Барно САИДОВА,
дотсенти кафедраи психологияи
умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии
омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Амиршоҳии Сабзворӣ аз зумраи шоиронест, ки маҳбуб ва пазируфтаи ҳамагон гаштааст. Дар ин мақола як бахши эҷодиёти шоирро, ки ба баҳору табиату Наврӯз марбут аст, барои дарсҳои боз ва корҳои эҷодӣ ҳамчун маводи иловагии ёрирасон манзури омӯзгорон мекунем.

Амиршоҳӣ бо эҷодиёти гаронбаҳои худ пайравони ашъори худро низ ёфтааст. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар асари «Баҳористон» ба ашъори мухталифаш ба тарзи сухану ифодаи маънии ашъори Амиршоҳӣ ва афкори ӯ баҳои баланд дода, ба бисёр ғазалҳои ӯ пайравӣ кардааст. Аз ҷумла, дар «Баҳористон» чунин овардааст: «Ва дигар, Шоҳии Сабзворист ва вайро ашъор латифу якдасту ҳамвор, бо ибороти покиза ва маонии пурчошнӣ» (4,121). Давлатшоҳи Самарқандӣ чунин навиштааст: «Фузало муттафиқанд, ки сӯзи Хусраву латофати Ҳасану нозукиҳои Камолу сафои сухани Ҳофиз дар каломи Амиршоҳӣ ҷамъ аст ва ҳамин латофат ӯро кифоят аст, ки дар эҷоз ва ихтисор кӯшида» (3, 480). Алишери Навоӣ менависад: «Шеъри ӯро дар чошнӣ ва салосату латофат эҳтиёҷи таъриф нест. Ғазал гуфта ва кам гуфта, аммо пеши ҳамаи мардум мустаҳсан  ва писандидааст» (2, 23).  Дар воқеъ, ғазалҳои Амиршоҳӣ зебову дилнишин буда, дар мавзуъҳои панду ахлоқ, фалсафа, ишқу муҳаббат ва тасвири манзараҳои табиат эҷод шудаанд. Шоир кӯшидааст, ки ғазалиёташ аз ҷиҳати забон равон ва пуробуранг бошанд. Баробари лутфи сухан ва умқи маъонӣ хушоҳангӣ аз хусусиятҳои умдаи ғазалиёти Амиршоҳӣ буда, ки ҳанӯз аз замони зиндагии худи шоир ашъорашро бо мусиқӣ мехондаанд, ки ба ин чандин бор ишора мекунад:

Суруди маҷлис агар нест гуфтаи Шоҳӣ,

Чӣ гуна дидаи халқе тар аз таронаи ӯст?

Дар ғазалиёти шоир тасвири манзара бо ҳолати руҳии қаҳрамони лирикӣ сахт вобаста аст. Шоир наққоши моҳиреро мемонад, ки ҳолати воқеиро бо тамоми ҷузвиёташ ба риштаи тасвир кашидааст.

Дар ғазали поён, ки ба ҷашни миллии мо — Наврӯз бахшида шудааст, шоир ҳолати ботинии ошиқ, сӯзу фироқи ӯро тавсиф мекунад:

Фасли Наврӯз асту халқе сӯи саҳро мераванд,

Бенасиб онон, ки дар май қавли мутриб  нашнаванд.

Рух намудӣ, мардумонро чашм бар абрӯи туст,

Ид шуд, борикбинон дида бар моҳи наванд.

Ман, ки дар шабҳои меҳнат сӯхтам, з-онам чӣ суд,

К-ин бутон хуршедрухсоранд ё маҳпартаванд?

Меравад халқе ба истиқбол, к-омад гул ба боғ,

Ту бимон боқӣ, к-аз ин бисёр оянду раванд.

Пандгӯён Шоҳии дармондаро дил  медиҳанд,

Ҳоли ӯ донанд агар, рӯзе чунин бедил шаванд.

Ҳусни табиатро низ ӯ аз назаргоҳи ишқ мебинад, оламро барои ӯ ҷамоли ёр оро медиҳад ва табиат бо тамоми зебоиҳояш танҳо чун розгоҳи паноҳгоҳ аз ҷавру зулми замона ва ҷавлонгаҳи ишқ дорои аҳаммият аст. Тасвири айёми баҳоронро шоир хеле моҳирона ба қалам додааст. Лаҳзае, ки бо «гиристани абр», «рухи гулҳо», «бо шабнам шуста» мешаванд:

Абр омаду бигрист бар атрофи чаманҳо,

Шуд шуста ба шабнам рухи гулҳову суманҳо.

Амиршоҳӣ дар ғазалиёти дар мавзуи баҳор, ишқ, иди Наврӯз нигоштааш дар ҳусни баён, таносуби сухан, равонӣ, ширинӣ, борикандешӣ, хушоҳангӣ, нуктасозӣ, латифапардозӣ, сафои афкор ва салосату балоғат маҳорати хоси худро дорад.

Ид асту навбаҳору чаҳонро ҷавоние,

Ҳар мурғро ба васли гуле шодмоние.

Ҳамчун ҳилоли ид шудам зору нотавон,

Рӯзе надидам аз маҳи худ меҳрубоние.

Рӯзам ба дарди дил гузарад, шаб ба сӯзи ҳаҷр,

Дур аз саодати ту аҷаб зиндагоние.

Халқе ба ид хурраму аз навбаҳор хуш,

Мову фироқи ёреву андӯҳи ҷоние.

Шоҳӣ ба сӯзи ишқи ту шуд рӯшиноси шаҳр

Доғи сагон бувад зи барои нишоние.

Ин ғазал дар баҳри музореи мусаммани ахраби маҳзуф гуфта шуда, шакли он чунин аст: мафъулу / фоъилоту / мафоъилу / фоъилу   –  –  v / – v –  v  / v –  – v  /  – v –

Айнан ба ҳамин мазмун Амиршоҳӣ ғазале дорад, ки дар вазни раҷази мусаммани солим аст. Шакли афоъилаш чунин аст: мустафъилун / мустафъилун / мустафъилун / мустафъилун  –  – v  –  / –  – v  –  / –  – v  –  / –  – v  –  

Ид асту халқе ҳар тараф доманкашон бо ёри худ,

Мискин мани бесабрудил ҳайрон шуда дар кори худ.

Ҳам мурғ нолон дар чаман, ҳам гул дарида пираҳан,

Ҳар кас ба ёре дар сухан, ман бо дили афгори худ.

Ту ҳамчу гул доманкашон рафта ба гашти бӯстон,

Пеши ту мискин боғбон шарманда аз гулзори худ.

Ақлам, ки будӣ раҳнамун, хандид бар аҳли ҷунун,

Ман низ механдам кунун бар аҳли даъвидори худ.

Гар рози дил нанҳуфтаме, дар хоку хун кай хуфтаме,

Ҳам бо табибе гуфтаме ҳоли дили бемори худ.

Дар ҷон дарун он тундхӯ доим ба дил дар гуфтугӯ,

Бечора ман маҳрум аз ӯ чун дида аз дидори худ.

Шоҳӣ, зи хубон зад нафас афтод дар доми ҳавас,

Чун андалебони қафас дармонда аз гуфтори худ.

Вазни ғазалҳои Амиршоҳӣ хеле равон ва хушоҳанг буда, аз ин ҷиҳат ба он маъниҳои шӯрангезу эҳсосоти баланди шоир ҳусну таровати дигаре мебахшанд.

Амиршоҳӣ дар офаридани тасвирҳои бадеии зебо ва маънию мазмунҳои наву нотакрор аз анвои мухталифи арӯз хуб истифода кардааст. Ғазалиёти Амиршоҳӣ инкишофи анъанаҳои беҳтарини шуарои гузашта буда, лекин ӯ бо ҳиссиёти пурҷӯши шоирона, завқи саршор, хиради даррок ва эҳсосоти латиф эҷод намуда, ба ашъори шоирони муосири худ ва ҳам ба эҷодиёти шоирони асрҳои минбаъда таъсири амиқ гузоштааст.

Шоир дар коргирӣ аз вазнҳои шеърӣ ҷилоҳои ҷолиби ҳунарӣ дорад, ки метавонад хонандаро муштоқ созад. Фаразан, ҳиссиёти қалбии ғазалҳои ошиқонаро тавъам бо шӯру валвалаҳои сиратии қаҳрамони лирикӣ дар ҳамин поя, бо истифода аз баҳрҳои ҳазаҷ ва музореъ ва бо тобиши бисёр ғании мавъизатӣ, дар баҳри рамал ва раҷаз кор гирифтааст, ки писандида мебошад.

Дар ғазали дигар Амиршоҳӣ идро тавъам бо сӯзи ишқ мазмуни нав сохтааст.

Ҳамчунин, айёми баҳорро шоир бо истифода аз ибораҳои нав, ба мисли «абри найсонӣ», «роҳи райҳонӣ», «гиряҳои гарм» тасвир намуда, ки барои сохтани тобишҳои рангини бадеӣ хидмат кардаанд:

Ид шуд, моро дили девона зиндонӣ ҳанӯз,

Гул шукуфт, аз гиря чашмам абри найсонӣ ҳанӯз.

Сабзаи тар хост з-он лабҳову ман рафтам зи ҳуш,

Ночашида ҷуръае з-он роҳи райҳонӣ ҳанӯз.

Гар бидонӣ сӯзи ман, раҳм оядат бар рӯзи ман,

Ҷони ман, огаҳ наӣ з-ин меҳнати ҷонӣ ҳанӯз.

Гиряҳои гарм бин абри баҳориро ба боғ,

Гул ба рӯяш хандае нокарда пинҳонӣ ҳанӯз.

Гуфтаӣ, донистаам, Шоҳӣ гадои кӯи мост,

Умр агар боқӣ бувад, з-ин беҳтараш донӣ ҳанӯз.

Хулоса, Амиршоҳии Сабзворӣ дар эҷоди ғазалҳои дар васфи Наврӯз, баҳор ва ишқ сурудааш баландтарин эҳсосоти инсониро тараннум намудааст.

Адабиёт:

  1. Амиршоҳии Сабзворӣ. Девон. Бо тасҳеҳу ҳавошӣ ва муқаддимаи Саиди Ҳамидиён. -Теҳрон, 1348. -112 с.
  2. Амир Алишери Навоӣ. Маҷолисуннафоис. Тарҷумаи Фахрии Ҳиротӣ. -Теҳрон, 1323.-647 с.
  3. Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкиратушшуаро. Бо таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммад Аббос. -Теҳрон, 1337.-649 с.
  4. Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ. Баҳористон. Бо тасҳеҳи Исмоили Ҳокимӣ. -Теҳрон, 1371.-179 с.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *