Саодат САТТОРӢ, омӯзгор

Ҷумҳурии Тоҷикистон табиати ғанию сарватҳои бебаҳо дошта, аз ҷиҳати захираи манбаъҳои об дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Бешубҳа, манбаи асосии об дар Тоҷикистон пиряхҳо ва барфу борон ба ҳисоб меравад.

Пирях тӯдаи яхҳои табиӣ буда, ҳамеша дар ҳаракат мебошанд. Тибқи ҳисобҳои муҳаққиқон пиряхҳо дар як шабонарӯз аз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунанд. Пиряхҳои кишвари мо дар мавзеъҳои сард, дар натиҷаи боридани барфи бисёр ба вуҷуд омадаанд, ки яке аз боигариҳои асосии давлат ва миллат ба шумор мераванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аҳолии кишвар, балки тамоми Осиёи Марказиро метавонад, аз ҳисоби манбаъҳои асосиву пурбаракати худпиряхҳо бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намояд. Новобаста ба ин, масъалаи об дар минтақа ва ҷаҳон ба проблемаҳои асосӣ мубаддал шуда, тибқи таҳлили коршиносон низоъҳои минбаъдаи саёраи замин аз пушти об сар мезанад.

Ҷамъбасти соли 2022 барои мардуми шарифи тоҷик неку ва таърихию хотирмон мебошад, зеро 14-уми декабр Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-и худ Қатъномаи «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон сиёсати давлатдории худро одилонаву оқилона ба роҳ монда, бо ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи ҷаҳон нуфузу эътибори хоссаро касб намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи пиряхҳоро масъалаи ҳаётан муҳим, ҳассос ва ҷиддӣ номида, пешниҳод карданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, 21-уми март «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муайян карда шавад. Ин иқдоми навбатии пешниҳоднамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ бо тарафдории аксари кишварҳои ҷаҳон пазируфта шуда, 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муқаррар карда шуд. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад, ки мақсад аз ин тадбирҳо пешгирии саривақтӣ аз обшавии пиряхҳо дар ҷаҳон мебошад. Фонди мазкур ба он равона мегардад, ки аз ҳисоби манбаъҳои захиравии он ба кишварҳо ва давлатҳои алоҳида, ки дар самти дастрасӣ ба ҳифзу нигоҳдошти пиряхҳо ҳамчун манбаи захираҳои обӣ эҳтиёҷ доранд, дастгириҳо ва кумакҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Дар қатъномаи мазкур аҳаммияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор дарҷ гардидааст. Бояд гуфт, ки минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан, Тоҷикистон, минтақаи ба тағйирёбии иқлим осебпазир маҳсуб меёбад. Сол то сол бештар тағйирёбии иқлим, болоравии ҳарорати ҳаво, олудагардии фазо бо моддаҳои зиёновар, норасоии оби нӯшокӣ ва таъмини амнияти экологӣ дар миқёси ҷаҳон монеаҳо эҷод карда, боиси обшавии босуръат ва коҳишёбии пиряхҳо мегардад.

Пешвои миллати тоҷик дар Паёми шодбошӣ оид ба эълон гардидани соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо чунин иброз доштанд: «Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонадҶомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад, аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд».

Агар ба масъала аз лиҳози стратегӣ назар намоем, Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди оби тоза мебошад. Дар ҳудуди кишвар 947 дарёи хурду калон ҷорӣ мегардад, ки дарозии умумии онҳо ба 28 ҳазору 500 километр мерасад. Манбаи захираҳои бузурги об, асосан, пиряхҳо мебошанд. Гармшавии иқлим ҷараёни обшавии пиряхҳоро тезонда, эҳтимолияти рахнашавӣ ва обхезиро ба вуҷуд меорад.

Бо мақсади ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати мамлакат «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» қабул гардидааст. Зарурати қабули ин барномаи ҳаётан муҳим барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ногузир буд, зеро бар асари гармшавии иқлим дар чанд соли охир пиряхҳои Тоҷикистон қариб 30 фоизи масоҳаташонро аз даст додаанд. Аз 14 ҳазор пиряхи ҳудуди кишвар 19-тои он хеле бузург буда, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ҳазортояш аз байн рафтааст, ки боиси ташвиш мебошад. Оби тозае, ки аз пиряхҳо ҷорӣ мешавад, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ хеле зарур аст. Бузургтарин пиряхи минтақа Федченко мебошад, ки майдони калон ва системаи васеи қаторкӯҳҳоро ишғол менамояд. Пиряхи Федченко муъҷизаи беҳамтои табиати афсункори Тоҷикистон буда, ба даҳгонаи бузургтарин пиряхҳои ҷаҳон шомил мешавад. Аз рӯйи маълумоти яхшиносон ин пиряхи бузург низ ҳаракат мекунад. Суръати миёнаи солонаи ҳаракати ин пирях аз 63 то 89 см дар як шабонарӯз мебошад, ки ба ҳисоби миёна 73 см дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад. Раванди хурдшавии пирях сол то сол бештар сурат мегирад. Агар соли 1979 ғафсии пиряхи Федченко ба 40-50 метр баробар бошад, соли 1998 он ҳамагӣ 20-25 метрро ташкил додааст. Дар давоми 30 соли охир пиряхи Федченко беш аз 3 километр масоҳати худро аз даст дода, сатҳи он хеле паст фаромадааст.

Пиряхҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари сайёра низ дар марҳалаи таназзул қарор доранд. Таназзул ёфтани пиряхҳо метавонад ба афзоиши оби дарёҳо ва сел оварда расонад ва ё баъдан ба норасоӣ ва камбудии об сабаб шавад. Обшавии яхпораи аз ҳама азими Антарктида, ноҳияҳои қутби шимолӣ, пиряхҳои Ҳимолой низ боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар баробари ин, тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои нисбатан хурд таъсири ҷиддӣ дошта, ҳолати онҳоро боз ҳам харобтар намудааст. Аз натиҷаҳои илмӣ бармеояд, ки тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои тамоми яхистони кураи арз, аз ҷумла, Тоҷикистон таъсири манфии амиқ дорад. Ҳифз ва нигоҳ доштани пиряхҳо яке аз масъалаҳои умдаи рӯз мебошад, чунки аз сарватҳои нотакрори табиати назаррабои Тоҷикистон на танҳо насли имрӯз, балки наслҳои оянда низ бояд самаранок истифода баранд. Агар имрӯз ба қадри неъматҳои табиат нарасида, онро сарфакорона истифода набарем, пас фардо барои наслҳои оянда мушкилоти зиёде эҷод менамоем.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид намудаанд, ки «Пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд. Обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад». Аз ин лиҳоз, қабул ва бо қатъномаи махсус тасдиқ кардани иқдоми панҷуми Президенти кишвар дар бораи эълон гардидани соли 2025 ҳамчун  Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ барои мардуми тоҷик ҳам шараф асту ҳам ифтихор.

 

Ин ташаббуси нодир далели дигарест ба нотавонбинони миллати тоҷик. Тоҷикистониён бо иқдомҳои созандаву арзандаи Пешвои хирадсолори худ дасти болову сари баланд доранд. Пас ҳар як фарди кишвар, махсусан, моомӯзгоронро лозим аст, ки дар раванди дарсҳои худ дар бораи ин сарвати асосии миллат ба шогирдон маълумот дода, дар тарбияи экологии насли наврас саҳми бориз гузорем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *