Мусоҳиб Нӯшервон ЁҒИБЕКЗОДА,
«Маърифати омӯзгор»

Дар замони ташаккули босуръати ҷаҳон ва рушди технологияҳои муосир масъалаи мутобиқ намудани низоми маориф ба стандартҳои байналмилалӣ аҳаммияти махсус касб намудааст. Гузариш ба таҳсилоти 12-сола яке аз иқдомҳои муҳим дар роҳи баланд бардоштани сифати таълим, рушди салоҳиятҳо ва омодасозии насли наврас ба рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар (16 декабри соли 2025) таъкид намуданд, ки гузариш ба низоми 12-солаи таҳсилот тақозои замон буда, бояд низоми таълим ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шавад.

Перомуни марҳилаҳои амалисозии ин ислоҳот, таҳияи стандартҳои давлатӣ, омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ва дурнамои татбиқи низоми нав бо мудири шуъбаи коркард ва татбиқи технологияи инноватсионии таълим (таҳсилоти 12-сола)-и Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Салоҳиддин Амонӣ суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешкаши устодону омӯзгорон ва хонандагони маҷалла мегардонем.

Муаллими арҷманд, мегуфтед, ки дар низоми маорифи кишвар раванди гузариш ба низоми 12-солаи таҳсилот дар кадом марҳила қарор дорад?

Ҷиҳати иҷрои дастури Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мутобиқкунонии низоми таҳсилот ба талаботи стандартҳои замони муосир ва байналмилалӣ, аз ҷумла, барои гузаштан ба низоми таҳсилоти 12-сола дар назди Вазорати маориф ва илм гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст, ки фаъолияти он ба таҳияи стандарти давлатии таҳсилот, нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, муайян намудани ҳаҷми сарбории таълимии хонандагон, омода намудани муассисаҳои таълимӣ, кадрҳои омӯзгорӣ ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ нигаронида шудааст.

Дар ин робита, бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.07.2025, №890 дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҷиҳати бознигарии Стандарти давлатии таҳсилот барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳияи барномаҳои таълимӣ бо дарназардошти мутобиқкунонии мазмуни онҳо ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои байналмилалӣ гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ масъулину мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб карда шудаанд. Аз ҷониби гурӯҳи мазкур лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард шуда истодааст, ки тибқи нақша таҳияи лоиҳаи он моҳи марти соли 2026 ба анҷом расонида шуда, ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ  барои баррасӣ пешниҳод мегардад.

Пас аз ба охир расидани таҳияи лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (синфҳои 1-11), яъне, аз моҳи апрели соли 2026 гурӯҳи корӣ таҳияи лоиҳаи Стандарти давлатии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (12-сола) барои мактабҳои озмоишии типпи навро шуруъ намуда, санади мазкурро бо дарназардошти мутобиқкунонии мазмуни он ба талаботи стандартҳои таҳсилоти муосир ва меъёрҳои байналмилалӣ тақрибан моҳҳои марти соли 2027 ба анҷом хоҳад расонид.

Аз моҳи апрели соли 2027 таҳияи нақша ва барномаҳои таълимӣ барои мактабҳои озмоишии типпи нав (барои 6-солаҳо) дар асоси стандарти мазкур оғоз шуда, тақрибан то моҳи апрели соли 2028 давом хоҳад ёфт. Озмоиши барномаҳои таълимии таҳиягардида аз оғози соли 2028-2029 шуруъ мешавад ва охири соли таҳсил, яъне, аввали моҳи июни соли 2029  ба анҷом хоҳад расид.

Ҳамин тавр, дар назар аст, ки гузариш ба  таҳсилоти 12-сола аз аввали соли хониши 2029-2030 пурра ба роҳ монда шавад.

Лозим ба зикр аст, ки мувофиқи омори Вазорати маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 180 муассисаи типпи нави амалкунанда мавҷуданд, ки дар оянда метавонанд ба сифати муассисаҳои таълимии озмоишӣ (пилотӣ) интихоб карда шаванд. Зеро шароиту имкони муассисаҳои озмоишии таълимии типпи нав барои гузаштан ба ин низом бо дарназардошти мавҷудияти ҷойи нишаст, омодагии кадрӣ, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, таҳсил дар як баст ва таъминоти моддӣ ва гузаронидани раванди озмоиш (пилот) бештар мусоид аст. 

Вобаста ба муайянсозии нақшаву барномаи таълим барои муассисаҳои таҳсилоти 12-сола баъд аз тасдиқи лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ба коркарди лоиҳаи барнома ва нақшаҳои таълими муассиаҳои мазкур шуруъ менамоянд.

