Сайфиддин МУРОДОВ,
«Маърифати омӯзгор»

Бо рушди алоқаи моҳворавӣ — интернет воситаҳои ахбори омма, дар баробари мактаб, омили муҳимми тарбияи насли наврас гаштааст. ВАО ба шуури ахлоқӣ ва рафтори хонандагон, муносибати байниҳамдигарии онҳо таъсиргузор шудааст. 

Бояд гуфт, ки новобаста аз навгониҳо шакли маъмултарини тарбияи ахлоқӣ — суҳбати адабӣ боқӣ мемонад. Аксар вақт гуфтугӯйи омӯзгор, тафаккури ӯ дар мавзуъҳои одобу рафтор ҳамчун ҷавоб ба саволҳои хонандагон маълум аст. Махсусан, «чӣ хуб аст ва чӣ бад аст»-ро омӯзгор — нафари бохабар аз ҳама чиз, пешакӣ мефаҳмонад. 

Дар замони муосир олимону муҳаққиқон ва таҳлилгарон таъсири манфии ВАО-ро ба насли наврас пайваста таҳқиқ мекунанд. Пажуҳишгарон Т. Ҷишкариан ва И.Кокарёв, ки таъсири ВАО-ро ҳамчун мушкили педагогӣ пайгирӣ доранд, бар ин назаранд, ки сарфи назар аз рушди босуръати воситаҳои коммуникатсионӣ дар ду даҳсолаи аввали асри XXI телевизор воситаи маъмултарин ва дастрастарини иттилоот боқӣ мемонад. Чанд мушкилии асосии телевизор, ки вақтҳои ахир бештар шудааст:

— зиёд шудани рекламаҳо ва таъсири он ба тарбияи насли наврас;

— аз байн рафтани фарҳанги муносибати кӯдак ва калонсол дар истифодаи барномаҳои гуногунжанри телевизионӣ; 

— дар барномаҳои телевизионӣ омезиши фарҳанги миллӣ бо дигар фарҳангҳо;

— хеле кам будани барномаҳои телевизионӣ барои сайқали зеҳни наврасон. 

Имрӯзҳо мушкили аз ҳама асосии телевизионҳо дар он аст, ки анқариб дар ҳама филмҳо ва филмҳои тасвирӣ падидаҳои зӯроварӣ вуҷуд дорад. Истилоҳи «зӯроварии телевизионӣ» кайҳо боз дар луғати илмӣ истифода мешавад ва мавриди танқид ҳам ҳаст. Албатта, баъди тамошои саҳнаҳои зӯроварӣ, ба зуҳуроти минбаъдаи тақлид аз он дар кӯдакон ва наврасон робитаи возеҳ пайдо мекунад. На ҳама кӯдак саҳнаҳои зӯровариро зуд қабул мекунад, аммо муносибати байни ӯ ва атрофиён дар вақти муайяни начандон дароз тағйир меёбад. Бояд гуфт, ки ВАО таъсири хуб дорад: агар он бамаврид истифода шавад, наврасону ҷавонон аз «гуруснагии иттилоотӣ сер» мешаванд.  

Имрӯзҳо шумораи зиёди рӯзномаву маҷаллаҳо мавҷуданд, аммо таваҷҷуҳ ба хондан ва мутолиаи доимии матбуот миёни ҷомеа, ба вежа, наврасону ҷавонон, мутаассифона, коҳиш ёфтааст. Ин раванд боиси паст шудани теъдоди нашри аксар нашрияву маҷаллаҳо шудааст.

Таъсири интернет ҳам аз телевизор кам нест ва дар бештари ҳолат ҷойгузини он гаштааст. Интернет ҳам воситаи фароғат ва ҳам воситаи дастрасӣ ба иттилоот буда, кӯдак дар дусолагӣ метавонад, аз бозиҳои одии интернетӣ истифода кунад. Дар 8-12-солагӣ ӯ аллакай дар олами маҷозӣ фаъол мешавад ва дар аксар вақт саҳифаҳои интернетии шахсии худро бо сабти ном, рамз, вежагиҳо ва самтҳои махсус боз карда,           блогнавис мешаванд. Онҳо тавассути шабака бо ҳамсинфони худ ва бо дӯстони виртуалӣ муошират мекунанд. Баъзе наврасони 12-13-сола аз шабакаҳои интернетӣ ҳамчун манбаи даромад истифода намуда, дар он хидматрасониҳои хурдро роҳандозӣ мекунанд. Аз ҷумла, дар саҳифаи худ эълон медиҳанд: масалан, “Ман Идрис ҳастам, 12 сол дорам ва дар маҳаллаи 64-и ноҳияи Сино зиндагӣ мекунам. Метавонам бар ивази чойпулӣ партоватонро ба партовгоҳ бубарам, бо фарзандатон машғулияти расмкашӣ, шеърхонӣ, забономӯзӣ дошта бошам ва ё дар боғчаи назди ҳавлӣ бо ӯ бозӣ кунам”.  

Ин падидаҳо нишондиҳандаи он аст, ки фазои интернет дигар на танҳо макони иттилооту манбаи тарбия, балки фаротар аз он шудааст. 

Майнаи сари инсон компютерест, ки хотираи беохир дорад, аммо иттилоот на танҳо нигоҳ дошта мешавад, балки потенсиалро ба вуҷуд меорад ва ба шуур, ҳиссиёт ва амалҳои инсон таъсир мерасонад. Масалан, ногаҳон кӯдаки шуморо ҳиссиёти бад фаро мегирад. Дарҳол шумо мепурсед, ки чӣ гап шуд? Аммо кӯдак ҷавоб дода наметавонад. Чунки дар мактаб мушкилие надорад, муваффақ аст, бемор ҳам нест, муҳити хона солим аст, вале дар дили кӯдак як иттилоот аз кадом расонае ва кадом вақте нақш баста, ба ҳолати равонии кӯдак ноаён таъсири манфӣ мерасонад.

Тибқи таҳлилҳо дар даҳсолаи ахир миқдори вақти сарфкардаи наврасон ба компютер ва телефони мобилӣ хеле зиёд шудааст. Масалан, бозиҳои видеоӣ дар байни наврасон 78%, истифодаи почтаи электронӣ 73%, паёмнависии фаврӣ 68%, истифодаи сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ 65%, ҷустуҷӯйи манбаъҳои ахбор 63%, гӯш кардани мусиқӣ 59%,  тамошои видео 57% зиёд шудааст. Мутахассисон, ки ба масъалаи таъсири ВАО ба кӯдакону наврасон ва ҷавонон муроҷиат мекунанд, бояд роҳҳои коҳиш додани таъсири навъи манфии иттилоотро фаҳмонанд. Таъсири ВАО бояд ҳамеша зери назорату роҳнамоии калонсолон қарор гирад. Бо истифодаи оқилона ва самаровари ВАО мо метавонем, насли наврасро босавод, масъулиятшинос, аз лиҳози равонӣ солим ва дорои ҷаҳонбинии васеъ тарбият кунем.

 Вобаста ба ин мавзуи муҳим ва доғи рӯз — таъсири ВАО ба рушди зеҳнӣ ва рафтори наврасону ҷавонон мо бо чанде аз мутахассисони варзидаи воситаҳои ахбори омма ҳамсуҳбат гаштем, ки фикру мулоҳиза ва андешаҳояшонро ба таври фишурда пешкаши шумо – хонандагони азиз мегардонем:

Хуршед ДАВЛАТАЛИЗОДА, 
сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм
 
 
 – Дар айни замон барои баррасии масъалаи мазкур, дар баробари ВАО, аз матбуоти даврӣ гирифта, то телевизиону радио ва сомонаҳои интернетӣ, бояд таъсири шабакаҳои иҷтимоиро низ ба инобат гирем, чун имрӯзҳо онҳо дар якҷоягӣ аз муҳимтарин унсурҳои таъсиррасон ба тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва рафтори насли наврасону ҷавонон ба шумор мераванд. Ҳамарӯза ҳазорон наврас вақти худро ба тамошои барномаҳо, филмҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебахшанд. Аз як ҷониб, ВАО кумак мекунад, ки наврасон аз рӯйдодҳои ҷаҳон огоҳ бошанд, малакаҳои забонӣ ва маърифатияшон рушд кунад, зеро зиёданд филму наворҳое, ки дар рушди ақлонии насли ҷавон нақши калон доранд. Аммо аз ҷониби дигар, муҳити шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе барномаҳои хусусияти манфидошта метавонанд, ба арзишҳои маънавӣ ва тарзи зиндагии наврасон таъсир расонанд. Масалан, зӯроварӣ, фаҳш ва амсоли ин кӯдакро дар фазои нодуруст тарбия мекунад. Ҳамчунин, истифодаи барзиёди шабакаҳои иҷтимоӣ сабаби дуршавӣ аз китобу омӯзиш шуда метавонад.
Баъзе барномаҳои дилхушкунандаву            филмҳо ва мундариҷаи шабакаҳо бо мақсади ҷалб кардан қаҳрамонони манфиро тарғиб мекунанд. Наврасон, ки шахсияти онҳо аз лиҳози психологӣ ҳанӯз пурра ташаккул наёфтааст, чунин намунаҳоро бидуни таҳлил қабул мекунанд. Масалан, баъзе силсилафилмҳо ва клипҳо (намоҳанг) зиндагии кӯтоҳназарона ва хашмро ҳамчун «қаҳрамонӣ» нишон медиҳанд. Бо вуҷуди ин, ВАО агар дуруст истифода шавад, захираи бузурги омӯзишӣ ва руҳбаландкунанда мебошанд. Масалан, барномаҳои ҳуҷҷатӣ ё дарсҳои онлайнӣ метавонанд, малакаи тахассусии наврасонро зиёд кунанд. Ҳатто, қиссаҳои муваффақияти одамони маъмулӣ дар шабакаҳо баъзан наврасонро ба омӯзишу заҳмат талқин мекунад. Дар умум, ВАО барои насли наврас ҳам имкон ва ҳам хатар эҷод мекунанд. Муҳим ин аст, ки волидон ва омӯзгорон бо кӯдакон дар бораи он чизе, ки тамошо мекунанд ва мехонанд, суҳбат кунанд, қоидаҳои дурусти истифодаи ВАО-ро таҳияву пешниҳод кунанд ва ба онҳо омӯзонанд, ки иттилоотро интиқодӣ қабул, ҳақиқат аз дурӯғро таҳлил намоянд. Дар маҷмуъ, бояд кӯшиш кунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба манфиати рушду худшиносии кӯдак равона гардад. Танҳо дар ҳамин сурат ВАО метавонад ба як омили рушди маънавӣ ва зеҳнӣ табдил ёбад.                                                         
 Эҳсон САФАРЗОДА,
сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор”
 
– Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ ВАО ба як унсури тавонои таъсиррасон ба шуури ҷомеа, махсусан, ба наврасону ҷавонон табдил ёфтааст. Ба воситаи телевизион, шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳои интернетӣ ва дигар расонаҳо онҳо на танҳо ахбор дарёфт мекунанд, балки намунаи рафтор, муносибат ва ҳадафҳои зиндагиро низ азхуд мекунанд.
Чанд сол боз ҳамчун омӯзгор ба донишҷӯён вобаста ба равандҳои журналистикаи муосир – саводнокии расонаӣ, журналистикаи чандрасонаӣ, технологияи мултимедиявӣ дар журналистика ва ҳуқуқи кӯдак дарс мегӯям, ки аз муҳиммияти масоили мазкур дар ҷаҳони имрӯза шаҳодат медиҳад. Зеро фазои дастрасии иттилоот бекарон асту идора намудани онҳо номумкин мебошад. Бинобар ин, масъалаи мазкур бояд аз ҷониби муҳаққиқон, равоншиносону педагогҳо ва файласуфон омӯхтаву мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор дода шавад.
Маълум аст, ки воситаҳои ахбори омма ҳамчун як неруи қавии иҷтимоӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии насли наврасу ҷавон, шаклгирии арзишҳои ахлоқӣ ва рафтори иҷтимоии онҳо нақши муҳим мебозанд ва дар ин самт, мебояд онҳоро барои дарку корбасти дуруст дар ҳаёт омода кард.
Дар маҷмуъ, нақши воситаҳои ахбори омма дар рушди тафаккур ва рафтори солими наврасону ҷавонон аз муносибати дурусту маърифатмандона иртиботманд буда, ташаккул бахшидани саводи расонаии омӯзгорону муҳассилин омили комёбӣ дар ин ҷода мегардад.
 Ҷаҳонгиршо РУСТАМШО,
мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии 
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
 
– Дар ҷаҳони муосир ВАО ба як қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа табдил ёфтаанд. Шабакаҳои интернетӣ хоҳем ё нахоҳем ба тарзи зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ ва рафтори мардум, бахусус, насли наврас таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
Наврасӣ давраи хеле муҳим дар ташаккули шахсият аст. Дар ин синну сол инсон вижагиҳои асосии ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва равониро аз худ мекунад. ВАО метавонанд дар ин раванд нақши мусбат бозад. Барномаҳои тарбиявӣ, иттилоотии илмӣ, филмҳои таърихиву фарҳангӣ ва инчунин, мақолаҳои омӯзишӣ, ки дар ВАО нашр мешаванд, ҷаҳонбинии наврасонро васеъ намуда, ба ташаккули тафаккури интиқодӣ ва донишандӯзии онҳо мусоидат мекунанд. Бо вуҷуди ин, наметавон таъсири манфии муҳтавои ВАО-ро нодида гирифт. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе расонаҳо муҳтавои зӯроварӣ, суханони қабеҳ, тарзи зиндагии нодуруст ва ғаразнок пахш мешавад. Ҳамин гуна муҳтаво метавонад ба рафтори наврасон таъсири манфӣ расонад.

Асомиддин БОБОЗОДА,
сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти
томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати
маорифи шаҳри Душанбе

– Дар шароити муосир ВАО ба яке аз унсурҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа табдил ёфтаанд. ВАО дар ташаккули шуури иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маънавии кӯдакону наврасон нақши муассир доранд. Аз ин рӯ, омӯзиш ва баҳогузорӣ ба таъсири ВАО дар таълиму тарбияи насли наврас имрӯз аҳаммияти вижа пайдо кардааст. 
Таъсири мусбати ВАО ба насли наврас:
— Барои баланд бардоштани сатҳи маърифати насли наврас барномаҳои таълимӣ, филмҳои муфид, мақолаҳои илмӣ ва навгониҳои илмии ҷаҳон онҳоро ба омӯзиш ташвиқ мекунанд; 
— ВАО доираи ҷаҳонбинии наврасро васеъ мекунад ва онҳоро бо урфу одат, забон ва расму оини миллатҳои гуногун шинос месозад, ки барои рушду такомул ва таҳаммулпазирӣ муҳим аст.
Таъсири манфии ВАО ба насли наврас:
— Тамошои филмҳои зӯроварӣ, бозии бераҳмона ва барномаҳои ғайриахлоқӣ ба руҳия ва рафтори наврас таъсири манфӣ мерасонад;
— Истифодаи бе назорати интернет боиси дурӣ аз китобу таҳсил, камҳаракатӣ ва ҳатто, вобастагӣ (аддиксия) мегардад.
Чӣ бояд кард, то насли наврас ВАО-ро дуруст истифода кунад?
— Бояд дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои махсуси омӯзиши медиа (маълумот дар бораи ВАО, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ, хатарҳо ва фоидаҳои онҳо) ҷорӣ карда шаванд;
— Барои наврасон бояд вақти муайяни маҳдуд барои истифодаи телефон, планшет ё компютер ва хондани китоб муқаррар шавад;
— Боздоштани дастрасӣ ба маводди номатлуб — бо истифода аз танзимоти “Parental control” ё замимаҳои махсус, як қадами амалист;
— Наврасонро ташвиқ бояд кард, ки  блогҳо ё каналҳои фоидаовар эҷод кунанд, мақола нависанд ё видеоҳои таълимӣ тамошо кунанд.
Робияи ХОЛМИРЗО,
сармуҳаррири нашрияи кӯдакон ва наврасон “Анбоз”
 
– ВАО дар ҳама давру замон ба рафтори одамони ҷомеа таъсир дошт ва ҳатто имрӯз, ки тараққиёти илму техника, нанотехнология, интернету телефон ба ҳамаи инсонҳо, новобаста ба синну сол, таъсиргузоранд ва заррае аз эътибори хешро аз даст надодаанд. Махсусан, мақолаву матлабҳое, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп мешаванд. Мисол: Як хонандаи синфи якум, ки имрӯз дар озмун ё мусобиқае соҳиби ҷоиза мегардад, албатта, муддате дар интернет, дар саҳифаҳои маҷозӣ матлабҳое нашр гардида, дар атрофи номаш суҳбатҳо мешавад ва баъди чанде фаромӯш мегардад. Вале агар як рӯзнома ё маҷалла дар бораи ҳамин хонанда мақола чоп намояд, ӯ ҳатто, ҳангоми дар синфи 10-ум хондан низ метавонад, мақолаи дар борааш даҳ сол пеш навишташударо бо худ дошта бошаду бо он ифтихор намояд.
Ризои БАҲРОМЗОД,
корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 
– Ба андешаи ман, то 10-15 сол пеш воситаҳои ахбори омма (ВАО) яке аз омилҳои муҳимми ташаккули шахсият ва рафтори насли наврас ба ҳисоб мерафт ва таъсири он дар равандҳои иҷтимоишавии наврасон хеле назаррас буд. Дар чанд соли ахир бошад, таъсири ВАО коҳиш ёфтааст. Мушоҳидаи муҳити атроф ва шиносону наздикон нишон медиҳад, ки наврасону ҷавонон ҳарчи бештар маълумотро аз шабакаҳои иҷтимоӣ мегиранд. Зеро шабакаҳои иҷтимоӣ як бартарияти нодир доранд: онҳо на танҳо иттилоот медиҳанду афкори наврасонро шакл медиҳанд, балки муҳити озодеро барои муаррифӣ кардан ва ташаккул додани образи шахсии наврасонро фароҳам меоранд. Аз ин лиҳоз, таъсири онҳо ба руҳия, худбоварӣ ва рафтори наврасон зиёд аст. Аммо дар фазои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷуз маълумоти муфиду самарабахш иттилооти нозарур ва ҳатто, зараровар хеле зиёд аст. Аз ин рӯ, то ба воя расидани наврасону ҷавонон бояд фазои рақамии онҳо аз ҷониби волидон, омӯзгорон ва ҷомеа бо эҳтиёт назорат ва роҳнамоӣ шавад, то тавонанд иттилоотро дуруст таҳлил кунанд ва ҷаҳонбинии солим дошта бошанд. Ин чиз боиси баланд рафтани фарҳанги истифодаи воситаҳои иттилоотӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мегардад.
Муҳаммад ҒАНИЗОДА,
сармуҳаррири нашрияи кӯдакон ва наврасон «Пайрав»
 
– Дар замони муосир воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар ташаккули андеша, ахлоқ ва ҷаҳонбинии насли наврас нақши хеле калон доранд. Аз як ҷониб, онҳо манбаи муҳимми маълумотгирию омӯзишӣ шудаанд, яъне, наврасон бо истифода аз шабакаҳои телевизионӣ, сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи навгониҳои илм, фарҳанг ва санъат иттилоъ дастрас намуда, дар баробари ин, имкони ибрози андеша ва иштирок дар баҳсҳои гуногуни сатҳи ҷаҳониро пайдо мекунанд. Вале аз ҷониби дигар, таъсири манфии ВАО низ кам нест. Баъзан, наврасон ба ҷойи пос доштани арзишҳои ахлоқию миллии худ ба тақлидкорӣ рӯ оварда, пайравии фарҳанги бегона мекунанд ва ҳамчунин, фарҳанги бегонаро дар байни дигар наврасон таблиғ менамоянд. Чунин рафтор метавонад оқибати ногувореро дар ояндаи онҳо ба бор орад.
 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *