Малоҳат ШАРИФОВА,
ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи
синфҳои ибтидоии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Оила мактаби аввалин, раҳнамои ҳаёт, асосгузори феълу атвори ояндаи ҳар як наврас мебошад. Дар оила шахс тарбия ёфта, меъёрҳои ахлоқиро аз худ мекунад ва ба ҳаёти мустақил омода мегардад. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд”.
Одатан мафҳуми оиларо чӣ тавр мефаҳмем? Ба ин мафҳум чӣ гуна таъриф додан дурусттар аст? Оила як гурӯҳи хурдест, ки ба издивоҷ ё таваллуд асос ёфтааст, зиндагии ҷомеаро пешбарӣ мекунад, онро ба зинаҳои баланд мебардорад, инкишоф медиҳад, наслҳои ояндаро тарбия мекунад ва барои рушди онҳо масъул аст. Узви онро ягонагии рӯзгор, ёрии ҳамдигарӣ ва масъулияти маънавӣ пайваст мекунад.
Тибқи таърифи луғати фалсафӣ: «Оила як воҳиди (гурӯҳи хурди иҷтимоӣ) ҷомеа, муҳимтарин шакли ташкили ҳаёти шахсӣ мебошад, ки ба иттиҳоди ақди никоҳ ва робитаҳои оилавӣ, яъне, ба муносибатҳои бисёрҷонибаи зану шавҳар, падару модар ва фарзандон, бародарону хоҳарон ва дигар хешовандон асос ёфтааст, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд ва хоҷагиҳои умумиро пеш мебаранд».
Файласуфи рус И. Илин оиларо «Батни ибтидоии маданияти инсоният» меномад. Дар оила кӯдак асосҳои маданияти моддию маънавиро аз худ мекунад. Дар муошират бо калонсолони наздик дар кӯдак шаклҳои рафтори воқеан инсонӣ: малакаҳои тафаккур ва нутқ, самтгирӣ ва фаъолият дар олами ашё ва муносибатҳои одамон, сифатҳои ахлоқӣ, арзишҳои ҳаёт, саъю кӯшиш ва идеалҳо ташаккул меёбад. Аксар вақт тадқиқотчиён оиларо ҳамчун як гурӯҳи хурди иҷтимоӣ муайян мекунанд. Чунин таърифҳо се хусусияти оиларо ба назар мегиранд:
а) гурӯҳи хурди оилавӣ;
б) ақди никоҳ ва ба вуҷуд омадани оила;
в) робитаи оилавӣ.
Таълиму тарбияи дурусти фарзанд аз оила оғоз мегардад. Ҳар қадар ки волидон дар муҳити оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд, ҳамон андоза раванди донишандӯзӣ ва одобу ахлоқи онҳо бе мушкилот ва осон ҷараён мегирад. Психологи рус В. И. Селиванов раванди ташаккули характерро дар оила таҳқиқ намуда, ба чунин хулоса омадааст, ки кӯдакии хушбахтона натиҷаи ҳамфикрии хушбахтонаи оила ва ғамхории падару модар дар ҳаққи фарзанд мебошад.
Барои он ки гуфтаҳои боло дар амал иҷро шавад, чунин нуктаҳоро бояд риоят кард:
— ташаккули муносибати дӯстона бо ҷинси мухталиф;
— маълумот дар хусуси никоҳ ва оила;
— пайдо кардани боварӣ оид ба баробарҳуқуқии узви оила;
— тарбияи эҳтироми падару модар;
— тарбияи талаботи ахлоқӣ ба таваллуд ва тарбияи фарзандон.
Ҳамаи ин омилҳои тарбияи ахлоқии шогирдон барои минбаъд пойдор гардидани зиндагии оилавӣ — зану шавҳар, тарбияи фарзандон ба кор бурда мешавад. Давом додани насли инсон, тарбияи фарзандон, ташкили шароити зиндагонӣ ва вақти холиро бо узви оила гузаронидан муҳимтарин вазифаҳои иҷтимоии оила мебошад. Фарзанд ба меҳру навозиши волидон ниёз дорад ва падару модар бо камоли муҳаббат бояд фарзанди хешро тарбият кунанд. Байти Фирдавсии бузург ифодагари ҳамин мазмун аст:
Чу фармонпазиранда бошад писар,
Навозанда бояд, ки бошад падар.
То даме, ки дар оила вазъияти ҳамкорӣ, ёрии ҳамдигарӣ, боварӣ ба ҳамдигар вуҷуд дорад, дар чунин оила одамони поквиҷдон, меҳрубон, масъулиятшинос ва гуманист, ки тайёранд, ҳамеша ба рафиқон ва атрофиён ёрӣ расонанд, ба воя хоҳанд расид. Зеро муомилаву муошират, рафтору гуфтор, муносибати хонаводагӣ ва гуфтугузори ҳамешагии падару модар дар ҳузури аҳли байташон кадом тариқе сурат гирад, бидуни тардид дар ҳамон шакле, ки ҳаст, ба зеҳну тафаккури фарзандон нақши худро мегузоранд. Фарзандон рафтору кирдори волидони худро ба мерос мегиранд. Ба ин маъно Носири Хусрав чунин гуфтааст:
Фарзанд ҳамон кунад ба ҳар ҳол,
К-аз модари хешу аз падар дид.
Бисёр сарварони оилаҳо бо вуҷуди сарватманд будан ба тарбияи фарзандон кам аҳаммият медиҳанд, бо мактаб робитаи зич надоранд. Дар натиҷа, фарзандон дар чунин оилаҳо хуб тарбия намеёбанд.
Тайи солҳои охир аҳаммият ва вазифаҳои оила яке аз муаммоҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Киро масъули тарбияи шахсият метавон гуфт? Оила, мактаб ё ҷомеа? Муҳити аввалине, ки кӯдакро иҳота менамояд, оила аст. Оила ҷаҳонест, ки кӯдак дар он зиндагӣ мекунад, фаъолият мебарад, эҳтиром, хурсандӣ, ҳамдардӣ кардан ва дӯст доштанро меомӯзад. Тарбияи кӯдак аз волидон масъулияти хоссаро талаб мекунад. Фарзанди хуб дар ҳамон оила тарбия меёбад, ки дар он падару модар нисбат ба ҳамдигар меҳру муҳаббати самимӣ ва эҳтиром дошта бошанд.
Бо мақсади бештар намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расид, ки он бевосита масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва ниҳодҳоеро, ки ин муносибатҳоро ба танзим медароранд, муайян намуд. Бо гузашти як марҳилаи муайян, соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» қабул гардид.
Умуман, пас аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор қонун ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул шуданд, ки ба мустаҳкам шудани оилаҳо равона гардидааст. Дар мактабҳо ҷорӣ намудани дарси «Ҳуқуқ» ва «Маърифати оиладорӣ» ҳам яке аз он тадбирҳо мебошад.
Барои он ки оила мустаҳкаму хушбахт бошад, бояд ҳар як ҷавон пеш аз хонадор шудан бо қонунгузории оила шинос шавад. Риояи қонунҳо ба мустаҳкам гардидани оила ёрӣ мерасонад. Ҷавонон бояд донанд, ки никоҳи расмӣ оилаи солимро шакл дода, дар тарбияи фарзандон низ таъсир мегузорад.
Моҳияти ҳақиқии кори тарбияи оилавӣ на дар суҳбат бо фарзандон ва таъсиррасонӣ бевосита ба онҳо, балки тарзи ҳаёти шахсӣ ва ҷамъиятии волидон дар ташкили ҳаёти инсонро фаро мегирад. Бесабаб нест, ки дар мамлакати мо тарбияи фарзанд вазифаи оила, мактаб ва ҷомеа дониста мешавад. Дар сурати нодуруст ба роҳ мондани тарбия дар оила мақомоти расмӣ ба он дахолат мекунад. Волидон вазифадоранд, ки ба фарзанд дар мавзуъҳои оиладорӣ, муносибати зану шавҳар, рӯзгордорӣ, меҳмондорӣ, муносибат ба хешу табор ва тарбияи фарзанд суҳбатҳо гузаронанд ва дар ин кор анъанаҳои беҳтарини халқи тоҷикро истифода намоянд.
Тарбияи хоҷагидорӣ ва меҳнатдӯстии фарзандон низ, ки ба иҷтимоишавии фарзанд алоқаманд аст, яке аз вазифаи муҳимми ҳар оила мебошад. Муносибати софдилонаи калонсолон ба меҳнат ба фарзандон таъсири мусбат мерасонад. Қадамҳои нахустини меҳнатдӯстӣ, умуман, масъулиятшиносиро фарзандон аз падару модар меомӯзанд. Педагоги машҳур В. Сухомлинский навиштааст: «Оила муҳити аввалинест, ки дар он инсон бояд некӣ карданро омӯзад».
Оила кӯдакро тарбияи иҷтимоӣ дода, ба ҷамъият ворид менамояд ва чун шахсият тарбия мекунад. Омилҳое, ки ба ҷараёни иҷтимоишавии кӯдак таъсир мерасонанд, инҳоянд:
- Микроомилҳо — муҳити бевоситаи ҳаёт ва фаъолияти кӯдак, муҳити наздиктарини кӯдак: оила, дӯстону ҳамсолон, ҳамсояҳо;
- Шароитҳои фарҳангии минтақа, субкултурӣ;
- Микроомилҳо — мамлакат, ҷомеа, халқият, давлат;
- Мегаомилҳо — ҷаҳон, сайёра, кайҳон.
Аз гуфтаҳои дар боло зикргардида бармеояд, ки тарбия ва ба воя расонидани фарзанд қарзи муҳим ва вазифаи пурмасъули падару модар дар назди ҷомеа, миллату Ватан ва умуман, инсоният мебошад. Вазифаи дигари оила нигоҳ доштани пайванди наслҳост. Дар урфият мегӯянд: «Ҳар шахс бояд ҳафт пушти худро донад», яъне, волидон бояд дар бораи гузаштагони худ ба фарзандони худ ҳикоя намоянд.
Дар мавзуи тарбияи фарзанд мутафаккирони форсу тоҷик асарҳои зиёде эҷод кардаанд. Ақидаҳои ахлоқӣ дар китоби «Авесто», «Андарзномаи Бузургмеҳр», «Пандномаи Анӯшервон» дар шакли панду насиҳат эҷод шуда буданд. Дар асарҳои Рӯзбеҳ — «Адаб-ал-кабир ва адаб-ас-сағир», Ибни Мискавейҳ — «Таҳзиб-ул-ахлоқ», Абуалӣ ибни Сино — «Китоб-ул-ахлоқ», Унсурулмаолии Кайковус — «Қобуснома», Насриддин Асадии Тӯсӣ — «Ахлоқи Носирӣ», Муҳаммад Ғаззолӣ — «Кимиёи саодат» ва Ҳусайн Воизи Кошифӣ — «Ахлоқи Муҳсинӣ» низ ақидаҳои панду ахлоқӣ баён шуда буданд. Донишмандону адибони номвари мо — Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Аҳмади Дониш ва дигарон оид ба тарбияи фарзанд асарҳои мондагору пурмазмун эҷод кардаанд.
Хулоса, оила биноест, ки барои тамоми умр бунёд ва ороста мешавад ва нақши он дар ташаккули шахсияти фарзанд муҳимтарин омил мебошад. Аз ин рӯ, волидонро мебояд дар тарбияи фарзанд масъулияти баланд ҳис намуда, баҳри ояндаи ҷигарбандони хеш кӯшиши бештар намоянд.