— Таҳия ва татбиқи стандарти нави таҳсилоти 12-сола дар асоси муносибати босалоҳият ба таълим пешбинӣ гардидааст. Яъне, тамоми таҷрибаи беҳтарини дар амалияи педагогика коркардшуда бояд дар раванди таълим истифода шавад. Моҳияти ин стандарт дар чист ва он чӣ гуна ба баланд бардоштани сифати таълим мусоидат мекунад?

— Моҳияти стандарти нави таҳсилоти 12-сола дар он аст, ки раванди таълим аз модели анъанавии «донишандӯзӣ» ба модели босалоҳият гузаронида мешавад. Яъне, ҳадаф танҳо азхудкунии донишҳои назариявӣ нест, балки ташаккули маҷмуи салоҳиятҳо, қобилияти истифодаи дониш дар амал, тафаккури интиқодӣ, малакаҳои коммуникатсионӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва омодагӣ ба зиндагии мустақил мебошад. Таҳияи стандарти давлатии таҳсилот, нақшаю барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ барои ҳамаи фанҳо ва зинаҳои таҳсилот, махсусан, 12-сола бо дарназардошти мутобиқкунонии мазмуни онҳо ба талаботи замони муосир, меъёрҳои байналмилалӣ, омӯзиши таҷрибаи амалии кишварҳои пешрафта, аз ҷумла, дар самти татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим, сохтори муассисаҳои таълимии онҳо дар таҳияи асосҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии гузариш ба таҳсилоти 12-солаи кишвар ва байналмилалӣ, аз ҷумла, паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2009, 2011, 2025); Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ (12-сола) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҲҶТ аз 3.05.2010, №207) ва чорабиниҳои гузариши давра ба давра ба низоми мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020 ва то соли 2030 (ҚҲҶТ аз 29.09.2020, №526) амалӣ карда мешавад.

Ин санадҳо марҳилаҳои гузариш, такмили заминаи моддию техникӣ, бозомӯзии омӯзгорон, таҳияи барномаҳои нав ва ҷорӣ намудани стандартҳои муосири арзёбиро муайян намудаанд.

— Таҳсилоти 12-сола дар таҷрибаи байналмилалӣ васеъ истифода мешавад. Ин низом айни замон дар 150 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардидааст. Тибқи нишондодҳо таҳсилоти 12-сола дар 32 давлат аз 5-солагӣ, дар 129 давлат аз 6-солагӣ, дар 23 кишвар аз 7-солагӣ буда, ҳатто, дар баъзе мамлакатҳо таҳсили 13 ва 14-сола амал мекунад. Мегуфтед, ки то кадом андоза таҷрибаи кишварҳои дигар дар таҳияи модели миллии Тоҷикистон ба назар гирифта мешавад?

— Албатта, бо омӯзиш ва хулосабарориҳои мутахассисони соҳа таҷрибаи байналмилалӣ низ ба назар гирифта шудааст. Густариш ва рушди робитаҳои ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омӯзишу мутобиқкунонии мазмуни стандарти таҳсилот, нақшаю барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ бо дарназардошти арзишҳои миллию умумибашарӣ, эҳёи худшиносӣ, ҳувият, анъана, ғояҳои давлатдории миллии халқи тоҷик амалӣ гардиданд (таҳияи стандарти таҳсилот, барнома, китобҳои дарсӣ барои синфҳои 1-4, китобҳои “Забони тоҷикӣ”, “Математика” барои синфҳои 5-6, китобҳои дарсии фанҳои “Физика”, “Химия”, “Биология”-и тозаэҷоди мутобиқкардашуда ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии замони муосир ва меъёрҳои байналмилалии кишварҳои пешрафта).

Инчунин, ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи таҳсилоти 12-14-солаи кишварҳои рушдёфтаи ҷаҳони муосир дар самти мутобиқкунонии сохтор, низом ва мазмуни таҳсилот (стандарти таҳсилот, нақшаю барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ, раҳнамою дастурҳо барои омӯзгорони ҳамаи зинаи таҳсилот, моделҳои таълимӣ), истифодаи технологияи таълим, гузариш аз модели донишандӯзӣ ба муносибати босалоҳият ба таълим, фарогирии бевоситаи хонандагон ба корҳои амалӣ, озмоишӣ, лоиҳавӣ, эҷодӣ, истифодаи салоҳиятҳои бунёдӣ, фаннӣ, иҷтимоӣ дар шароити босуръат рушдёбандаи талаботи бозори ватанӣ ва байналмилалии меҳнат, дастовардҳои онҳо дар самти рушди техникаю технология, пешрафти илм, пайдоиш ва рушди зеҳни сунъӣ ва ғайра, ба роҳ монда шудааст.

— Дар асоси Стратегияи рушди маориф барои давраи то соли 2030 дар доираи гузариш ба таҳсилоти 12-сола ҷорӣ намудани таҳсили ҳатмии яксолаи томактабӣ барои кӯдакони 6-сола пешбинӣ шудааст. Аҳаммияти ин марҳила дар омодасозии кӯдакон ба таҳсили ибтидоӣ дар чӣ ифода меёбад?

— Тавре болотар ишора кардем, 180 муассисаи типпи нави амалкунанда дар оянда метавонанд ба сифати муассисаҳои таълимии озмоишӣ (пилотӣ) интихоб карда шаванд ва таҳсили кӯдакони 6-сола ҳангоми гузаронидани озмоиш дар онҳо пешбинӣ шудааст.

Вобаста ба муайянсозии нақшаву барномаи таълим барои муассисаҳои таҳсилоти 12-сола баъд аз тасдиқи лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ба коркарди лоиҳаи барнома ва нақшаҳои таълими муассиаҳои мазкур шуруъ менамоянд.

— Омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ дар соҳаи маорифи кишвар яке аз самтҳои калидӣ маҳсуб меёбад. Дар раванди гузариш ба низоми нав дар самти бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон чӣ тадбирҳо амалӣ хоҳанд шуд?  

— Дар шароити гузариш ба низоми таҳсили 12-сола омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ қадами бузургест дар қонеъ кардани дархости хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар дар гирифтаи таҳсилоти босифат, аз ҷумла, барои идома додани таҳсил дар муассисаҳои бонуфузи кишварҳои пешрафта. Гузариш ба низоми мазкур имкон медиҳад, ки рушди маҳорати касбии омӯзгорон мавриди таҳлили дақиқ қарор дода шуда, қадамҳои муассири омода намудани онҳо ба истифодаи технологияи муосири таълим, китобҳои дарсии насли нав, ки ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шудаанд, андешида шаванд. Дар самти такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон чораҳои зарурӣ пешбинӣ шудаанд, ки дар раванди онҳо роҳҳои рушди салоҳиятҳои асри 21, аз ҷумла, доираи васеи рушди малакаҳои техникӣ, муҳандисӣ, технологӣ, инноватсионӣ, таҳлилӣ, таҳқиқотӣ, ҳалли мушкилот, иттилоотӣ-иртиботӣ, ҳамкорӣ, эҷодкорӣ, рақамӣ, ихтироъкорӣ, малакаҳои ҳаётии хонандагон ба онҳо омӯзонида мешаванд ва роҳҳои амалии татбиқи онҳоро дар амал таҳқиқ мекунанд.

— Ҳадафи асосии гузариш ба низоми нав беҳтар намудани сифати дониш ва мутобиқ намудани муҳтавои таълим ба талаботи замони муосир мебошад. Ин ҳадафҳо дар барномаҳои таълимии нав чӣ гуна инъикос меёбанд?

— Гузаштан ба низоми таҳсилоти 12-сола дар аксари кишварҳои ҷаҳон мавриди амал қарор дошта, вобаста ба таҳаввулоти бузурги техникиву технологӣ дар ҷаҳони муосир, махсусан, рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии тамоми самтҳои фаъолияти инсонӣ тақозои замон мебошад. Дар таҷрибаи ҷаҳонии маориф давомнокии таҳсилоти умумии мактабӣ аз 10 то 14 сол аст, аммо шакли маъмултарин ва бештар қабулшуда давомнокии 12-солаи таҳсил мебошад. Аз нигоҳи психологияи рушд 5-7-солагӣ марҳилаи мусоид ба ҳисоб рафта, мағзи кӯдак дар ин давра бо суръати баланд пайвастагиҳои нав месозад, қобилияти дарк, мантиқ, алгоритм, хотира ва забон ба авҷи баланди рушди худ мерасад ва ин давра аз ҳама муносиб барои шинос намудани кӯдак бо омӯзиши муназзам мебошад. Агар таҳсил як сол дертар оғоз шавад, қисми ин равандҳои рушди табиӣ истифода нашуда мемонанд. Кӯдаки 6-сола қобилияти пайдарпай фикр кардан, иҷрои дастурҳо, эҷоди мантиқ ва шинохти рамзҳоро дорад, ки барои хондан, навиштан ва ҳисоб кардан асос мегардад. Инчунин, тамаркуз, қобилияти нишастани тулонӣ ва омодагии равонӣ дар ин синну сол комилан шакл гирифтааст ва маълумоти таҳқиқотӣ нишон медиҳад, ки омӯзиш дар 6-солагӣ на танҳо мушкил нест, балки осонтар ва муассиртар аст.

