохтмон ва ғайра пешоҳанг буд. Маҳорати эҷодиаш боис шуд, ки ӯро сармуҳаррири ҷаридаи девории факултаи китобдорӣ таъйин кунанд.
Номбурда аз соли 1979 то 1983 ба сифати китобдори калон ва сармуҳаррири шуъбаи илмӣ-методӣ кор карда, барои китобдорони ҷумҳурӣ дастурҳои методӣ таҳия намуда, ба манотиқи кишвар сафар мекунад ва ба китобдорон ёрии тахассусӣ мерасонад. Дар ҳамин муддат зиёда аз даҳ дастури методӣ таҳия ва ба нашр расонидааст. Вале илм барояш дар авлавият буд. Фаъолияти пурсамарашро ба назар гирифта, ба вазифаи мудири шубаи илмӣ-таҳқиқотӣ таъйин мекунанд. Шуъба мавзуъҳои бунёдиро таҳқиқ намуда, рисолаву маҷмуаҳои илмӣ таҳия менамуд.
Пас аз адои хидмати ҳарбӣ дар шуъбаҳои гуногуни китобхона масъулият ифо намуда, солҳои 1985-1987 мудири бахши шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, ҳамзамон, устоди кафедраҳои китобхонашиносӣ ва библиографишиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кор кардааст. Дар ин муддат танҳо як ҳадаф дошт: бо ҷиддият ба илм машғул шавад. Таҷрибаи кор дар шуъбаҳои илмӣ-методӣ, депозитарӣ, маълумотдиҳӣ-библиографӣ ва библиографияи миллии китобхона ва ҳамкорӣ бо библиографҳои машҳури давр, ба монанди Р. Магомедовна, И. С. Норкаллаев, Р. Раҳматуллоева дар кори омӯзгорӣ мадад мерасонад.
Ҷаҳд ва донишу малакаи касбӣ ӯро соли 1990 шомили шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишкадаи давлатии фарҳанги Маскав мегардонад. Солҳои таҳсили аспирантура (1990-1993) ба ҷуз аз таҳқиқоти ҷиддии рисолаи номзадӣ, ҳамзамон, ба ҳайси омӯзгор дар ин донишкада фаъолият мебурд. Маҳз натиҷаи заҳматҳо буд, ки ӯ пеш аз муҳлат — соли 1993 рисолаи илмиашро дар мавзуи «Библиографинамоии миниётурҳои форсӣ-тоҷикӣ: ҷанбаҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва назариявӣ-методӣ» дар шаҳри Маскав дифоъ намуд.
Ӯ аввалин олимест, ки дар таърихи библиография тасвири библиографии миниётурҳои форсӣ-тоҷикиро тартиб додааст, ки то имрӯз китобхона ва марказҳои хаттӣ аз ин тасвир истифода мебаранд. Ӯ бештар таҷрибаи андӯхтаи хешро ба донишҷӯён меомӯзонд. Дар Маскав бо бузургони библиографияи шуравӣ, бахусус, О. П. Коршунов ва Ю. С. Зубов аз наздик шинос шуда, аз онҳо сабақ меомӯзад.
Давраи душвори ҷанги шаҳрвандӣ буд, вале омӯзгори дилсӯз ҷойи кори худро тарк намекард. Дар баробари кори асосӣ, барои кафедраи таърихнигорӣ ва бойгонишиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи «Асосҳои библиография»-ро таҳия кард.
Соли 1998, ки даврони пасоҷангӣ буд, Китобхонаи миллӣ низ дар радифи дигар муассисаҳо вазъияти хуб надошт. Дар чунин лаҳзаи душвор ба ҳайси директори ин боргоҳи илм таъйин мегардад. Он солҳои мудҳиш шароити хидматрасонӣ ва кории муносиб мавҷуд набуд. Барои пешбурди корҳо маблағ намерасид, таҷҳизоти зарурӣ набуд, толорҳо хунук, кормандон маоши ночизи худро низ гоҳе намегирифтанд. Ӯ талоши зиёд мекард, ташаббус нишон медод, мардумро ба фардои нек дилгарм мекард. Дар китобхона мунтазам конфронсу семинар ва маҳфилҳо ташкил карда, ба ин восита, китобро тарғиб ва мардумро ба китобхонӣ ҷалб мекард. Бо иқдоми ӯ маҳфили «Суҳбати соҳибдилон», нашрияи «Китоб» ва Шурои хонандагон таъсис ёфта, Шурои илмӣ аз нав эҳё гардид.
Дар баробари ин ҳама талоши корию маъмурӣ, корҳои илмӣ низ аз назари ӯ дур намонданд. Муҳаққиқи варзида барои ҳимояи рисолаи докторӣ бо хоҳиши худ аз вазифаи директори Китобхонаи миллӣ даст кашида, дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот кори илмии худро пеш мебурд. Ҳамзамон, касби омӯзгориро низ дар факултаи китобдорӣ идома медод. Ниҳоят, соли 2003 дар Шурои диссертатсионии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ дар мавзуи «Омӯзиши таърихи санъати тасвирии халқи тоҷик (то замони шуравӣ)» рисолаи докторӣ дифоъ менамояд.
Сипас, ӯро чун мутахассиси варзида соли 2004 ба Вазорати фарҳанг даъват менамоянд. Дар як муддати кӯтоҳ ӯ дар дастгоҳи вазорат барои низоми нави «хидмати давлатӣ»-ро роҳандозӣ кардан кӯшиш карда, дар таҳияи Барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳои санъат бевосита ширкат меварзад. Солҳои 2005-2006 ба ҳайси мудири кафедраи ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи гуманитарии байналмилалии Тоҷикистон кор карда, дар таҷдиди фаъолияти кафедра ва ҷалби мутахассисони варзида саҳм мегузорад. Соли 2006, ӯро ба Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ба сифати профессори кафедраи таърихи ватанӣ даъват ва баъдан, ба вазифаи мудири ин кафедра таъйин мекунанд, ки то соли 2013 дар ин вазифа кор мекунад. Маҳз дар ҳамин кафедра самтҳои минбаъдаи фаъолияти илмии ӯ дар риштаи таъриху таърихнигорӣ такомул меёбанд. Баъд аз он ки ба доираи илмии ҷумҳурӣ ворид гардид, беш аз пеш кӯшиш ба харҷ медод, ки масъулияти таърихнигории худро идома бахшад. Ӯ то ҳол дар донишгоҳи номбурда кор мекунад ва дар тарбияи кадрҳои соҳа саҳми босазо мегузорад. Маҳз натиҷаи заҳмати муттасили касбӣ буд, ки соли 2011 С. Муҳиддинов ба унвони профессор сазовор гардид.
Аз мавқеъ ва нуфузи илмии ин олими тавоно ёдовар шуда, гуфтан зарур аст, ки доманаи таҳқиқоти ӯ хеле васеъ буда, масоили гуногуни таъриху таърихнигорӣ ва фарҳангу санъатшиносиро дар бар мегирад. Яке аз самтҳои вижаи кораш таҳқиқи масъалаҳои китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ мебошад. Ӯ дуюмин доктори тоҷик аз ҷумлаи хатмкардагони тахассуси китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба пажуҳишу омоданамоии мутахассисони китобхонашиносу библиографишинос машғул мегардад. Дар ин муддат асарҳои зиёде таҳия ва чоп мекунад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки самти фаъолияти илмии олим чӣ китобхонашиносиву библиографишиносӣ, санъатшиносиву таърихнигорӣ бо ҳам пайванди ногусастанӣ дошта, якдигарро комил менамоянд.
Мавзуъҳои асосии пажуҳиши илмии ӯ таърихи санъати тасвирии халқи тоҷик мебошад. Маҳз дар ҳамин мавзуъ олим даҳҳо рисола ва мақолаҳои илмӣ навиштааст, ки роҳнамо барои омӯзиши масъалаҳои мубрами ҳунари тасвирӣ, таърихи фарҳанги бадеӣ, эҷодиёти рассомони тоҷик гардидаанд. Ба ақидаи доктори илмҳои таърих Л. Додхудоева: «С.Муҳиддинов ба омӯзиши фарҳанги бадеии тоҷикон бо кулвори китобдорӣ ворид гардид. Ин дониш ба ӯ имкон дод, ки ҳамчун мутахассис дар ҷанбаи библиографӣ вижагии афкори ҳунаршиносиро дида барояд. Чӣ тавре ки маълум аст, ковишҳои нахусти ӯ дар ҷодаи фарҳанги бадеӣ ин омӯзиши миниётурҳои Эрон ва Мовароуннаҳр маҳсуб меёфт. Ӯ дар асарҳояш таҷрибаи ҳунаршиносони шуравиро дар ҷанбаҳои таҳлил, муайянсозӣ, багурӯҳдарорӣ, феҳристкунонии миниётурҳои форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои миёна ҷамъбаст намудааст».
Қаҳрамони мо имрӯз дар факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият мекунад. Ӯ ҳамеша ин донишгоҳро барои худ муқаддас мешуморад, зеро орзуи донишҷӯ шуданаш маҳз дар ин ҷо амалӣ шудааст.
Устод муҳаққиқи варзидаи китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ, манбаъшиносӣ, таърихнигории фарҳанги бадеии мардуми тоҷик мебошад. Ӯ ба таҳқиқи мавзуъҳое даст мезанад, ки таваҷҷуҳи муҳити илмии дохил ва хориҷро ба худ ҷалб намудаанд. Аз ҷумла, рисолаи «Аз Суғд то Судак», ки соли 2016 ба забони русӣ чоп шуд, дар кишвар ва берун аз он нуфуз пайдо намуда, аз ҷониби олимон сазовори баҳои баланд гардидааст. Муҳтавои асосии асар муайян мекунад, ки тавассути «Роҳи Абрешим» аҷдоди тоҷикон ба Судак – шаҳри соҳили Баҳри Сиёҳ рафта, он ҷо сукунат ихтиёр намуда, корвонҳоро тавассути баҳр ба бозорҳои Аврупо интиқол медодаанд. Номи Судак низ аз решаи Суғд гирифта шуда, маънои «Суғди хурд»-ро дорад.
Хулоса, устод С. Муҳиддинов чун олими намоён ва роҳбари дилсӯзу кордон миёни олимони ҷумҳурӣ маҳбубият дорад. Ӯ барои хидматҳои пурсамар бо нишонҳои ифтихории зиёде қадршиносӣ шудааст. Мавсуф, инчунин, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1997), узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон (2003), узви пайвастаи Академияи мусаввирии Тоҷикистон (2019), узви раёсати Ташкилоти ҷамъиятии ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги мамлакат (2018), раиси Шурои дифои рисолаҳои номзадиву доктории КОА-и Федератсияи Россия, узви Шурои дифои Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи МирзоТурсунзода ва Шурои илмӣ-методии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад.
Таҷрибаи зиёд, таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва шахсияти устод нишондиҳандаи он аст, ки ҳеҷ талоше бе натиҷа нахоҳад буд ва ҳеҷ ранҷе бе ганҷ анҷом нахоҳад ёфт. Бовар дорем, ки олими пуркор дар роҳи рушди илму фарҳанги кишвар боз ҳам талош варзида, дар тарбияи тахассусию илмии насли ҷавон саҳми бориз мегузорад.
