Шаҳло ЭШОНОВА,
рӯзноманигор
Аз оғози ташаккули ҷомеаи мутамаддин то ба имрӯз муаллимон-омӯзгорон мақому манзалати волоро соҳиб буда, ҷомеа нисбат ба онҳо эҳтироми хосса зоҳир менамояд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таъкид карданд: «Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст».
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар дар самти баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор чораҳои муассир андешида шудааст. Аз ҷумла, дар асоси дастури Пешвои миллат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дастгирӣ ёфтааст ва барои баррасӣ ба парламент ирсол гардид, ки қабули он, ба таъкиди Пешвои миллат «марҳалаи наверо дар фаъолияти омӯзгорон ва умуман, дар ҳаёти аҳли кишвар ифтитоҳ хоҳад бахшид».
Барои он ки таълиму тарбияи насли нав самараи нек ба бор орад, зарур аст, ки ҳамкории се ниҳоди муҳимми иҷтимоӣ — оила, ҷомеа ва мактаб дар ҳамбастагӣ ба роҳ монда шавад. Ин нуктаро низ Пешвои миллат таъкид намуда, иброз доштанд, ки: «Мактаб, оила ва ҷомеа – ин се неруи масъулу тавоно бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд ва ба хотири таълиму тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон дар ҳамбастагӣ ҷидду ҷаҳд намоянд. Танҳо дар сурати ҳамгироии ин се пояи асосии тарбия метавон ба камолоти зеҳниву ахлоқии кӯдакон ноил гашт».
Дар ҳақиқат, арҷгузорӣ ба мақому манзалати омӯзгор асоси пешрафти соҳаи маориф ва баланд гардидани сатҳи маърифати ҷомеа мебошад. Заҳмати омӯзгор бояд дар ҳама ҳолат аз ҷониби ҷомеа ва тамоми ниҳодҳои иҷтимоӣ қадр карда шавад. Мутаассифона, баъзан вақт, ҳолатҳое низ ба назар мерасанд, ки бархе аз инсонҳои бепарво шаъну шарафи омӯзгоронро поймол карданӣ мешаванд. Имрӯз ҷаҳони интернет зеҳни наврасону ҷавононро низ пур аз иттилооти мухталиф намудааст. Бархе аз хонандагон бо тақлид ба он ҳама саҳнасозиҳое, ки дар экранҳои телефон падид меоянд, ба худ иҷозат медиҳанд, ки нисбат ба муаллим беэҳтиромӣ кунанд.
Бо вуҷуди он ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи телефони мобилиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ аз тарафи хонандагон ва донишҷӯён манъ кардааст, аммо баъзе аз хонандагон дар рафти дарс пинҳонӣ аз он истифода мекунанд. Як давра, бо далели он ки толибилмон аз имконоти он ба манфиати таълим, яъне, китобҳои электронӣ ва дигар воситаҳои ғанигардонии донишу малака истифода намоянд, назорат дар ин самт коҳиш ёфт.
Аз нақли як омӯзгор: “Дар синфи мо қариб ҳама волидон тарафдори онанд, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна маҳдуд гардида, дар ҷараёни дарс аз он истифода нашавад. Аммо бархеҳо бар он андешаанд, ки кӯдакону наврасонро куллан бе телефон гузошта ҳам намешавад, чун волидон тавассути телефон дар куҷо будану бо чӣ кор машғул шудани онҳоро назорат карда метавонанд. Яке аз модарон пешниҳод намуд, ки ҳамарӯза, қабл аз оғози дарсҳо роҳбари синф телефонҳоро ҷамъ намуда, дар ҷойи махсусе гузораду баъди анҷоми дарсҳо ба соҳибонашон диҳад. Аммо дар ҳама ҷо одамоне ҳастанд, ки аз ҳама гуна тасмиму қоидаву қарор норозиянд ва худ шарҳ дода наметавонанд, ки бо кадом далел. Мухолифанду тамом. Ин мавқеи онҳост. Волидон аксаран садо баланд мекунанд: Ин ҷо мактаб аст, шумо омӯзгоред, роҳнамоед, масъулед. Аммо баъзеи онҳо дар иҷрои масъулияту рисолатамон халал эҷод мекунанд».
Дарки нодурусти сарварӣ
Тамоми волидон мехоҳанд, ки фарзандонашон ҳамчун инсонҳои муваффақ ба воя расанд. Аксаран мехоҳанд, ки кӯдаки онҳо пешоҳанг ё сардори синф бошад. Муҳим нест, ки кӯдак инро мехоҳад ё не, аз уҳдаи идораи синф мебарояд ё не. На ҳама вақт шарикдарсон сардори синфро эътироф ва итоат мекунанд. Тасаввур кунед, ки дар ҷойи кор ҳама роҳбар аст. Бешак, дар чунин муҳит кор кардан хеле душвор мешавад. Кӣ бояд супориш диҳад? Кадомеро бояд итоат кард? Мушкил аст. Гоҳҳо ҳамин гуна фазо дар байни кӯдакон ба миён меояд ва ба зиммаашон масъулияти вазнине бор мешавад…
Насли калонсол хуб дар ёд доранд ибораҳоеро, ки аз забони устод омирона садо медоданду иҷрояшон ҳатмӣ буд: “Канӣ, рӯзномаатро болои мизи ман гузор”, ё “Пагоҳ ҳамроҳи падару модарат ба мактаб биё”. Дар ҳама ҳолат дар хона кӯдакро пурсупосу итоб интизор буд, чунки устод ҳамеша ҳақ дониста мешуд. Албатта, баъзан каҷравию итоат накарданҳо буданд, вале дар онҳо низ як навъ тартиботи дақиқе ҷорӣ буд.
Озодӣ: зери ин мафҳум чиро мефаҳмем?
Баъзе аз кӯдакон нисбат ба устодон дағалрафторию дағалгуфторӣ мекунанд. Аз чӣ бошад, онҳо бовар доранд, ки барои чунин рафтору гуфтор муҷозоте намешаванд, қонунгузорӣ барои чунин аъмол ҷазои муносибе таъйин накардааст ва дар муҳити оила низ онҳо аз пуштибонии падару модар, ки ҳамавақт барои сафед кардани фарзанди худ далел доранд, истифода мебаранд. Баъзан, дар чунин ҳолатҳо ҳама гуноҳро бар дӯши омӯзгор бор мекунанд. Бархе аз волидони аз асли матлаб ноогоҳ ба мактаб омада, бо устодоне, ки аз фарзандашон эроде гирифтааст ва ё барои рафтори нодурусту тайёр накардани дарс баҳои паст гузоштааст, ҷанҷолу хархаша мекунанд. Вақте чунин баҳсу муноқишаҳо дар ҳузури кӯдакон ба миён меояд, на танҳо обрӯю эътибори омӯзгор, балки обрӯю эътибори калонсолон, аз ҷумла, волидон низ дар назди насли наврасу ҷавон коста мегардад.
Дахолати волидон чӣ оқибатҳо дошта метавонад?
Омӯзгороне низ ҳастанд, ки баъди мавриди беэҳтиромии баъзе аз волидон қарор гирифтан ба корашон дилсарду бепарво шуда, ба кӯдакони онҳо эътибори зарурӣ намедиҳанд. Модар мехоҳад, ки фарзандаш ҳар амали дилхоҳашро анҷом диҳад? Бигзор! Чун дар ҳама ҳолат боз ҳам омӯзгор гунаҳкор аст. Кӯдакон, ки худро назорат ва идора карда наметавонад, дар чунин ҳолат беназоративу бетарафиро нисбат ба худ ҳис карда, бадрафтортар мешавад. Дигар сухани падару модар низ ба фарзанд таъсиргузор нахоҳад буд. Чун дар зеҳнаш аллакай андешае шакл мегирад, ки хоҳ ҳақ бошаду хоҳ ноҳақ, модараш ба мактаб омада, “ҳамаро ба ҷояш мешинонад”. Баъдан идора кардани чунин наврасон хеле мушкил хоҳад шуд. Онҳо чунин меандешанд, ки бо роҳи таҳдиду зӯроварӣ ва доду фарёд ҳама мушкилот ҳал хоҳад шуд, чун модар ё падари онҳо борҳо аз ин усул кор гирифтаву “муваффақ” низ шудаанд. Ҳамин вазъу бархӯрдҳои одӣ ба он боис мегардад, ки минбаъд наврасон даст ба муноқишаҳои бузург зананд ва оқибат ба беморхона афтидаву ба маҳкама кашида шаванд.
Ба ҷойи хулоса
Шояд дар ин навиштаҳо аз рӯйи эҳсос ба зиёдаравӣ роҳ дода бошам, вале мақсад зикри воқеиятҳоест, ки бояд гуфта шаванд. Зеро ин муаммо дар муҳити таълимии мо ҷой дорад ва гоҳе сару садои онро дар расонаҳо мебинем.
Хушбахтона, на ҳама насли наврасу ҷавон хатокору бетарбия ба воя мерасад. Миёни ин насл ашхоси оқилу гапдаро, бомаърифату ботарбия зиёд аст ва маҳз ин қишри зираку ботафаккур боис гардидааст, ки парчами кишвари мо дар сабқатҳои зеҳнӣ баланд шаваду наврасону ҷавонон барои кишварамон ифтихор офаранд. Волидон низ дар таълиму тарбияи онҳо саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Ба мактаб рафтану аз ҷараёни таҳсили фарзанд, аз муносибату муоширати онҳо бо ҳамсабақону устодон огаҳ будани волидон амри зарурист. Вале ҳамеша бояд ба вазъият на танҳо аз суханони фарзанд, балки аз дидгоҳи дигарон низ баҳогузорӣ намоем. Чунки обрӯи омӯзгор асоси рушди маориф ва рушди маориф обрӯи миллату давлат аст.