Аз ин лиҳоз, мазмуни стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда мешаванд ва супоришҳои китобҳои дарсӣ ба рушди андешаи хонанда нигаронида мешаванд. Хонанда объекти фаъоли раванди таълим буда, мунтазам дар ҷустуҷӯ, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти ба ӯ вобасташуда мебошад.

— Дар маҷмуъ, гузариш ба низоми 12-солаи таҳсилот барои рушди минбаъдаи соҳаи маориф, ташаккули дониш, ҷаҳонбинӣ ва азхуднамоии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби насли наврас то кадом андоза таъсир хоҳад гузошт? 

— Гузариш ба низоми 12-солаи таҳсилот ба рушди сифатии соҳаи маориф таъсири назаррас мерасонад, зеро барномаҳои таълимӣ, пеш аз ҳама, ба ташаккули салоҳиятҳое равона мегарданд, ки барои муваффақияти хонандагон дар ҷаҳони муосир ва оянда заруранд. Дар ин замина, таваҷҷуҳ на танҳо ба азхудкунии донишҳои назариявӣ, балки ба рушди салоҳиятҳои асри XXI дода мешавад. Ин салоҳиятҳо доираи васеи малакаҳои ҳаётиро дар бар мегиранд, аз ҷумла, қобилиятҳои техникӣ, муҳандисӣ, технологӣ, инноватсионӣ, таҳлилӣ, таҳқиқотӣ, ҳалли мушкилот, иттилоотӣ-иртиботӣ, ҳамкорӣ, эҷодкорӣ, зеҳнӣ, муоширатӣ, рақамӣ ва ихтироъкорӣ, ки хонанда дар шароити низоми нав онҳоро тадриҷан инкишоф медиҳад.

Низоми мазкур, ҳамзамон, имкони фардикунонии раванди таълимро фароҳам меорад, то ниёз ва қобилияти ҳар як хонанда ба назар гирифта шавад. Робитаи мустаҳкам бо истеҳсолот ва бозори меҳнат ба роҳ монда шуда, барои дарёфти малакаҳои касбӣ ва таъмини рақобатпазирии хатмкунандагон заминаи мусоид фароҳам мегардад. Омӯзгорон бештар аз усул ва технологияҳои инноватсиониву интерактивӣ, аз ҷумла, таълими фаъол, лоиҳавӣ ва ҳамкориро истифода намуда, хонандагонро ба иштироки фаъолона дар раванди омӯзиш ҳавасманд месозанд.

Бартарии дигари таҳсилоти 12-сола дар он аст, ки имконоти бештар барои корҳои амалӣ, таҳқиқотӣ ва эҷодӣ фароҳам оварда мешавад. Раванди таълим ба рушди салоҳиятҳои амалии хонандагон равона гардида, машғулиятҳо метавонанд дар озмоишгоҳҳо ва муҳити истеҳсолӣ низ баргузор шаванд. Ин низом хонандаро барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва берун аз он омода месозад.

Ҳамзамон, дар дарсҳо ва машғулиятҳои беруназсинфӣ корҳои лоиҳавию таҳқиқотӣ ба таври мунтазам роҳандозӣ гардида, ба рушди қобилияти эҷодкорӣ ва ихтироъкории хонандагон мусоидат мекунанд. Хатмкардаи таҳсилоти 12-сола метавонад ба талаботи бозори меҳнати кишварҳои пешрафта ҷавобгӯ бошад ва дар ширкатҳои байналмилалӣ низ рақобатпазир гардад.

Имкони интихоби фанҳо мутобиқ ба шавқу завқ ва тамоюли таълимии хонандагон низ яке аз бартариҳои муҳим ба шумор меравад. Бо дарназардошти рушди босуръати техника ва технология, зарурати ҷорӣ намудани фанҳои нави таълимӣ ба миён меояд, ки мазмуни таълимро ба талаботи замон мутобиқ месозад.

Ҳамин тавр, гузариш ба таҳсилоти 12-сола қадами ҷиддӣ дар самти беҳтар намудани сифати таҳсилот ба шумор рафта, ба рушди малака ва маҳорати хонандагон дар дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти таълимӣ ва ҳаётӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

— Ташаккур барои суҳбати муфид, муаллими гиромӣ.

 

— Саломат бошед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *