Ҳобил ЗИКИРЗОДА,
декани факултети филологияи тоҷики
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи Садриддин Айнӣ
Коррупсия яке аз зуҳуроти хатарноки ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ба тафаккури ҷомеа ва раванди тараққиёти давлат таъсири бад мерасонад. Ба он таҳриф намудани сиёсати иқтисодӣ ва стратегияи рушди кишвар, дуздии моликияти давлатӣ ва ғайримақсаднок истифода бурдани буҷаи давлатро метавон баршумурд.
Коррупсия дар натиҷаи ба вуҷуд омадани шароит ва ба бахшҳо тақсим шудани ниҳодҳои иҷтимоӣ зуҳур намудааст. Мутаассифона, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз таҳдиди ин зуҳуроти хатарзову хатарнок истисно буда наметавонад. Пӯшида нест, ки ин вабо бо мурури замон рушди иқтисоди давлатро аз байн мебарад.
Муқовимат ба коррупсия имконпазир ва зарур аст, вагарна он тамоми кишварро фаро гирифта, пояҳои давлатдориро хароб мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон ба таври возеҳ дарк мекунад, ки тарбияи зиддикоррупсионии шаҳрвандон, аз ҷумла, ҷавонон омили муҳимми мубориза бо чунин зуҳурот мебошад. Бояд гуфт, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чораҳои муассир дар самти мубориза бо коррупсия андешида шудааст. Дар баробари қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», инчунин, дар кишвар Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амал мекунад, ки дар асоси талаботи он самти мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб муайян гардидааст. Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, он барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.
Пӯшида нест, ки дар самти мубориза бо тамоми зуҳуроти манфӣ тафаккури коллективӣ таъсири бузург дорад ва метавонад, одамонро ба иҷрои амалҳои муайян водор созад. Баъзан, инсон ба кирдори ғайриқонунӣ даст мезанад, қонунро вайрон мекунад, аммо аз тарафи ҷомеа маҳкум намешавад, ки ин боиси идомаи чунин рафтору амали манфӣ мегардад. Агарчи тадбирҳои ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ андешида шуда, фаъолона татбиқ карда мешаванд, аммо таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи коррупсияро танҳо бо чораҳои ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ ба ҳадди ақал расондан мумкин нест. Инро тавассути маърифати зиддикоррупсионӣ ба даст овардан мумкин аст.
Мусаллам аст, ки ҷавонон қишри пурхурӯш, тараққиёбанда ва дар баробари ин, осебпазири ҷомеа мебошанд. Ба ин васила, ғояҳои навро бо технологияҳои муосир дар амал ҷорӣ карда, ба ҳаёт бо нигоҳи ҷадид менигаранд. Фарқияти бархе аз инсонҳои муосир дар сатҳи баланди деформатсияи виҷдони ҳуқуқӣ мебошад, аз ин рӯ, ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ як чизи шинос ва муқаррарӣ ба назар мерасад. Чунин вокуниш тасдиқ мекунад, ки бархе аз онҳо, ки инкишофашон дар давраи таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии бист соли пеш сурат гирифтааст, деформатсияи шуури ҳуқуқиро аз сар гузаронидаанд, ки онро ҳатто, метавон “нигилизми ҳуқуқӣ” номид.
Мутаассифона, коррупсия, дар сурати мавҷуд набудани фишори доимӣ барои решакан кардани он, имкони васеъ кардани ҳудуди худ ва мутобиқ шудан ба шароити навро дорад. Аз ин лиҳоз, бояд механизми ягонае таҳия шавад, ки ришвахориро коҳиш диҳад. Хеле зарурист, ки дар шароити кунунӣ ба тарбияи зиддикоррупсионии ҷавонон боз ҳам бештар диққат дода шавад. Ташаккули шуури зиддикоррупсионии ҷомеа, бахусус, ҷавонону наврасон ба таври мақсаднок, бо рафтори мусбати риояи қонун, дар ин ё он вазъият, бо намоиш додани ростқавлӣ, одоби хуб ва поквиҷдонӣ зарур аст. Чунин таҷрибаи чорабиниҳои тарбиявӣ ба ҷавонон кумак намуда, онҳо дарк менамоянд, ки коррупсия на танҳо роҳи раҳоӣ нест, балки василаи худсӯзӣ мебошад.
Тарбияи расмӣ дар барномаҳои таълимии ҳатмӣ барои кӯдакон роҳандозӣ мегардад, дар ҳоле ки ғайрирасмӣ дар таҳсилоти иловагӣ: чорабиниҳои гуногун, конфронсҳо, вохӯриҳо ва мизҳои мудаввар истифода мешавад. Равшан аст, ки ин ду усулро якҷоя истифода бурдан лозим аст. Ҳамин аст, ки барои ба бачаҳо омӯзонидани саводу маърифати ҳуқуқӣ мунтазам чорабиниҳо гузаронида мешаванд.
Бо ин мақсад, барои ҳама синну сол, аз хонандагони синфҳои болоӣ сар карда, то донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ миқдори зиёди дастурҳои методӣ оид ба тарбияи зиддикоррупсионӣ таҳия карда мешаванд. Ҷаҳонбинии наврасону ҷавононро дуруст ташаккул додан ва тарбия кардан лозим аст. Тарбияи зиддикоррупсионӣ бояд ба ҷузъҳои муҳимтарини шуури оммавӣ, яъне, ҳиссиёт, тасаввур ва шуур таъсир расонад. Ба андешаи мо, дар донишгоҳҳо таълимоти зиддикоррупсиониро дар шакли ғайрирасмӣ татбиқ кардан ва барои таҳсилоти расмӣ ба барномаҳои таълимӣ дохил намудани фанҳои марбут ба тарбияи зиддикоррупсионӣ зарур мебошад.
Агар ба коррупсия танҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ назар карда шавад, пас раванди тарбияи рафтори зиддикоррупсионӣ хеле мураккаб хоҳад шуд, зеро дар ин ҳолат бояд танҳо ҳуқуқшиноси касбӣ бо наврас суҳбату вохӯриҳо гузаронад.
Ба назари мо, мафҳуми коррупсияро васеътар фаҳмидан лозим аст: ҳамчун як намуди махсуси ҳамкории байни одамон ва ҷаҳони беруна, ки дар он баъзан намояндагони соҳаҳои мухталифи ҷомеа бо мақсади манфиати шахсии худ қонунро поймол мекунанд. Гузашта аз ин, як тамоюле мушоҳида мешавад, ки маърузаҳои зиёди оммавӣ дар самти омӯзиши маърифати зиддикоррупсионӣ танҳо ба ғанӣ гардонидан ва андӯхтани донишҳои назариявӣ мусоидат мекунанд, вале ҷавононро барои амал кардан дар доираи қонун ташвиқ намекунад. Зиёд таъкид кардан низ аз лиҳози равонӣ ҳолатеро пеш меорад, ки дар баробари хондани лексияҳо дар муассисаҳо, наврасон аз барномаҳои гуногуни телевизионӣ, филмҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар нашрияҳо, ки дар онҳо таблиғот мушоҳида мешавад, дар бораи муқовимат бо коррупсия тасаввуроти баръакс пайдо мекунанд.
Хулоса, таҷрибаи кори мубориза бо коррупсия нишон медиҳад, ки роҳандозии тарбияи фарогир дар самти маърифатнокии зиддикоррупсионӣ, дар баробари такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, муҳимтарин василаи мубориза мебошад. Пас, ҳар яки моро лозим аст, ки дар муқовимат бо коррупсия дар асоси меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” амал намуда, масъулияти миллию инсонии худро аз сидқи дил иҷро намоем.
