
Шодӣ САФАРОВ, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, профессор
Мушкилоти глобалии имрӯза дар ҷаҳон, аз ҷумла, тағйирёбии иқлим, нобаробарии иҷтимоӣ ва норасоии захираҳои табиӣ ҳалли ҳамаҷонибаро тақозо мекунанд. Дар ин замина, системаи маориф дар ташаккули фаҳмиши принсипҳои рушди устувори насли наврас ва қобилияти дар амал татбиқ намудани онҳо нақши калидӣ мебозад. Ин ҳадафҳо дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда, 17 соҳаро дар бар мегиранд. Ҳар яке аз ин ҳадафҳо бо таълим алоқамандии зич доранд.
Рушди устувори таҳсилот аз мо талаб мекунад, ки на танҳо дониш дошта бошем, балки фаҳмем, ки ин дониш чӣ гуна дар амал татбиқ мешавад.
Таҳсилот барои рушди устувор (ESD) консепсияест, ки ҳамгироии ҷанбаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии рушди устуворро ба равандҳои таълимӣ дар бар мегирад. Солҳои охир таваҷҷуҳ ба ин мавзуъ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфт ва бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон низ ба системаҳои таҳсилоти худ ба ҷорӣ кардани таҳсилот барои рушди устувор шуруъ карданд.
Дар сатҳи байналмилалӣ мафҳуми Рушди устувори таҳсилот (РУТ) дар ҳуҷҷатҳо, аз қабили Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор сабт шудааст. Дар ин ҳуҷҷатҳо зарурати таҳсилоти босифат ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба рушди устувор таъкид шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро фароҳам овардааст, ки таҳсилот барои ҳама дастрас ва ба талаботи ҷомеаву муҳити зист ҷавобгӯ бошад. Иқдомҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳои мамлакатамон як қадами муҳим оид ба тағйири иқлим ва ҳифзи сарватҳои табиии кишвар мебошад. Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги пиряхҳо мебошад, бар асари гармшавии глобалӣ бо таҳдиди обшавии онҳо рӯбарӯст. Ҳифзи пиряхҳо як қисми стратегияи васеътари рушди устувори Тоҷикистон мебошад. Ин идоракунии захираҳои об, кишоварзии экологӣ ва рушди гидроэнергетикаи оқилонаро дар бар мегирад. Тадқиқоти илмӣ, ки ба омӯхтани пиряхҳо, динамика ва таъсири онҳо ба экосистема нигаронида шудааст, дастгирӣ мешавад, ки барои таҳияи маводи самараноктар барои хонандагон кумак мекунад. Ташаббуси Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо як қадами муҳим дар роҳи таъмини ояндаи устувори кишвар мебошад.
Дар он зарурати муносибати ҳамаҷониба ба ҳалли мушкилоти экологӣ ва аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид мешавад. Ҳифзи пиряхҳо на танҳо ба ҳифзи захираҳои об мусоидат мекунад, балки барои нигоҳ доштани гуногунии биологӣ ва рушди устувори минтақа низ такони ҷиддӣ мебахшад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳоро оид ба ҷорӣ намудани ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи маориф фаъолона дастгирӣ мекунад.
Дар соли 2016 Стратегияи миллии рушди устувор қабул гардид, ки дар он таҳсилот мавқеи асосиро ишғол мекунад. Ҳадафи ин стратегия модернизатсияи инфрасохтори таълимӣ, навсозии барномаҳои таълимӣ ва тайёр кардани муаллимоне мебошад, ки қодиранд, принсипҳои рушди устуворро таълим диҳанд.
Дар Стратегияи миллии рушди маориф дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ ба зарурати ҷорӣ намудани принсипҳои рушди устувор дар раванди таълим таъкид шудааст. Дар сатҳи амалӣ татбиқи ин масъала дар Тоҷикистон тавассути барномаҳо ва ташаббусҳои гуногуни таълимӣ сурат мегирад. Масалан, баъзе мактабҳои кишвар, аллакай, ба татбиқи барномаҳои таълими экологӣ шуруъ кардаанд. Муассисаҳои таълимӣ мавзуъҳои экология, истеъмоли устувор ва масъулияти иҷтимоиро ба барномаҳои таълимии худ ворид мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки на танҳо сатҳи огоҳии хонандагон баланд бардошта шавад, балки дар онҳо мавқеи фаъол оид ба масъалаҳои рушди устувор ташаккул ёбад.
Яке аз масъалаҳои муҳимми соҳа интегратсияи таҳсилот ба шумор меравад, ки дар татбиқи амалии тараққиёти рушди устувор мавқеи хосса дорад. Барои ба мақсад расидан, якчанд омилро ба назар гирифтан лозим аст. Аввалан, бояд ба ин саволҳои худ мо ҷавобҳои мушаххас ёбем. Саволе, ки мо бо он рӯ ба рӯ мешавем, ин аст, ки чӣ гуна мо ғояҳои рушди устуворро ба татбиқи амалӣ дар синфхона интиқол медиҳем? Барои он ки ин ғояҳо амалӣ шаванд, онҳоро дар амал татбиқ кардан лозим аст. Мо инро чӣ тавр амалӣ карда метавонем?
Пеш аз ҳама, ин ҳамкории байнисоҳавӣ мебошад.
Мавзуъҳо дар бораи рушди устувор дар барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии насли нав ба фанҳои гуногун бомаром ворид карда мешаванд.
Масалан, бо дастгирии ЮНИСЕФ дар таҳияи китобҳои дарсии забони модарӣ ва математика барои синфҳои 5-6 кор рафта истодааст. Китобҳои дарсӣ барои синфи 6 ҳоло дар марҳилаи ниҳоии анҷомёбӣ қарор доранд. Барои супоришҳои мате-матика намуди зерини супориш пешниҳод мешавад: Онҳо кадом тадбирҳои ҳифзи муҳити зистро медонанд ва графики натиҷаҳоро тартиб дода ё ҳисоб мекунанд, ки бо истифода аз технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза чӣ қадар захираҳоро (об, неруи барқ) сарфа кардан мумкин аст.
Барои фанни забони модарӣ ба хонандагон супориш дода мешавад, ки дар мавзуи «Чӣ тавр ман ба табиат кумак карда метавонам?» иншо нависанд. Ҳамзамон, таъкид карда мешавад, ки дар иншо кӯдакон амалҳои худро барои рушди устувор тавсиф кунанд.
Айни замон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо дастгирии ЮНЕСКО дар самти бознигарии барномаҳо ва таҳияи китобҳои дарсии насли нав оид ба STEM кор мебаранд. Масалан, дар дарсҳои биология мо ба масъалаи экосистемаҳо ва осебпазирӣ, дар дарсҳои ҷуғрофия ба лоиҳаҳое, ки ба масъалаҳои экологӣ дахл доранд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоем. Дар дарсҳои физика ҳангоми омӯхтани мавзуъҳое, ки ба қонуниятҳои нигоҳ доштани энергия ва термодинамика вобастаанд, технология ва асбобҳои каммасрафи энергияро алоқаманданд менамоем. Ҳамчунин, коркарди панелҳои офтобӣ, стансияҳои электрикии обиро меомӯзонем.
Бояд қайд намуд, ки пеш аз ҳама, мо афзалиятҳо ва нуқсонҳоро дар муқоиса бо манбаъҳои истихроҷи энергия мегузорем. Ҳангоми баррасии равандҳои физикӣ, ки ба тағйирёбии иқлим таъсир мерасонанд, мо падидаҳои марбут ба тағйирёбии ҳароратро ба назар мегирем.
Ҳамгироии мавзуъҳои рушди устувори таҳсилот бо курсҳои химия ва физика на танҳо раванди таълимро ғанӣ мегардонад, балки, инчунин, ба хонандагон дар фаҳмидани аҳаммияти дониш ва малакаҳои онҳо дар шароити мушкилоти глобалӣ кумак мекунад. Ин омил дар оянда ҳисси масъулиятшиносӣ ва омодагӣ ба амалиёти фаъолонаи хонандагонро инкишоф медиҳад. Лоиҳаҳое, ки ба масъалаҳои ҷомеаи маҳаллӣ асос ёфтаанд, роҳи олии пайваст кардани назария бо амалия мебошанд. Ворид намудани таълим барои рушди устувор ба барномаи таълимӣ раванди мураккаб, вале ҳаётан муҳим аст. Он дар ҳама сатҳҳо, аз сиёсати давлатӣ сар карда, то фаъолияти амалӣ дар синф кӯшишҳоро талаб мекунад. Таҳсилот бояд як ка-тализатор барои тағйироти зарурӣ барои бунёди ояндаи устувор бошад.
Ҷалби ҷамоатҳои маҳаллӣ дар лоиҳаҳои рушди устуворро низ қайд кардан мехоҳам, ки ин ҳам барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва иштироки фаъолонаи аҳолӣ мусоидат мекунад. Инҳо лоиҳаҳои тоза кардани дарёҳои маҳаллӣ Душанбе, Амударё ва Сир мебошанд, дар ҳудуди мактабҳо боғҳои мактабҳо бунёд карда мешаванд ва оид ба таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист таҳқиқот гузаронида мешавад. Чунин ташаббусҳо на танҳо маҳорати хонандагонро инкишоф медиҳанд, балки дар онҳо ҳисси масъулиятшиносиро нисбат ба олами атроф мепарварад. Дар ин ҳамдилию муттаҳидшавӣ омӯзгорон нақши асосиро мебозад. Онҳо на танҳо барандагони дониш, балки мураббӣ низ мебошанд, ки талабагонро ба фаъолияти пурсамар водор менамоянд. Барои самаранок кор кардан дар ин самт, албатта, омодагии касбӣ ва дастрасӣ ба захираҳо зарур аст, то ба омӯзгорон дар татбиқи рушди устувори таҳсилот дар раванди таълим мадад расонанд. Муҳим аст, ки худи омӯзгорон ба тағйирот омода бошанд ва аҳаммияти рушди устуворро дарк кунанд. Мо барои муаллимон таълими параллелӣ мегузаронем. Ин амалӣ намудани тренингҳо ва семинарҳо барои омӯзгорон бо мақсади баланд бардоштани малакаи онҳо дар соҳаи рушди устувор ва таълими самараноки мавзуъҳои дахлдор мебошад. Барои донишкадаҳои такмили ихтисос модули омӯзиш барои муаллимон тартиб дода шудааст. Лоиҳаҳои ҳифзи муҳити зист бомуваффақият амалӣ мешаванд, яъне, ташаббусҳое, ки ба ҳифзи захираҳои табиӣ ва экосистема нигаронида шудаанд, амалӣ мешаванд, ки он ҳам як қисми барномаҳои таълимӣ мебошад.
Яке аз корҳои ҷолиб ва муваффақ лоиҳаи «Мактаби сабз» мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо соз
монҳои байналмилалӣ амалӣ мешавад. Лоиҳа мактабҳоро бо захираҳо барои эҷоди ҷойҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва татбиқи таҷрибаҳои устувор, аз қабили ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳои коғаз таъмин менамояд. Хонандагон дар ин ташаббусҳо фаъолона иштирок мекунанд, ки ин ба рушди малакаҳои роҳбарӣ ва масъулияти онҳо барои нигоҳубин ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист мусоидат мекунад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рақамикунонии соҳаи маориф, ки аз таҳияи платформаҳои онлайнӣ ва таълими фосилавӣ иборат аст, сармоягузориҳо ба роҳ монда мешаванд, ки дастрасии васеъ ба таҳсилоти босифат, бахусус, дар минтақаҳои дурдастро фароҳам меорад.
Шарикӣ бо созмонҳои байналмилалӣ низ шоёни зикр аст. Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳое, ки ба РУТ равона шудаанд, ҳамкорӣ мекунад.
Айни ҳол, бо мақсади арзёбии самаранокии барномаҳои таълимӣ дар заминаи рушди устувор гузаронидани таҳқиқот дар назар аст. Ин тадбирҳо ба эҷоди ҷомеаи устувор ва омода кардани наслҳои оянда ба мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор равона хоҳанд шуд.
Дар сурати мавҷуд будани ҳамкории ҳамаҷонибаи сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти маҳаллӣ Тоҷикистон дар оянда метавонад, тавассути таҳсилот дар роҳи рушди устувор ба пешравиҳои боз ҳам бештар ноил шавад. Татбиқи бомуваффақияти Ҳадафҳои Рушди Устувор на танҳо тағйирот дар сиёсати маориф, балки иштироки фаъолонаи тамоми қишрҳои ҷомеаро тақозо мекунад. Сарфи назар аз роҳандозии иқдомҳои мусбат дар роҳи татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор баъзе масъалаҳо низ мушоҳида мешаванд. Аксари мактабҳо бо нарасидани захираҳо барои татбиқи тағйироти зарурӣ дар барномаи таълимӣ ва инфрасохтор дучор меоянд. Ғайр аз ин, бояд муаллимоне тайёр карда шаванд, ки принсипҳои инкишофи устуворро самаранок омӯзонанд, зеро таҳсилот барои рушди устувор як воситаи муҳимми ноил шудан ба ояндаи устувор мебошад. Бо боварӣ метавон қайд кард, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи имконот ҳаст, то ки Таҳсилот барои рушди устувор ба системаи маорифи кишвар бомуваффақият ворид карда шавад.