Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,

узви вобастаи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои таърих, профессор

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар чаҳорчӯби сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузорӣ ба соҳаи маориф беш аз пеш меафзояд. Масалан, агар соли 2000-ум ба соҳа ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва соли ҷорӣ ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расид, ки ин 18,9 дарсади хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад [6].

Агар ба омори расмӣ роҷеъ ба вазъи умумии соҳа нигарем, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта ба истифода дода шуд. Ба ҳолати моҳи июни соли 2025 бо мақсади таъмини шароити ҳарчи беҳтар барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар соҳаи маорифи кишвар 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст [13]. Дар ин радиф, танҳо дар соли 2021 аз буҷети давлатӣ барои таҳсилоти томактабӣ 396 миллиону 300 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд [2].

Гузаронидани муассисаҳои давлатии таҳсилоти томактабии ҷумҳурӣ ба маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) дар замони Истиқлоли давлатӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015 низ яке аз тадбирҳои муассири Ҳукумати кишвар дар самти беҳтар намудани сифати таълим дар ин зинаи таҳсилот мебошад [4].

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳи фарогирии кӯдакону наврасон ба тарбияи томактабӣ бо амалинамоии нақшаву барномаҳои мукаммали давлатию сармоягузорӣ шумораи кӯдакистонҳои типи нав дар мамлакат рӯ ба афзоиш овард. Дар ин замина, метавон аз чанд кӯдакистон, ки бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавриди истифода қарор гирифтаанд, ёдрас шуд.

17 сентябри соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат нахустин кӯдакистони Президентӣ дар миқёси ҷумҳуриро, ки дар майдони 3 гектар бунёд ёфта, ба як шаҳраки афсонавии кӯдакон мубаддал гардидааст, барои 1000 тарбиятгиранда мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд [8]. Ин иншоот бо харҷи 25 миллион сомонӣ бунёд ёфта, аз ду бинои бузурги сеошёна ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.

Бо дарки аҳаммияти зиёду созандаи нақши кӯдакистон ҳамчун зинаи ибтидоии низоми таълиму тарбия барои тақвияти зеҳни кӯдакон дар солҳои баъдӣ низ раванди бунёду муҷаҳҳазсозии муассисаҳои томактабии замонавӣ дар мамлакат вусъат дода шуд. 21 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе боғчаи намунавии кӯдакон барои 130 кӯдак, 6 сентябри соли 2015 кӯдакистони хусусӣ дар деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат барои 100 кӯдак, 24 августи соли 2016 муассисаи томактабӣ барои 150 таълимгиранда дар шаҳри Сарбанд (Леваканд), 26 июни соли 2018 боғчаи бачагонаи рақами 28 дар шаҳри Хуҷанд барои 320 кӯдак, 8 августи соли 2019 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Файзбахш” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои 300 кӯдак, 12 июни соли 2021 кӯдакистони хусусии «Хуршеди Истиқлол» дар шаҳри Хуҷанд барои 240 кӯдак, 9 феврали соли 2022 кӯдакистони “Бобуна” дар шаҳри Гулистон бо фарогирии 180 кӯдак, 16 августи соли 2023 кӯдакистони рақами 1 дар ноҳияи Ванҷ барои 200 кӯдак, 20 октябри соли 2023 Муассисаи хусусии томактабии “Офтобак” дар ноҳияи Восеъ барои 320 таълимгиранда, 10 апрели соли 2024 Муассисаи таҳсилоти томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №8 ба номи “Табассум” дар шаҳри Истаравшан барои 140 кӯдак, 19 сентябри соли 2024 Муассисаи таҳсилоти томактабии №8 дар ноҳияи Данғара барои 100 таълимгиранда ва кӯдакистони “Баҳор” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо шумули 200 кӯдак бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтанд [1].

Ифтитоҳи кӯдакистонҳои наву замонавӣ дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ ва саҳми соҳибкорони ватанӣ барои ҷалби ҳарчи бештари насли наврас ба таълиму тарбия такони тоза бахшида, имконоти васеъро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фароҳам оварданд.

Татбиқи ҳадафҳои созанда дар самти фароҳамсозии шароити мусоиди таълиму тарбия барои кӯдакону наврасон дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бо пайгирии ҳамаҷониба аз иқдомҳои роҳбарияти олии мамлакат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, махсусан, тайи солҳои 2017-2025 ҳамчун маркази асосии илму маърифати кишвар бо татбиқи тадбирҳои созанда рушди устуворро касб намуда, дастоварду навгониҳои тозаро рӯйи кор овардааст.

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар ин давра дар заминаи андешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ ба макони беҳтарини таълиму тарбия, инкишофи зеҳнӣ ва дастрасии кӯдакон ба истироҳату фароғат табдил ёфт. Танҳо соли 2024 дар шаҳри Душанбе 7 муассисаи таълимӣ бо 13 ҳазору 620 ҷойи нишаст ва 3 муассисаи томактабӣ барои беш аз 500 тарбиятгиранда сохта ба истифода дода шуд. Дар 8 соли охир, дар пойтахти кишвар беш аз 25 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 4 ҳазору 800 тарбиятгиранда бунёд гардид. Ҳоло дар шаҳр сохтмони боз 60 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои беш аз 12 ҳазор тарбиятгиранда бомаром идома дорад. Соли ҷорӣ дар пойтахт боз 9 кӯдакистон барои 2280 тарбиятгиранда бунёд карда мешавад, ки аз ҷараёни рушди таҳсилоти томактабӣ ва таъмини сокинони шаҳр бо шароити мусоиду дастраси инкишофу тарбияи кӯдакон зери назари некбинонаи Пешвои муаззами миллат ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дарак медиҳад [12].

Дар ин қарина, ба қавли Президенти кишвар, «ин рақамҳо барои роҳбарони вилоятҳо ва дигар шаҳру ноҳияҳо бояд намунаи ибрат бошанд, омӯзанд, дар ин самт корро мисли пойтахти мамлакат ҷиддӣ ташкил кунанд». Тавре зикр гардид, ба ҳолати сентябри соли 2024 дар 720 муассисаи томактабӣ дар саросари кишвар зиёда аз 105 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 169 муассиса ва 33 ҳазор кӯдак танҳо ба шаҳри Душанбе рост меоянд. Вале ба таъкиди Сарвари давлат, ин ҳанӯз ҳам хеле кам мебошад… [9].

1 сентябри соли 2020 Пешвои миллат бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансур бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистони Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд [7]. Муассисаи нави томактабӣ дар шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз 2 бинои 3-ошёна бо таҳхона барои 120 тарбиятгиранда иборат буда, дорои 6 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои дигари ёрирасон аст. Ҳамаи шаш синфхонаи кӯдакистон аз ҳуҷраи либосивазкунӣ, синфхона, хобгоҳ, ҷойи дастурӯйшӯӣ ва ҳуҷраи мураббӣ иборат буда, ҳар яки он дорои шароити мукаммали таълиму тарбия мебошад.

Мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи боҳашамати таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” 29 сентябри соли 2020 бо иштироки Сарвари давлат дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аз рӯйдодҳои муҳимми дигар дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар самти таҳсилоти томактабӣ дониста мешавад. Муассисаи томактабии чорошёна бо 24 толор, аз ҷумла, толорҳо барои бозӣ ва дарсҳои мусиқию рассомӣ, ошхона барои 275 нафар, ду ҳавзи шиноварӣ барои 48 нафар, маҷлисгоҳ бо 224 ҷойи нишаст, китобхонаи маъмулӣ ва электронӣ, утоқҳои роҳбарият ва идоракунӣ, маркази тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, фаввораву соябон ва гулгашт барои 600 кӯдак сохта шудааст [10].

Бино, ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохти дирӯзу имрӯзу фардо, ифтихор аз ваҳдату давлатдории миллӣ ва шукргузорӣ аз соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ, ғамхорӣ кардан дар ҳаққи кӯдакону наврасон ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия кардани онҳо мардуми кишварро ба соҳили мурод мерасонад.

Ҳамчунин, 30 марти соли 2023 Пешвои миллат, дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлол кӯдакистони “Дӯстӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои хуштарҳу замонавии муассисаи томактабӣ аз 2 ошёна иборат буда, барои 300 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Бояд қайд намуд, ки бинои муосири муассисаи нави томактабӣ дар шаҳри Истиқлол дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати Тоҷикистон бар пояи фазои мусоиди сармоягузорӣ аз ҷониби Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин бунёд гардидааст ва масоҳати умумии замини он 3 гектарро дар бар мегирад [11].

1 сентябри соли 2021 дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Варзоби ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар алоҳидагӣ кӯдакистон ва Литсейи хусусии “Адолат ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Муассисаи томактабии мазкур аз се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 360 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Баланд бардоштани сатҳу сифати донишомӯзӣ, фаро гирифтани насли ояндасози кишвар ва инчунин, беҳтар намудани омодагии томактабии кӯдакону наврасон бо дарназардошти нишондодҳои паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат қарор дорад ва сол аз сол бо бунёди муассисаҳои нави томактабӣ дар ин самт пешравиҳо ба назар мерасанд. Шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ аз натиҷаи нишондодҳои соли 2024 ба 744 адад расид, ки дар муқоиса ба соли 2023-юм 27 муассиса зиёд мебошад [12].

Дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бояд аз 15,3 фоиз то ба 40 дарсад расонда шавад ва барои расидан ба ин ҳадаф Ҳукумати мамлакат аз тамоми имконоту захираҳо пурсамар истифода мекунад [3].

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки амалишавии бахшҳои ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дахлдоштаи «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар чор соли татбиқи ин санад боиси нигаронӣ мебошад. Тибқи ин барнома бояд ҳар сол дар кишвар аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва бахши хусусӣ беш аз 100 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода шавад. Вале то моҳи сентябри соли 2024 аз 68 шаҳру ноҳия ҳамагӣ дар 34 шаҳру ноҳия 82 муассисаи томактабӣ сохта шудааст [9].

Ҳамзамон бо ин, афзоиши аҳолӣ низ масъулинро водор месозад, ки сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва таъсиси шаклҳои алтернативии фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабиро вусъат бахшида, талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро дар мавриди то ин давра ба 50 фоиз расонидани фарогирӣ ба таҳсилоти томактабӣ иҷро намоянд.

Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, таъмини шарикии давлат ва бахши хусусӣ «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» тасдиқ гардидааст. Тибқи ин барнома дар кишвар бунёди 264 муассисаи томактабии хусусӣ дар назар аст.

Яке аз шартҳои такмили сифати таълиму тарбия ин таъмини муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо кадрҳои соҳибихтисоси педагогӣ ба ҳисоб меравад. Масъалаи афзоиши захираҳои кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии кишвар бо мурури замон ҳалли худро ёфт. Дар баробари дастоварди мазкур дар «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» тазаккур дода шудааст, ки ҳарчанд муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо кадрҳои педагогӣ таъмин бошанд ҳам, вале сатҳи омодагии касбии мутахассисон ба талабот ҷавобгӯ нест ва минбаъд такмили ихтисосро тақозо мекунад [5].

Дар мамлакат вобаста ба татбиқи санадҳои дахлдори меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа дар самти таъсиси Маркази инкишофи кӯдак ва фарогирии бештари кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ иқдомҳои муассире амалӣ гардидааст. Агар шумораи чунин марказҳо дар соли таҳсили 2015 дар мамлакат 1588 ададро ташкил дода бошад, ба ҳолати соли 2024 барои дастрасии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2884 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 131 ҳазору 317 кӯдак таъсис дода шуд. Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ 245 ҳазору 287 нафар ё 23,2 фоизро ташкил медиҳад [15].

