Фархундахон АХУНОВА,
ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи
Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
ба номи Саидмуъмин Раҳимов

Солҳои ахир дар баробари ба дунё омадани кӯдакони бардаму солим, таваллуд шудани кӯдакони нуқсони ҷисмонӣ ва равонидошта низ ба чашм мерасад. Тибқи оморе, ки соли 2016 аз тарафи Ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ пешниҳод шудааст, шумораи кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 157 ҳазору 160 нафарро ташкил медиҳад.

Таваллуди кӯдакони нуқсдор на танҳо узви оиларо ба ташвиш меорад, балки хушбахтию устувории оиларо маҳдуд месозад, заҳмати зиёди аҳли оила, кормандони тиб, муассисаҳои таълимӣ ва тарбиявиро ба вуҷуд меорад. Зеро ҳар як кӯдаки носолим хусусияти хосси худро дошта, аз волидон, атрофиён, омӯзгорон, равоншиносон, дефектологу логопед ва табибон муносибати махсусро талаб мекунад.

Дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Давлат нисбат ба онҳо ғамхорӣ зоҳир намуда, ҳуқуқҳояшонро ҳимоя ва барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо тамоми имконро фароҳам меорад. Дар моддаи 23-и Аҳднома дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакон омадааст: «Кӯдаки маъюб ба нигоҳубини махсус, маълумот ва омодагӣ, ки ба ӯ дар гузаронидани ҳаёти сазовор ва пурарзиш дар шароите, ки мустақилияти комил ва ворид шуданро ба ҳаёти иҷтимоӣ таъмин менамоянд, ҳуқуқ дорад».

Инчунин, дар аҳдномаи мазкур зикр гардидааст, ки кӯдаки аз ҷиҳати зеҳнӣ ва ҷисмонӣ ноқис бояд зиндагии комил ва шоистаро дар шароите дошта бошад, ки он шаъну эътибори ӯро таъмин намуда, бовариашро нисбат ба худ зиёд мекунад ва иштироки фаъоли вайро дар ҳаёти ҷамъиятӣ осон мегардонад.

Бартараф намудани баъзе нуқсони ҷисмонию равонии кӯдак аз ғамхорию нигоҳубини волидон, табобати кормандони тиб, ёриву дастгирии мутахассисон вобастагии зиёд дорад. Ҳукумати мамлакат офиятбахшии ин кӯдаконро дар муассисаҳои хидматрасонии иҷтимоии шаклҳои гуногун таъмин менамояд. Ташаккули дурусти шахсияти ин кӯдакон, алалхусус, дар синну соли томактабӣ, яке аз масъалаҳои марказии тадқиқоти педагогию психологӣ ба шумор меравад. Зеро маҳз дар ҳамин синну сол ислоҳи нуқсҳои ақлонию зеҳнӣ ва шунавоию нутқии онҳо нисбатан осонтар ба роҳ монда мешавад.

Оилаҳо ва махсусан, оилаҳои ҷавон дар пешгирии таваллуди кӯдакони носолим, ба гирифтани маълумоти муфассал доир ба баъзе сабабҳои бавуҷудоии нуқсонҳо ниёз доранд. Дар нигоҳубин, таълим ва тарбияи кӯдак модарон бояд донишҳои одитарини анатомию физиологӣ, педагогию равониро дошта бошанд. Оид ба дараҷаи нуқс, хусусияти аз cap гузаронии беморӣ, муҳлати ба беморӣ гирифторшавии кӯдак корҳои ислоҳии таълимию тарбиявӣ бурданро бар уҳда гирифта бошанд. Бо муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, марказҳои офиятбахшӣ ва тавонбахшӣ, кормандони тиб робита дошта, аз маслиҳати мутахассисон самаранок истифода баранд. Бо дарназардошти ҳамаи ин, масъулинро зарур аст, ки дар ин бобат диққати асосиро ба самти беҳтару хубтар намудани сифати таълиму таҳсилоти фарогир, баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокии шахсони вобаста (волидон, омӯзгорон ва мураббиҳо)-и кӯдакон, хусусан, кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ҳамаҷониба ҳавасманд гардонидани онҳо равона намоянд.

Тавре гуфта шуд, кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муқоиса бо ҳамсолони солими худ як қатор хусусияту сифатҳои ба худ хосси анатомию физиологӣ, иҷтимоӣ, психофизиологӣ ва ҷисмониро доро мебошанд. Методу усулҳои муқаррарие, ки ҳангоми таълиму тарбияи кӯдакони солим натиҷаи мусбат мебахшад, ҳангоми таълиму тарбияи ин гурӯҳи кӯдакон аксар вақт самараи мусбат дода наметавонад. Бинобар ин, барои таълиму тарбияи самаранок ва ташхису муоинаи дақиқи онҳо аз методу усулҳои хос истифода бурдан лозим меояд.

Ҳар қадар корҳои ислоҳкунӣ барвақт ба роҳ монда шавад, ҳамон қадар корҳои аз байн бурдани нуқсонҳо бомувафаққият анҷом дода мешавад.

Ҳангоми гузаронидани ташхис мутахассисон дар муайян кардани нуқс бояд ба нишонаҳои дақиқ диққат диҳанд, зеро дар баъзе маврид як нуқс бо дигар нуқс аз рӯйи намуд ба ҳам монандӣ доранд, аммо аз рӯйи аломатҳо онҳо фарқ мекунанд. Аз ҷумла, дар синни барвақтӣ, кӯдакони дорои нуқси алалияро аз кӯдакони дорои синдроми аутизм фарқ кардан ниҳоят душвор аст. Бо вуҷуди ин, фарқиятҳо вуҷуд доранд:

— Кӯдакони дорои нуқси алалия нисбат ба кӯдакони дорои синдроми аутизм муоширати сенсориро рад намекунанд;

— Сигналҳои ғайринутқиро дуруст қабул мекунанд – ифодаи чеҳра, имову ишора, интонатсияро ба таври кофӣ қабул ва шарҳ медиҳанд;

— Ба атрофиён ҳамдардӣ баён карда метавонанд;

— Нисбат ба шахси бегона рафтори ношоиста ва манфӣ нишон намедиҳанд;

— Дорои нуқсони ҷиддии муҳаррикии хурд ҳастанд, ки барои аксари одамони аутистӣ хос нест;

— Ба дахолат ба бозиҳояшон зиддият зоҳир намекунанд;

— Аз тағйир додани муҳит ва реҷаи рӯз ҳолати равониашон нофор намешавад.

Кӯдаки гирифтори алалия мехоҳад муошират кунад, аммо бинобар осеб дидани минтақаҳои нутқ, ӯ чунин имконро надорад. Кӯдаки гирифтори аутизм, ки дар минтақаҳои нутқ осебе надорад, метавонад муошират кунад, аммо намехоҳад. Ҳангоми ба сухангӯӣ оғоз кардани кӯдакони дорои нуқсони алалия, мутахассисон ташхисро дилпурона мегузаронанд, зеро хусусиятҳои нутқе, ки ба кӯдакони дорои нуқси алалия дошта хос аст, маълум мешавад:

  1. Овозҳоро дар муддати тулонӣ меомӯзанд.
  2. Фаҳмиши нутқ беихтиёрона не, балки дар натиҷаи омӯзиш инкишоф меёбад.
  3. Фаҳмиши грамматикии суст доранд.
  4. Мушкили абстрактивӣ доранд.

Барои ислоҳи ин нуқсҳо солҳои тулонӣ заҳмат кашидан лозим аст. Дар ин вазъ, мо метавонем, кӯдакони нуқси алалия доштаро ислоҳ намоем ва ба натиҷаҳои хуб ноил шавем. Албатта, дар натиҷаи мунтазам бо кӯдак кор кардан. Дар илми логопедия нуқси алалияро ҳамчун шакли мушкили нуқсони нутқ мешуморанд, ки дар натиҷаи он кӯдак воситаҳои муоширати забониро мустақилона пайдо карда наметавонад ва ба ёрии логопедӣ эҳтиёҷ дорад. «Алалия» аз калимаи юнонии «а» — инкор кардан ва калимаи лотини «lalia» — нутқ гирифта шудааст. Алалия набудани нутқ ё норасоӣ дар системаи нутқ дар натиҷаи зарб хӯрдани марказҳои нутқи пӯстлохи майнаи сар дар давраи инкишофи дохилибатнӣ ё дар давраи барвақти инкишофи кӯдак пеш аз ташаккул ёфтани нутқ мебошад.

Кӯдакони гирифтори алалия гурӯҳҳои гуногунро аз ҷиҳати педагогӣ ташкил мекунанд ва бо муайян намудани дараҷа ва маҳсули корҳои ислоҳӣ фарқ карда мешаванд. Алалия дар кӯдакони дорои шунавоии солими переферӣ ва дастгоҳи артикулятсионӣ, ки хусусияти инкишофи ақлонӣ доранд, мушоҳида карда мешавад. Набудани нутқ ба инкишофи пурра ва муоширати кӯдакон бо атрофиён монеа мешавад, ки ин дар навбати худ мунтазам ба қафомонии ақлӣ меорад ва ин нуқси  дуюмдараҷа ҳисобида мешавад.

Сабабҳое, ки ба вайроншавии нутқ меоранд, ба зарбҳои органикии системаи марказии асаб алоқаманданд. Ба инҳо бемориҳои сирояткунанда, зарбаи майнаи сар аз таъсири манфии менинго — эксофолит, сурхакон, кафидани рагҳои хун дар вақти таваллудшавии кӯдак, вайроншавии ғадудӣ ҳангоми дар батни модар будан, дар синни барвақтӣ-аз якмоҳагӣ то яксолагӣ дохил мешаванд. Ғайр аз ин, ба пайдошавии нуқси алалия баъзе бемориҳо ба монанди: рахит, бемории роҳҳои нафаскашӣ, бехобӣ кашидан дар давраи аввали ҳаёт сабаб мешаванд.

Вобаста аз ҷойи зарб хӯрдани майнаи сар ва нимкураҳои калони майнаи сар (маркази верника, маркази брок) ду шакли нуқси алалия ба вуҷуд меояд: алалияи моторӣ ва алалияи сенсорӣ. Алалияи моторӣ бо вайроншавии фаъолияти анализатори ҳаракати нутқӣ, алалияи сенсорӣ бо вайроншавии анализатори шунавоӣ ва нутқ алоқаманд аст.

Моторӣ. Ин намуди нуқси алалия дар натиҷаи зарбхӯрии органикии майнаи сар ба вуҷуд меояд, ки характери марказӣ дорад. Ин ҳолати носолими неврологӣ дар алоқамандӣ бо ақибмонии сахт дар инкишофи нутқ ва ба паст шудани фаъолияти гӯиш, пайдо шудани негативизми нутқ (гапзанӣ нахостан), ба тадриҷан ақибмонии ақлии кӯдак меорад.

Сенсорӣ. Дар ҳолати солим будани узви шунавоӣ нуқси алалияи сенсорӣ ба кӯдаконе хос аст, ки дар сохти нуқсон вайроншавиҳои идрок ва фаҳмиши нутқ (ҷиҳати импрессивии нутқ) мушоҳида мешавад. Нуқси алалияи сенсорӣ дар натиҷаи зарб хӯрдани чаккаҳои сар, нимкураи чап (маркази верника) пайдо мешавад. Кӯдакон сухани ба ӯ муроҷиатшударо тамоман намефаҳманд ё ин ки онро ниҳоят маҳдуд дарк мекунанд. Вале дар ҳамин ҳолат, ба барангезандаҳои овози реаксия дуруст ҷавоб медиҳанд, баъд аз машқҳои кӯтоҳмуддат овозҳои гуногунро (тах-тах, ҳуштак) аз ҳамдигар фарқ мекунанд, лекин онҳо дар муайян кардани пайдоиши садоҳои гуногун мушкилӣ мекашанд.

Сенсомуҳаррикӣ. Чунин нуқси алалия аксар вақт аломатҳои нуқси алалияи моторӣ ва сенсориро дар якҷоягӣ нишон медиҳад. Яъне, кӯдак нутқи муроҷиатшударо дарк намекунад ва ба мазмуни суханҳои гуфтаи худаш сарфаҳм намеравад.

Логопедӣ. Дар ҳолати душвор, кӯдак нофаҳмо сухан мекунад, бо имову ишораҳои фаъол, дар беҳтарин ҳолат ӯ бо онноматопея машғул аст; бо ҷараёни сабуки беморӣ кӯдак қисман гап мезанад, аммо дар айни замон бо душвории зиёд пайдарпайии дурусти садоҳоро муайян мекунад ва муддати тулонӣ аз як калима ба калимаи дигар мегузарад. Барояш талаффузи овозҳо душвор аст, калимаҳоро хато талаффуз мекунад, ҳиҷоҳоро иваз мекунад. Нутқашон ниҳоят суст инкишоф меёбад, захираи луғавӣ кам аст ва ин миқдори ками калимаҳо нодуруст истифода мешаванд.

Аутизм. Синдроми норасоии ақл буда, дар муддати 30 ҳафтаи баъди таваллуди кӯдак аён мешавад. Аз рӯйи гурӯҳбандие, ки аз тарафи В.А. Лапшин ва Б.П. Пузанов пешниҳод шудааст, ба аутизм кӯдакони каҷрафтор ва муоширати нодурустдошта дохил мешаванд. Аломатҳои хосси аутизм надоштани алоқа бо атрофиён, дур кашидани худ аз одамон, танҳоӣ ҷустану соатҳои тулонӣ ба фикр фурӯ рафтан, ягон касу чизро эҳсос накардан мебошад. Агар калонсол бо ӯ робитаи нутқӣ барқарор кардан хоҳад ҳам, кӯдаки бемор ба ғазаб омада, канораҷӯйӣ мекунад.

Дараҷаи инкишофи ақлонии чунин беморон гуногун мешавад: дар баъзе маврид зеҳни муътадил, баъзан, ноқисулақл боқӣ мемонад. Нутқи нофаҳмою инкишофнаёфта доранд. Баъзан, кӯдак бо овози баланд овозҳои алоҳида ё ҳиҷоҳоро талаффуз менамояд. Нутқи кӯдаки аутизмдошта ба ягон кас равона нашуда, ба худаш тааллуқ дорад. Кӯдак аз суханҳои нофаҳмои худаш хурсандӣ менамояд. Дар баъзе ҳолат чунин кӯдакон тамоман гап зада наметавонанд. Баъзе аз онҳо гӯш кардани мусиқиро меписанданд, ҳатто, соатҳои зиёд онро гӯш мекунанд. Кӯдакони бемори аутизм аз ивазшавии муҳит, аз ашёҳои нав, садои ҳархела, рӯшноӣ меҳаросанд.

Сабабҳои асосии пайдоиши аутизм дар кӯдакон — лат хӯрдани майнаи сар ва ирсӣ будани он мебошад. Аз рӯйи таҳқиқот ин беморӣ нисбат ба духтарон дар писарон бештар дида мешавад. Ба кӯдакони бемории аутизм ёрии дарозмуддату мақсадноки оила, мураббӣ, духтур ва равоншинос зарур аст.

Волидон бояд кӯшиш намоянд, ки ба мақсади ба ҳаёту зиндагии минбаъда омода намудани кӯдакон, онҳоро ба шароити иҷтимоӣ ва барқарор кардани робита бо одамон одат кунонанд. Ҳангоми кор бо кӯдакони дорои аутизм, падару модарон набояд онҳоро барои иҷрои ин ё он амал маҷбур кунанд, зеро кӯдак муқобилият нишон медиҳад ва эҳсосӣ мешавад. Барои дуруст ба роҳ мондани фаъолияти тарбиявӣ бо кӯдак, пеш аз ҳама, реҷаи мушаххаси рӯзро тартиб дода, малакаҳои одитарини гигиениро омӯзонидан лозим аст.

Падару модар бояд кӯдакони беморро барои амалҳои ночиз ҳам бошад, таърифу тавсиф намоянд, то ки онҳо ба худ боварӣ пайдо кунанд. Агар кӯдак маҳорати даст шустан, либос пӯшиданро дер ёд гирад ҳам, ӯро мазаммат кардан мумкин нест. Барои хӯрок хӯрдан риояи реҷа шарт ва зарур аст: ҳангоми тановули ғизо аз косаю пиёлаи дӯстдошта истифода намудан кӯдакро руҳбаланд мегардонад. Волидон бояд саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки кӯдакро ба мустақилона хӯрок хӯрдан одат кунонанд.

Хулоса, дар тарбияи кӯдакони бемор ёрии бевоситаи равоншинос, педагог, дефектолог зарур аст. Таълим, тарбия ва табобат бояд дар алоқамандӣ ташкил карда шаванд, то ки кӯдаки бемор худашро ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа эҳсос намояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *