
Ҳусайн МАҲМУДЗОДА,
сармутахассиси Маркази таҳия, нашр ва муомилоти
китобҳои дарсӣ, илмию методии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Гузариш ба низоми баҳогузории даҳхола дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад як қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сифати таълим ва адолати баҳогузорӣ ба ҳисоб равад. Чунин низом имкон медиҳад, ки арзёбии дониши хонандагон дақиқтар ва муфассалтар сурат гирад, зеро фосилаи байни холҳо нисбатан хурдтар буда, фарқияти воқеии сатҳи дониш ва малакаи онҳо равшантар инъикос меёбад. Аз ҷониби дигар, низоми баҳогузории даҳхола барои ҳавасмандии хонандагон низ бартариҳои назаррас дорад. Дар чунин низом, ҳар як пешрафти хонанда метавонад ба афзоиши холҳо таъсири мустақим расонад ва ин омил онҳоро барои саъю кӯшиши бештар ташвиқ мекунад.
Бо мақсади татбиқи пурраи низоми баҳогузории даҳхола дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ зарур аст, ки воситаҳои баҳисобгирии фаъолияти хонандагон низ ба талаботи нав мутобиқ гарданд. Зеро ислоҳоти воқеӣ дар низоми маориф на танҳо аз тағйири усулҳои баҳогузорӣ, балки аз такмили ҳама гуна ҳуҷҷатҳои расмӣ ва воситаҳои ёрирасон низ вобаста мебошад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт чораҳои ҷиддӣ андешида, барои фароҳам овардани тамоми шароит ва воситаҳои зарурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намудааст.
Дар ин замина, аз ҷониби Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии вазорат, «Журнали синф» барои хонандагони синфҳои 1–4 ва 5–11 аз нав таҳия ва ба низоми баҳогузории даҳхола мутобиқ карда шуданд.
Дар ҷараёни таҳия ва такмили ин журналҳо фикру андешаҳои омӯзгорон ва мутахассисони соҳа ба инобат гирифта шуда, тарҳи онҳо ба тавре таҳия гардидааст, ки имкони сабти муназзам, дақиқ ва шаффофи натиҷаҳои таълимии хонандагонро фароҳам оварад. Раванди такмилсозӣ имкон фароҳам овард, ки шакл ва муҳтавои журналҳо то ҳадди имкон сода, муфид ва ҷавобгӯй ба талаботи амалии мактабҳо таҳия шаванд.
Нашри ин журналҳо қадами муҳим дар такмили низоми баҳогузории муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ба ҳисоб рафта, заминаи устувори гузариш ба меъёрҳои байналмилалии таълимиро фароҳам месозад. Онҳо кафолат медиҳанд, ки арзёбии дониши хонандагон бо дақиқият ва воқеият сурат гирифта, имкони таҳлил ва баррасии натиҷаҳои таҳсил дар сатҳи муассиса ва низоми умумии маориф таъмин гардад.
Журналҳои нави синфӣ бо дарназардошти талаботи воқеии муассисаҳои таълимӣ бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ таҳия шудаанд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки омӯзгорон, новобаста аз забони таълим, ба осонӣ аз журналҳо истифода баранд. Тарҳи возеҳ ва шарҳи муфассали бахшҳои он боис мегардад, ки омӯзгорон дар тарзи пур кардани журналҳо душворӣ эҳсос накунанд. Муҳимтарин тағйироте, ки дар журналҳои синфӣ дида мешавад, калонтар шудани хоначаҳо (катакҳо)-и баҳогузорӣ мебошад. Ин навоварӣ махсус барои мутобиқсозӣ бо низоми даҳхола ворид шудааст, зеро сабти баҳои «10» нисбат ба низоми пешина фазои бештарро талаб мекунад. Дар натиҷа, ҳаҷми умумии саҳифаҳои онҳо низ зиёд шуд. Ҳоло «Журнали синф» барои хонандагони синфҳои 1–4 аз 176 саҳифа ва барои хонандагони синфҳои 5–11 аз 256 саҳифа иборат мебошад.
Журналҳои нави синф дорои як ҷиҳати муҳимми дигар низ мебошанд. Барои он ки аз сохтакорӣ ва тақаллуб дар ҳуҷҷатҳои расмии мактабӣ ҷилавгирӣ карда шавад, онҳо бо рақамгузории силсилавии махсус таҳия шудаанд. Ин тартиб имкон медиҳад, ки ҳар як журнал танҳо ба номи муассисаи муайян вобаста бошад ва истифодаи онҳо пурра таҳти назорат қарор гирад. Бо ин роҳ шаффофият таъмин гардида, эҳтимоли сӯистифода ва иваз кардани маълумот ғайриимкон мешавад.
Нашри журналҳои такмилёфта на танҳо қадами амалӣ дар роҳи гузариш ба низоми баҳогузории даҳхола аст, балки сифати идоракунии таълимро низ боло мебарад. Бо шарофати тарҳи нав омӯзгорон бо осонӣ метавонанд, натиҷаҳои таҳсили хонандагонро сабт ва таҳлил кунанд. Ин иқдом шаффофият, масъулият ва самаранокии низоми таълимро афзоиш дода, имкон медиҳад, ки баҳогузорӣ бо талаботи муосири маориф ва меъёрҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг гардад.