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо лоиҳаи нави «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2026-2030» бо дарназардошти таҷрибаи амалии солҳои қаблӣ ва зарурати иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, мавриди муҳокима қарор дорад. Дар он чораҷӯиҳои марбут ба густариши фарогирии кӯдакон, бахусус, дар минтақаҳои дурдаст ва байни табақаҳои ниёзманд, таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, рушди инфрасохтор ва таъсиси шаклҳои гуногунсохтори муассисаҳои томактабӣ, татбиқи низоми миллии самараноки баҳодиҳии сифати таҳсилоти томактабӣ, густариши барномаҳои кӯтоҳмуддати омодагӣ ба мактаб барои кӯдакони 5-6-сола, баланд бардоштани сатҳу сифати тайёрии кадрҳои соҳавӣ ва фароҳамсозии шароити баробар барои таҳсилоти кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус пешбинӣ шудааст [14].

Умед аст, ки қабул ва амалисозии комили барномаи мазкур ва дигар санадҳои раҳнамунсозу танзимкунандаи соҳа бо ҷалби фаъоли сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, ҷомеа ва шарикони рушд боис ба пешрафти бесобиқаи таҳсилоти томактабӣ ва тақвияти пойдевори низоми маорифи кишвар мегардад.

 

Адабиёт:

  1. Солномаҳои Президенти Тоҷикистон солҳои 2014-2024.
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 // Маркази миллии қонунгузории назди ПҶТ [Манбаи электронӣ]
  3. Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030. — Душанбе, 2016.
  4. Маорифи Тоҷикистон (Маҷалла). – № 11. – ноябри соли 2020. – С. 19.
  5. Холинова М. Таҳсилоти томактабӣ таҳкурсии бинои шахсият ва рушди ҷомеа [Манбаи электронӣ] // https://amit.tj/tj/takhsiloti-tomaktabi-takhkursii-binoi-shakhsiyat-va-rushdi-chomea?page=10
  6. Абдулло М. Таҳсилоти томактабӣ. Таваҷҷуҳи Ҳукумат ба ояндаи кӯдакон тақвият меёбад. / Ҷумҳурият. – 2024. – 21 ноябр. – №233.
  7. Боздиди Пешвои миллат аз иншоотҳои навсохти пойтахт // Ҷумҳурият. 1.09.2020. — №166.
  8. Оғози фаъолияти кӯдакистони Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд // Садои мардум. 19.09.2013. -№116.
  9. Пешвои миллат: “Дар талоши донишомӯзӣ бошед!” // Ҷумҳурият. – 2024. – 2 сентябр. — №168.
  10. Роҳандозии муассисаи таҳсилоти томактабии “Хуршеди Тоҷикистон” // Ҷумҳурият. 29. 09. 2020. — №190.
  11. Ифтитоҳи кӯдакистони «Дӯстӣ» дар шаҳри Истиқлол [Манбаи электронӣ] // https://www.president.tj/event/domestic_trips/34533 (Санаи нашр: 30.03.2023)
  12. Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ] // https://www.president.tj/event/news/49508 (Санаи нашр: 17.01.2025)
  13. Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон [Манбаи электронӣ] // https://www.president.tj/event/news/50863 (Санаи нашр: 22.05.2025)
  14. «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар ҶТ барои солҳои 2026–2030» муҳокима гардид [Манбаи электронӣ] // https://khovar.tj/2025/06/barnomai-davlatii-rushdi-ta-siloti-tomaktab-dar-um-urii-to-ikiston-baroi-sol-oi-2026-2030-mu-okima-gardid/ (Санаи нашр: 19.06.2025)
  15. Дар Тоҷикистон 500 маркази инкишофи кӯдак бунёд ва таъмир карда мешавад [Манбаи электронӣ] // https://maorif.tj/news/education/dar-toikiston-500-markazi-inkisofi-kdak-buned-va-taiemir-karda-mesavad (Санаи нашр: 25.02.2025)

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *